Доктор Абдулло худро пирӯзи интихобот хонд

Сиёсат 23.06.2014 15:41

ва аз камисюнҳои интихоботӣ хост, ки кори худро мутаваққиф кунанд

doktor abdullo muvafaqПулиси Кобул мегӯяд ду мошине дорои варақаҳои раъйдиҳиро, ки бидуни иттилоъи неруҳои амниятӣ дар ҳоли интиқол ба маконе номаълум буданд, дастгир кардааст.

Генерал Муҳаммадзоҳири Зоҳир, фармондеҳи пулиси Кобул, мегӯяд, ки Зиёулхақ Умархел, раиси дабирхонаи камисюни мустақили интихоботи Афғонистон, саъй доштааст бо баҳра гирифтан аз ин маводди интихоботӣ ба нафъи яке аз номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ тақаллуб кунад.

Ҷаноби Умархел ин иттиҳомро рад карда ва гуфтааст, ки мошинҳо дар ҳоли интиқоли маводди интихоботӣ ба яке аз маҳаллоти раъйдиҳӣ дар вулусволии Сарубӣ ( тобеъи Кобул) будаанд, вале пулис монеъ шудааст. Ӯ ин иқдоми пулисро тахаллуф хондааст.

Раъйгирӣ дар дувумин даври интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон аз субҳи рӯзи шанбеи 14 июн оғоз шуд. Абдуллои Абдулло ва Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, ду номзад дар ин интихобот ҳастанд ва ҳар ду дар конфронси матбуъотии худ гуфтанд, ки гузоришҳое аз тахаллуф дарёфт ва ба камисюни мустақили интихобот ироа кардаанд.

Умар Довудзай, вазири дохилаи Афғонистон, дар посух ба суоле дар бораи ин гузориш гуфт: "Ҳайъати муштараке муваззаф шудааст, то дар бораи сӯитафоҳуме, ки байни раиси дабирхонаи камисюни интихобот ва фармондеҳи пулиси Кобул пеш омадааст, таҳқиқ кунад."

Фармондеҳи пулиси Кобул мегӯяд мошинҳое, ки тавқиф шудаанд, ҳомили маводди интихоботӣ будаанд ва тибқи қонун, неруҳои амниятӣ бояд дар ҷараёни ҷобаҷоии онҳо қарор мегирифтанд, то битавонанд амнияти лозимро таъмин кунанд, аммо чунин иттифоқе наафтодааст. Ӯ мегӯяд, ки аз минтақаи Сарубӣ гузорише аз камбуди авроқи раъйдиҳӣ дарёфт нашудааст.

Ӯ изофа кардааст, ки Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон, дар ҷараёни ин иттифоқ аст ва дастур дода, то маводди интихоботӣ ба камисюни мустақили интихобот таҳвил шавад ва таҳқиқоти лозим анҷом шавад.

Генерал Зоҳир гуфтааст, ки касе аз вазъияти мошинҳо ва ин ки роҳии куҷо буданд, хабар надоштааст.

Аммо раиси дабирхонаи камисюни мустақили интихоботи Афғонистон гуфтааст, ки яке аз марказҳои раъйдиҳии Сарубӣ эълом карда буд, ки бо камбуди варақаҳои раъй рӯбарӯст ва ин мошинҳо ба онҷо мерафтанд.

Ӯ изофа кард: "Вазифа дорем камбудиҳои марокизи раъйдиҳиро таъмин кунем ва дар ҳоли анҷоми вазифа будем, ки пулис монеъ шуд.

Ҷаноби Умархел ҳам хоҳони таҳқиқ ва баррасӣ дар бораи иддаъоҳои тахаллуф ва тақаллуб ва ҳатто мудохилаи шахси раиси ҷумҳурии Афғонистон барои расидагӣ ба ин иддаъоҳо шудааст.

Юсуфи Нуристонӣ, раиси камисюни мустақили интихобот, иттиҳомҳо алайҳи Зиёулҳаққи Умархел, раиси дабирхонаи ин камисюнро бебунёд хонд.

Ҷаноби Нуристонӣ гуфт ин масъала аз сӯйи як ҳайъати ҳақиқатёб баррасӣ шавад.

