Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 23 апрел дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр кард, ки имрӯз интернет барои рушди илму фарҳанг ва пешрафти ҳаёти ҷомеа нақши муҳим дорад. Имрӯз шабакаҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла интернет аз ҷониби шахсон ва гурӯҳҳои алоҳидаи ҷиноятпеша бо мақсади ҷиноятҳои киберӣ, яъне барои паҳн намудани ғояҳои ифротгароёнаву тундгароёна, бахусус дар байни ҷавонон ва ноболиғон ба таври васеъ истифода мешаванд. Вобаста ба ин ҳамаи мақомоти давлатӣ вазифадоранд, ки дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ дар ҷомеа, алалхусус дар байни наврасону ҷавонон бо назардошти воқеияти имрӯза, аз ҷумла пешгирӣ кардани таъсири манфии ҷаҳонишавии фарҳангӣ ва дар ин раванд таъмин намудани амнияти иттилоотӣ тадбирҳои иловагиро рохандозӣ намоянд. То имрӯз аз ҷониби ҳукумати кишвар дар ин самт корҳои зиёд амалӣ гардидаанд, вале вазъи риояи қонун ва тартибот дар кишвар, аз ҷумла дар байни ҷавонон ва ноболиғон ҳамоно ташвишовар боқӣ мемонад.
Эмомалӣ Раҳмон ба Прокуратураи генералӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ супориш дод, ки ҷиҳатҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоии содиршавии ҷиноят ва дигар ҳуқувайронкуниҳоро аз ҷониби ноболиғон ҳамаҷониба омӯхта, дар муддати шаш моҳ лоиҳаи қонун дар бораи асосҳои низоми огоҳкунӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғонро таҳия ва ба ҳукумати кишвар пешниҳод намоянд.
Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон гуфт, шурӯъ аз 1 январи соли 2015 дар Тоҷикистон андоз аз истифодабарандагони роҳҳои мошингар кам ва аз январи соли 2017 умуман бекор карда мешавад.
Президенти кишвар зикр кард, ки дар доираи Кодекси нави андоз барои пешрафти соҳибкории хурду миёна беш аз 240 номгӯй имтиёзу сабукиҳо пешбинӣ гардидаанд. Танҳо соли 2013 маблағи умумии имтиёзҳои пешниҳодшуда 3,6 миллиард сомониро ташкил дод. Соли равон он ба 4 миллиард сомонӣ мерасад, ки ин маблағҳо дар ихтиёри субъектҳои хоҷагидор- соҳибкорон боқӣ мемонанд ва ба пешрафти фаъолияти онҳо мусоидат хоҳад кард.
Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи харҷи зиёди сокинон барои гуфтугӯҳои телефонӣ ва харидории мошинҳои сабукрав сухан карда, мардуми кишварро ба сарфакорӣ даъват намуд. Э. Раҳмон иброз намуд, ки танҳо дар соли гузашта сокинони кишвар барои суҳбатҳои телефониашон 1,7 миллиард сомонӣ харҷ карда, ба маблағи 1,4 миллиард сомонӣ мошинҳои сабукрав харидаанд. (Манбаъ: Ховар.тҷ)
Президент ҳамчунин роҷеъ ба самтҳои умдаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон суханронӣ карда, аз ҷумла афзуд:
"Мисли ҳамеша ҳадафҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дурнамои дарозмуддат ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои олии кишвар бояд аз фароҳам овардани шароити мусоиди берунӣ барои рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таъмини амнияти миллӣ, тақвияти рукнҳои давлатдорӣ, дифоъ аз ҳуқуқу озодиҳо, эътибор ва манфиатҳои шаҳрвандони кишвар, таҳкими мавқеи давлат дар арсаи байналмилалӣ иборат бошанд.
Эҷоди камарбанди эътимоду амният дар тамоми тӯли сарҳади кишвар аз тариқи густариш ва таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ бо ҳамаи мамлакатҳои ҳамҷавор вазифаи муҳимтарини сиёсати хориҷӣ буд ва хоҳад монд.
Мо минбаъд низ ба анъанаҳои деринаву созандаи ҳамзистии дӯстонаи мардумони Осиёи Марказӣ содиқ мемонем.
