Чаро ҷавонони тоҷик ба ҷанги Сурия мераванд?

Сиёсат 15.04.2014 09:25

donishju misrЯк сомонаи интернетӣ, ки ба забони русист ва худро "сомонаи муҳоҷирону ансори Шом"муаррифӣ мекунад, дар баробари ҳалокати як қазоқу як доғистонӣ аз кушта шудани як шаҳрванди тоҷик бо номи зоҳиран мустаори "Абӯ Аҳмад Тоҷикӣ" дар ҷангҳои Сурия хабар додааст. Ин дастикам чорумин шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки дар Сурия кушта шудаанд.

Бино бар ин манбаъ, "Абӯ Аҳмад Тоҷикӣ" зодаи минтақаи Кӯлоби Тоҷикистон буда, баҳори соли 2013 ба Сурия омада ва ба гурӯҳи мавсум ба "Коммандос", бахше аз "Ҷайш-муҳоҷирин -вал- ансор", ки алайҳи нирӯҳои раисиҷумҳури Сурия Башор Асад меҷангад, пайвастааст.

Барои посух гирифтан ба ин суол, ки «Чаро ҷавонони тоҷик ба Сурия мераванд?» ба чанде аз ҳамватанон муроҷиат кардем.

Mehmonshoh SHМеҳмоншоҳ Шарифов, ҷомеъашинос:

- Фикр мекунам ин як фоҷиаи умумимиллист. Ин ҷо рӯҳи замон ва дунёи имрӯзро дуруст бояд шинохт то ин масъалаи печидаро ҷавоб додан тавонем. Ду рӯйдодро бояд шинохт, ки бо ҳам бофтаанд ва сабаби бунёдианд, ки ҷавонони мо ба гуруҳҳои ифротӣ шомил мешаванд ва ба мамлакатҳои дигар барои ҷиҳод мераванд. Пеш аз ҳама заъфи ҷомеа ва заъфи баъзе давлатҳои пасошӯравӣ ва аз ҷумла Тоҷикистон аст, ки таркибҳои ҷомеаро мустаҳкам карда натавонистанд ва сифати ҳаёти мардумро, аз ҷумла ҷавононро ба сатҳи лозим боло бурда натавонистанд. Ба ҷои ташкили ин кори хайр дар ин давлатҳо режимҳои султонӣ ташаккул ёфта истодаанд. Чун сохтмони ҷомеаи навин нест бо чорчӯбаи холии аз шӯравӣ мерос монда ва бо афсонаҳои идеологӣ наметавон ҷавононро "нигоҳ дошт". Яъне фазои солими фарҳангӣ-иҷтимоӣ ва сиёсиро барои ҳама ва бахусус барои ҷавонон ташкил бояд кард, ки онҳо худ дар ҷомеа, ба истилоҳи ҷомеашинос Боурдие (Bourdieu), ба сармояи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дастрасӣ дошта бошанд ва худро ва ҳаёти худро сохтан битавонанд. Ҷавононе, ки огоҳанд ва аз фазои солими фарҳангӣ бурун омадаанд, камтар ба ҳаракатҳои ифротӣ ҳамроҳ мешаванд. Мутаассифона воқеият чунин аст, ки бисёрии ҷавононе ки ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дохил мешаванд, онҳое ҳастанд, ки дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон барои худ ҷой пайдо накардаанд. Биёсере аз ҷавонон дар ҷомеаи худ ноумеданд ва чун берун ҳам мераванд бо донишу таҷрибаи дар Тоҷикистон гирифтаи худ на ҳамаи онҳо метавонанд дар он ҷо низ зиндагии худро ташкил кунанд ва бисёриҳо ба фазои вазнинтаре меафтанд... Ин тарафи дигари масъалаи аст, ки дунёи имрӯз чун ҳама вақт дунёи қудрат ва манфиат аст ва мавҷи ҷаҳонишавии имрӯз, ки марказаш Амрикост, бо назарияи ҳантингтонии бархурди тамаддунҳо такя карда бозиҳои сиёсиеро дар мамлакатҳои исломӣ роҳандозӣ кард, ки ҳосилашро дар Ироқ, Афғонистон ва дигар ҷойҳо дида истодаем. Дар зери шиори "демократия" ба ҷуз куштори мардуми бегуноҳ ва харобиҳо боз қиссаҳои "хавф аз ислом", "терроризми исломӣ", "бунёдгароии исломӣ" ва ғайраро паҳн карда истодаанд ва инчунин худ ҳаракатҳои ифротгароиро ташкил ва дастгирӣ ҳам мекунанд. Сиёсатмардони Осиёи Марказӣ бошанд бо ин афсонаҳо бо мардуми мусулмони худ сиёсатбозӣ мекунанд. Ва табиист, ки дар ин фазои сиёсии зидди исломӣ ҷавонони Тоҷик, ки арзишҳои исломӣ дар вуҷуди онҳост, дар ҳама ҷо мавриди таъқиб ва таҳқир қарор мегиранд ва ё баъзеҳо ба гуруҳҳои ифротӣ ҳам дохил мешаванд. ...Ин фазоест, ки ҳар рӯз куштор аст, ҷангу даргирист ва гуруҳҳое дар ин кор сармоя ҷамъ мекунанд ва ҷавононе, ки ба ин воқеият ва ин фазо дохил мешаванд, танҳо дар фикри "наҷот дар охиратанд"... Ва "наҷот дар охират" арзиши бунёдии исломист шояд барои мӯйсафедони ба нафақа рафта ва нарафтаи мақомоти Тоҷикистон, ки дар расонидани ҷавонони тоҷик ба ин нуқтаи охирин ва сангини ҳаёт саҳм доранд хуб бошад, ки дар бораи охирати худ фикр кунанд, вале на барои ҷавонон. Ба ақл такя карда ҷомеаи солимро бояд сохт, ки ҷавонони мо танҳо дар фикри гурехтан аз Тоҷикистон ва "наҷот дар охират" набошанд…

