Памидоршапак: Эътирози маданӣ ё...

Сиёсат 19.06.2014 15:22

«Мурдани кампир ҳич гап не, оё аҷал омухта намешавад»?

PamidorshapakМуҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ ва вакили порлумон, рӯзи чоршанбеи 11 июн дар иҷлосияи навбатии палатаи поёнии порлумон хост, то даҳ дақиқа ҳодисаи ҳамла ба ӯ аз сӯи афроди ношинос дар Кӯлобро, ки рӯзи гузашта рух дод, матраҳ кунад, аммо Шукурҷон Зуҳуров ин дархостро радд кард.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси накмояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон дар посух ба дархости Муҳиддин Кабирӣ, гуфт, ки "ман ин масъаларо дар сӯҳбат бо Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон матраҳ хоҳам кард ва ҳоҷат ба шарҳи он дар ҷаласаи порлумон нест."

Муҳиддин Кабирӣ қабл аз иҷлосия бо Шукурҷон Зуҳуров мулоқот дошт ва гуфта буд, ки дар робита ба ин ҳодиса дар иҷлосияи навбатии парлумон, ки имрӯз баргузор мешавад, изҳорот хоҳад дод.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба расонаҳо гуфтааст, ки шахсони ҳамлавар бо партоби тухму помидор мақсад доштанд, ки аз ҷониби афроди ҳизб вокунише ба амал ояд ва муноқиша сурат бигирад. Ҳатто ба гуфтаи ҷаноби Кабирӣ, дар дасти афроди ҳамлагар корду меху дигар ашё ба мушоҳида расидааст. Вай афзуд: «Вале аъзои ҳизб сабру таҳаммул намуданд ва дар баробари рафтори ин афроди ҳамлагар ором истоданд».

Ин ҳам дар ҳоле, ки ба гуфтаи раҳбари ҲНИТ, ҳатто ҳангоми бозгашт аз Кӯлоб ба Душанбе, дар се ҷой кормандони Бозрасии Давлатии Автомобилӣ худрави онҳоро манъ карда, дар яке аз нуқтаҳо маъмури пулиси роҳ гуфтааст, ки «ба мо амр шудааст, ки мошинро манъ кунем.»

Пулиси шаҳри Кулоб дар иртибот ба ҳодисаи ҳамлаи афроди ношинос ба Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ ду нафарро боздошт кардааст.

Масъулони шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб рӯзи чоршанбеи 11 июн дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки "мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Кӯлоб дар иртибот ба ҳодисаи ҳамлаи дирӯза ба Муҳиддин Кабӣирӣ, раҳбари ҲНИТ дар ин минтақа ду нафарро боздошт карда ва нисбати онҳо парванда боз кардаааст."

Ба гуфтаи ин манбаъ ин афрод, ки яке марду дигаре зан ҳастанд, ба авбошии кучак  айбдор карда мешаванд. Ин манбаъ аз ироаи ҷузъиёти бештар дар мавриди ҳамлаи гурӯҳи ношинос ба Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ дар шаҳри Кӯлоб худдорӣ кард, вале гуфт, ки тафтишот нисбати ин ҳодиса ҷарёан дорад ва баъдан натиҷаҳои он эълом хоҳад шуд.

Дар шабакаи Фейсбук навори видеоии ҳамла бо тухму помидор алайҳи ҳайати ҲНИТ ба раҳбарии Муҳиддин Кабирӣ, ки дар шаҳри Кӯлоб сурат гирифтааст, нашр шуд. Сардабири сомонаи ҳизби наҳзатии исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук навори ҳамлаи имрӯза ба раҳбари ин ҳизб Муҳиддин Кабирӣ дар шаҳри Кӯлобро нашр кардааст. Як ҳайати ҲНИТ ба раҳбарии Кабирӣ рӯзи 10 июн баъд аз мулоқот бо ҷавонони шаҳри Кӯлоб дар манзили раиси созмони минтақавии ҳизб Муҳаммадшариф Набизода мавриди ҳамлаи як гурӯҳи ҷавонони "мусаллаҳ" бо тухму помидор қарор гирифт.

Маҳмудҷон Файраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ ба "Озодӣ" гуфтааст, ки ин афрод телефон ва планшетҳои афродеро, ки аз ин ҳодиса аксбардорӣ мекарданд гирифта ва бархе аз онҳоро шикастанд. Ин афрод, ки бархе аз онҳо занон буданд, шиор сар медоданд, ки гӯё дар даврони ҷанги шаҳрванди шавҳарон ва бародарони онҳо аз сӯи нерӯҳои мухолифин кушта шудаанд.

Мақомоти ҲНИТ ҳамлаи имрӯза дар шаҳри Кӯлобро иғвои навбатӣ алайҳи ҲНИТ унвон мекунанд.

Рӯзи 27 феврали соли равон низ зимни як сафари Муҳиддин Кабирӣ ба Кӯлоб як гурӯҳи занон ва фармондеҳи собиқи Фронти халқӣ дар ин минтақа Иброҳим Исмоилов ба дафтари ҳизб ворид шуда, талош кардаанд, то ҷаласаи фағълони ин ҳизби мухолифро вайрон кунанд.  Ин ҳамла танҳо баъди як сӯҳбати кӯтоҳи Муҳиддин Кабирӣ бо Иброҳим Исмоилов анҷом ёфт.

Вакилони порлумони Тоҷикистон ҳамла ба вакили порлумон ва раиси ҳизби наҳзатии исломии Тоҷикистон Муҳиддини Кабирӣ дар шаҳри Кӯлобро маҳкум карда, хостори ба масъулият кашондани омилони ин амла шудаанд.

Масъулони ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар вокуниш ба ҳамлаи рӯзи 10 июн ба  Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ дар шаҳри Кӯлоб, мегӯянд, ин ҳамлагарон "хизмати хирсона" -еро ба ҳукумати феълӣ мекунанд. Исмоил Талбаков, муовини раиси ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва вакили порлумон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфта, ки "афроде, ки ба вакили порлумон ва раҳбири ҲНИТ ҳамла карда ва ӯро бо помидор ва тухм задаанд, гурӯҳест, ки дар талоши нооромӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон аст."

Ба андешаи Исмоил Талбаков, бояд пеши роҳи чунин бадрафторӣ ва бадкирдорӣ гирифта шавад ва маъмурони ҳифзи ҳуқуқ нагузоранд, то неруи ифротгарое ба якпорчагии  Тоҷикистон халале ворид созад.

Вале дар ҳамин ҳол, Усмон Солеҳ, мудири шуъбаи ахбор ва таблиғи ҲХДТ ин ҳодисаро як амри табиъи дар ҷомеъаи демократӣ унвон кардааст. Ӯ ба хабаргузории «Азия Плюс» гуфтааст: «Это не первый и не последний инцидент. Это также один из видов выражения недовольства и говорит о том, что население этого региона недовольно деятельностью этой партии», - отметил Солех.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97