Ғарб аз бозгашти Дустум нигарон аст, Тоҷикистон бояд бештар нигарон бошад

Сиёсат 08.05.2014 16:19

(Ёддоште аз "Вашингтон пост")

Dustum AbdurashidҚабл аз ин ки равобити Абдулрашиди Дустум бо Амрико тира шавад, ӯ марди Амрико дар Афғонистон буд. Акнун ӯ ба қудрат баргаштанист. Ӯ муттаҳиди Амрико буд. Ҷангсолори бузургҷуса ва хокистармӯй соли 2001 савор бар аспаш дар канори неруҳои вижаи Иёлоти муттаҳидаи Амрико барои сарнагунии режими Толибон ҷангид. Аммо дар арзи се сол, хусумати ӯ ва мақомҳои амрикоӣ ба андозае боло гирифта, ки онҳо як ҳавопаймои бомбафкан (В1)-ро дар иртифоъи хеле пойин бар фарози хонаи ӯ ба парвоз дароварданд.

Акнун ва пас аз чанд сол Дустум бори дигар нақши марказиаш дар сиёсати Афғонистонро эҳё хоҳад кард. Ӯ дар тими интихоботии Ашраф Ғанӣ, вазири молияи пешин ва яке аз номзадони пештоз дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон, номзади муовинати раёсати ҷумҳурӣ аст. Бозгашти ин марди қудратманд, ки дар бераҳмӣ шуҳрат ёфтааст, барои ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки миллиардҳо долларро дар ростои эҷоди як демокрусии босубот дар Афғонистон ба масраф расонидааст, як амри нигаронкунанда хоҳад буд.

Ахиран дар соли 2009 мақомҳои амрикоӣ талош карданд, то аз бозгашти Дустум ба Кобул ҷилавгирӣ кунанд. Сипас Карл Айкенбери, сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Кобул ҳушдор дод, ҳузури Дустум "бисёре аз пешрафтҳои ахирро ба хатар мувоҷеҳ хоҳад сохт".

Ин бор мақомҳои Иёлоти муттаҳида ба умеди худдорӣ аз дахолат дар интихоботи Афғонистон, дар баробари ин роҳбари  бо такаббури пешини шибҳинизомӣ аланан ҳеч мавқиферо ихтиёр накарданд. Афроди наздик ба компайни интихоботии Ашраф Ғанӣ мегӯянд, ки мақмоҳои амрикоӣ талош накарданд, то ӯро аз интихоби Дустум ба унвони муовини аввалаш водоранд. Чунин рӯйкарде бо сиёсатҳои гузаштаи Иёлоти муттаҳидаи Амрико комилан мутафовит аст.

Мусоҳиба бо мақомҳои пешини Иёлоти муттаҳидаи Амрико ва Афғонистон, асноди марбут ба Кохи раёсати ҷумҳурӣ ва мусоҳибаҳои телефонии марбут ба вазорати умури хориҷа, ки тавассути Викиликс берун баромаданд, фосилаеро ба намоиш мегузоранд, ки ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои нуфуз ба "ҷангсолори воқеъии" Афғонистон ва пас аз он барои ба ҳошия рондани он тай кардаанд. Истилоҳи "ҷангсолори воқеъӣ" замоне аз тарафи вазорати умури хориҷаи Амрико барои Дустум ба кор рафта буд.

Аз ҷумлаи ду муовини аввали раиси ҷумҳури эҳтимолӣ, Дустум ба унвони муовини аршади қудрат қобили таваҷҷуҳеро эъмол хоҳад кард. Ҳангоме ки раиси ҷумҳури Афғонистон ба хориҷ аз кишвар сафар мекунад, муовини аввали раисиҷумҳур нақши ӯро ифо хоҳад кард ва дар ин сурат, муовини аввал тасмимгиранда хоҳад буд ва салоҳияти имзои ҳукмҳоро низ дорад. Ашраф Ғанӣ боре Дустумро "қотили маъруф" хонда буд, аммо дар ҳоли ҳозир мегӯяд, ки тими интихоботии ӯ намоди сулҳ ва оштӣ аст. Бо ин ҳол соири мақомҳои Афғонистон нигаронанд, ки Дустум баъд аз солҳо истиқрор дар шимоли Афғонистон бори дигар мавқифи баландеро дар пойтахт ба даст хоҳад овард. Онҳо ҳарос доранд, ки бо хуруҷи неруҳои Иёлоти муттаҳида, Дустум метавонад шибҳинизомиёни даҳшатнокашро сару сомон дода ва пайравони худро дар неруҳои амниятии Афғонистон ҷо хоҳад дод.

Дустум доштани чунин афкореро рад мекунад. Ӯ дар як мусоҳибаи телефонияш дар рӯзи якшанбе гуфтааст: "Онҳо мехоҳанд аз ман тасвири як раҳбари кудато ироъа диҳанд. Онҳо, ки ин чизҳоро мегӯянд, душманони ман ҳастанд. Онҳо мегӯянд, ки ман мардонамро ба шакли дастаҷамъӣ хоҳам овард ва барои оянда хатаре эҷод хоҳам кард. Агар ман як таҳдиде мебудам, дар сездаҳ соли гузашта коре анҷом медодам".

