Гапи Обама нагузашт "Истибдоди ҷадид" дар роҳ аст?

Сиёсат 17.10.2014 15:50

Obama va nur"Ҳамин раиси ҷумҳур Карзай, ки ба зоҳир як инсони отифӣ ва бо эҳсос маълум менамояд, вале дар асл як нафари дар асл бисёр уқдаман ва умқи дилаш таасуби қавмӣ ва ба нафрати қавмӣ дорад."

Генерал Ҷовиди Куҳистонӣ, собиқ мушовири низомии раёсати ҷумҳурии Афғонистон

Агар хонандаи ҳушманд ба ёд дошта бошад, қабл аз интихоботи даври дувуми раёсати ҷумҳурии Афғонистон матлаби муфассале дар саҳифаи "Миллат" таҳти унвони "Нахустин демократияи минтақа мурда таваллуд хоҳад шуд?" ба нашр расида буд. Дар он матлаб ду сенарияи рушди ҳодиса дар Афғонистон ба баҳс гирифта шуда буд. Яке дақиқан он чи ки пешбинӣ мешавад, яъне мудохилаи Карзай дар интихобот ва расвову гандида шудани ҳам интихобот ва ҳам худи Карзай, ки дақиқан шудааст. Дигаре муносибати мунсифонаи Карзай ба интихобот ва дар оянда ба як лидери умумимиллии Афғонистон ва дар маҷмуъ ба як намоди иродаи мардум табдил шудани ӯ дар минтақа.

Аммо даври дуввуми интихобот нишон дод, ки Ҳомиди Карзай ҳамчунон дар банди қонунҳои қабиласолорист ва то расидан ба андешаи миллӣ ва мардумсолорӣ роҳи зиёде дорад, ки бо таваҷҷӯҳ ба куҳлати синаш яқинан ба он рӯз нахоҳад расид. Карзай дар табонӣ ё ҳамдастӣ бо ду камисюни интихоботӣ интихоботро муҳандисӣ кард ва қабиларо ба мардум ва миллат тарҷеҳ дод. Ва кишварашро амалан дар қаҳқаро ё маърази партгоҳ ва ҳампошӣ ва таҷзия қарор додааст. Ҳоҷӣ Муҳаммади Муҳаққиқ, муовини доктор Абдулло дар интихобот ба сароҳати лаҳҷа ба Рейтерз ва ВВС сӯҳбат кард ва гуфт, ки эълони натиҷаи тақаллубӣ Афғонистонро таҷзия хоҳад кард. Бояд гуфт, Муҳаққиқ аз пешвоёни бонуфузи ҷамоъаи шиъа ва қавми ҳазораи Афғонистон аст, ки дар интихобот ҳудуди 80 ило 85 дарсади овози ҷамоъаи шиъа ва ҳазораро ба нафъи доктор Абдулло касб кард. Аммо ин ҳама таҳдидҳо аз сӯи Карзай ва гуруҳҳои бартариталаби қавмӣ зоҳиран то кунун ба кирдори шухӣ пиндошта шудааст.

Ҳақиқати бе баҳси интихоботи Афғонистон ин аст, ки доктор Абдулло дар ҳақиқат ҳар ду даври интихоботро бурдааст. Ва инро ҳама ба сароҳат медонад.

Мирвайси Ёсинӣ, вакили Маҷлиси намояндагон ва узви тими доктор Абдулло навиштааст, Ҷон Керӣ зимни сафари аввали худ ба Кобул ба сароҳат ду даъфа таъкид кард, ки ба маълумоте, ки мо дорем доктор Абдулло интихоботро бурдааст, вале дар ҳаққи ӯ ҷафо шудааст.

Муҳаммад Муҳаққиқ низ дар Хаймаи Луи ҷирга дар ҷамъи ҳазорон нафар эълон кард, ки тобистони соли гузашта пеш аз номзад шудан Ҳомид Карзай ба Арк даъват мекунад ва мегӯяд, ё бо Залмай Расул бирав ва ё бо устод Сайёф ва ё ҳам бо Ғанӣ. Ва ӯ мепурсад бо Абдулло чаро не? Карзай посух медиҳад, барои он ки ӯ баранда намешавад. Муҳаққиқ посух медиҳад, барандааш месозем. Карзай мегӯяд, агар баранда ҳам шавад, касе ӯро ба ҳукумат кардан намемонад.

