Баъди 267 соли сулолаи Дурониҳо: Доктор Абдулло дар остонаи арки Кобул

Сиёсат 26.05.2014 14:26

Doktor abdullo prez afg- Ҷаноби доктор Абдулло, ситоди шумо иддаъо дорад, ки ҳудуди 900 000 раъй гум ва бесарнавишт аст, ки аз ин миён 500 000 ин раъйи шумо аст. Оё дар сурати ба даври дуввум рафтани интихобот имкони дархости истеъфои масъулони Камисюни интихобот вуҷуд дорад?

- Масъала ин аст, ки масъулони камисюнҳои интихоботӣ содиқона эътироф кунанд ба иштибоҳоте, ки содир карданд. Ин худаш кумак мекунад ба ҷараёни баъдии кор.

- Пас ин масъалаи барканории чеҳраҳои хос ҳамчунон матраҳ аст аз ин камисюнҳо ё не?

- Ман пештар ба ин суол посух гуфтам. Вале боз ҳам мо барномаи махсусе дорем, ки агар интихобот ба даври дуввум биравад, онро рӯи даст хоҳем гирифт. Ва рӯи ҳамаи ҷузъиёти он бо мардум вақте суҳбат хоҳем кард, ки агар маълум шавад, ки интихобот ба даври дуввум меравад.

- Ва ин барканории масъулони камисюнҳо низ шомили он барнома мешавад ё не?

-Шумо мехоҳед, қабл аз вақт ҳамаи гапҳоро ман гуфта бошам, биёед таҳаммул кунем ва ба камисюнҳо вақт бидиҳем.

- Доктор соҳиб, бархеҳо нигарони ин масъала ҳастанд, ки агар интихобот ба даври ду меравад, бештар қавмӣ хоҳад шуд. Яъне узбакҳо ва паштунҳо мераванд ҷониби Дустум ва доктор Ғанӣ ва тоҷикҳо ва ҳазораҳо меоянд канори шумо ва оқои Муҳаққиқ, оё чи қадар аз ин нигарон ҳастед?

- Ман аз ин ноҳия ягон зарра нигарон нестам. Дар даври аввал ҳам мардуми Афғонистон собит сохтанд, ки фаротар аз ин масъалаҳо фикр мекунанд ва тасмим мегиранд. Ва тасвири умумии интихоботро ҳам бубинед, дармеёбед, ки ҳамин гуфтаҳои маро собит месозад. Бархе афроде шояд фикр мекунанд, ки ҳамин масъалаҳои қавмиро доман бизананд интихобот ба наъфи онҳо тамом хоҳад шуд. Аммо ман бо итминони комил мегӯям, ки ҳамчунин масъалае сурат нахоҳад гирифт. Мардуми Афғонистон ба булуғи сиёсӣ расида ва масоили улёи кишвариро болотар аз дигар масоил қарор медиҳад ва додааст. Ду нуктаро бояд дар назар дошта бошем. Яке ин ки тими мо тими фарогир мебошад ва ин иҷозаи чунин хулосабарорӣ ва табсираро тими мо намедиҳад. Ва дуввум ин тасмими худи мардуми Афғонистон аст, ки ин мардум хостори ислоҳот ва хостори тағйир ва ислоҳи низом ҳастанд. Ин мардум хостори таъмини адолати иҷтимоӣ аст, хостори як ҳукумати посухгӯ ба хостаҳои худаш аст, хостори ташкили як ҳукумати шоистасолор мебошад, ки посухгӯӣ ниёзҳои мардум бошад. Аз ин хотир аст, ки ин хостаҳо маҷоли инро намедиҳад, ки фикри мардум аз ин масири мусбат мунҳариф шавад ба ҷои дигар ва ба самти ақиб ва вомондагӣ.