Ба ин мақсад дар муносибатҳоямон бо кишварҳои ҳаммарз ба пешбурди сиёсати дӯстӣ, ҳамсоягии нек, адами мудохила ба корҳои дохилии якдигар, истифодаи воситаҳои дипломативу сиёсӣ дар ҳалли масъалаҳои баҳснок, аз ҷумла масъалаҳои сарҳадӣ ва обу энергетика, афзалияти комил хоҳем дод.
Мо итминони комил дорем, ки густариши ҳамкории созанда бо якдигар дар асоси дуҷониба ва бисёрҷониба воситаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои сиёсиву иҷтимоӣ, амниятиву экологӣ ва муқовимат бо таҳдиду хатарҳои глобалии муосир буда, ба манфиатҳои ҳаётии ҳамаи минтақа ва ҳар як кишвари Осиёи Марказӣ комилан созгор аст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳояшро бо кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ - Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Қирғизистон ҳамеша дар асоси дӯстӣ, эҳтирому эътимоди тарафайн, хайрхоҳӣ ва ҳамкории судманду созанда пеш хоҳад бурд.
Тоҷикистон тақвияти дӯстии таърихии мардумони Осиёи Марказиро амри усулан зарурӣ медонад ва ҳамзамон бо ин, ҷонибдори густариши равобити ҳасана, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ, равуои озоди одамону нақлиёт ва интиқоли бемамониати сармояву хизматрасониҳо буда, ҷиҳати таҳкими равандҳои ҳамгироӣ ҷонибдори рафъи низоми раводид дар минтақа аст.
Як ҳақиқат мусаллам аст, ки мардумони Осиёи Марказӣ метавонанд дар якҷоягӣ ва муттаҳидӣ ҳар гуна масъалаву мушкилотро ҳаллу фасл кунанд ва бар зидди ҳар гуна хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир якҷоя истодагарӣ намоянд.
Ҳарчи зудтар барқарор гардидани сулҳу суботи сиёсии пойдор дар қаламрави ҳамсояи ҷанубии мо - Афғонистони ҳамҷавор - ҷавобгӯи манфиатҳои ҳаётиву миллии Тоҷикистон аст.
Истиқрори сулҳи деринтизор ва эҳёи ҳаёти осоишта дар кишвари азияткашидаи Афғонистон бо таъмини амнияти минтақавӣ низ пайванди ногусастанӣ дорад.
Бо оғози хуруҷи воҳидҳои низомии эътилофи байналмилалии зиддитеррористӣ Афғонистони ҳамсоя ба марҳалаи нав ворид мешавад.
Дар ин давра зарур аст, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дӯстону хайрхоҳони Афғонистон ба ниёзҳо ва масоили мубрами он коҳиш наёбад ва дар ин кор кишварҳои минтақа низ бояд саҳми фаъол дошта бошанд.
Дар шароити навин бозсозии сохторҳои бунёдии Афғонистон тавассути сохтмони роҳҳои оҳану мошингард, хатҳои интиқоли барқ ва лӯлаҳои газ аҳаммияти бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ ва геоиқтисодӣ касб менамояд.
Дар ин замина мо омодаем, ки ҳамкориҳоро бо Афғонистони бародар густариш дода, имконоти худро ҷиҳати амалӣ гардонидани тарҳҳое, ки ба рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақа ва ин кишвар нигаронида шудаанд, сафарбар намоем.
Дар муносибатҳои мо бо Ҷумҳурии Исломии Эрон, чун бо Афғонистон, омили марбут ба умумиятҳои таърихии мардумони мо мавқеи муҳим дорад. Ҳамкориҳои гуногунпаҳлуи Тоҷикистону Эрон сол аз сол амиқтару ғанитар мегарданд.
Дар зарфи даҳ соли охир асоси муҳимми равобити мо - ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ хислати бунёдӣ пайдо намуда, ба сатҳи баландтар баромадааст.
Умед аст, ки раванди тавсеа ёфтани ҳамкориҳои сеҷонибаи Тоҷикистону Эрону Афғонистон тақвияти бештар пайдо мекунад ва барои гузаштан ба марҳалаи сифатан нави иртибототи густурдаи кишварҳои мо мусоидат менамояд.
