"Нахустин демократияи минтақа", оё мурда тавваллуд намешавад?

Сиёсат 06.06.2014 17:11

abdullah and ahmadzaiРаҳматкарими Давлат

Рӯзи шанбеи 14-уми июн даври дуввуми интихоботи Афғонистон баргузор мешавад. Дар ин давр ду номзади пештози даври аввал, Абдулло Абдулло бо 45 %-и раъйи ба даствовардаи худ ва Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ҳам бо 31, 6 % орои касбнамудаи худ ба рақобати ҳам хоҳанд рафт. Аксари нозирон ва огоҳони умур ба ин боваранд, ки то кунун бозӣ, сарфи назар аз нуқсонҳои худ, усулан дуруст пеш рафтааст. Феълан аксари суолҳое, ки то ду ҳафтаи пеш роҷеъ ба онҳо ҳадсу гумон зада мешуд, посухи худро пайдо кардаанд. Аз ҷумла то ҳадди зиёде сафороии номзадҳои бозанда дар даври дуввум рушан шудааст. Номзадҳои бозанда ва аксари чеҳраҳои ҷонибдори онҳо хатти худро дар даври ду мушаххас кардаанд. Магар танҳо санги вазндоре, ки ҳамчунон хомуш монда пешвои мазҳабӣ ва номзаде бо 7 % рой дар даври аввал Абдурраб Расули Сайёф аст, ки роҷеъ ба мавқеъи ӯ дар фурсати муносиб зимни ин матлаб хоҳем пардохт.

 

То кунун таҳлилу гумонзаниҳо сари ин буд, ки номзадҳое мисли Залмай Расул, 11 %, Расули Сайёф, 7 % ва Гулоғо Шерзай, 1,6% ва Қутбиддини Ҳилол, 2,7%  овозҳоро соҳиб шудаанд, дар сафбандиҳои даври ду ҷониби кадоме аз ду номзади пештоз майл хоҳанд кард? Акнун ки то ҷониби яке аз номзадҳо, он ҳам доктор Абдулло майл кардани ҳам Залмай Расул ва роҳбари қавмӣ ва ҷиҳодӣ Гулоғо Шерзай ин масъала то ҳадди зиёде рушан шудааст, суоли матраҳ дар таҳлилу баррасиҳои дохилӣ ин аст, ки оё ин сафбандиҳо сарнавишти интихоботро яксара кардаст? Ва ҳимояти як номзади бозандаи даври аввал аз номзади пештоз ба маънои он аст, ки ҷонибдоронаш низ аз ӯ пайравӣ хоҳанд кард? Ва суоли дигари баррасиҳо ин аст, ки Ҳомид Карзай дар даври дуввум то куҷо бетараф хоҳад монд ва дар сурати буҳрони эҳтимолӣ чӣ нақше хоҳад дошт ва оё ба самар нишастани интихоботро ба нафъи худ медонад?

Ҳоло тафовути овозҳои ду номзади пештоз 13, 4 дарсад аст. Бо таваҷҷӯҳ ба шумори ширкаткунандагон дар даври аввал, яъне камобеш 7 миллион нафар, барои он ки масалан Абдулло Абдулло баранда шавад, 5, 1 % ва ё бештар аз 400 ҳазор раъй кор дорад. Ашраф Ғанӣ бошад ба бештар аз 1 миллиону 300 ҳазор овоз ё ба ҳудуди 9 % овози ширкаткунандагон чизе баробари овозҳое, ки Залмай Расул, Расули Сайёф ва бархе номзадҳои дигар ба даст овардаанд.

Аммо суол ин аст, ки ҳамин тафовути овозҳо дар даври дигар боқӣ мемонад ва ё тағйир мекунад? Барои ин зарур аст муруре дошта бошем, ки дар даври аввал меъёри ширкат ва раъйдиҳӣ чӣ будааст?

Мардум ба чӣ раъй доданд ва ё ба кӣ?