- Таҳлилҳое вуҷуд дорад, ки дар дохили тими Ашраф Ғанӣ ва дар дохили тими шумо ҳам аз ҳамин ҳоло гуруҳҳое мавҷуданд, ки омодагӣ доранд, барои доман задани масъалаи қавмӣ дар интихобот, шояд ин гуруҳҳо қавӣ набошанд, вале шумо ин иттиҳомро мепазиред?

- Мо истифода аз ин василаро як василаи машруъ (қонунӣ) намедонем, дар ҳар тиме, ки ин кор сурат бигирад. Ин на ба Афғонистон кумак мекунад ва на ба он компанияи интихоботие, ки ин масъаларо доман мезанад. Он чи ба мо марбут мешавад, комилан возеҳ аст, ки дар тими мо ҳатто аломати ин чиз дида намешавад. Фикри ҳоким дар тими мо ин масъаларо маҳкум мекунад. Ва таркибе, ки тими мо дорад ин масъаларо нафъӣ мекунад ва ба он табиист, ки иҷоза намедиҳад. Ва раъйеро, ки мардуми Афғонистон ба тими мо додааст нишон медиҳад, ки масъа аз он табсираҳои бемаънӣ ва иттиҳомоти ноҷо гузаштааст ва мо бо касби камокон нисфе аз орои мардум маҷолеро барои ин навъа табсираҳо боқӣ намондаем.

- Як таҳлили таърихӣ ҳам аз ба қудрат расидани шумо вуҷуд дорад. Ва он ин ки ба қудрат расидани шумо қудрати се қарн ҳукумати паштунҳоро аз тайфи Дурониҳо дар Афғонистон хотима медиҳад. Ва рақиби расидан ба қудрат, ки навзуҳур Ҷабҳаи шимол аст ба қудрат мерасад ва ин нигарониҳоро дар бархе маҳофил ба вуҷуд оварда. Шумо фазоро чи гуна баррасӣ мекунед, чунин нигарониҳо ворид ҳаст ё хайр?

- Нигоҳи ман ба гузаштаи Афғонистон ва таърихи кишвар ҳамчунин як нигоҳе нест. Дар Афғонистон воқеъиятҳое ҳам вуҷуд дошта ва мушкилоте ҳам мавҷуд буда, ки мардуми Афғонистон ҳамагӣ аз мушкилоте, ки буда ранҷ бурдаанд. Ва агар фурсатҳои хубе буда, мардум аз он фурсатҳо истиқбол кардаанд. Имрӯз ҳам биёед ба таҳаввули зеҳниву фикрие, ки дар байни мардуми Афғонистон омада ва дар натиҷаи он дар сахттарин шароит, Афғонистон як марҳилаеро, ки гуфта мешуд марҳилаи бисёр хатарнок аст, ба як фурсати таърихӣ барои мардуми Афғонистон табдил шуд, ва хамосаи интихоботро мардум шакл доданд, биёед рӯи ин макс (тамаркуз) бикунем ва онро арҷ бигузорем. Ва умедвор бошем ба ин ки ояндаи Афғонистон ояндаи ба маротиб хубтар аз гузаштаҳо хоҳад буд.

- Як табсираи дигар ин аст, ки шумо ҳавзаи раъйатон ҳавзаи зидди толибӣ аст. Ва дар сурати пирӯзии шумо дар бархе манотиқи дигари нуфузи Толибон норизоиятӣ бештар мешавад ва мушкили толиб ҷиддитар мегардад. Саҳми Толибон дар ҳукумати Шумо чи хоҳад буд?

