Назарсанҷӣ

Шумо ба шаффофияти имтиҳоноти кадом яке аз ин марказҳо боварӣ доред?

Маркази миллии тестӣ - 51.8%
Маркази “Дурахшандагон” - 3.7%
“Россотрудничество” - 4.3%
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (УЦА) - 22%
Филиали Донишгоҳи давлатии Москва (МГУ) - 4.9%
Дигар - 13.4%

Мурдахоки толибонро кӣ обёрӣ мекунад?

Сиёсат 10.04.2014 16:51


Karzay jinaКарзай - «д
ӯсти нодон»-и Амрико

Бо наздик шудани бурунрафти нируҳои Ғарб аз Афғонистон гуфтугуҳо перомуни бардошту натиҷаҳо аз ин мудохилаи фарогири низомӣ низ ҳассосияти бештар пайдо мекунанд. Вале агар хоҳем ин ҳама бардоштҳоро бо як ҷумлаи мухтасар ҷамъбандӣ кунем, ҳамоно эътирофи талхи Роберт Гейтс - собиқ вазири дифоъи Амрико ба хотир меояд: "Ҷанге иштибоҳӣ, дар кишваре иштибоҳӣ ва бо неруе иштибоҳӣ". Ва охирин хулосаи  таҳқиқоте ҳам, ки дар ин замина анҷом шуда "Даҳ иштибоҳи умдаи ҷанги Амрико дар Афғонистон" унвон дорад, ки аз суи нашрияи бонуфузи "Forein Policy" анҷом гирифтааст. Вале ба назари инҷониб чунин мерасад, ки муаллифони ин "Иштибоҳнома" аз як иштибоҳи қобили мулоҳизаи Амрико сарфи назар кардаанд, ки он ба хотири пайванди мустақимаш бо ағлаби иштибоҳоти баъдӣ мебоист дар сархатти ин номгӯй қарор мегирифт. Бале, сухан аз хусуси ҷалолатмаъоб Ҳомид Карзай меравад - шахсияте камзарфият, беҷуръат, сустаносир, орӣ аз хиради сиёсӣ ва давлатдорӣ, дастнишондаи Амрико ва Ғарб. Шахсияте, ки шояд дар оғоз то ҷое ба хостаҳои Амрико созгор буд, вале дар фарҷом ин маъмуриятро ба ҷое кашонид, ки суҳбат аз хусуси "иштибоҳ", "шармандагӣ", "фиаско" ва "шикаст" меравад. Воқеан;

Душмани доно баландат мекунад,

Бар заминат мезанад нодон дӯст…

Гуфтугуҳо роҷеъ ба "нодон дӯст"-и Амрико будани Карзай дар маҳофили сиёсии Ғарб хеле барвақт шуруъ шуда буд. Боз ҳам руҷуъ мекунем ба Роберт Гейтс - шахсияте таъсиргузор дар афкори сиёсии дунё, ки ба ҳайси вазири дифоъи Амрико ҳамкории танготанге бо президент Карзай дошт. Ӯ дар китоби охираш бо номи "Маъмурияти як вазир", ки ғолибан ба ҳаводиси Афғонистон бахшида шуда, он ҷо ки сухан аз хусуси ҳамкориҳояш бо Раисҷумҳури Афғонистон меравад, мегӯяд: "Карзай аксар вақт мехост ин фикрро ба ман талқин кунад, ки қатлу кушторе, ки дар Афғонистон сурат мегирад, на аз ҷониби "Ал-қоида", на аз ҷониби Толибон, балки тавассути қувваҳои самти Шимол- "фиристодаҳои Путин" роҳандозӣ мешаванд."

Хайр, гуфтем, ки ин ва ин қабил гуфторҳои сиёсатмадорони амрикоӣ, ҳамчуноне хосашон ҳаст, ҷанбаҳои тафриқаандозӣ доранд, мехоҳанд миёни миллиятҳо, ақвом, мазҳабу равияҳои динӣ низоъ барангезанд ва аз ин роҳ ба хостаҳои худ осон даст ёбанд. Вале раванди ҳаводис дар Афғонистон, мавзуъоте, ки дар маҳофили сиёсӣ ва васоити ахбори кишвар матраҳ мешаванд, ҳоки аз онанд, ки Карзай ва дастгоҳи ҳукуматии ӯ дар марҳилаи барои ин сарзамини ҷафокашида ҳассосу пурмасъулият, ҷои он ки мардуми бе ин ҳам парешону нобасомонро дар пешорӯи душмани ягона - Толибон басич кунанд, масоили моҷаробарангези миллӣ, нажодӣ, қабилавӣ ва забониро доман мезананд.

Гуфтори болоии Ҳомид Карзай дар гӯши "хоҷа"- и амрикоияш, агар "пустлох"-и дипломатиашро дур андозем, амалан чунин маъно дорад; душмани мову шумо аслан толиб (хонда шавад; қавми паштун) нест, балки мардумони шимоли кишвар -тоҷикон, узбакҳо, ҳазораҳо, туркманҳоянд, алайҳи онҳо бояд ҷангид...