Акнун ҳам Фамидулло Форуқӣ, собиқ узви ҳукумат ва раҳбари ситоди Ашраф Ғанӣ дар ҷамъе аз ҷонибдорони Ғанӣ гуфтааст, ки "Абдулло агарчи раъй овардааст, вале чун шаҳрванди дараҷаи ду аст, наметавонад раиси ҷумҳур бошад." Ин суханони ӯ ба берун дарз карда ва боиси эътирози шадиди ақвом шудааст.

Аҳмади Беҳзод, вакили Ҳирот дар Маҷлиси намояндагони Афғонистон дар ҷамъи донишҷӯёни Донишгоҳи Кобул ба ин суханон пардохт ва аз розҳои дигари ин тим парда бардошт. Оқои Беҳзод гуфт, ки тими Ғанӣ соири ақвомиро ба масхара гирифтааст ва ба тафсири номи ин тим, яъне Таҳаввул ва тадовум пардохт. Ӯ гуфт, маънои калима ва ё истилоҳи "тадовум" дар номи ин тим бисёр ҳадафмандона интихоб шуда ва ҳадаф аз он тадовум бахшидан ба ҳукумати такқавмии қабила мебошад. Ва аъзои саршиноси тими Тадовуми Ғанӣ қабл аз интихобот борҳо бо ҳам ҷаласаи худмонӣ дошта ва дар барномаи роҳбурдии онҳо ҳазфи соир муҳраҳои қавмҳои дигар аз тасмимгириҳои калони кишвар ва бозгардонидани яккаҳукмронии паштунҳо дар саросари ин кишвар аст. Ин вакили мардуми Ҳирот ҳамчунин дар мусоҳибаҳояш мегӯяд, ки ман бо тоҷе аз розҳои гурӯҳҳои бартариталаб огоҳам ва ҳадафи онҳо эъмори дубораи истибдод аст ва ӯ номи ин барномаи бартариталабонро ҳам "истибдоди ҷадид" гуфтааст. Яъне даври наве аз истибдоди қабила дар Афғонистон оғоз мешавад, ки соир ақвом бояд ба як қавм итоъат кунад. Ин албатта хобу хаёлу девонагӣ аст. Ва ҳақиқат ин аст, ки вакили Хуст дар Маҷлиси намояндагон, дар пардаи телевизиони Хуршед дар баҳс бо ду вакили дигари маҷлис, вақте ба мантиқи онҳо тоб наовард, гуфт, ки "эй кош замони Зоҳиршоҳ мебуд, ки ҳамаи шумо аз паштунҳо итоъат мекардед." Албатта ақли солим ин ҳарфҳоро то ба гӯш нашунавад, бовар надорад, вале воқеъият ҳамин аст.

Дар ҳақиқат амалан низ дида мешавад, ки барномаи Карзай ва атрофиёнаш бо пуштибонии халақоти хориҷӣ, ки матбуоти Кобул дар ин замина умдатан ба инглисиҳо ишора мекунад, ин аст, ки ҳалақоти фаъол ва ҳақталаб дар ҳукумати ояндаи Кобул, дар радаи тасмимгирӣ набошад. Ва аммо ба сурати хос намояндаи тоҷикон аслан набошад. Худи намои тими номутаҷониси Ғанӣ гӯёи ин аст. Барои аввалин бор дар муодилаи дар мисоли тими Ғанӣ қудрат ҷои тоҷикҳо ба Дустум дода шуд ва дар сегонаи аввали тасмимгирӣ ҷое барои тоҷикҳо қоил нашуданд. Вале хаёли бартариталабони қабилагаро хом баромад. Бо мавзеъгирии худ номзади Ҷамъияти исломӣ, яъне доктор Абдулло нишон дод, ки тарафи аслии муодила дар Афғонистон кадом қавм аст. Вале ин ба он маъно нест, ки Ғарб ва гурӯҳҳои қавмгаро аз барномаи палиди худ даст бардоштаанд. Не. Ҳаргиз чунин нест, балки бо тамоми қувва талош барои ин аст, ки гуруҳҳои муҷоҳиддин, озодихоҳон, рушанфикрон ва умуман касе фикри мустақил дорад, дар ҳукумати оянда набошад. Инглисҳо ба ин боваранд, ки бо овардани як Ғании заъиф аз ҳар нигоҳ ба қудрат ба ҳадафи худ наздик хоҳанд шуд. Ғанӣ дар навбати худ, дар авлавияти кораш баробар кардани ҳисобаш бо ақвоми дигарро қарор дода мехоҳад ба гуфтаи худаш эътибор ва қудрати аз дастрафтаи қавмашро эҳё кунад.

