"Аз Шумо ба Худо шикоят хоҳам кард…"

Сиёсат 23.10.2014 16:30

Ё агар айб дар мусулмонии мо набошад…

Ҷуброни зарари "хайр дар роҳи Худо" ё дар иди Худо

Az shumoҲанӯз аз оғози Рамазон дар шаҳри ман барои пойин овардани қимматҳои бозор талош дар ҷараён аст. На гапи кабир кора мекунад, на гапи домуллову пир ва на гапи сағир. Савдогарони табармусулмони кишвари азизи мо на аз тарси Худо, балки аз тарси аз даст додани ҷоҳу ҷалоли худ ҳалолу ҳаром нархҳоро гӯё пойин оварданд ва барои рӯзаке худро чун мусулмону раҳмдил дар маърази ом гузоштанд. Ид гузашту мусалмонӣ фаромуш шуд. Бар қасди мусулмонии "идона"-и худ нархҳоро ба осмон дакка доданд, то зарари расидаро дар роҳи Худо ҷуброн кунанд. Нархҳо дубора ба осмон дакка хӯрд. Ҳама чиз гарон шуд. Барқ, об, гӯшт ва ҳоказо. Ба ҷуз арзиши инсон.

Арзонтарин чиз дар Тоҷикистон Инсон аст! Бовар намекунед?

Маъзур, аммо беарзиштарин чизе ки дар кишвар суроғ гирифтам, Инсон аст.

На танҳо камбаҳотарин, балки Инсон ҳеч арзише надорад. Агар инсон арзише дорад, пас чаро ба вақти говгум ҳар яке аз молдорони деҳ ба суроғи гову гусолаву моли хеш мебарояд, аммо кам иттифоқ меафтад, ки ба суроғи бачаҳои пойлучу ҷулидаву хоколудаи хеш биафтад. Нагӯед, ки дуруғ аст.

Агар инсон заррае арзиш дорад, чаро мо ангуштару зевароти худро дар хона пинҳон мекунему қулфҳоро баста нигаҳ медорем, аммо ҷигаргӯшаҳои бедифоъ ва ҳанӯз тифли худро беруни дар мекунем, бидуни ҳеч назорате таваккул бар сари кал мегӯему раҳояшон мекунем. Магар бо қиммати чанде аз ин ҷавоҳирот мешавад, ҷигаргӯшае харид?

Дуруст аст, ки мегӯед, ҳоло қочоқчиёни инсон нархи навзодро 100 доллар қиммат гузоштаанд? Вале ин ҳам магар аз камарзишии инсон дар ватани мо далолат намекунад? Куҷое аз кишварҳои тиҷории дунё дидаед, ки дар дӯконе кӯдак бифурушанд?

Фикр мекунам, ҳеч ҷое аз ин деҳкадаи бузург, ки дунё ном дорад, ба андозаи кишвари кӯчаки мо Инсон беарзиштарин чиз нест.

Агар даъво доред, ки на чунин нест. Далел меоварам: Магар ҳамин дар рӯзи рушан, аз зери бинии садҳо одамон ва чашми дурбинҳои ин шаҳр се тифли нозанин Сабинаву Малика, Осия гум нашуданд? Куҷо шуданд? Шаҳр, ки бедарвоза нест!

Намехоҳам бар захмҳои дили реши волидони онҳо намак бипошам, маъзур. Аммо ин тифлони гумшуда танҳо марбут ба ин волидон нестанд, мо садҳо тифли раҳошуда дар хиёбонҳои шаҳру русто дорем, ки агар нисфашонро бубаранд, боз ҳам кӯчаҳоро лабрез аз фарзандони беарзиши хеш мекунем.

Ҳеч чизи дигарамонро рӯи раҳ намепартоем, ҷуз ҷигаргӯшаҳои хеш! Аммо ман зеҳнамро тагу рӯ мекунам, аммо дар ҳеч ҷое аз мағзам ҷавоби ин пурсишро пайдо намекунам, ки чаро бачаҳои мо рӯи раҳу кӯчаву бозор партов ҳастанд? Шояд мағзи ман тавони посухгӯӣ ба ин масъаларо надорад. Шояд ҷавоби он пеши яке аз Шумост?!

"Бигӯ, ки киро куштӣ, то кушта шудӣ чунин…"

Масъала танҳо дар бораи кӯдакони хурдсоли мо нест. Балки дар бораи фарзандони болиғи мо низ ҳаст. Мо духтарони ноболиғи худро натанҳо мефурӯшем, ба зӯр ба шавҳар медиҳем, роҳи онҳоро ба дабиристону илмомӯзӣ мебандем, балки шаҳмардҳои худро низ ба қимор мезанем. Баҳси миллионҳо фарзандони аробакашу мардикор, ки бо роҳи ҳалол пул дарёфт мекунанд ва ҷавонии худро дар ғурбат дур аз хушиҳои ҷавонӣ мегузаронанд, ва зиндагии мову шуморо мечархонанд, барои суҳбате дигар мегузорам. Ин хабарҳоро ҳатман шунидаед!!!

