(Ёддоште аз "Миллат")
Бо эълони натиҷаҳои ибтидоии интихоботи Афғонистон, ки ҳич яке аз 8 номзадро баранда эълон накардааст, ин кишвар ва ҳамчунин минтақа вориди як марҳилаи ҳассос аз сарнавишти худ шудааст. Дар натиҷаи ибтидоӣ Абдулло Абдулло, номзади Ҷамъияти исломии марҳум Устод Бурҳониддини Раббонӣ- 44, 9%, Ашраф Ғанӣ- 31,5% Залмай Расул-11%, Расули Сайёф- 7%, Қутбиддин Ҳилол-2,7% овозҳоро соҳиб шудаанд. Агарчанд Абдулло Абдулло мегӯяд, ки беш аз 50 дарсади овозҳоро соҳиб шуда ва даври дуввуми интихобот лозим нест, аммо Ашраф Ғанӣ мегӯяд даври дуввум ҳатмист. Барои он ки Абдулло дар даври аввал пирӯз шавад, ӯ бояд 400 ҳазор овози дигарро соҳиб шавад. Ҳоло 444 қуттӣ, ки ҳар кадоме 600 овоз дорад, шумурда нашудааст. Гузашта аз ин 250 ҳазор овоз ботил шудааст, ки дар ҳисоб ворид нест ва қисме аз он бо даъвои номзадҳо бояд бозшуморӣ ва вориди система шавад. Ҳамчунин 120 ҳазор овоз дар Ҳирот ботил шудааст, ки 100 ҳазори он марбут ба доктор Абдулло мешавад. Гузашта аз ин ситоди номзадии Абдулло даъво дорад, ки дар аксари манотиқи ноором интихобот доир нашудааст ва бо истифода аз ин комиссиюнҳо ва тими Ғанӣ сандуқҳоро дар бархе аз чунин маҳалҳо ба нафъи ӯ пур кардаанд. Ин мавридҳоро ба Комиссиюни шикоятҳои интихоботӣ пешниҳод кардаанд ва бояд баррасӣ ва орои тақаллубӣ ҷудо шавад. Дар сурати анҷоми ин ҳама корҳои боқимонда, ки то 9 май бояд анҷом шавад, имкон дорад, ки натиҷаи ниҳоӣ тағйир кунад.
Аммо воқеъият ин аст, ки агарчанд мардуми Афғонистон интихобот доир кард ва барандаи он ҳам маълум аст, вале огоҳони умур мегӯянд, ки машвараи ҳомиёни Ғарбии режими Кобул барои ба нафъи кӣ эълон кардани интихобот ё бурдани он ба даври дуввум идома дорад. Огоҳон мегӯянд, ки агар доктор Абдулло шароити Амрикоро бипазирад ва ҳукуматро бо машварати онҳо таъсис кунанд, дар даври аввал, бо анҷоми шумориши оро баранда хоҳад шуд. То кунун Абдулло гуфтааст, ки ҳукумати эътилофӣ, (яъне ҳамон чизеро, ки ғолибан Амрико пешниҳод додааст), напазируфтааст.
Тасмим дар як рӯз иваз шуд
Ибтидо қарор буд, ки Ҳомид Карзай аз Залмай Расул ҳимоят кунад ва ӯро, ки Аҳмадзиё Масъуд муовини аввалаш ҳаст ҳимоят кунад. Залмай Расул як шахсияти муътадил ва мавриди қабули ҷомеъаи маданӣ ва рушанфикрӣ дар Афғонистон мебошад. Аммо соҳибназарони огоҳ мегӯянд то соати 10 субҳи рӯзи 5 апрел тасмими Арки Кобул дар мавриди номзад тағийр кард. Ҳукумати Карзай дар соатҳои аввали раъйгирӣ бар асоси ба истилоҳ "экзитпол" огоҳ шуд, ки доктор Абдулло бештарин ороро мегирад ва дар ҷои дуввум Ашраф Ғанӣ қарор дорад. Ва дастур ба ресурси идорӣ ба ҷонибдорӣ аз Ғанӣ тағйир мекунад. Ва далели нарасидани баргаҳои овоздиҳӣ дар шаҳрҳои бузург мисли Кобул, Балх, Ҳирот низ ҳамин натиҷаи ҳосилшуда аз "экзитпол" гуфта мешавад. Зеро дар аксари касоне, ки натавонистанд ба далели нарасидани бюлетен овоз диҳанд, ки шуморашон 800 ҳазор то як миллион гуфта мешавад, ҷонибдорони доктор Абдулло дар Кобул, Балх ва Бадахшон буданд. Дар вилоятҳои ҷанубӣ ва машриқӣ чунин мушкиле мавҷуд набуд.
