Коршиноси руси масоили Осиёи Марказӣ муътақид аст, ки Тоҷикистон барои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ки ба гуфтаи сарони се кишвари Русия, Белорус ва Қазоқистон аз ибтидои соли оянда (2015) фаъолияти худро оғоз мекунад, мушкилоти зиёде дорад.
Ба гузориши сайти Регнум, доктор Сергей Беспалов, узви Маҷмаи пажӯҳишҳои сиёсии Русия муътақид аст, ки дар ояндаи наздик, Арманистон ва Қирғизистон ба ин иттиҳод пазируфта хоҳанд шуд, чунки дар нишасти ахири сарони Русия, Белорус ва Қазоқистон дар шаҳри Остона, раисони ҷумҳурии Арманистон ва Қирғизистони низ ширкат карданд ва шароити узвияти ин ду ҷумҳурӣ дар Иттиҳоди воҳиди гумрукӣ ба унвони пешзаминаи пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё эълом шуд.
Дар чорчуби ин барнома Русия ба Қирғизистон кумаки 1 миллиарду 200 миллиондолларӣ хоҳад кард.
Аммо Тоҷикистон ба далели мушкилоти сиёсӣ ва пойин будани шохисҳои аслии рушди иқтисодии худ наметавонад дар ояндаи наздик ба узвияти Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дарояд.
Ҳарчанд ки сарони Русия, Белорус ва Қазоқистон ба имкони пайвастани ин кишвар ба Иттиҳоди воҳиди гумрукӣ ва Маҷмаи иқтисодии Авруосиё ишора мекунанд, ба назар мерасад, ки дар ояндаи наздик ин иттифоқ нахоҳад афтод.