Sadi Mahdi 1Саъдии Маҳдӣ, устоди ДМТ:

- Аввал дидан даркор, ки ҳамин ҷавонони гумонбаршуда доғи судӣ доранд? Агар чунин бошад, пас ҳатман дар зиндонҳои Тоҷикистон, ки пур аз салафианд, мағзи онҳоро бо вируси салафӣ пур кардаанд. Агар дар Русия муздурӣ рафта бошанд, пас дар ин ҷо саҳми салафиёни русиягӣ калон аст. Дар ҳар ду сурат, салафиён доранд мағзи мардумро бо ақидаҳои ботили худ заҳрогин мекунанд. Чи бояд кард?

Нахуст, зиндониёни бо ҷурми салафигӣ маҳкумшуда бояд аз дигар маҳбусон ҷудо нигоҳ дошта шаванд. Дигар муздуроне, ки ба Русия мераванд, бояд зери назорати давлат бошанд, зеро хориҷиён метавонанд аз онҳо дар ҷанги Сурия истифода бубаранд. Ба ақидаи мо мардумро бояд фаҳмонд, ки сухани паёмбар(с) аст, ки "Бо аҳли қибла душманӣ накунед". Ин ягон хел ҷиҳод нест. Наход "муъмин бародари муъмин бошад"-у боз барои куштани вай камар бандад. Муллоҳои суннатии моро лозим аст, ки минбари ҳанафиро аз худ кунанд ва тарғиби ғояҳои ҳанафиро ба роҳ монанд.