Роҳи оҳан чи хоҳад шуд?
Ба ҳар сурат, ҳоло Ғарб дар баробари ин воқеъият қарор гирифт, ки бузургтарин қувва дар Афғонистон боз ҳам ҳамчунон муҷоҳиддини собиқ, пайравони Бурҳониддини Раббонӣ ва Масъуд ҳастанд, ки дар даври аввал тавонистанд ҳудуди 45 дарсади овозҳоро соҳибӣ кунанд. Инро Ғарб чолиши бузург медонад. Вале роҳи ҳалле ҳам барои он дорад.
Аммо мо низ барои бори аввал дар муқобили як чолиши эҳтимолӣ қарор гирифтем дар қазияи Афғонистон. Ҳақиқат ин аст, агарчи раҳбарияти сиёсии Тоҷикистон ҳамеша дилсӯзона ва содиқона дар мавриди қазияи Афғонистон мавқеъ гирифтааст, вале масъулини ниҳодҳои марбута ва таҳлилгарони тоҷик дар аксар маврид худро фиреб додаанд. Ин пахтаро бояд аз гуш бигирем, ки ҳар давлате дар Афғонистон сари кор биояд сари дустӣ бо мо хоҳад ҷуст. Албатта намегӯем, ки ҳар давлате биояд душманӣ хоҳад ҷуст. Чунин нест, вале боз ҳам агар афроде биоянд, ки мавриди эътимод ва озмуда бошанд, беҳтар аст. Зеро дар сиёсат фақат манфиат матраҳ аст.
Аҳмадзиё Масъуд муовини Залмай Расул ва бародари Аҳмадшоҳи Масъуд дар мусоҳиба бо "Миллат" гуфта буд, ки агар тими онҳо ба қудрат биояд ба иҷрои тавофуқоти дуҷониба ва чандҷониба ба Тоҷикистон суръат хоҳад бахшид. Ҳатто таъкид карда буд, ки мадюни кумакҳои раҳбарият ва мардуми Тоҷикистон ба бародарам дар муқовимат ба Толибон ва теророристони байналмилалӣ ҳастем.
Акнун тасаввур кунед, ки агар ба ҷои Залмайи муътадил ва Аҳмадзиё Ашраф Ғанӣ бо собиқаи бартариталабӣ ба як қавм ва Дустум, ки бо изи пойи "рӯбоҳи пир" таъбири (Расули Сайёф) роҳ меравад, чӣ вазъе хоҳад буд. Табиист, ки инҳо наметавонанд аз ин барномаҳо сарфи назар кунанд, чун ин барномаҳо бештар ба нафъи Афғонистон низ ҳаст. Вале коршиносон бовар доранд, ки дар шароите, ки Узбакистон ба кашидани хати оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон ва бунёди силсилаи неругоҳҳо дар Панҷ мухолиф аст, бо омадани ин тим дар иҷрои ин барномаҳо таъхир пеш хоҳад омад. Зеро бо нишастани Дустум дар курсии марди дуввуми Афғонистон ва он ҳам бо шинохте, ки аз ӯ мавҷуд аст, муодилаи қудрати қавмӣ дар Афғонистон то ҷое тағйир хоҳад кард. Дар миёни Тошканду Душанбе Дустум ба осиёби кӣ об хоҳад рехт, маълум аст. Ҳоҷати тафсир нест. Ин дар ҳолест, ки Ашраф Ғанӣ ҳич яке аз муовинони худро аз ҷумлаи табори тоҷики Афғонистон ҷой надода. (Ҳоло дарёфта, ки чи иштибоҳи бузурге карда аст ва дар мулоқот бо раҳбарони қавмҳо гуфтааст, ки агар ба қудрат бирасад, барои тоҷикҳо вазорати аршад ё аввалро, ки баробари нахуствазирист таъсис хоҳад дод.) Ин ҳарфро барои сиёсат мегӯяд, чун манфиаташ эҷоб мекунад. Вале ҳақиқат ин аст, ки ӯ низ собиқаи