Шарфаи пойи НАТО: Тошканд дарашро во гузошта... "Душанбе бояд дар канори Маскав бимонад"

Сиёсат 02.06.2014 14:20

Суоли рӯз: НАТО дар Узбакистон мустақар мешавад, он барои Тоҷикистон чи паёмад хлҳад дошт?

Abdulohi MuhaqiqАбдуллоҳи Муҳаққиқ, исломшинос:

- Ифтитоҳи намояндагии НАТО дар Узбакистон пеш аз ҳама барои заъиф ва нотавон сохтани мавқеи сиёсӣ, низомӣ ва геополитикии Русия дар хиттаи Осиёи Миёна нигаронида шудааст, ки он метавонад барои минтақаи Осиёи Миёна ва кишвари Чин паёмадҳои манфӣ ба бор биёрад!

Баъди воқеаҳои Украина ва ба Русия пайвастани минтақаи Қрим кишварҳои аъзои созмони НАТО аз хоби ноз ва ширин бедор гашта, бо ҳич роҳе натавонистанд, ки Қримро аз ҳамроҳшавӣ бо Русия боз доранд. Ин омили ғафлатзо ва бедории Русияи бузург боиси он гардид НАТО дар Узбакистон дафтари намояндагии худро саросемавор ифтитоҳ намояд. То битавонад нақши боризи Русияро дар қаламрави Мовароуннаҳр комилан решакан намояд. Ва бад-ин васила НАТО ва ҳампаймонҳои он талош доранд, ки дар ояндаи наздик пойгоҳҳои низомии худро дар қаламрави Осиёи Миёна ҷойгузин намуда ва ҳамзамон таъсири бевоситаи худро ба кишвари Халқии Хитой бирасонанд. Пешрафти рӯзафзуни иқтисодиёт ва соҳаи низомии Чин дер боз НАТО ва лаббайгӯёни онро нигарон ва хотирпарешон намудааст. Дар ҳоле ки кишварҳои Осиёи Миёна ҳич ниёзе барои ифтитоҳи дафтари НАТО надоранд. Бархурди манофеъи қудратҳои ҷаҳонӣ дар Осиёи Миёна, пеш аз ҳама ба амният ва бехатарии минатақа хатарзо мебошад. НАТО беҳуда ва аз рӯи ҳавову ҳавас дафтари худро дар Узбакистон накушодааст, балки созмони НАТО дар асоси барномаҳои тарҳрезигашта ва бо дурнамои мушаххас дафтари кори худро дар Тошканд кушода, ба фаъолият шуруъ намудааст.

Инчунин баъди табадулоти давлатӣ дар Украина нигаронии кишварҳои арабӣ зиёд гашта, он?о ҳамчун аъзои НАТО яку якбора барои сармоягузорӣ ба кишварҳои Осиёи Миёна таваҷҷуҳи зиёд намуданд. Бузургтарин пойгоҳҳои низомии НАТО дар кишварҳои арабӣ мустақар мебошанд. Ин ҳолати фавқулода ва ғайричашмдошт аз он шаҳодат ва гувоҳӣ медиҳад, ки соҳибдавлатони кишварҳои Осиё бедории сиёсӣ ва ҳушёрии давлатдории худро самаранок истифода намуда, аз нақша ва барномаҳои тарҳрезигаштаи "Дар зери коса нуҳуфта"-и дӯстони нав воқиф бошанд.

Аз воқеаҳои даҳшатбори Сурия маълум ва ошкор аст, ки кишварҳои арабӣ ва ҳампаймонҳои НАТО бевосита аз ҳаракатҳои ифротгаро ва созмонҳои экстремистӣ дар сангарҳои ҷиҳодӣ дифоъ ва пуштибонӣ намуда, барои сарнагун намудани низоми секулёрии давлати феълии Сурия талошҳои зиёд карданд. Дар ин ҳолати шаддиди буҳронии Сурия бархурди манфиъатҳои калон авҷ гирифта, мутаассифона, то имрӯз дар Сурия 160 ҳазор нафар кушта шудааст. Ҳазорон шаҳрванди дигар муҳоҷир ва бехонаву дар гаштаанд. Аксарияти шаҳрҳои Сурия дар натиҷаи ҳамалоти террористии Ал-қоида ва ҳампаймонҳои он чун: Салафия, Байъат, Ансоруллоҳ, Ан-Нусра, Ҳаракати Исломии Туркистони Шарқӣ, Ҳаракати Исломии Узбакистон, Толибон, Ал-Ҷи?од ба харобазор табдил ёфтаанд.

Бо зур дахолат дар умури давлатдории як давлати дигар хилофи тамоми конвенсияҳои байналмилалӣ ва Ҳуқуқи башар мебошад. Вазъи сиёсӣ ва ҷангии кишвари Сурия нишон дод, ки ҷаҳон ба ду қутби ба ҳам муқобил, яъне кишварҳои НАТО ва Русия, Чину Ирон ҷудо гашта, дар ҳоли рақобатҳои шаддиди иқтисодӣ, сиёсӣ ва низомӣ қарор доранд. Мавқеъёбии НАТО дар Узбакистон ба манфиъати ягон кишвари Осиёӣ нест. Бояд мо муносибатҳои иқтисодӣ, низомӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии худро ба Русия ва Чин бештар намоем, зеро НАТО ҳаргиз ба манфиати мо набуд ва нест. Шарики стратегӣ ва низомии Тоҷикистон пеш аз ҳама Русия ва Чин мебошад, ки бисёр накӯ аст. 