Натиҷаи интихоботи даври аввал рӯи сомонаи Камисюни интихобот кошта шудааст ва ҳатто протоколҳои ҳар қитъаи раъйдиҳӣ мавҷуд аст. Ва бо таваҷҷуҳ ба ин баргаҳои натиҷаи оро касоне, ки аз бофти қавмӣ ва ҷуғрофиёи Афғонистон маълумоти ибтидоӣ доранд, маълум аст, ки агар на дар ҳамаи маврид, аммо аксаран раъйдиҳӣ дар даври аввал бар асосӣ боварҳои қавмӣ сурат гирифтааст. Вале бояд гуфт, ки то ҳадди зиёде ин навбат назар ба ду навбати пешин чунин нест. Агарчанд мардум бештар ба шахсиятҳо, яъне ба кӣ раъй доданд, то ба барномаҳо, яъне ба чӣ.

Доктор Абдулло ва Муҳаммади Муҳаққиқ, муовини ӯ дар аксари минтақаҳои тоҷикнишин ва ҳазоранишин овози бештареро касб кардаанд. Ин ду номзад ҳамчунин дар ду вилояти шимол, ки гуфта мешавад, умдатан узбакнишин мебошанд низ бештар аз 50 % ороро соҳиб шудаанд. Овозҳои ин тим дар ҷануб чизе ҳудуди 18 то 25 дарсад мебошад. Абдулло низ аз падаре қандаҳорӣ ва аз модаре тоҷик дар Кобул зода шудааст, ба бовари огоҳон ин ҳам барги имтиёз ва ҳам нуқтаи чолиши ӯст. Ба ин маъно ки ҷамъе аз ҷомеъаи қавмии паштун дар симои ӯ метавонад акси худро биёбад ва эътимоди бештаре ба доктор Абдулло дошта бошанд, то ба як намояндаи дигари ҷамъияти исломии умдатан тоҷик. Як далели раъй овардани ӯ дар вилоятҳои ҷанубӣ низ маҳз ҳамин танаввуъи қавмияш мебошад. Аз сӯи дигар ҳам рақибони сиёсии ӯ аз қавми падарияш даъво доранд, ки ҳуввияти паштунии ӯ то ҳадди зиёде ба далели таҳти таъсири шахсиятҳои мисли Масъуд ва Раббонӣ будан, бохта шудааст. Худи доктор Абдулло ба сурати ошкоро ҳаргиз ягон масъалаи қавмӣ ва забониро ба баҳс нагирифтааст ва дар ин масъала ҳамеша бо эҳтиёт бархурд кардааст. Яъне ӯ медонад, ки маҳкум аст, то ҳам тоҷик бошад ва ҳам паштун.

Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ҳам ҳамчунин дар аксари вилоятҳои паштуннишин ва дар ду вилояти узбакнишини шимол, Ҷузҷон ва Форёб бо таваҷҷуҳ ба ҳимояти генерал Дустум аксарияти ороро соҳиб шудааст. Албатта дар ҷануб ба истисонои Қандаҳор, ки аксарияти овозҳои ин вилоят ба сандуқи Залмай Расул рехта шуд.

Аз ҷадвали нашр кардаи Камисюни интихобот маълум аст, ки аксари ҳазораҳо дар Бомиён, Дойкундӣ, Ғазнӣ ва ғарби Кобул, (маҳали сукунати ҷамъии ҳазораҳо) ба доктор Абдулло, бо даъвати пешвои мазҳабии худ Муҳаммади Муҳаққиқ, ки муовини доктор Абдулло аст, раъй додаанд.

Чизе ки камобеш маълум аст, ин аст, ки аксарияти номзадҳои матраҳ дар даври аввал тавонистаанд дар саросари Афғонистон раъй ба даст биоранд. Хусусан чор номзади пештоз, аз Бадахшон то Ҳелманду Урузгон камобеш раъй доранд ва ин ҳол ба соҳибназарон ин хушбиниро медиҳад, ки интихобот дар даври дуввум чеҳраи қавмӣ нагирад.

Сафороиҳои даври ду: Тандеми Қандаҳор ва Панҷшер ба куҷо мерасад?

Зулмай Расул, ки гуфта мешуд, дар даври аввал мавриди ҳимояти Ҳомид Карзай қарор дошт ва ҳатто оқои Карзай бародараш, Қаюм Карзайро водор кард, ки ба нафъи ӯ дар даври аввал инсироф диҳад, қабл аз он ки натиҷаи ниҳоӣ эълон шавад, дар меҳмонхонаи машҳури Интерконтинентал, дар ҷамъи бузурге ҳимояти худро аз доктор Абдулло эълон кард. Ва ду далели умдаро барои ин иқдомаш унвон кард: Яке ҳамхонӣ ва як будани ҳадафҳояш бо тими доктор Абдулло, вале таъкид намуд оқои Расул, "муҳимтар аз ин ҳам ба хотири қавмӣ нашудани интихобот дар даври дуввум ва ҷилавгирӣ аз бӯҳрони эҳтимолии қавмӣ" чунин тасмим гирифтааст. Залмай Расул, як сиёсатмадори муътадилест аз тайфи Дурониҳо, ки аз соли 1747, камобеш 267 сол, ба истиснои чанд соли ҳукумати режими коммунистӣ ва ҳукумати муҷоҳиддин қудрати сиёсӣ дар Афғонистонро дар даст доштааст.