Аҳмад Карзай, бародари Ҳомид Карзай, ки рушанфикрони афғон аст ва дар тими доктор Абдулло қарор дорад, дар мусоҳибае бо Тулуъ гуфт, "Агар Ашраф Ғанӣ ба қудрат бирасад, ма чум аз худаш Чингизхон ё Темурли Ланг дуруст мекунад." Ва бояд гуфт, ки аниқтараш ӯ Темури лангашро кайҳо ёфта ва дар тарафи дасти росташ қарор додааст. Номи ӯ Дустум аст. Ҳоло фақат ин мондааст, ки аз худаш ё Чингиз дуруст кунад, ё Мусалинӣ ва ё ҳам каси дигар".

Ҳарчи ҳам бошад, як чиз бояд аз ёди масъулони Тоҷикистон наравад, ки дар ниҳоят як ҳадаф аз ин ҳаракатҳо, ки аз Ишкошим то Форёб ҳарчи тавонистаанд, ҷонибдорони Дустумро дар фармондеҳии пулис гузоштаанд, инзивои Тоҷикистон низ ҳаст. Масъалаи дигар ва ҷолиб ин аст, ки феълан раҳбарии аксари ҳаракатҳои экстремистӣ ва тундгарову мазҳабии минтақа низ ба дасти ҳамин табор аст. Тиме аз Ғанӣ, Дустум ва Дониш сохтани Ғарб бе ҳадаф нест. Ҳар кадоми инҳо муҳраҳои сӯхта дар Афғонистон ҳастанд. Ғанӣ пойгоҳи мардумӣ ва иҷтимоӣ надорад. Танҳо чанд гурӯҳи манфиатхоҳ дар идораи давлат аз ӯ пуштибонӣ мекунад. Сарвари Дониш ҳамчунин дар интихобот нишон дод, ки аз ҳимояти ҳамагӣ 10-5% аҳли ташайуъ ва ҳазора бархурдор аст. Инчунин ҳамин интихобот нишон дод, ки Дустум низ мавқеъи худро дар миёни қавмаш хеле бохтааст. Генерал Малик, Иброҳимӣ, раиси МН ва хонаводаи Шаниҳо, аз пешвоёни турктабор дар паҳлуи доктор Абдулло қарор гирифтанд. Ва Дустум ҳадди аксар нисфе аз раъйи қавмашро касб карду халос. Он чиро умед дошт, ба даст наёвард. Яъне инҳо муҳраҳои заъифе ҳастанд, ки ҳар ҷое қудратҳо хоста бошанд, истифода хоҳанд кард.

Воқеъият ин аст, ки ин ғарбиҳо танҳо мухолифи ҳузури тоҷикҳо нестанд, балки мехоҳанд ҳар кассе дар ҳукумат бошад, заъиф бошад. Ва ҳақиқати дигар ин аст, ки аксарияти чеҳраҳои бонуфузи паштун ва манотиқи машриқӣ дар канори доктор Абдулло қарор гирифтаанд. Аз ҷумла, Залмай Расул, устод Сайёф, Гулоғо Шерзай чун диданд, ки Карзай онҳоро ба ҳадафи худаш истифода карда дар даври дувум ба канори доктор Абдулло омаданд. Инчунин Ҳазрат Алӣ, Почохони Задрон, Исҳоқи Гелонӣ, Холид Паштун, Мирвай Ёсинӣ, Нурулҳақ Улумӣ ва ҳазорон тани дигар аз чеҳраҳои пурнуфуз ва боэътибори паштун дар канори доктор Абдулло қарор гирифтанд. Тақрибан ҳамаи чеҳраҳои шинохтаи ҷиҳодӣ дар ҳамин мавқеъ қарор доранд. Албатта Сибғатулло Муҷаддадӣ, ки бо истихора ва фолбинии худ машҳур аст, истисност. Яъне тими доктор Абдулло як тими умумии Афғонистон аст ва ба тоҷику ҳазора маҳдуд нест. Баръакси тими Ғанӣ ки дар сафи худ тоҷик надорад.

Аммо ҳоло… Масъала дар куҷо банд монда?