"ҳангоми бозгашт аз ҷанги Сурия як ҷавони тоҷик дар марзи Туркия кушта шудааст. Сокини 22-солаи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон чаҳор моҳ пеш бо бародараш аз Русия ба Туркия ва сипас ба Сурия рафтаанд, аммо ҳангоми бозгашт як гурӯҳи мусаллаҳи номаълум ба онҳо ҳамла мекунад ва он ҷавонро мекушад.

Як мақоми расмии ҳукумати Фархор гуфт, хабарро бародари зиндамондаи ҷавон ба падараш расонидааст, вале маълум нест, ки худаш аз Сурия берун шудааст ва ё на. Мусоҳиби мо, ки нахост номашро зикр кунем, гуфт, падари ин ду ҷавон гуфтааст, писаронаш фирефтаи гурӯҳҳои ифротӣ шуда ба Сурия рафтааанд ва пушаймон шуда, хостаанд, ба ватан баргарданд, ки чунин иттифоқе рух додааст."

"Дар моҳи апрел- алакай баъди аз Сурия расидани хабари кушта шудани Бахтиёр Шеров - дар Интернет боз наворе нашр шуд, ки дар он як гурӯҳе, ки гӯё тоза аз Тоҷикистон ба "Давлати исломии Ироқу Шом" расидаанд, ҳамчун нишонаи омодагии худ барои "ҷиҳод" ва "шаҳодат" ва буридани тамоми роҳҳои бозгашти худ ба дунёи, ба ақидаи онҳо, "пур аз куфр" шиносномаҳои тоҷикиашонро оташ заданд. Яъне ин "сериал" бо номи, барои мисол, "Ҷиҳод" ҳанӯз идома дорад ва маълум нест, ки кай, дар куҷо ва бо чӣ  гуна саҳнаи финалӣ ба поён хоҳад расид..."

Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, ҳудуди 200 нафар ҷавонони тоҷик дар Сурия алайҳи режими Башшор Асад, президенти кунунии ин кишвар меҷанганд ва дар сурати бозгашт метавонанд, барои амнияти миллии Тоҷикистон хатар эҷод кунанд.

Бале ҳарфи ман низ сари он ҷавонҳои ғурамаргу гулгункафан меравад, ки ҷабр бар ҷони ҷавони худ кардаву онро ба ночиз ба қимор мезананд. Магар ҷони ҷавонпаҳлавоне, ки дар шикоргоҳи ҷангҷӯёни силоҳфурӯш ба нишон гирифта мешавад, бо чӣ баҳое фурухта шудааст? Чаро навҳаи модарони онон ба гӯши афлок намерасад? Бачаи ин оча дар Сурия думболи чӣ мегардад? Думболи биҳишти гумшуда? Магар он биҳишт ун ҷост? Магар бар ивази рехтани ашки модарон, хуни падарон подоше ба ин "шуҳадо" мерасад? Ашки ятимон, дуои бевагон, навҳаи модарон ва оҳи падарони он сарзамини оғушта ба хун ба гиребони кӣ бояд бичаспад?

"Ба Худо шикоят хоҳам кард…"  

 4444 км роҳро Бахтиёр Шеров ё Абӯ Аҳмади тоҷикӣ аз Кӯлоб то Сурия ва дигар фарзандони тоҷик ба хотири чӣ тай мезананд? Ва аксарияти ин ҷангҷӯён ҳоло сарҳисоби зиндагии хешро пайдо накардаанд. Бо чӣ ақле мехоҳанд барои мардумони сарзамине дигар саодат биоваранд?

Ҳеч касе ин қудратро нахоҳад дошт то пеши роҳи ин ҷаҳолатро боздорад. Ҷуз модарон. Модароне, ки воқеан арзиши ҷони ҷигаргӯшаҳои хешро медонанд. Наход барои ҳамин рӯзи сиёҳ шумо фарзанд ба дунё овардаед? Як бор ба бадани захмин ва чашмони маъсуми ин тифлак (дар акс) бинигаред, магар кӯдакии ҷигаргӯшаҳоятон ба ёд намеояд? Ин тифли маъсум магар сазои чунин ҷазост, ки фарзандони шумо то дандон мусаллаҳ бар сари ӯву азизони ӯ лашкар кашидаанд. То азизони ӯро аз ӯ бигиранд ва ҷони ширини ӯро аз баданаш хориҷ кунанд. Ва ӯ қабл аз маргаш мардонавор аллайҳи лашкари ҷаррор, ҷанг ва хун садо дардодааст: "Ҳамашро ба Худо хоҳам гуфт!..."

Фикр мекунед, Худо бо бачаҳои шумо-модарон чӣ хоҳад кард?!

Адолати Мирзо

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97