Акнун ду номзади нисбатан бонуфузи тайфи Дуррониҳо, Залмай Расул аз ақрабои шоҳи пешин Зоҳиршоҳ бо 11, 5 % оро ва Гулоғо Шерзай аз пешвоёни қавмӣ ва муҷоҳиддин бо 1, 6 % оро ба доктор Абдулло, ки ҳам аз пушти падар як паштуни қандаҳорӣ, вале обхурдаи Панҷшер ва аз модари тоҷик аст, ҳампаймон шудаанд. Иттиҳоди қавме бо гузаштаи пурғановати таҷрибаи сиёсӣ, ки қудраташ камранг мешавад ва қавме, ки дар ҳоли суъуди сиёсӣ аст. Аммо суол ин аст, ки Залмай дар тими Ҷамъияти исломӣ чӣ гулеро об хоҳад дод? Зеро ӯ дар ҳоле ба ҷамъи доктор Абдулло пайваст, ки Аҳмадзиё, бародари Аҳмадшоҳи Масъуд ва муовини аввали Зулмай Расул ба тими Ашраф Ғанӣ пайваст. Ба навиштаи расонаҳои Кобул ва инчунин байналмилалӣ ӯ танҳо тоҷиктабори бонуфуз аст, ки дар паҳлуи Ғанӣ ва Дустум қарор гирифтааст. Ин иқдоми ӯ боиси эътирози шадиди наздикону ҳаводоронаш гаштааст. Аз ҷумла ёвар ва сухангӯи Аҳмадзиё  дар саҳифаҳои фейсбукиашон навиштанд, ки ба тими доктор Абдулло рафтаанд. Аҳмадзиё аз гузашта озурда буд, ки бо канор рафтани Муҳаққиқ ва Дустум Эътилофи интихоботии таҳти раҳбарии ӯ аз ҳам пошид. Аммо ба Ғанӣ канор омадани ӯ ба назари таҳлилгарон боғи Ғаниро шодоб нахоҳад кард, зеро дар даври аввал аз 48 ҳазор овози Панҷшер, зодгоҳаш танҳо ҳудуди 4 ҳазори онро тавонист ба сандуқи Залмай Расул бирезад. Гузашта аз ин фарзанди Аҳмадшоҳи Масъуд, Аҳмад Масъуд аз доктор Абдулло пуштибонӣ мекунад.

Ҳамчунин ҷамъе аз афроди вобаста ба Гулоғо Шерзай низ дар сатҳи вилоёт бо вуҷуди ҳимояти худи ӯ аз доктор Абдулло ҳимояти худро аз Ашраф Ғанӣ эълон намуданд ва бо тими ӯ канор омаданд.

Аз ин нигоҳ душвор ва зуд хоҳад буд, ҳадс зада шавад, ки бо канор омадани Залмай ва Шерзай бо доктор Абдулло мутаносибан 11 % ва 1,6 % овозҳои ҳудуди 7 миллион раъйдиҳанда низ ба сандуқи доктор рехта хоҳад шуд.