Қазияи зиндони Багром дергоҳе аз мавзуъоти дандоншикан дар муносиботи миёни шахси Ҳомид Карзай ва ситоди фармондеҳии неруҳои Амрико дар Афғонистон буд. Ҷониби Амрико, ба ин далел, ки хатарноктарин ҷинояткорон, аз ҷумла саркардагони Толибон дар ин зиндон нигаҳдорӣ мешаванд, намехост назорату масъулияти онро ба ҷониби Афғонистон биспорад. Вале ҳукумат ва шахсан Раисиҷумҳур (дар ҳоле ки қариб нисфи мамлакат ҳам зери назораташ нест-муаллиф) ин мавзуъро то ба сатҳи гуфтушунидҳои мақомоти олии ду кишвар бароварда, бо пофишориҳои бесобиқа ин зиндонро таҳти назорати худ гирифт. Фикр мекунед, ҳадаф аз ин ҳама моҷаро чи буда? Тибқи гузориши вежаи ситоди фармондеҳии Амрико баъди таҳти назорати ҷониби Афғонистон қарор гирифтани зиндони Багром бо як амри Раисҷумҳур 88 нафар ҷангиёни аршади Толибон, ки дар ҷиноёти хунин муҷрим дониста шудаанд, раҳо гардиданд. Гузориш таъкид мекунад, ки ҳама раҳошудагон, бидуни истисно, аз қавми паштун ва аҳли ҷануби кишвар будаанд, ки баъди раҳоӣ боз ба суфуфи Толибон пайвастаанд. Сенаторон Линдсей Грахам ва Ҷон Маккейн - ду тан аз бонуфузтарин сиёсатмадорони Амрико, ки барои "кашидани риштаи пой"- и Карзай ба Кобул сафар доштанд, ин иқдоми дастнишондаашонро "осебе ҷуброннопазир дар равобити миёни ду кишвар" арзёбӣ карданд.

Душмании "Кадушоҳ" -Карзай бо забони порсӣ

Агар фаротар биравем ва ёдамон бошад, ки тибқи гузоришҳои расонаӣ асноди боз 650 нафар толиби зодаи ҷануби Афғонистон барои раҳоӣ аз ин ва дигар зиндонҳо дар ҳоли омода шудан ҳаст, ин иқдоми ғайрихирадмандонаи Ҳомид Карзайро метавон "осебе ҷуброннопазир" дар муносиботи бе ин ҳам пурташаннуҷи миёни ақвому қабоил ва обастани танишҳои ояндаи миллию нажодӣ дар ин кишвар номид.

Сиёсатҳои носолим ва орӣ аз хиради давлатдории Ҳомид Карзай фақат дар умури сиёсӣ, низомӣ ва ҳуқуқӣ не, балки дар дигар соҳоти ҳаёти ҷомеаи имрӯзи Афғонистон, ба хусус, забон, илму фарҳанг низ ба мушоҳида мерасанд. Қароре бо номи «...дар бораи мамнуъияти истифода аз забонҳо ва лаҳҷаҳои бегона ва калимоти номаънус» (манзур дар асл ҳамоно забони порсист) - ро метавон яке дигар аз амрҳои "кадушоҳона"- ҷалолатмаъоб донист, ки ба эътирозҳои шадиде дар дохил ва хориҷи кишвар рӯ ба рӯ гардид.

Амрико, Покистон, Толибон - секунҷаи ноамнӣ дар минтақа

Бо наздик шудани хуруҷи неруҳои эътилоф аз Афғонистон доманаи  гуфтугуҳо, ҳадсу гумонҳо перомуни мавзуи амнияти ҳамсоякишварҳо, минҷумла Тоҷикистон, густурдатар мегардад. Оё баъди бурунрафти сипоҳи  НАТО ва Амрико ҷунбиши Толибон, ки худро ягона неруи пирӯз дар ин набарди беш аз даҳсола эълон медорад, бо чи стротежие ба майдони бозиҳои ояндаи  сиёсии перомуни Афғонистон ворид хоҳад шуд, чи мавқеъ хоҳад дошт ва муносиботи Ғарбу Амрико бо он чи сурате пайдо хоҳад кард(?) аз ҷумлаи суолоте ҳастанд, ки дар доираҳои сиёсӣ ва миёни мардуми минтақа бо нигаронӣ ва хавотирӣ матраҳ мешаванд. Муҳимтар аз ҳама, ҳукумати ояндаи Афғонистон, ки баъди интихоботи қарибулвуқуъи Раёсатиҷумҳурӣ сари кор меояд, чи муносиботеро бо ин неруи харобкор ва аҳриманӣ пеш хоҳад гирифт; душманӣ, созиш, ҳамкорӣ ё шояд дӯстӣ?... Ба ҳар сурат, сарнавишти ояндаи кишвар, самти ҳаракати он билохир сари ҳамин мавзуъ гиреҳ мехурад - бо Толиб ё бидуни Толиб!?

