Эъломияи Ато Муҳаммади Нур- Як қадами дигар ба сӯи буҳрон дар Афғонистон

Сиёсат 09.07.2014 10:46

atta-noor-2Ато Муҳаммади Нур, волии қудратманди вилояти Балх дар эъломияи расмӣ дар торнамои худ доктор Абдулло Абдуллоро, раиси ҷумҳури мунтахаби кишвараш эълон карда ва гуфтааст, аз фармонҳои ӯ итоъат мекунад. Ато Муҳаммади Нур аз мардум хостааст, ки суботро риоят кунанд ва бо неруҳои амниятӣ, пулис ва артиши миллӣ ҳамкорӣ намоянд. Ӯ сабабгори пеш омадани вазъи феълӣ Ҳомиди Карзайро низ хитоб карда ва гуфтааст, ки ба посухҳои қонунии мардум посух надодааст.

Ато Муҳаммади Нур аз пуштибонони аслии доктор Абдулло дар корзори интихоботӣ мебошад.

Ин баёния метавонад ба он маъно бошад, ки сар аз имрӯз дастуроти давлати Карзай дар дуввумин маркази муҳимми Афғонистон Мазори Шариф илзомӣ нестанд. Зеро Ато Муҳаммади Нур касе мебошад, ки бо қудрати худ Рашиди Дустумро дар саҳафоти шимол шикаст дода буд ва амалан ба пешвои якатози саҳафоти шимол табдил шудааст. Қудрати оқои Нур ба Балх маҳдуд намешавад, балки аксарияти вилоятҳои давру бар низ таҳти нуфузи ӯ ва афроди вобаста ба ӯ мебошанд. Коршиносони умури Афғонистон ин суханони ӯро бештар ҷиддӣ гирифтаанд, то ҳар таҳдиди дигари доктор Абдулло ва ҷонибдорони ӯро. Зеро мегӯянд ин коршиносон Ато Муҳаммади Нур амалан нишон додааст, ки лоф намезанад.

http://balkh.af/index.php/component/k2/item/201

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97