Омили Устод Сайёф ва Амир Исмоилхон

Акнун санги вазнине, ки ба яқин мавзеъгирии ӯ аз ҳамин ҳоло метавонад сарнавишти интихоботро яксара кунад, Абдураб Расули Сайёф бо иттифоқи Муҳаммад Исмоилхон аст. Ин ду пешвои ҷиҳодӣ ҳудудан 7 % раъй гирифтанд. Аммо ба фарқ аз аксари дигарон раъйи ҷонибдорони онҳо аз ҷумлаи мардуми оддӣ раъйи эътиқодист, ки ба пешвои худ додаанд ва дар сурате ки ин ду даъват кунанд, ки дар даври ду ба яке аз ду номзад ҷонибдоронашон раъй диҳанд, аксаран ҳамон корро хоҳанд кард. Ва агар ин тасмим ба нафъи доктор Абдулло бошад, ӯ ҳамагӣ ним қадам то пирӯзӣ хоҳад дошт. Аммо ин ҷо ҳам суоли калоне матраҳ аст. Ва он ҳам ин ки баъди шаҳодати Бурҳониддини Раббонӣ Расули Сайёф худро пешвои маънавии муҷоҳиддин медонист ва амалан чунин ҳам буд ва ба худ ҳақ дода буд, ки номзади ҳамаи муҷоҳиддин бошад. Ӯ дар тамоми давраи ҳукумати Раббонӣ муовин ва ҳампаймони ҳукумати ӯ буд. Ин пешниҳоди ӯро маршал Фаҳим низ пуштибонӣ карда буд, вале дар миёни дигар аъзои аршади Ҷамъияти исломӣ пуштибонӣ наёфт, то ӯ ба ҷои доктор Абдулло номзади воҳид бошад. Бо тасвире, ки акнун аз интихобот ҳосил шудааст, агар ӯ дар ҷойгоҳи доктор Абдулло номзади воҳид мебуд, феълан сарнавишти интихобот поён ёфта буд. Ҳоло ҳам ба душворӣ метавон гуфт, ки оқои Сайёф ба осонӣ хотири озурдаи худро аз ҳамроҳони пешинаш зудуда бошад ва талош кунад, доктор Абдуллоро ба қудрат бирасонад. Амир Исмоилхон низ ба талоши миёнҷигарони пайвастани ӯ ба тими доктор Абдулло посухи мусбат то кунун надода ва амалан худро аз дидаи онҳо то ҷое пинҳон мекунад. Ӯ низ аз ин ҳамроҳони худ ҳанӯз аз замони зиндонии Толибон будан ва баъдан ҳам дар соли 2003 замони мавриди ҳамлаи мухолифинаш қарор гирифтан дар Ҳирот, волӣ буд надорад. Он замон тими панҷшериҳо, ки амалан қудратро дар даст дошт, аз Исмоилхон дар муқобили рақибонаш ҳимоят накард. Ҳамин орият буд, ки ба гуфтаи огоҳони умур Сайёф ва Исмоилхонро ба иттиҳоди ҳам водор намуд, ки ҷудо аз ҳамроҳони пешини худ ба интихобот бираванд.

Аз нигоҳи фикрӣ бештар аз ин ҳам баъид аст, ки оқои Сайёф аз тими Ашраф Ғанӣ наздикӣ дошта бошад. Ӯ гуфтааст, ки аз тасмиме пуштибонӣ мекунад, ки ба хайри дини ислом ва Афғонистон бошад. Кӯҳқоманӣ ба намояндагӣ аз ӯ дар баҳсҳои интихоботӣ ба шиддат аз Ғанӣ танқид мекард ва ба қудрат омадани ӯро "ҷафо" барои Афғонистон унвон менамуд.

Ба ин далел мешавад гуфт, ки шояд ба эҳтимоли зиёд ин ду нафар низ ҳам дар даври ду бетараф боқӣ бимонанд ва овозҳои онҳо миёни ду номзад тақсим хоҳад шуд. Боз ин омил низ таъсиргузор хоҳад буд, ки агар шахсиятҳои бонуфузи таъсиргузори дохилу хориҷ дар ин маврид ба ройзанӣ бипардозанд. Гуфтанист, Расули Сайёф камобеш дар саросари вилоятҳои Афғонистон раъй ба даст овардааст. Вале аксари овозҳои ӯ аз ҳавзаи Лугар, Нимрӯз, Ҳелманд, Вардак, Кобул ва Нангарҳор аст.