Тавсеаву рушд ва густариши муносиботи дарозмуддату босуботи Тоҷикистон бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва шарики асосии стратегии мо - Федератсия Россия низ аз ҳадафҳои асосии мост. Аслан сатҳ, мазмун ва муҳтавои равобити гуногунҷанбаи Тоҷикистону Россияро на танҳо манфиатҳои геополитикӣ ва прагматизми иқтисодӣ, балки ҳамчунин заминаҳои маънавӣ, фарҳангӣ ва пайвандҳои инсонӣ муайян месозанд.
Ҳарчанд мо сатҳу муҳтавои равобити худ, дараҷаи эътимод ва боварии тарафҳоро бо Федератсияи Россия хеле баланд арзёбӣ менамоем, рушду густариши минбаъдаи равобити ҳамаҷонибаи судманд бо ин кишвар, устувортар ва амиқтар намудани пайвандҳои иқтисодӣ ва алоқаҳои фарҳангӣ, қавитар сохтани ҳамкориҳои сиёсиву низомӣ ва низомиву техникӣ бо ин давлати дӯст аз самтҳои афзалиятноки равобити Тоҷикистон бо Россия аст ва чунин хоҳад монд.
Аз ин рӯ, ҳифзи муносибатҳои ҳасанаи анъанавӣ, агар аз як ҷониб, афзалияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон бошад, аз ҷониби дигар, риояи манфиатҳои олии миллӣ дар ниҳояти кор муайянкунанда хоҳад буд.
Тоҷикистон дар самти шарқӣ ҳамсояшарики бузург дорад ва рушду таҳкими ҳамкориҳои судманди гуногунарсаро бо Ҷумҳурии Халқии Хитой аз вазифаҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии худ дар Осиё медонад.
Мо аз сатҳи баланди ҳамкориҳои созанда, самарабахш ва судманд бо Хитой, алалхусус дар иқтисодиёт, қаноатманд ҳастем.
Вусъат ёфтани ин гуна ҳамкорӣ дар давоми 23 соли истиқлолияти кишвари мо дар ҳама бахшҳо ҷавобгӯи манфиатҳои на танҳо ду ҷониб, балки ба нафъи суботу амният ва рушди пойдори минтақа аст ва мо ин равандро чун самти стратегии сиёсӣ ҳадафмандона идома хоҳем дод.
Дар минтақаи Авруосиё мо ҳамкориҳои мустаҳками гуногунҷабҳаро бо Япония, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Туркия ва дигар кишварҳои дӯст тавсеа бахшида, дар қисматҳои дигари ҳамкорӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои бунёди инфрасохтори иртиботиву нақлиётӣ, иншооти гидроэнергетикӣ ва монанди инҳо, роҳандозӣ карда, ба рушди минбаъдаи онҳо манфиатдор хоҳем буд.
Тоҷикистон ҷонибдору ҳавасманди густариши ҳамёрии гуногунҷабҳа бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо мебошад, ки онҳо дар сиёсату иқтисоди дунёи муосир нуфуз ва нақши бузург доранд.
Бинобар ин, зарурати беҳтару хубтар ба роҳ мондани барномаҳои мавҷудаву таҳияшаванда доир ба ҳамкории судманд бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо аз вазифаҳои мубрами сиёсати хориҷии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Мо дар раванди муборизаи фаъол ва муассир бар зидди терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ бо ин кишварҳо ҳамкории босамар доштем ва вусъату тақвият бахшидани онҳо аз ҷумлаи ҳадафҳои мост.
Тоҷикистон имрӯз бо бисёр кишварҳои мутараққии олами араб, аз ҷумла Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Мисри Араб, Давлати Кувайт, Амороти Муттаҳидаи Араб, Давлати Қатар ва мамлакатҳои дигари мусулмон муносибатҳои муфиди дуҷониба ва бисёрҷониба дорад, ки аз ҷумла бар умумиятҳои таърихиву фарҳангӣ ва динии мо асос ёфтаанд. Ҳамкорӣ бо ин кишварҳо дар бахшҳои дигар, аз ҷумла дар кори мубориза бо таҳдиду хатарҳои муосир, дар ҳоли тавсеа ва густариш аст.
