Назарсанҷӣ

Дар кадом мактаб мехоҳед фарзандатон таҳсил кунад?

Интихобот наздик аст; "хирс"-ҳо (аҳзоб) аз хоби "зимистона" бедор мешаванд

Сиёсат 23.09.2014 11:08

intikhoboti khirshoЯк дӯст хабараке аз омодагии як ҳизби навпо барои ширкат дар интихоботи порлумонии дар пешистода бо нишонии нашрия фиристод. Хабари баде набуд. Аммо ба ин фикр кардам, ки оё ин арзишеро дорад, ки абзатсеро дар ҳафтанома банд бикунад. Ба ин нукта расидам, ки на! Чаро?! Зеро саволҳое халқ шуд, ки посухашро пеши худ наёфтам: Ин ҳизб то ҳол куҷо буд? Магар фаъолияти аҳзоб танҳо дар рӯзҳои интихобот муҳим аст? Оё ин аҳзоб барои ҷомеъаи Тоҷикистон заруранд? Аҳзоби наздик ба ҳукумат дар хоби нозанд, аҳзоби мухолиф дар фикри ҷони хеш. Вале ба истилоҳи акнун маъмул; падарлаънат моем, ки дар ин миёна мондаем???!!!

Ҳизби хоболуд

Аз камкории аҳзоби наздик ба ҳукумат ва ҳам аҳзоби ба истилоҳ "киссагӣ" мардум дар азобанд, зеро ҳукумат бо тамоми нерӯ ва дастгоҳаш ба ҷойи Ҳизби халқи демократӣ кор мекунад. Мушкилоти худи ҳукумат ва масоили байнидавлатӣ ва мушкилоти иҷтимоии мардум ба нақшаи дуввум табдил шудааст, ки бидуни шак бар зарари мардум ва давлат анҷом мешавад.

Ҳизби халқӣ демкоратӣ ва ё ба истилоҳ ҳоким бо вуҷуди он ки имтиёзоти фаровоне дорад, ё сархуш аст ва ё дар ғафлат. Бар хилофи амалкарди дастгоҳи муқтадири давлат бар нафъи ин ҳизб, ба сурати мустақим ҲХДТ дар баробари интиқодот ва мавқеъгириҳои бамаврид ва бемавриди оппозитсиюни дохилӣ ва хориҷӣ аллайҳи ҳукумат мавзеъгирии чашмгире надоштааст. Гӯиё дастгоҳи ҲХДТ барои хелеҳо "трамплин" ё хезишгоҳе танҳо барои расидан ба мақоми вазирӣ, вакилӣ ва раисӣ бошад. Дар ҳоле ки ба ҷои "Фабрикаи ҷавоб" ҲХДТ бояд вориди рақобати ҳизбӣ мешуд ва мавқеъи ҳизбҳои мухолифро то маъракаи интихобот коҳиш медод ва ба эътибори хеш меафзуд. Аммо ин кор сурат нагирифт. Чаро ҲХДТ аз рӯйирост вориди майдон ва баҳсҳои сиёсӣ шудан ҳазар мекунад. Фарҳанги сиёсӣ ҷо науфтодааст ё масъалаи дигаре аст, ки зеҳни ман барои таҳлили он кундӣ мекунад? 

Аҳзоби соҳибимтиёз ва серхоб

Дар бораи ҳизбҳои соҳибимтиёз ва "киссагӣ" ҳоҷати баҳс нест. Танҳо ҳамин нуктаро метавон таъкид кард, ки ин аҳзоб метавонистанд бо истифода аз фурсат ва шароит дар майдони сиёсӣ рақобати солимро ба вуҷуд биоваранд, ки мутаассифона чунин накарданд. Ва танҳо акнун аст, ки дар майдон ба ҷилва даромадаанд ва аз ин ҷилванамоӣ, ҷуз баланд шудани ангушти интиқод ба сӯи ҳукумат суди дигаре нахоҳад буд.

Аҳзоби мухолиф гирифтори фасод

Аммо аҳзоби сиёсии мухолиф чӣ? Агарчӣ мақоли хубе дорем, ки; "зи по афтодаро подош санг нест", вале боз ҳам нагуфта гузаштан ҳам наметавонем. Зеро ин аҳзоб низ аз баданаи ин миллат аст ва теъдоде аз фарзандони ин сарзамин ин ҷоро барои фаъолияти хеш баргузидаанд.

Хомӯшии ин аҳзоб дар баробари кӯчактарин мушкили мардум то ба бузург шудани он боис шуд, ки дар остонаи интихоботи навбатии порлумонӣ ин мушкил ба гиребони ин аҳзоб бичаспад ва то ҳадде хафагирашон бисозад. Дуруст, мисли фасод, ки аввал кучактар аст ва бо бузург шудан тамомии баданаро фасодзада мекунад. Ҳамин мушкили кӯчаки мардум буруз кард ва на ба домон, балки то ба гиребони аҳзоби мухолиф печид. Ва дар ин миён боз ҳам мардум аст, ки ранҷи камкорӣ ва ҳатто бемасъулиятии ин аҳзобро мекашад ва бо баҳои гароне онро ҷуброн мекунад.

