Хоруғ: Биноҳоро қочоқбарон сӯхтанд ё эътирозгарон?

Сиёсат 09.06.2014 14:40

"Ҳар касе сӯхта бошад, бояд ҷавоб диҳад"

KHorog sukhtРӯзи 21 май дар як тирпарронӣ дар маркази Хоруғ 3 нафар кушта ва 4 тан захмӣ шуданд. Мақомот мегӯянд, ки ин тирпарронӣ дар ҷараёни амалиёти боздошти як гурӯҳи қочоқбари маводи мухаддир сурат гирифта буд. Аммо сокинони шаҳр мегӯянд, дар ин тирандозӣ раҳгузарон низ осеб дидаанд. Ба дунбол теъдоде аз афрод ба кӯчаҳо рехтаанд, ки дар натиҷаи бесарусомонӣ биноҳои милисаву амният ва додситонӣ оташ гирифтаанд.

 

Ҳамин тавр, шаби 22 ба 23 май дар як ҳодисаи дигар дар Хоруғ, боз як нафар кушта ва дуи дигар захмӣ шуданд. Мақомот зимни баёнияе гуфтанд, ин афрод, ки мусаллаҳ будаанд, қасди ҳамлаи мусаллаҳона ба бинои идораи амнияти вилояти Бадахшонро доштанд, вале неруҳои аминиятӣ тавонистаанд аз он ҷилавгирӣ намоянд. Эътирозҳо дар Хоруғ бо талаби муҷозоти гунаҳкорони ҳодисаи рӯзи 21 май 4 рӯз давом кард ва шоми 25 май бо имзои як протокол байни намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон ва ёвари раисиҷумҳур генерал Шералӣ Хайруллоев, ки ҳамроҳ бо вазири корҳои дохила Рамазон Раҳимзода аз Душанбе барои ҳалли бӯҳрон ба Хоруғ омадааст, ба поён расид.

