"Чодари рамазонӣ" ба муносибати моҳи Рамазон, ба унвони барномае мазҳабӣ-иҷтимоӣ дар Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия, барои алоқа-мандон ва афроди ғайримусалмон, ки мехоҳанд бо дини ислом ва фарҳанги исломӣ ошноӣ пайдо бикунанд, ифтитоҳ шудааст.
Ба гузориши сайти ахбори исломии Русия, ин чодар то поёни моҳи Рамазон фаъолият хоҳад кард.
Равил Айниддин, раиси Шӯрои марказии муфтиёти мусалмонони Русия таъкид кардааст, ки дар баробари додани ифтор дар ин чодарҳо, баргузории озмуни беҳтарин ҳофизони Қуръон, одоб ва русуми рамазонии 15 минтақаи мусалмоннишини Русия, озмуни дониши рамазонӣ дар миёни кӯдакон, ғизоҳои вижаи ин моҳи муборак, ҳамчунин беҳтарини таронаи рамазонӣ ва мусобиқоти мухталиф дар назар мебошад.
Вай муътақид аст, ки моҳи Рамазон беҳтарин фурсат барои ошноии ғайримусалмонон бо дини ислом аст.
Дар маросими ифтитоҳи "Чодари рамазонӣ" дар Маскав, мақомоти давлатӣ, намояндагони маҷлиси Дума ва Шӯрои федератсия, сафирони кишварҳои исломии муқими Маскав, масъулони ҷумҳуриҳои худмухтор бо аксарияти мусалмон ва шахсиятҳои сиёсӣ ва фарҳангии Русия ширкат карданд.
Шаҳрдории Маскав низ барои ифтитоҳи "Чодари рамазонӣ" дар пойтахти Русия ба Шӯрои марказии муфтиёти мусалмонони ин кишвар кумак кардааст.