Тай-тай, по-по… Нашуд!

tay tay po poТай-тай, по - по…! Таҳти ин "амри бо навозиш" ҳар кӯдаке навпо ба истилоҳ "по мебарорад" ва роҳрав мешавад, аммо на аҳзоби мо…

Дар 15 соли пеш шоҳиди баргузории як мизи мудаввари телевизиони хориҷие бо ширкати аҳзоби Тоҷикистони азиз дар остонаи интихоботи порлумонии кишвар шудам, ки муҷрии ин мизи гирд маҷбур шуд, як ҳарфу ду ҳарф ба даҳони мақомҳои баландпояи азҳоби сиёсии кишвар бигузорад. Он замон аз фаҳмиши сиёсӣ ва сатҳи ҳизбиёни тоҷик хиҷолат кашидам. Бо он ки умр мегузарад ва таҷрибаи зиндагӣ бештар мешавад, он лаҳза, ки ба гӯши ёдам мерасад, аз хиҷолат сар бар гиребон мекашам. Зеро ҳанӯз ҳам ҳеч тағйири куллие дар ин аҳзоб намебинам. Шояд дар тарзи зиндагии шахсӣ, либос ва шароити молии шахсҳое аз ин аҳзоб тағйироти куллӣ ба вуҷуд омадааст. Аммо маъзур, на дар тафаккур. Баръакси ҳизбиён мардумро огоҳтар дармеёбам. Шояд таъсири раванди муҳоҷират, шабакаҳои иҷтимоӣ ва телевизионҳои пешрафтаи кишварҳои дуру наздик аст, ки мардум огоҳтар ва боандешатараз гузашта шудаанд. Вале чаро аҳзоб аз ин таъсир нагирифтаанд ва ё таъсири андаке гирифтаанд?! Як донишҷӯйи хеш дорем, ки ду сол боз дар яке аз кишварҳои пасошӯравии наздик ба Аврупо (бо маблағи худаш) таҳсил дорад. Ҳар сол, ки меояд, аз суҳбат бо ӯ дармеёбӣ, ки аз тарзи зиндагии он ҷо таъсир пазируфтааст ва дар фикраш як таҳаввул эҷод шудааст. Таҳаввуле, ки дар афкори сиёсатмардони аҳзоби Тоҷикистон пай бурда намешавад. Агарчӣ масъулони аҳзоби сиёсии кишвар ҳар сари чанд вақт аз ҳисоби маблағҳое ба номи мардуми Тоҷикистон, ба қавле баҳона номи халқ, аз сӯйи ниҳодҳои мудофеъи демократия ҷудошуда барои ширкат дар семинару конфронсҳо ба "сайёҳат" мераванд. Намедонам ба ҷуз тасвире аз бозор ва фурушгоҳҳои бузургу рангоранг чи тасаввуре аз ин сафарҳо дар зеҳни худ сабт доранд, аммо ҳеч кадомеро бо мардум дар миён нагузоштаанд, ба унвони касе ки пайваста матолиби матбуот ва расонаҳои хабариро пайгирӣ мекунад, ин ҳарфро мегӯям. Шояд касе аз шумо инро шоҳид будаеду аз чашми камбини ман дур мондааст. Агар чунин аст, маъзур доредам.

Ба ҳар сурат агар ба дур нанигарем ва аз интихоботи 5 соли пеш то имрӯзро ба қиёс бигирем, ва ё кори ин аҳзобро дар паллаи тарозу баркашем, чи чизе ба бор меояд? 0 -Ҳеч!!!

Оё ба интихобот рафтан шарт аст?

Агар вазъ чунин аст, оё ба интихобот рафтан шарт аст? Ин суолро боз мегузорам.

Дар ҳамин рӯзҳо аз нашрияе қадимитар, ки дар миёни анбуҳи коғазу китобҳо ба дастам афтод, хабареро хондам, ки Вазири Кувайт зимни дидораш бо раиси ҷумҳури кишвар, аз он мегӯяд, ки дар Кувайт ҳеч ҳизбе фаъолият намекунад ва демократия ва озодии баён рӯ ба инкишоф аст. Аз рӯи ахбори расонаҳо низ Кувайт яке аз кишварҳои аз лиҳози иқтисодӣ рушдёфта арзёбӣ мешавад. Пас чаро Тоҷикистон пайравӣ аз чунин як кишваре рӯ ба тараққӣ накунад? Чаро ин аҳзоби нодаркорро аз сафҳаи зиндагии хеш хат назанем? Оё аз он ки дар раддабандиҳо дар баробари як кишвари Африқоӣ қарор мегирем, беҳтар нест, ки дар қатори Кувайт ҷо бигирем? Ман тарафдори беҳизбӣ, аммо пешрафт ҳастам. Шумо чӣ ҷанобони сиёсатмадор?!

Адолати Мирзо

©2008 - 2018 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97