Аз 9 талаби эътирозгарон мақомот талаби ба ҷавобгарӣ накашидани ҷавонони эътирозгарро қабул накардаанд. Мақомот мегӯянд, сӯзондани сохтмонҳои маъмурӣ ҷиноят аст ва ҳар касе ба ин кор даст задааст, бояд дар пеши қонун посух бигӯяд. Тибқи бархе аз фарзияҳо дар оташ задани биноҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ афроде даст доранд, ки нисбати онҳо парвандаҳои ҷиноӣ мавҷуд буда ва ҳадаф аз оташ задани ин биноҳо нобуд кардани ҳамин парвандаҳо будааст. Аммо бояд гуфт, ки хайатҳои тафтишотӣ ҳанӯз ба ин суолҳо посухи мушаххас надодааст ва тафтишот идома дорад. Аммо аъзои камисюни муштарак аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ мегӯянд, камисюн дар ҳоле ба кори худ шурӯъ мекунад, ки раҳбарони ниҳодҳои интизомиву амниятии маҳаллии шаҳр ҳамоно аз мансабҳояшон барканор нашудаанд ва метавонанд раванди тафтишро халалдор кунанд. Ба гуфтаи Алим Шерзамонов, ҷониби эътирозгарони Хоруғро дар камисюни тафтиши ҳодисаҳои рӯзҳои 21-25 май 5 мутахассисон намояндагӣ хоҳанд кард: Фаромӯз Эргашев, ҳуқуқшинос, Хурсанд Маҳмадшоев, корманди собиқи вазорати умури дохилӣ, Бахтовар Бахтиёров ва Назар Эмомназаров, кормандони собиқи мақомоти қудратӣ ва Музаффар Муборакшоев, соҳибкор. Як узви камисюни муштараки таҳқиқи ҳаводиси Хоруғ мегӯяд, ки онҳо корро аз боздид ва таҳқиқи маҳалли ин ҳаводис дар маркази шаҳр шурӯъ кардаанд. Парвиз Муллоҷонов, коршиноси масоиси сиёсӣ тавофуқи ба даст омада миёни мақомоти Тоҷикистон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мардуми гирдиҳамомадаро ягона роҳи бурунрафт аз мушкили феълӣ дар Бадахшон медонад. Вай мегӯяд, «ин ягона роҳи ҳал буд барои ҳал кардани бӯҳрон ва эътидоли вазъ. Агар иғво ё ягон ҳодисаи дигаре сар назанад, албатта, тавассути ин тавофуқ мешавад вазъиятро хуб кард. Чунин муколама ё гуфтугӯҳо дар ин ҳолат муҳиманд.» Ин коршиноси тоҷик бар ин назар аст, беҳтар аст, то дар Бадахшон як маркази вижаи таҳлилӣ созмон дода шавад, ки тавонад аз роҳи баргузории маҳфилу нишастҳое бо ҳузури мақомоти давлатӣ, намояндагони созмонҳои иҷтимоӣ ва коршиносону хабарнигорон масоили мавҷуд дар ин минтақаро ба баррасӣ бигирад ва то андозае аз вуқӯи ихтилофот ва сар задани ҳар навъ ҳодисаи номатлуб ҷилавгирӣ кунад. Аммо дар ин миён норозигии сокинони ноҳияи Ишкошим аз кормандони умури дохилӣ сабаби сафари муовини вазири корҳои дохилӣ Абдулло Навҷувонов ба ин ноҳия шудааст. Бино бар хабарҳои расида, гурӯҳе аз сокинони ноҳияи Ишкошим дар садкилометрии Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо талаби истеъфои сардори Шӯъбаи корҳои дохилии ин ноҳия даст ба эътироз задаанд. Сокинони Ишкошим мегӯянд, ки рӯзи 26-уми май, пас аз он ки кормандони умури дохилии ноҳияи Ишкошим як соҳибкори шинохта бо номи Одинабекро бо иттиҳоми ширкат дар ошӯбҳои пас аз рӯйдодҳои 21-уми майи Хоруғ боздошт кардаанд, гурӯҳе аз ҷавонон дар назди Шӯъбаи корҳои дохилӣ ҷамъ шудаанд. Бо фишори ҷамъомадагон кормандони умури дохилӣ маҷбур шудаанд, ки соҳибкори боздоштшударо озод кунанд. Баъди мулоқоти муовини вазири корҳои дохилӣ бо сокинони ноҳияи Ишкошим масъала зоҳиран рафъ шуда ва мардум ба эътирози худ поён додаанд. Феълан авзоъ одӣ шуда ва кори ҳайтаҳои ҳукуматӣ ба манзури ҳалли масъалаи пешомада бо ширкати ёвари Президент дар умури амниятӣ Шералӣ Хайруллоев идома дорад. Шералӣ Хайруллоев дар гузашта таҷрибаи мудирият ва ҳалли буҳрони ба маротиб мураккабтар аз ончиро, ки феълан пеш омада аз худ нишон додааст.

P.S.: Дар ҳамин ҳол хабар мерасад, ки дар Хоруғ мулоқоти фаъолони вилоят бо Додситони кулли Тоҷикистон Шерхон Салимзода идома дорад. Мақомоти ҳукумати Бадахшон мегӯянд, дар бинои ҳукумати вилоят дар Хоруғ мулоқоти фаъолон, аз ҷумла раисони ҷамоатҳо, созмонҳои хусусӣ ва фаъоли вилоят бо Шерхон Салимзода дар соати 09:00 оғоз шуда, ҳанӯз идома дорад. Хушқадам Хушқадамов, раиси шӯъбаи ҳифзи иҷтимоии ҳукумати вилояти Бадахшон имрӯз бо тасдиқи ин хабар ба «Озодӣ» гуфт, ки дар мулоқоти мазкур раисони ҷамоатҳо, намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ  ва ашхоси фаъоли вилоят ширкат доранд. Гуфта мешавад, ки дар ин мулоқот масъалаи аслӣ баррасии ҳодисаҳои рӯзҳои 21-24-и май дар Хоруғ ва 27 май дар ноҳияи  Ишкошим баррасӣ мешавад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97