- Ҳавзаи нуфузи Толибон кадом ҳавза аст дар Афғонистон? Биёед воқеъиятҳоро, он тавре ки ҳаст, бубинем. Мутаассифона дар бархе манотиқ нооромӣ бештар аст ва дар он минтақаҳо болои мардум ноамнӣ таҳмил шудааст. Инро шумо ба маънои нуфузи Толибон ва толибонӣ шудани Афғонистон ё манотиқе аз кишвар тафсир накунед. Мардум тайи 13 соли гузашта нишон доданд, ки хостори низоми мардумсолорӣ (демократӣ) ҳастанд, хостори низоми ҷумҳурии исломӣ ҳастанд; хостори низоме ҳастанд, ки дар он тайини сарнавишт бар асоси раъйи мардум сурат бигирад. Ин масъала марбут фақат ба як гӯшаи Афғонистон нест. Ҳама мардум, аз чор гӯша, аз ҳамаи ақвоми Афғонистон ҳамин хостаро доранд ва ин прусаро мавриди тайид қарор додаанд. Ҳоло агар дар ҷараён мушкиле вуҷуд доштаааст, осебаш ҳам ба ҳама расидааст. Биноан агар аз ин зовияҳо ба масъала нигоҳ бикунем, он табсиразои шумо комилан сарфи назар мешавад.

- Толибон то куҷо саҳм медошта бошанд?

- Дар чӣ?

- Дар ҳукумати шумо?

- Феълан ки мутаассифона ҷанг идома дорад. Ва барои хатми ҷанг яке аз вазифаҳои давлати оянда ин хоҳад буд, ки прусаи сулҳро бо ҷиддият ва содиқона пеш бубарад ва ба поён бирасонад. Ва дарвозаҳои гуфтугӯ боз бошад ва талошҳои амалӣ барои расидан ба сулҳ сурат бигирад. Ин ки ин масъала чи гуна пеш меравад ва кай ба натиҷа мерасад ва он сулҳи боиззат ва пойдор, ки хости мардуми Афғонистон мебошад, ин масъала бо ҷузъиёташ қобили пешбинӣ нахоҳад буд.

- Доктор соҳиб, як нигаронии дигар вуҷуд дорад, ки ниёз аст қабл аз эълони пирӯзии шумо ба он посух гуфта шавад. Бархе ба қудрат расидани шуморо табсир мекунанд ба бозгашт ба даҳаи навад, бозгашт ба ҳукумати Ҷамъияти исломӣ, Шӯрои наззорзадае, ки бо меҳварияти панҷшериҳо эҷод шуда буд. Ҳоло фазо чи гуна тағйир хурда ва чи гуна як тасвири тозае дар сурати пирӯзии шумо аз ҳукумати шумо мешавад ироъа кард ба мардум?

- Он тасвиреро, ки шумо аз гузашта доред, он зиёд ҷои табсираро дорад, аммо чун фурсат кам аст ба он намепардозам. Шумо бубинед, ки муҷоҳиддин аз саросари Афғонистон дар ду марҳилаи таърихӣ дар ифтихороти мардуми кишвар саҳим буданд ва ифтихор офариданд. Агар ин марҳилаи ҷиҳод буда дар саросари Афғонистон ва агар марҳилаи муқовимат буда дар он нукоте, ки муқовимат мумкин буда. Ва баъдан, ки маълум шуд Толибон, ки худро паёмоварони сулҳ мегуфтанд, кӣ ҳастанд муқовимат дар кишвар саросарӣ шуд. Руҳияи муқовимат мавҷуд буд, аммо шароити он вуҷуд надошт. Вақте шароит мавҷуд шуд, шумо дидед, ки ба зудӣ сулҳ ва амнияти саросарии нисбӣ барқарор шуд. Аммо ба зудӣ иштибоҳоте сурат гирифт, ки ба дурустӣ думбол нашуд, прусаи таъмини амният ва сулҳ ва то кунун ин мушкил гиребонгири мо ҳаст. Истифода аз равишҳои расидан ба амният ва сулҳ дар замоне, ки раҳбарони Толибон дар хориҷ аз кишвар буданд, ба сурати дуруст сурат нагирифта ва фурсатҳо аз даст рафт. Ва натиҷа ин аст, ки мо дар фазои мавҷуд қарор дорем. Аз ин лиҳоз масъалаи сулҳу ҷангро дар як кишвар намешавад дар ду ҷумла хулоса кунем. Ман маҷмуъаҳои толибу зидди толибро дар кишвар зиёд қабул надорам.