Маълум аст, ки дар асоси ризоияти тарафайн байни Русия ва Тоҷикистон ба муддати тулонӣ шартномаи низомӣ баста гашт ва пойгоҳи низомии 201-и двизияи Русия андар ин ҷо боқӣ монд. Ин ҳолат НАТО ва ёрони ӯро сахт нигарон намудааст. НАТО агар даҳҳо дафтари дигари корӣ дар Осиё бикшояд наметавонад, ки нақши калидии Русия, Ирон ва Чинро аз саҳфаи рӯзгори мардумони Осиёи Миёна бизудояд!

Rahmatsho MuhamadshoevРаҳматшо Маҳмадшоев, таҳлилгар:

- Сиёсати давлатҳои бузург дар минтақаи Осиёи Марказӣ фақат ба манфиати худи онҳост. Биноан онҳо ба мисли зерсанг ва болосангҳои осиё мебошанд, ки чунин донагакҳои хурд -  ба монанди Тоҷикистонро зуд орд мекунанд. Аммо чорае дигар нест. Давлатмардони дурандеши (агар бошанд) тоҷик бояд аз ин маъзалаи бисёр ҳассос ва мушкил чунон  моҳирона бароянд, ки ба нафъи кишвар ва миллат бошад. Мутаассифона, то замоне ки ашхоси ғайриҳирфаӣ ва тасодуфӣ дар ин бахши ниҳоят муҳимми умури давлатӣ таъин мешаванд, ман шак дорам, ки мо ба ҷое мерасида бошем. Аммо дунё ба умед аст мегӯянд. Мо бояд аз мақоли " хари ҷӯгиро об деҳу пулашро гир" истифода намоем ва манофеи миллиро дар мадди аввал ва ҷайбҳои худро дар навбати охир гузорем.

Lola olimovaЛола Олимова, таҳлилгари умури байналмилал:

Дунёи мо чандон дарҳаму барҳам ва мураккаб шудааст, ки барои ман мушкил аст пешбинӣ дошта бошам. Аммо ба ҳар ҳол…

Ҳузури НАТО дар Узбакистон барои кишвари мо чандон пайомади матлубе нахоҳад дошт, он ҳам ба ин ду далел:

1. Ҳаводиси Украина нишон дод, ки Маскав чунин ҳамсоягиро дар наздики дарвозаҳои худ таҳаммул намекунад. Маскав ба ҳар далеле ба ин амр мухолифат хоҳад кард. Ва имкони сар задани беназмиҳо дар Узбакистон аз эҳтимол дур нест. Дар ҳудуди кишвари мо низ бузургтарин пойгоҳи Русия дар хориҷ аз он кишвар мавҷуд аст, ки вуҷуди он ҳам барои мо чандон хуб нест. Каримов рӯз аз рӯз пиртар мешавад ва масъалаи ворисият ҳар рӯз доғтар мешавад. Ва дар сурати маризӣ ва марги ӯ Русия аз рӯи касе ҳисоб боз мекунад, ки аз манофеъаш ҳимоят кунад. Оғози бенизомиҳо дар ҳар кишваре аз Осиёи Марказӣ барои ҳар ҳамосояи он хатаркон аст. Чун ин беназмиҳо аз як минтақа ба минтақаи дигар зуд доман паҳн мекунад ва он ҳам дар шароите, ки водии Фарғона ҳамеша обистан будааст. Борҳо шоҳиди чунин вазъе будем. Аз ҷумла ҳамсоягӣ бо Афғонистони бесубот, ки Ал -қоида, ҲИУ ва Таблиғ он ҷо пойгоҳ доранд, чандон хуб набудааст. Ин гуруҳҳо албатта фурсат мепоянд то дар умури мо мудохила кунанд.

2. Сабаби дуввуми хуб набудани ин иқдом барои Тоҷикистон он аст, ки Узбакистон, ки муносибати хубе ба Тоҷикистон надорад, метавонад аз ин корти имтиёз дар масъалаи обу энержӣ истифода кунад.

3. Душанбеи расмӣ бояд дар ин масъала комилан дар ҷониби Маскав қарор бигирад, ки ҳадди ақал як пуштибоне дошта бошад. Фикр мекунам, ки дар он сурат Чин низ ба таҳкими марзҳои худ ҷидитар мепардозад, ки ин ҳам бояд ба нафъи Тоҷикистон бошад.

Rahmatulloi RajabРаҳматуллои Раҷаб, иқтисодшинос:

- Дар ҳоли ҳозир вазъияти Узбакистон бумбастеро мемонад, ки ба мардуми кишвараш мушкилоти сунъиро эҷод кардааст.

Давраи баъдӣ НАТО меҳмони Тоҷикистон хоҳад буд. Чун нисбат ба Узбакистон, Тоҷикистон мавқеъи хуби стратегӣ дошта,барои НАТО муҳим мебошад.

Баъди мустақаршавии НАТО дар Узбакистон Тоҷикистон низ хоҳони чунин иқдом мешавад.

Nurali DavlatНуралӣ Давлат, таърихшинос:

- Ин маънои онро хоҳад дошт, ки Узбакистон мехоҳад аз Русия фосила бигирад. Ба иборати дигар, бо ин наздикшавӣ Тошканд боз як бори дигар собит кардан мехоҳад, ки дар сиёсати хориҷиаш мустақил ва аз Русия вобаста нест. Имкон дорад, ки Узбакистон аз дӯстии навбатӣ кӯшиш кунад, ки барои абарқудрати минтақаи Осиёи марказӣ шудан истифода кунад.

Olim SafolovОлим Сафолов, иқтисодшинос:

- Мавқеи Русия дар минтақа танг ва ҳузури Русия дар Тоҷикистон бештар мешавад. Имконияти сохтану ба истифода додани Роғун зиёдтар мегардад. Аммо ман ҳич бовар надорам, ки Русия ба Узбакистон имкон диҳад, ки ба НАТО ворид гардад...

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97