Тими Абдулло Абдулло рӯзи 8 сентябр эълон кард, ки тарафи дигар, аз ҷумла тими Ғанӣ ва Камисюнҳои интихоботӣ ба тавофуқи худ шумориши дубораи оро ва ботил кардани овозҳои тақаллубӣ амал накардаанд ва ба ин далел аз раванд хориҷ шуда ва натиҷа ҳарчи бошад, онро қабул надоранд.

Доктор Абдулло дар суханронияш гуфт, тараф садоқат нишон надода ва ба ин далел гуфтугуҳои сиёсӣ ба бунбаст расидааст. Ва эълони натиҷаи тақаллубро намепазиранд. Ва ҳукумати тақаллубиро ҳатто барои як рӯз қабул нахоҳад кард. Ин дар ҳолест, субҳи ҳамон рӯз як даъфа Барак Обама ва ду навбат Ҷон Керӣ телефонӣ аз ӯ хостанд, ки ин корро накунад. Ба навиштаи хабаргузориҳо ҳатто сафири Амрико дар Кобул то чанд дақиқаи оғози нишасти хабарӣ талош кард, ки ӯро аз кор водорад. Вале зоҳиран ваъдаи баландболое, ки доктор Абдулло ба мардумаш додааст, шояд ӯро нагузошт, ки ин корро бикунад. Ҳоло раванд мутаваққиф аст.

Хабаргузориҳо менависанд, муовини вазири хориҷаи Амрико зимни сафар ба Кобул як тарҳи ташкили ҳукумати ваҳдати миллиро овардааст. Бар асоси он касе, ки ба раёсати ҷумҳурӣ мерасад, бояд 40% вазифаҳоро дар ихтиёр бигирад ва номзаде, ки мавқеъи Раиси иҷроӣ ё садри аъзами иҷроиро мегирад, ҳаққи тайини 60% мақомҳоро хоҳад дошт. Аммо ин тарҳ аз тарафи ин ду номзад қабул нашуд. Рӯзномаи "8-субҳ" навиштааст, ки доктор Абдулло ин тарҳро пазируфтааст, машрут ба ин ки раис ё садри аъзами иҷроӣ раиси шӯрои вазирон ё ҳукумат низ бошад. Тими Ғанӣ мегӯяд, ки дар он сурат Қонуни асосӣ зери по мешавад.

Даъвои дигари тими доктор Абдулло ин аст, ки натиҷаи интихобот мусовӣ эълон шавад, он ҳам ба манзури берун шудан аз буҳрон ва ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ, ило дар ғайри он мегӯянд аъзои ин тим мо баранда ҳастем ва аз ҳаққи худ намегузарем. Инро низ тими Ғанӣ қабул надорад. Феълан музокирот ба бунбаст расидааст.

Барак Обама ва ба думболи он Бан Ки Мун, дабири кули СММ аз номзадҳо хостанд, ки натиҷаро бапзиранд. Барак Обама аз ибтидои сар задани мушкили интихоботӣ ҳадди ақал панҷ навбат бо номзадҳо ва Карзай телефонӣ суҳбат кард ва хостори қабули натиҷа шудааст. Ду бор ҳам Ҷон Керӣ ба намояндагӣ аз ӯ ба Кобул сафар кард. Шояд дар тули таърихи Амрико як раиси ҷумҳур барои ҳалли мушкили интихобот чунин талош ба харҷ надода бошад, вале хулласи калом гапи Обама то имрӯз нагузашт. Вале тасаввур кунед, ки дар соли 2009 бо як сафари сенатори амрикоӣ, Ҷон Керӣ масъалаи интихобот ҳал шуда буд. Ва Ҳилари Клинтон аз Исроил ба доктор Абдулло занг зада гуфта буд, ки барои мо мавқеъи ту муҳим нест, мо Карзайро ба унвони президент эътироф мекунем. Ун замон дигар моли таърих аст. Ҳоло доктор Абдулло низ медонад, ки замони дигаре аст. Панҷ соли пеш як телефони вазири хориҷаи Амрико агар масъаларо ҳал мекард, ҳоло ду навбат сафари сарвазир ва панҷ навбат телефони Обама наметавонад коргар воқеъ шавад. Яъне Амрико ҳам нуфуз ва ҳам эътибори худро дар дунё кам кам дорад мебозад. Ва таҳдиду фишори мустақими Обама, ки гуфт, агар ҳаракати эътирозӣ сурат бигирад ва натиҷа қабул нашавад, кумакашро қатъ мекунад, Салоҳиддин Раббонӣ, Устод Ато ва Муҳаммади Муҳаққиқро натарсонд ва миллионҳо нафарро басиҷ карданд алайҳи тақаллуб. Ин дарвоқеъ мисли ҳамон ҳӯшдори Буш аст, ки дар соли 2001 дар пайи шикасти Толибон гуфта буд, Устод Раббонӣ ва неруҳои Шимол ҳақ надоранд пеш аз мо вориди Кобул шаванд ва пуштибонии моро аз даст медиҳанд. Вале Бурҳониддини Рабонӣ ворид шуд ва эълон кард, ки раиси ҷумҳури ин кишвар аст ва ҳар ҷое аз ин ватанро хоста бошад, ворид мешавад. Қисса халос шуд.