Дар шароити имрӯзаи мураккаб ва ҳассоси таърихи башар раванди таҳким ва тақвияти бештари низоми навини муносибатҳои байналмилалӣ бар асоси усулу меъёрҳои возеҳ ва пазируфташуда, ки дар он нақши ҳамоҳангсоз бар уҳдаи Созмони Милали Муттаҳид аст, амри ниҳоят зарурӣ маҳсуб мешавад.
Мо бар онем, ки созмонҳои бузурги байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз қабили Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва дигар ниҳодҳои ҳамкориҳои бисёрҷониба дар тақвияти амалии амният ва субот, татбиқи барномаҳои бузурги иқтисодӣ ва инфрасохторӣ, таъмини раванди густариши равобити халқҳо ва кишварҳо бояд нақши созандатар ва муассиртар дошта бошанд.
Аз созмонҳои байналмилалии молиявӣ низ мо чунин муносибатро интизор дорем, чун дар тӯли ҳамаи солҳои истиқлолият бо Бонки Ҷаҳонӣ, Фонди байналмилалии асъор, Бонки осиёии рушд, Бонки аврупоии таҷдиду рушд, Бонки исломии рушд ва дигар ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ равобити муассир ва фаъоли корӣ доштем ва умедвори идомаи натиҷаҳои хуби онҳо ҳастем.
Тоҷикистон соли равон вазифаи раисиро дар Созмони бонуфузи ҳамкории Шанхай ба уҳда дорад.
Вобаста ба ин, соли ҷорӣ дар назди мо корҳои зиёду муҳиме қарор доранд.
Дар кишвар гузаронидани як силсила чорабиниҳои муҳимми байналмилалӣ, аз ҷумла мулоқоти сарони кишварҳои аъзои созмон, ба нақша гирифта шудааст.
Мусоидати беш аз пеш ба рушду тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва амниятӣ дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай аз ҳадафҳои асосии барномаи кории ҷониби Тоҷикистон ба сифати кишвари раисикунанда мебошад.
Мо чунин мешуморем, ки низоми нави ҷаҳонӣ бояд аз ҷангу низоъҳо, фишору зӯроварӣ, терроризм, ифротгароии сиёсиву динӣ, ҷудоихоҳӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, паҳншавии силоҳи қатли ом бояд комилан орӣ бошад ва бар ҳамкориҳои густурда, баробар ва мутақобилан судманди ҳамаи кишварҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ асос ёбад.
Танҳо дар чунин шароит ва тавассути саъю кӯшишҳои якҷоя метавон дар баробари мушкилоти глобалии замони муосир, аз ҷумла пайомадҳои тағйирёбии иқлими сайёра, фалокатҳои техногенӣ ва экологӣ, ба таври шоиста истодагарӣ кард.
Ҳамин аст, ки Тоҷикистон ба ҳамкориҳои бештар бо кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ дар самти мубориза бар зидди хатарҳои глобалии ҷаҳони муосир ҳамоно манфиатдор мемонад.
Вазорату идораҳоро зарур аст, ки муносибат ва масъулияти худро ба масъалаи таҳия ва иҷрои шартномаҳои байналмилалӣ таҷдиди назар кунанд.
Ҳар як санади ҳамкорӣ бояд воқеӣ, иҷрошаванда ва дархӯри манфиатҳои миллӣ бошад ва ба пешрафти соҳаҳои мухталифи иҷтимоиву иқтисодии кишвар мусоидат намояд.
Бо дарназардошти зарурати такмили фаъолият дар ин самт, инчунин бештар мутобиқ намудани фаъолияти созмонҳои масъули сиёсати хориҷӣ ба Вазорати корҳои хориҷӣ ва сохторҳои марбута супориш дода мешавад, ки таҳрири нави қонун "Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва қонун "Дар бораи хидмати дипломатӣ"-ро омода ва барои баррасӣ ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намоянд.
Дар наздиктарин муддат тасвиб намудани Консепсияи нави сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз тақозоҳои рӯз аст.