Баҳси ҳамҷинсгароӣ дар порлумони Қирғизистон

Сиёсат 30.06.2014 12:12

kaz parlumБаррасии тарҳи қонуни мамнӯъияти ҳамҷинсгароӣ дар порлумони Қирғизистон баҳсҳои зиёдеро дар пай доштааст.

Ба гузориши сайти Регнум, Турсунбой Боқируғлу, намояндаи исломгарои порлумони Қирғизистон гуфтааст, ки Ғарб қасд дорад ба баҳонаи озодии иртиботи ҷинсии афрод дар ҷомеа, заминаи аз байн бурдани асоси хонаводаҳо дар кишварҳои исломиро фароҳам созад.

Аз дидгоҳи ин намояндаи порлумони Қирғизистон тарҳи ин мавзӯъ идомаи таҳоҷуми фарҳангии Ғарб мебошад, ки ба назар мерасад дар ҷомеаҳои исломӣ ҳанӯз ҳам оқибатҳои харобкоронаи ин падидаи муғоир бо зиндагии мусалмононро дарк накардаанд.

Вай муътақид аст, ки бо тасвиби ин қонун дар Қирғизистон заминаи дифоъ аз ҳарими хонавода фароҳам мегардад ва мусалмонон бояд бар асоси омӯзаҳои динии хеш зиндагӣ кунанд. Зеро Ғарб бо таблиғи ин мавзӯъ мехоҳад, ки дар ҷомеа теъдоди афроди ҳамҷинсгаро афзоиш ёбад ва ин афрод бо фарзандхондагии кӯдакони ятим, ононро мисли худ тарбият кунанд.

Боқируғлу муддаӣ аст, ки он идда аз афроде, ки худро мудофеи ҳуқуқи ҳамҷинсгароён муаррифӣ мекунанд, ҳозир ҳастанд, ки фарзандонашон ҷузви ин гурӯҳҳои мунҳариф бошанд?

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97