Ҳоло бино ба навиштаи матбуоти Кобул Салоҳиддин Раббонӣ, писари ӯ низ ба сафири Инглис гуфтааст, "шумо ғарбиҳо аҷаб инсонҳое ҳастед, ҳар кӣ шуморо бикушад, боз ҳам ба ӯ таваҷҷӯҳу меҳрубонии бештар доред". Ин суханонро ӯ дар пайи мудохилаи сафири Инглис дар интихобот ва пуштибонии ғарбиҳо аз тими Карзай иброз доштааст. Таври маълум Карзай Толибонро бародар хитоб мекунад ва истифода аз силоҳи сақил, чархбол ва амалиёти шабонаро дар муқобили Толибон манъ кардааст. Амалан Карзай ва раиси дафтари ӯ Карими Хуррам, вазири мутакаббир ва бонуфузи ӯ Форуқ Вардак ба навиштаи матбуоти Кобул толибони галстукдор ҳастанд. Форуқ Вардак ва Карим Хуррам раиси дастгоҳи Карзай аз аъзои ҳизби Исломии Ҳикматёр ҳастанд, касоне, ки Кобулро ба рагбори гулӯла мебастанд ва акнун ҷонибдори саҳм додани Толибон дар қудрат мебошанд ва интихоботро низ амалан ҳамин ду нафар муҳандисӣ карданд.

Ҷолиб ин аст, ки таҳдидҳои Обама ва намояндаҳои ӯ на танҳо Устод Аторо натарсонд, балки баръакс ӯ таҳдид кард, ки агар натиҷаи шаффоф эълон нашавад, ба касе аз ислом хабар нест, авлодаш афғон нест ва ҳамсараш афғон нест иҷоза намедиҳад, ки вориди арки қудрат шавад, балки пояҳои мутақалибро хоҳад шикаст. Чӣ ва ё кӣ ин ҷуръатро ба ӯ додааст, масъалаи дигаре аст! Ва нахустин омил шояд шикастҳои пайопайи Амрико дар корзорҳои гарму сарди байналмилалӣ аст.

Ваҳид Умар, сухангӯи собиқи Карзай, ки феълан узви тими доктор Абдуллост, дар охирин ёддошташ дар Фейсбук навиштааст, музокирот билохира ба самар менишинад. Ҳатман ба натиҷа мерасанд, аммо бо шароити тоза. Дар интихоботи гузашта таҳти диккат ва фишор буд, аммо ин навбат бо ҳосил шудани ҳаққи воқеъӣ ва ҳақдор кор ба поён мерасад, на таҳти фишори касе.

Ба назари бархе таҳлилгарон интихоботи соли 1393 ё 2014 як бозёфт низ дошт. Ин падида худи Салоҳиддини Раббонӣ, писари 34 солаи Бурҳониддини Раббонист, ки баъди шаҳодати падараш аз соя берун шуд. Ва раиси Шӯрои олии сулҳ ба ҷои ӯ таъин гашт. Ва аксарияти таҳлилгарон ба ин бовар буданд, ки ин ҷавон истифодаи абзорӣ хоҳад шуд аз сӯи ҳукумат ва хос Карзай. Аммо баръакси интизор ӯ бо шаҳомати хос ва сазовори номи падараш қад алам кард ва нишон дод, ки нахустин қадамаш дар сиёсати калон дуруст ба андозаи бузургии қадами падараш аст. Ӯ ба унвони як ҷавони ҳадафманд, бо тадбир ва бо мулоҳиза ва ҳилм ва шостаи номи Раббонӣ худро муаррифӣ кард. Ба андешаи Азиз Ориёнфар, собиқ намояндаи фарҳангии Афғонистон дар Душанбе, "ба шаҳодат расонидани Устод Раббонӣ як ҳадаф дошт. Он ҳам ҳазфи ӯ аз сари роҳи интихоботи соли 2014. Зеро билохира дарёфтанд, ки ҳар касеро ӯ пуштибонӣ кунад, ӯ мешавад, раиси ҷумҳур." Аммо тақрибан писари ӯ ҳамон рисолати падарашро иҷро кард. Албатта бо костиҳо, чун агар худи ӯ зинда мебуд, бо сиёсат ва макрҳои сиёсие, ки огоҳ буд, кор шояд то ин ҷо намекашид.