Ҷаноби Нуристонӣ дар нишасти хабарӣ дар Кобул ба хабарнигорон гуфт: "Мо кадом санаде бисёр муваҷҷаҳ барои бартарафӣ (Зиёулҳаққи Умархел) надорем, барои ҳамин ин масъаларо дар ҳамин ҷо мутаваққиф мекунем, агар дуктур соҳиб (Абдуллои Абдулло) ё каси дигаре кадом санаде муваҷҷаҳ барои таҳаллуфи ҷаноби Амирхил, раиси дорулиншо, дошта бошад, метавонанд онро ба кумиссиюн ироа кунанд."

Ин мавзӯъ дар ҳоле ба баҳси доғи интихоботии Афғонистон табдил шуд, ки баъд аз зуҳри рӯзи интихобот генерал Зоҳири Зоҳир, фармондеҳи пулиси Кобул, монеъи интиқоли ду маҳмулаи камисюни интихобот ба яке аз марказҳои раъйгирӣ дар вулусволии Сарубӣ, дар шарқи Кобул, шуд ва гуфт, ки ҷаноби Умархел бо интиқоли ин маҳмулаҳо саъй дошта ба нафъи яке аз номзадон тақаллуб кунад.

Рӯзи гузашта ҳам Абдуллои Абдулло, номзади даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, хоҳони таълиқи кори ҷаноби Умархел, раиси дабирхонаи камисюни мустақили интихобот шуд.

Ӯ гуфт, ки ҷаноби Умархел фарди қобили эътимоде нест ва мавзӯъи ҷанҷолии иттиҳомот алайҳи ҷаноби Умархел аз сӯйи пулиси Кобул бояд фавран таҳқиқ шавад.

Камисюни расидагӣ ба шикоятҳои интихоботии Афғонистон ҳам гуфта, ки мунтазиранд ҳайъате ҳақиқатёб қазияи ҷаноби Умархел ва фармондеҳи пулиси Кобулро баррасӣ кунанд ва дар сурате, ки ин масъала як тахаллуфи интихоботӣ собит шуд, ин камисюн вориди майдон хоҳад шуд.

Бо ин ҳол, ҷаноби Нуристонӣ, раиси камисюни интихобот, таъкид кард: "Хуб бифаҳмед, ки ман инро комилан аз реша рад мекунам." Раиси камисюни интихобот афзуд, ки ҳайъати амалиётии камисюни интихобот ба дабирхонаи ин камисюн салоҳият дода буд, ки дар сурати тамом шудани мавод вориди амал шаванд.

Раиси камисюни интихобот мегӯяд, ки камисюни интихобот аз пулис хоста буд, ки маҳмулаҳои ҳассосро то марказҳое, ки мавод кам оварда буданд, ҳамроҳӣ кунад, аммо ҳангоми интиқоли мавод хабаре аз неруҳои пулис набуд.

Ҷаноби Нуристонӣ мегӯяд, ки мардум дар вулусволии Сарубӣ ба далели камбуди баргаҳои раъйдиҳӣ тазоҳурот карда буданд ва ниёз буд, ки ин масъала ҳал мешуд.

Мушкил ин аст, ки дар шаш вилояти ҷануб ва шарқи Афғонистон тақаллуби густардаи интихоботӣ сурат гирифтааст. Аз ҷумла дар ин вилоятҳо, ки шомили Пактиё, Пактико, Хуст ва Кунар мешавад, бештар аз теъдоди сокинон овоз ҷамъ шудааст. Таври мисол, Пактиё бар асоси омори расми 193 ҳазор нафар ҳаққи овоз доранд, вале дар ин вилоят гӯё 439 ҳазор нафар овоз додааст. Ва он ҳам 395 ҳазораш ба нафъи Ғанӣ. Дар Хуст, ки 150 ҳазор интихобкунанда дорад, гӯё 400 ҳазор нафар овоз додааст ва он ҳам ба нафъи Ғанӣ. Ҷолиб ҳам ин аст, ки дар Қандаҳор ва Нангаҳор ду маркази бузурги паштуннишин тими Ғанӣ натавонистааст чунин тақаллубро роҳандозӣ кунад. Назар ба маълумоти пешакӣ ба ҷуз ин шаш вилоят ва инчунин ду вилояти шимоли Форёб ва Ҷузҷон доктор Абдулло Абдулло дар 24 вилояти дигар дар садри ҷадвал қарор дорад.

Агар яке аз ҷонибҳо натиҷаи интихоботро напазирад, Афғонистон ба буҳрони ҷиддии таърихи муосири худ хоҳад рафт. 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97