Назарсанҷӣ

Дар кадом мактаб мехоҳед фарзандатон таҳсил кунад?

Устод Ато дар ҷойгоҳии Масъуд қад алам мекунад

Сиёсат 30.09.2014 09:27

 

atta-noor-2Атомуҳаммади Нур, волии қудратманди Балх, яке аз аъзои барҷаста ва пуштибони аслии тими интихоботии Абдуллоҳ Абдуллоҳ, номзади раёсати ҷумҳурии Афғонистон аз тарафдорони худ хостааст, ки барои як эътирози густурдаи зидди тақаллуби интихоботӣ омода шаванд. Атомуҳаммади Нур, ки раиси иҷроии Ҳизби Ҷамъияти исломии Афғонистон низ мебошад, дар паёме дар саҳифаи "Фейсбук"-и худ аз Камисюни мустақили интихобот, СММ ва ҳукумати Афғонистон интиқод карда ва гуфтааст, ки ин се ниҳод натавонистаанд ба хостаҳои тими Ислоҳот ва ҳамгироӣ посух диҳанд. Вай мегӯяд, ки раванди тафтиши оро ноком шудааст. Вай дар ин паёмаш мегӯяд, "нозирони байнамилалӣ аз канори тақаллубҳое чун сандуқҳои пуршуда ба нафъи як номзад... бо чашмони боз убур мекунанд ва посухашон сукут аст."

 

Волии қудратманди Балх ҳамчунон гуфтааст, ки барои пуштибонӣ аз мавзеи ҳақталабонаи тими Ислоҳот ва ҳамгироӣ, гомҳое хоҳад бардошт, ки битавонад ҳаққи мардуми Афғонистонро баргардонад. Атомуҳаммад Нур дар ин паёми худ аз касоне, ки ба "таҳкими демократия, таъмини адолат ва тавсеаи мардумсолорӣ бовар доранд", хостааст, ки аз ҳамин ҳоло барои оғози "ҷунбишҳои сабз ва норинҷӣ" омода шаванд.

 

Волии Балх, ки аз шахсиятҳои барҷастаи Ҳизби ҷамъияти исломии Афғонистон ва аз пайравони мактаби Аҳмадшоҳ Масъуд мебошад, дар бораи чигунагии ҷунбиши сабз ва норинҷӣ чизе нагуфтааст, аммо таъкид кардааст, ки масъули ҳар гуна оқибати ин ҷунбишҳо онҳое хоҳанд буд, ки ба гуфтаи вай, "раванди интихоботро бо тақаллубҳои созмонёфта ба тамасхур гирифтанд."

 

Тими Ислоҳот ва ҳамгироӣ дирӯз ҳам ҳушдор дода буд, ки агар ба хостаҳои ин тим дар зарфи 24 соат посух дода нашавад, аз раванди техникӣ ва сиёсии интихобот берун хоҳанд шуд. Муҳаммади Муҳаққиқ, муовини дувуми Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, ки эълони натиҷаи тақаллуб, Афғонистонро ба сӯи бӯҳрон хоҳад кашонд: "Мо ба Созмони Милали Муттаҳид гуфтаем, ки эълони натиҷаҳои тақаллуб ба маънои барҳам задани тамоми равандҳои сиёсӣ ва техникӣ ва рафтан ба тарафи як бӯҳрон аст."

 

Муҳаммади Муҳаққиқ: Эълони натиҷаи интихобот Афғонистонро пора мекунад

 

Муҳаммад Муҳаққиқ, муовини дуввуми доктор Абдуллоҳ ҳамчунин гуфтааст, ки гуфтугӯҳо бо тими Таҳаввул ва тадовум ба раҳбарии Ашрафғанӣ Аҳмадзай низ то ҳоло бенатиҷа будааст. Ӯ афзуд, ки агар раванди сиёсӣ ба ҳамин гуна бошад, ду тими интихоботӣ ба натиҷае нахоҳанд расид: "Дар раванди сиёсӣ ҳам ба як бунбаст расидаем, ки агар ба ҳамин минвол ба пеш биравад, фикр мекунам, ки ба ҷое нахоҳем расид."

 

Муҳаммади Муҳаққиқ ахиран ба Ройтерз гуфтааст, ки тамоми гуфтушунидҳо ба бунбаст расида ва роҳи ҳалле ба назар намерасад. Ӯ гуфтааст, "агар Камисюни интихобот натиҷаи пуртақаллубро эълон кунад, Афғонистон таҷзия хоҳад шуд."

 

Бояд гуфт, Муҳаммади Муҳаққиқ пешвои пурнуфузи ҳазораҳост, ки тавонист овозҳои ҳудуди 80% ҷамъияти ҳазораро барои доктор Абдуллоҳ касб кунад.

 

Қабл аз ин ҳар ду тим дар мавриди бозшумории орои даври дувуми интихоботи президентӣ ва ташкили ҳукумати Ваҳдати миллӣ мувофиқат карда буданд.

 

Дар назар буд, ки раиси ҷумҳури ояндаи Афғонистон рӯзи 2 сентябр савганд ёд кунад ва ба кораш оғоз намояд. Аммо бӯҳрони интихоботӣ ба дарозо кашид ва эъломи натиҷаҳои интихобот то ҳадди ақал даҳ рӯзи дигар ба таъхир афтод. Ҳамчунин интизор мерафт, ки раиси ҷумҳури ояндаи Афғонистон дар нишасти сарони НАТО, ки пасфардо дар шаҳри Валеси Британия оғоз мешавад, ширкат кунад, аммо чунин нахоҳад шуд.

 

Доктор Абдуллоҳ, вазири собиқи хориҷаи Афғонистон дар даври аввали интихобот, ки рӯзи 5 апрел доир шуда буд, аз байни 8 номзад бо касби 45 дарсади оро пешсаф шуд. Ашрафғанӣ Аҳмадзай дар даври аввал ҳамагӣ 31 дарсад раъй ба даст оварда буд. Дар даври дувуми интихобот Залмай Расул, ки 11 дарсад, Абдураб Расули Сайёф, ки беш аз 7 дарсад ва Гулоғо Шерзай, ки беш аз ду дарсади орои интихобкунандагонро дар даври авал ба даст оварда буданд, аз Абдуллоҳ Абдуллоҳ пуштибонӣ карданд. Вале дар даври дувум, ки 14 июн доир шуд, бино бар натоиҷи муқаддамотии эълоншуда, мақомоти интихоботӣ ба Аҳмадзай 56 дарсади овозҳо ва ба Абдуллоҳ ҳамагӣ 43 дарсад раъйро нисбат доданд.

 

Ин натиҷаҳо боис ба эътирози тунди доктор Абдуллоҳ ва тарафдорони ӯ шуд. Танҳо бо мусоидати миёнҷиҳои хориҷӣ, аз ҷумла вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керрӣ, ки ду дафъа барои музокира бо номзадҳо ба Кобул сафар кард, қарор шуд, то овозҳои, ба таъбири доктор Абдуллоҳ", "нопок" бозшуморӣ шаванд.

 

©2008 - 2018 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97