Ҳоло ҷонибҳо ба мавқеъҳои аввала боз гаштаанд. Ғанӣ мегӯяд, интихоботро бурдем ва Камисюн бояд эълон кунад. Аммо Ато Муҳаммади Нур, ки рақибонаш дар матбуоти Кобул ба унвони "императури шимол" низ аз ӯ ном мебарад ва бори ин ҳаркатҳо умдатан рӯи шонаи ӯст, ба шиддат бо намояндагони ақвом ва аҳзоб ройзанӣ дорад ва мегӯяд, ба ҳеч сурат ҳукумати ба раҳбари Ғаниро қабул нахоҳад кард.

Ато Муҳаммади Нур дар мусоҳибаи се соли пеш низ бо "Миллат" гуфта буд, ки "ё худам раиси ҷумҳур мешавад ва ё ҳам касе, ки мо аз ӯ ҳимоят кунем" Ӯ ин ваъдаи худро "дефакто" исбот кард, ва ба ин далел аст, ки аз ӯ дар матбуоти Кобул "волии подшоҳсоз" низ ном мебаранд. Аммо "де юра" кӣ раиси ҷумҳур шуд ҳануз муаммост.

Вале генерал Мир Амонуллоҳи Гузар, вакили порлумон ва аз фармондеҳони пешини Аҳмадшоҳи Масъуд, ки шимоли Кобул ва минтақаи Кӯҳдоман амалан таҳти нуфузи ӯст, аз ин ҳам пештар рафта ва дар фейсбукаш навиштааст, мутақалибро фурсати  ворид шудан ба Аркро намедиҳад ва агар ворид ҳам шуд, берун мекунем."

Аммо ба гуфти ҳамон мардум, ки "Худо хайрро пеш биорад". Авзоъ мешавад гуфт, ки тақрибан ғайри қобили пешбинӣ аст. Тасаввур кунед, ки Барак Обама ба ҳамаи зур ва зар натавонистааст ба вазъият таъсир бирасонад. Пас чи гуна мешавад авзоъро таҳлил ва пешбинӣ кард.

Ва дар ҳоли таҳияи ҳамин тасвири умумӣ тими доктор Абдулло бо раҳбарии ӯ баъди зиёрати мазори Аҳмадшоҳи Масъуд дар Панҷшер саргарми нуши ҷони зиёфатанд.  Вале тими Ғанӣ мутмаинан саргарми корҳои муҳимтар, шояд.

Рӯзи гузашта Ҳомид Карзай дар маросими бузургдошти Аҳмадшоҳи Масъуд хост аз як ҳиллаи озмудашудаи таърихӣ, ки дар мавриди Ҳабибуллоҳи Калаконӣ кор дода буд, истифода кунад. Ӯ аз масъули маҷлис хост, ки ба Сибғатулло Муҷададдӣ, ки замоне фатвои ҷиҳод дода буд, сухан дода шавад. Тибқи барнома, ки акнун фош шудааст, Муҷаддадӣ мебоист, ҳар ду номзадро водор мекард, ки саҳна биоянд ва даст рӯи Қуръон бигузорад ва аҳд кунанд, ки натиҷаи интихоботро, ки эълон мешавад, қабул хоҳанд кард. Аммо мардум бо дидани Муҷаддадӣ, бо таваҷҷӯҳ ба суханони қаблии ӯ, ки гуфта буд, ман дар ин марҳила барои раиси ҷумҳурӣ доктор Абдуллоро муносиб намебинам, ӯро иҷозаи сухан гуфтан надоданд. Ва бо нидои "худо ҷазои шуморо бидиҳад" ҳамроҳ бо Карзай ва Ғанӣ толори Луи ҷиргаро тарк намуд. Яъне ин ҳиллаи Карзай хунсо шуд, вале ин ба он маъно нест, ки ҳиллаи дигаре дар роҳ нест.

"Миллат"

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97