Qodirshoi MuruvvatҚодиршои Мурувват, сардабири нашрияи тоҷикии «Паёми Ала-Тоо», Бишкек:

- Ахиран дар як мизи гирд, ки дар Бишкек баргузор гардид,  коршиносон ба сароҳат таъкид карданд, ки ҷалби сокинони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба мухолифатҳои мусаллаҳонаи Сурия ба субот ва амнияти минтақа метавонад таъсири манфӣ боқӣ гузорад. Дар ин росто рақаму омор оварда мешавад ва тибқи гузоришҳои мақомоти марбутаи Қирғизистон дар ҳудуди 150 шаҳрвандони ин ҷумҳурӣ аз масири мухталиф ба Сурия сафарбар шудаанд. То кунун мушахассоти 52 нафари онҳо таъйин шуда ва мақомот ба таҳқиқу баррасии дастандаркорони ин амали ноҷоиз иқдом карданд.

Ба назари ман омилону саркардагони ҷазби ҷавонон, асосан ба масоили ихтилофҳои мазҳабӣ такя мекунанд ва қазияро дар Сурия тавре ҷилва медиҳанд, ки гӯё дар ин кишвар ҷанг миёни муҷоҳидин бо режими дунявии Башор Асад мебошад. Аз ин роҳ руҳияи ҷавонони камтаҷрубаро таҳрик намуда, онҳоро ба коми марг ва хушунат тела медиҳанд. Албатта, дар ин ҷо боз омилҳои дигаре низ мавҷуд мебошад, ки қолаби пешниҳодкардаи масъулини ин нашрия арзи ҳамаи онро имкон намедиҳад. Вале гумон мекунам ҷанбаи молӣ ва ба даст овардани пул низ дар ирсоли гуруҳи ҷавонони минтақаро наметавон истисно кард.

Дар шароите, ки авзоъи дунё ба дунболи сард шудани муносиботи Русия бо Ғарб тағйир меёбад, масъулони кишварҳои минтақаи моро лозим аст қазияи фавқулзикрро таҳти омӯзиш ва баррасии доимӣ қарор бидиҳанд. Зеро хуруҷи неруҳои низомии паймони НАТО аз хоки Афғонистон дар соли ҷорӣ ба таҳаруки гуруҳҳои тундраву ифротӣ дар наздики марзҳои кишварҳои ҶКҲ оварданаш мумкин аст.

Akram SangovАкрами Санг, хабарнигор:

- Мувофиқи маълумотҳои мавҷуда дар ҷанги шаҳрвандии Сурия ба муқобили ҳукумати Башор Асад зархаридон аз 70 кишвари ҷаҳон меҷанганд. Ду сабаби иштирок кардани шаҳрвандони хориҷӣ (аз ҷумла ҷавонони тоҷик) дар ҷанги шаҳрвандии Сурия мавҷуд буда метавонад; яке ба хотири ба даст овардани маблағҳои калони пулӣ ва дигаре бар асари пайравии ҷоҳилона ва кӯр-кӯрона ба ақидаҳои фиребандаи иртиҷоӣ. Дар ҳар ду ҳолат ҳам набудани саводи кофӣ ва дарку тасаввуроти дуруст боиси ба доми "вербощик"-ҳо афтидани ҷавонон мегардад. Аз ҳамин сабаб гунаҳкори асосӣ на ин ҷавонон, балки гурӯҳҳое мебошанд, ки дар аксари кишварҳои ҷаҳон нимпинҳониву нимошкоро (ба восиати саҳифаҳои интернетии иҷтимоӣ) ба таблиғу ташвиқ ва ҷалб кардани ҷавонон ба ҷанги Сурия машғул ҳастанд. Метавон гуфт сарзамини Сурия, мардуми Сурия, ҳукумати Сурия ба майдони муборизаҳои беамон, мусаллаҳона ва арсаи намоиши "ҳунарҳо"-и хадамоту сохторҳои махсуси абарқудратони ҷаҳонӣ мубаддал гаштааст. Ҷавонони тоҷик низ фирефтаи таблиғоту ташвиқоти дуруғини "коргардонҳои пинҳонӣ"-и ин набард шуда ҷони азизи худро барҳадар аз даст медиҳанд, ки боиси таассуф, шарм ва маломат мебошад.

Munavvari MunavarzodМунаввар Мунавварзод, рӯзноманигор:

- Аҳмақанд…

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97