Албатта баъзеҳо бо истифодаи суъ аз воқеъиятҳои Афғонистон ҳамеша мавзеъгириҳое мекунанд, ки бештар ҷанбаи таблиғотӣ ва расонаӣ доранд. Гоҳе ин таноқуз дар рафтор ва гуфтори бархе аз ашхос дида мешавад, ки он чиро мегӯянд, бо он чӣ дар замирашон ҳаст ва медонанд, ки воқеъият чизи дигаре мебошад, дар мухолифат қарор дорад. Аммо ба хотири хостаҳояшон вазъро ба гунаи дигаре табсира мекунанд. Аммо муҳим ин аст, ки мардуми Афғонистон ба сурати кул худро мансуб ба чунин назариёт намедонанд.

Як чиз мусаллам аст, ки мардум сулҳи одилонаро мехоҳанд. Аммо ин ки чи гуна ба он сулҳ бояд расид, бо як роҳ ва равиш намешавад ба он расид. Роҳҳои мухталиф бояд мавҷуд ва фароҳам шавад. Агар дари табсираро боз бигузорем, пас дар 13 соли гузашта чи авзое ҳоким буда?

Бар ҳар ҳол чизе ки ман бовар дорам, ин аст, ки дар натиҷаи интихобот як фурсате ба миён меояд, ки Афғонистонро кумак мекунад на танҳо барои расидан ба сулҳ, балки барои расидан ба як зиндагии беҳтар барои ҳама ҳамватанони мо ва барои таъмин барои эҷоди беҳбуд дар зиндагии мо, барои эҷоди як идораи посухгӯ ва хидматгузор ба мардум ва барои таъини адолат ва ҳуқуқи шаҳрвандӣ.

- Як масъалаи дигар ин аст, ки дар панҷ даҳҳаи гузашта шумо ҳавзае, ки вобаста ба он будед, ҳавзаи Ҷамъияти исломист, ва соҳае бештар фаъолият кардед Панҷшер аст. Тақсими қудрат дар ҳукумат ба гунае нахоҳад буд, ки дар меҳвар Ҷамъият ва панҷшериҳо бошанд?

- Ман ин ҷо ба суоли шумо суол дорам, аммо чун ҳақи суол мусалламан ин ҷо аз шумост, ба ин ҳаққатон эҳтиром мегузорам ва ба як ҷавоби мухтар иктифо мекунам. Ҷамъияти исломӣ дар се даҳаи гузашта дар таҳаввулоти кишвар нақш дошта ва он ҳам нақши асосӣ доштааст. Ва шумо шоҳиди ин ҳастед, ки дар 13 соли пеш аввалин интиқоли қудрати мутамаддинона низ тавассути раҳбарии Ҷамъияти исломӣ сурат гирифт ва бори аввал дар таърихи кишвар буд. Ба ин тартиб барои таъмини мардумсолорӣ ва татбиқи Қонуни асосӣ қадамҳое бардошта шуд… Имрӯз ҳам ман ба унвони як узви Ҷамъияти исломӣ ҳимояти комили ин ҳизбро доштам. Дар ҳоле ки муттаҳиддини мо аз Ҳизби исломӣ, Ҳизби ваҳдати исломӣ ва ташаккулҳое, ки ахиран ба мо пайвастанд, ин ҳама маҷмуъаеро тамсил мекунад, ки нуфузи фарогир дар саросари Афғонистон дорад. Вақте мо ваъдаи ислоҳотро барои мардум медиҳем, ваъдаи ҳукумати посухгӯро медиҳем, тааҳуди мо ба ҳамаи мардуми Афғонистон аст, на ба як қавм, ба як ҳизб ва созмону гуруҳ. Ҳукумате, ки меояд тамсиле аз мардуми Афғонистон дар он хоҳад шуд, аз таҷрибаву тахассусу аҳлият намояндагӣ дар он ҳукумат сурат хоҳад гирифт. Ва ҳич гӯшаи кишвар худро дур аз ин ҳукумат эҳсос нахоҳад кард.