бартарихоҳона дорад ва ҳамеша масоили забониро доман задааст. Матбуоти Афғонистон менависад ва ТВ-ҳои Кобул рӯирост дар идомаи муборизаҳои интихоботӣ мегӯянд, ки ӯ буд, ки талош кард, суруди миллӣ танҳо бо забони пашту бошад, аз орми Ҳилоли Аҳмари Афғонистон ӯ акси Аҳмадшоҳи Масъудро ҳазф кард, зимни вазири молия буданаш ӯ мухолифи ҷой додани акси Масъуд дар пули миллии Афғонистон баромад ва нагузошт ин кор сурат бигирад. Албатта ин ҳаққи миллати Афғонистон аст, ки чи касеро интихоб мекунад, аммо ҳаққи мо низ ин аст, ки ба манфиати миллӣ ва давлатии худамон биандешем. Чаро Амрико аз пушти уқёнус омада ва мегӯяд, ки дар Афғонистон ва минтақа манфиат дорад? Чаро кишварҳои минтақа дар минтақа манфиат надошта бошанд?!0 Доранд ва ин ҳаққи табиӣ ва қонунӣ аст.
Се гузина
Ба ин тартиб ҳоло дар муқобили се гузина қарор гирифтаем: Яке ба қудрат расидани доктор Абдулло, ки даври ҷадиде дар таърихи Афғонистон хоҳад буд. Ва Тоҷикистон бо итминони хотири бештаре метавонад барномаҳои ҳамкориашро пеш бубарад.
Дуввум, ҳамон омадани Ғанӣ ва Дустум, ки зикри баду некашро кардем. Фақат мешавад афзуд, то кунун тоҷикон хотираи неке аз ин ду тан надоранд.
Ва севвум боқӣ мондани Ҳомиди Карзай дар қудрат ва ё таъсиси ҳукумати муваққат. Хеле аз таҳлилгарон дар дохили Афғонистон ва ҳамчунин дар Тоҷикистон низ мегӯянд, агар доктор Абдулло майдонро набарад, борҳо ва борҳо беҳтар ин аст худи Ҳомиди Карзай дар қудтар боқӣ бимонад, то ин ки Ашраф Ғанӣ ва Дустум ба тахти Кобул биншинанд.
Пирӯзии Ғанӣ дар рақобати солим тасаввурнопазир аст
Суоли дигар ин аст, ки оё дар интихоботи бидуни тақаллуб имкони баранда шудани Ғанӣ мавҷуд аст? Бо таваҷҷӯҳ ба натиҷаҳои даври аввал мешавад бо қатъият гуфт, ки не! Чаро? Зеро агар Ашраф Ғанӣ дар даври дуввум ҳамаи овозҳои номзадҳои шикастхурдаро ҳам бигирад, ҷамъи умумии овозҳояш ба 50% нахоҳад расид. Чӣ гуна? Ҳоло худи ӯ 31% дорад. 11% ҳам Залмай Расул ва 7% ҳам Саёф. Ҳудудан 3,5%-и дигарро ҳам дигарон, яъне овозҳои боқимонда ҳудуди 22% аст. Ва дар сурати интихоботи дуввум, ҷонибдорони Аҳмадзиё Масъуд ва Амир Исмоилхон қатъан орои худро ба Ғанӣ нахоҳанд дод. Боз ҳам камокон доктор Абдулло 4% овозҳои Расул ва 4% овозҳои Сайёфро соҳиб хоҳад шуд, ки фарз кардем ба Масъуд ва Исмоилхон дода шудаанд.
Аз нигоҳи дигар, ҳам Абдураб Расули Сайёф ва ҳам Аҳмадзиё Масъуд аз ҳамсангарони пешини Абдулло Абдулло ҳастанд ва бо имкони зиёд ба сурати расмӣ аз ӯ ҳимоят хоҳанд кард, ки он гоҳ пирӯзии Абдулло қотеътар хоҳад шуд.
Вале доктор Абдулло ва ҳаводоронаш ҳанӯз ҳам ин умедро аз даст надодааст, ки дар даври аввал пирӯз хоҳанд шуд. Боз худо донотар аст.
«Миллат»