Ҳикматёр ва дигарон

Мавзеъгирии соир номзадҳои дигари бадиқбол дар даври дуввум натиҷаро ба қавли огоҳони умур тағйир нахоҳад дод. Дар ин миён Қутбиддини Ҳилол ба намояндагӣ аз Гулбиддини Ҳикматёр ба сурати мустақим вориди корзор шуд ва Ҳикматёр, ки ҷои зисташ маълум нест, аз мардум даъват кард, ки ба ӯ раъй диҳанд. Ба назар мерасад, ки ин кори ӯ боиси пушаймонии зиёде барояш шуда бошад, зеро Ҳилол ҳамагӣ 2, 7 % раъйро ба даст овард, дар ҳоле ки Ҳикматёр даъвои бештар аз ин ва пешвоии қавми паштунро замоне дошт. Ва ин дувумин  дарсади оро ба маънои не гуфтани ҳамаи Афғонистон ба нақши Ҳикматёр дар тасмимгириҳои ояндаи сиёсии ин кишвар аст. Акнун ӯ эълон карда, ки дар даври ду ба ҳич касе раъй нахоҳад дод ва бо эҳтимоли зиёд интихоботро таҳрим хоҳад кард.

Карзай ва ояндаи Афғонистон

Марде, ки бештар аз ҳар каси дигар метавонад дар натиҷаи интихобот ва ҳамин тавр дар сарнавишти ин кишвар дар фурсати кунунӣ нақш дошта бошад, шахси Ҳомиди Карзай аст. Бисёриҳо бовар доранд, ки ӯ бештар аз ҳар касе хушиқболтар  аст, ки интихобот ба даври дуввум рафт. Ва ӯ замоне дар ихтиёр хоҳад дошт, ки барои ояндаи сиёсии худ бо номзадҳо ройзанӣ кунад ва имтиёз касб намояд. Ашраф Ғанӣ аз ӯ хост, ки бетарафии худро дар даври дуввум ҳифз кунад ва ӯ ҳам ба мақомоти давлатӣ дастур дод, ки мудохила накунанд. Мушкил аст гуфт, ки ин даъвати Ғанӣ ба маънои нигаронии ӯ аз тарафдор будани Карзай дар даври дувум хоҳад буд. Доктор Абдулло, вале то кунун давлатро ба ҷонибдорӣ муттаҳам накардааст. Балки Залмай Расул, ки гуфта мешуд, номзади шахси оқои Карзай аст, бо доктор Абдулло канор омад.

Оё ин ба маънои ҳимояти Карзай аз доктор Абдулло аст? Ин ки Ҳомид Карзай аз кӣ ҳимоят хоҳад кард, ҳанӯз зуд аст, ки гуфта шавад ва бештар аз он ҳам шояд амалӣ набошад. Як чиз мусаллам аст, ки интихоботи даври аввал ҳамаи ҷомеъаи Афғонистон ва ҳамчунин ҳомиёни ҷаҳонии ин кишварро дар баробари воқеъиятҳои ғайри қобили инкор қарор додааст ва умдатарини он ҳам ин ки ҳич қавме қодир нест дар ин кишвар бартариталабӣ кунад ва ба танҳоӣ наметавонад мардуми ин сарзаминро ба саодат бирасонад. Ҳомид Карзай як сиёсатмадори амалгарост ва бо ин ки 56 сол син дорад ва энержӣ дорад мехоҳад дар ояндаи кишвараш саҳм дошта бошад.

Аз сӯйи дигар, доктор Абдулло дар конфронси Бонн дар соли 2001 касе буд, ки аз сари кор омадани Карзай ҷонибдорӣ намуд ва чанд муддат вазири хориҷаи ӯ буд, аммо баъдан натавонистанд бо ҳам кор кунанд. Ҳатто дар интихоботи соли 2009 кори онҳо ба сарҳади камобеш "нафрат" кашид ва Абдулло дар даври дувум иштирок накард. Агарчанд бо ин иқдомаш ӯ амалан пирӯзии оқои Карзайро таъмин кард, вале Карзай борҳо ва борҳо баъдан гуфт, ки ӯ як раисҷумҳури машрӯъ нест, зеро рақибаш доктор Абдулло интихоботро қабул накард. Ба ин далел гумон намеравад, ки оқои Карзай иттифоқоти панҷ соли гузаштаро фаромуш карда бошад ва аз доктор Абдулло ҷонибдорӣ кунад. Вале чизе, ки ҳамеша ба президент Карзай шанс додааст, ақлгароии ӯст.

Вале ахиран Муҳаммади Муҳаққиқ дар мусоҳибае Карзайро аз талоши мудохила дар умури интихобот ба нафъи Ғанӣ барҳазар дошт. Ӯ гуфт, агар бихоҳад ба унвони як чеҳраи мондагор дар таърихи Афғонистон боқӣ бимонад, бояд дар интихобот бетараф бимонад. Дар ғайри сурат шахсият ва чеҳраи худро тахриб хоҳад кард.