-Аз аъзои ҳукумати феълӣ касоне ҳаст, ки боқӣ бимонад дар ҳукумати шумо?

- Ин ҷузъиёте аст, ки ҳоло зуд аст дар мавридаш суҳбат кунем.

- То ҳанӯз дар мавриди сарнавишти ояндаи Ҳомиди Карзай куллигӯӣ сурат гирифта. Агар шумо пирӯз шудед, Ҳомиди Карзай мавқеъаш дар ҳукумати шумо чи гуна хоҳад буд?

- Як ҷойгоҳи қобили эҳтиром, як ҷойгоҳе, ки аз нақшашон дар тасмимгириҳои оянда истифодаи ба ҷо сурат бигирад. Ва дар ин робита худашон ҳам бештар аз ин ибрози алоқа накарданд.

- Посте вуҷуд дорад, ки чунин салоҳиятҳоро барои ӯ таъмин бикунад?

- Бо таваҷҷуҳ ба таҷрибаҳои гузашта раҳбаре, ки давраи хидматаш пура мешуд, ҷонишинҳо дар садади тавтиъа ва бадном сохтан мебаромаданд. Ва ҳич кадоме аз ин ба миллату мардум фоидае надоштааст. Ин таҷрибаҳо набояд такрор шавад. Ва мардум аз ҳукумати ояндаи худ интизор доранд, ки ҳукумати оянда ба ҳалли мушкилоти он бипардозад, то ба ун масъалаҳое, ки аз он ба мардум фоидае нест.

- Мавқеъи доктор Ашраф Ғанӣ ва ҷенерол Дустум чи хоҳад шуд? Оё омода ҳастед, ки бо шумо кор бикунанд?

- Ҳанӯз ин пурсишро аз онҳо надоштем. Ва агар шумо алоқамандиашонро ёфтед, пасон дар мавридаш табсира хоҳад кардем.

- Шумо алоқаманд ҳастед, ба ин ду чеҳра кор кунед?

-Аввал ин ҳаққи ҳар кас аст, ки худаш тасмим бигирад, ки ба чи алоқамандӣ дорад, то ин ки ман машварат бидиҳам ба алоқамандии дигарон.

- Дар канори Ашраф Ғанӣ касоне ҳастанд чун оқои Атмар, вазири пешини дохила, Халилзод, сафири собиқи ИМА, Ҷалилӣ, вазири пешини дохила, ки алоқа доранд дар ҳар ҳукумат кор кунанд, оё тасмим доред ба онҳо пешниҳоде бидиҳед?

- Бидуни он ки ном бигирем, ман дар мавриди робитаҳои куллӣ мегӯям, ки дар ҷое, ки истеъдод, салоҳият, шоистагӣ ва садоқату тааҳуд вуҷуд дошта бошад, мо ба думболаш меравем. Аммо дар мавриди ашхоси мушаххас намехоҳам табсира бикунам.

- Зоҳири Қадир, Лолои Ҳамид ва Исмоили Юн ҳам ҳастанд. Шумо ҳадди ақал фурсате барои ин чеҳраҳо мебинед, ки феълан бо Ғанӣ ҳастанд?

- Ман хидмати шумо гуфтам, ки дар мавриди ашхос ва номҳо табсира намекунам ва ба думболи чизе мебошем, ки ба мардум ваъда супурдаем.

- Доктор соҳиб, охирин пурсиш! Агар шумо пирӯз нашавед, ин эҳтимол вуҷуд дорад? Ва оё шикастро мепазиред?

- Вақте ҳадаф рушан бошад, вақте ҳадаф хидмат ба мардум бошад, вақте масир масири возеҳ бошад, вақте ҳамроҳони мутааҳид ва боварманд ба арзишҳои муштарак ва мутаалиқ ба мардум бошад, шикаст маънии худро аз даст медиҳад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97