Тирагии равобит бо Иёлоти муттаҳида

Дустум лӯлакаши пешин, гуштигир ва корманди полоишгоҳи нафт дар Шибирғон, маркази вилояти шимоли ғарби Ҷузҷон, ба унвони фармондеҳи тарафдори Шуравӣ дар ҷанг бо муҷоҳидин дар даҳаи 1980 ном баровард. Ӯ, ки дар тӯли солҳои пас аз ҷангҳои дохилӣ ва ҳукумати Толибон чандин бор мавзеъашро тағйир додааст, ба бевафоӣ ва ҷонибдорӣ аз барандаҳо шуҳрат ёфтааст.

Қабл аз ин ки Дустум дар охирҳои даҳаи 1990 тавасути Толибон водор ба табъиди мувақатӣ шавад, бахши густурдае аз навоҳии шимоли Афғонистонро контрол мекард. Ӯ ба номи худ пул чоп кард, молики як ширкати ҳавопаймоӣ буд ва даҳҳо ҳазор шибҳинизомиро фармон медод. Пас аз ҳамлаи 11 сентябри соли 2001 замоне Иёлоти Муттаҳидаи Амрико вориди ҷанги Афғонистон шуд, неруҳои вижаи амрикоӣ ва афсарони созмони истихборотии Амрико (СРУ) бо Дустум ва шибҳинизомиёни узбаки ӯ барои ҳидояти бомбҳо бар хутути муқадами толибон кор мекарданд.

Дустум муттаҳам аст, ки дар ин давра гузошта буд то садҳо зиндонии толиб ба дар вилояти Балх бимиранд ва дар контенерҳои боркаш зинда зинда пухта шаванд. Ӯ масъулияти марги ин афродро рад кардааст.

Пас аз суқути Толибон, вақте меҳмонони амрикоӣ аз урдугоҳи ӯ дар Шибирғон дидор карда буданд, Дустум ба онҳо ҳафттираеро нишон дода буд, ки ҷенерол Томи Фронкс, раиси фармондеҳии марказии Иёлоти муттаҳида дар он замон ба ӯ дода буд. Дустум достонеро такрор мекард, ки чигуна садои як халабони зани амрикоиро ҳини андохтани бомб бар Толибон, аз тариқи радиё барои ҷангҷӯёни толиб нашр карда буд.

Як корманди сафорати Амрико ёдоварӣ мекунад, ки Дустум шабе дар ҷараёни дидораш бо дидоркунандаҳои сафорати Амрико дар соли 2004 ғурид: "Вақте як зани амрикоӣ метавонад шуморо бикушад, ҳадс бизанед, ки фардо мардони амрикоӣ бо шумо чи кор хоҳанд кард. Шумо сагҳои эҳсосотӣ!" Сипас Дустум "ба саломатии занони амрикоӣ" як гелос (истакон) виски бардошт.

Броун Глин Уилямз, устоди торих дар донишгоҳи Массачусетс дар иёлати Дартмуп, ки дар мавриди Дустум китобе навиштааст гуфт: "Бар асоси ҷанги муштарак дар куҳҳо, ӯ воқеан амрикоиҳоро бародарони хунии худ медонад." Аммо ин эҳсос ба зудӣ аз ҳолати дуҷониба буданаш хориҷ шуд.

Қабл аз интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2004 Вашингтон муштоқ буд, то аз бародаркушӣ дар натиҷаи ҷангҳои миёни гуруҳҳои нимамусалаҳи Афғонистон ва неруҳои амниятӣ ҷилавгирӣ кунад. Ҳомид Карзай низ мехост роҳбарони нимамусаллаҳи минтақаӣ монанди Дустумро тазъиф кунад, раҳбароне ки даромадҳои гумрукиро контрол карда ва дар баробари барномаҳои мулксози муқовимат мекарданд.

Дустум ва Ато Муҳаммади Нур, фармондеҳи рақибаш ба таври муназзам барои контроли шимоли Афғонистон ҷангҳои хунин доштанд. Роберт Финн, сафири Иёлоти муттаҳида талош карда буд, то ин мардонро мутақоид созад, ки рӯи тавсеъаи манобеъи нафтӣ ва газӣ дар қаламравашон мутамарказ шаванд. Финн гуфт: "Ман талош кардам бо Дустум ва Ато суҳбат кунам то ба афроди сарватманд табдил шаванд. Аммо онҳо ба куштани якдигар сармодаговҳо идома доданд."Бо давоми ҷангҳо вай дар хазони соли 2003 як миллон доллар кумаки идораи байналмилали инкишофи Иёлоти муттаҳидаи Амрико ба ин фармондеҳонро қатъ кард.

Дар моҳи апрели соли 2004 неруҳои Дустум маркази вилояти Форёбро тасарруф карда ва қумандони амният ва волии ин вилоят, ки аз сӯи оқои Карзай таъин шуда будандро аз қудрат дурр карда буданд. Неруҳои артиши Ағонистон барои барқарории назм ба он ҷо фиристода шуданд, аммо Дустум гуфта буд, ки аз тариқи Шибирғон роҳи онҳоро хоҳад баст ва гуфта, ки ба онҳо ҳамла хоҳад кард.

Як мақоми амрикоӣ, ки дар он замон даргири ин масоил буд, гуфта, ки бо таваҷҷуҳ ба ин ки мушовирони амрикоӣ бо неруҳои артиши Афғонистон буданд, ӯ "амрикоиҳоро таҳдид мекард ва мусалламан ин кор ғайриқобили пазириш буд."

Ин мақоми амрикоӣ ва чандин тани дигар, ки дар ин гузориш мусоҳиба додаанд, хостаанд, ки номашон фош нашавад.

Манбаъ: "Вашингтон пост" www.afghanistan.shafaqna.com

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97