Ин дар ҳолест, ки тайи чанд рӯзи гузашта Аҷмал ва  Маҳмуд Карзай, ду бародари Ҳомид Карзай ба тими интихоботи доктор Абдулло пайвастанд.

Таҳлилгарон пуштибонии ӯро аз Ашраф Ғанӣ боз бештар ғайримумкин медонанд. Чаро? Ҳақиқат ин аст, ки қавме ва хонадоне, ки аз соли 1973 ба ин ҷониб бештар аз ҳар қавм ва хонадони дигар садама дидааст, қавми оқои Карзай аст. Қавме, ки камобеш 260 сол ҳарфи аввалро мегуфт, дар чор даҳаи пеш оғоз кард ба заъиф шудан. Ва интихоботи ахир нишон дод, ки ройи ин қавм дигар дар саҳнаи сиёсӣ ба гунаи қабл тайинкунанда нест. Ҳомид Карзай бо фаросат ва дурбиние, ки дорад, дар фикри боз овардани ҷойгоҳ ва нақши созандаи қавми худ ва ҳуввиятбахшии он дар саҳнаи Афғонистон ба гунаи созанда ва мудерн аст. На ба шеваи куҳнашуда ва аз даҳонуфтодаи истибдод ва зӯр, балки бо шева ва забони қонун. Ба ин далел аст, ки баъди 13 соли ҳукумат ба Афғонистон барои Карзай, ки қариб аст эътиқоди худ ба мардумсолориро тайид кунад, бештар муҳим аст, қавми худро бисозад ва пешвои қавми худ ва ҳамин тавр ҳамаи паштунҳо ва дар баробари қадами дуввум соир ақвоми Афғонистон бошад, то ба раёсати ҷумҳурӣ идома бидиҳад.

Аз ин ҷост, ки дар сурати пирӯзии Ашраф Ғанӣ мушкил аст Карзай битавонад ба шахсияти таъсиргузори худ рушди бештар бубахшад. Ва бархе таҳлилгарону соҳибназарони шабакаҳои телевизионии Афғонистон бовар доранд, ки Ғанӣ дар сурати пирӯзӣ ба рақиби аслии Карзай табдил хоҳад шуд. Аз ин ҷост, ки гумон аст, оқои Карзай аз Ғанӣ низ ҳимоят кунад.

«Демократияи минтақа» ё дубора ҷониби истибдод ва буҳрон

Аммо барои миллионҳо сокини ин кишвар ва ҳамин тавр мардуми озодипарасти минтақа ин таҳлилу бозиҳои пушти парда ва зеҳнии раҳбарону таҳлилгарон аҳамияте надорад. Барои онҳо натиҷаи интихобот ва ба самар нишастани ормонҳои худашон муҳим аст. То кунун, бо анҷоми даври аввали интихобот, барои соҳибназарони умури минтақа ин бовар даст додааст, ки Афғонистон дар сурати анҷоми муваффақонаи интихобот ва шафоф баргузор намудани даври дуввуми он баъди Ҳинд дуввумин демократияи минтақа хоҳад буд. Дар он сурат, таҳлилгарони афғон хушбинанд, ки ба ҷои қочоқи мухаддир Афғонистон ба содиркунандаи демократия ва улгуи ҷомеъаи маданӣ табдил хоҳад шуд. Аммо аз ин ҷазираи демократӣ то вайронӣ ва бебандуборӣ роҳи дарозе нест. Кофист, ки дар интихобот мудохила сурат бигирад, интихобот шаффоф баргузор нашавад, ба сарнавишти оро бозӣ шавад ва мардум нороз, ноумед ва шикастхурда боқӣ бимонад ва натиҷаҳоро напазирад. Он гоҳ аст, ки ормонҳои ин миллат дигарбора нақше бар об хоҳад шуд ва бо таваҷҷӯҳ ба ҷави ҳоким дар муносиботи Шарқу Ғарб баъди ҳаводиси Украина бори дигар ин мардуми умедвор ба суг хоҳанд нишаст. Он гоҳ на Карзай пешвои муваффақи паштунҳо хоҳад буд ва на Абдулло ё Ғанӣ ба курсии арки Кобул такяи роҳате хоҳанд зад ва "нахустин демократияи минтақа" мурда таваллуд хоҳад шуд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97