Дергоҳест, ки дар васоити ахбор миш-мишҳое аз хусуси гуфтумонҳои пасипардагии Раисҷумҳури феълии Афғонистон Ҳомид Карзай бо Толибон садо медиҳад. Метавон фақат ҳадс зад, ки чи масоиле дар ин гуфтугузорҳо мавриди баҳс қарор мегиранд. Муҳимтарин мавзуъ метавонад сарнавишти ояндаи ҳарду ҷониб баъди интихобот ва пас аз бурунрафти неруҳои хориҷӣ бошад. Бархурди барбариёна ва даҳшатбори Толибон бо Наҷибулло, аъзои хонавода ва ҳукумати ӯ ҳанӯз аз хотирҳо зудуда нашуда ва яқинан муҷиби шабҳои бехобӣ, ташдиди асабоният ва чашму абру паронданҳои зиёди Раисҷумҳур гардидаанд.

Аз ҷониби дигар, мавзуи имзои Созишномаи амниятиро бо масъалаи гуфтушуниди сулҳ миёни Амрико ва Толибон гиреҳ додани Ҳомид Карзай метавонад баёнгари он бошад, ки ӯ дар ин васат чи фишорҳо ва соишҳоеро аз суи Толибон мутаҳаммил мешавад. Вагарна чи метавонист боис шавад, ки Карзайи то ба ин наздикиҳо нарму фармонпазир ба якборагӣ ҷелакашро чаппа пушид ва бо вуҷуди фишорҳои бесобиқаи Амрикою Ғарб "ду поро ба як муза андохта" қотеъона изҳор медорад, ки Созишномаро фақат ба шарте имзо мекунад, ки Амрико бо Толиб сари мизи музокирот биншинад. Маълум, ки ин фикри "оқилона"- ва "дурандешона"-и худи Карзай нест, шарт ва талабест, ки аз суи Толибон ва пуштибонҳояшон дар Покистон ба миён гузошта шудааст. Ба музокирот пайвастани Амрико бо Толибон чунин маъно дорад, ки аввалан он ҳамчун неруи пируз эътироф гардад, бо ҳама пайомадҳое, ки аз ин эътироф бармеояд; дуввум - ҷунбиши Толибон дар сарнавишти ояндаи Афғонистон саҳим дониста шавад. Саҳим донистани чунин неруе ифротӣ ва мусолиматнопазир амалан роҳро барои ба бозигари асосӣ дар саҳнаи сиёсии Афғонистон бадал шудани он ҳамвор месозад.

Ҷенерол Мушарраф дар гӯши ҷенерол Поуэл чи гуфт?

Ҳоло бармегардем ба он суоле, ки дар оғози мақола ба он ишора кардем: Оё Толибон ҳамчун неруи низомӣ ва идеоложӣ ин қудрат ва тавонмандиро доранд, ки фазои амниятиро дар ин канори рӯди Ому ба ҳам бизананд, ва ё халалдор бисозанд? Инҷо бояд иқрор кунам, ки дар мавриди қисмати аввали суол- имконоти неруи низомии ин ҷунбиш ба маълумоти дақиқе даст ёфтан кори саҳл нест. Ҳатто дар сатҳи мақомоти баландпояи Амрико ва НАТО ҳам, вақте аз ин хусус сухан меравад, кадом маълумоту арқоми дақиқеро ба забон намеоранд, аз ҳадсу гумон кор мегиранд. Вале агар хоста бошем ба ин суол посух биҷӯем, ки чаро ин "деви ҳафтсар" бо вуҷуди ин ҳама рӯёрӯӣ бо қудратҳои бузурги ҷаҳонӣ мурданӣ нест, ҳамоно бо шигифтангезтарин парадокс дар таърихи сиёсатҳои ҷаҳонӣ рӯ ба рӯ мешавем; маҳз ҳамин Амрикост, ки ҳанӯзам риштаи нофи ин "тифли булаҷаб" бо ҷисму ҷонаш пайванд аст, ҳамин Амрикост, ки ба шарёнҳои касифаш мунтазаму аладавом хуни тоза ворид месозад, ба умраш бақо мебахшад. Ба чи маънӣ? Ҳоло бидуни он ки ба ҷанбаҳои дигари сиёсатҳои геополитикии ИМА дар минтақа ворид шавем, ёдовар мешавем, ки ин кишвар бо расондани солона 3-4 миллиард доллар кумак иқтисоди кишвари Покистонро, минҷумла неруҳои низомӣ ва амниятии онро "зинда" нигоҳ медорад. Покистон ва Исроил - бузургтарин "тайёрхурон"-и хони Амрико - фоҳиштарин вайронгарони амнияти дунё! (маъзарат барои гурез аз мавзуъ...-муаллиф.)

Яъне агар ҳама ин рангбозиҳои дипломатиро як су андозем ва қартаҳоро боз бикунем, мебинем, ки Амрико, амалан, худ бо худаш дорад ҷанг мекунад. Чизе ки дар ин муаммои сарбаста мусаллам ҳаст, ин аст, ки Амрико ва Покистон дар ҷанги Афғонистон манофеи мухталиф доранд ва аҳдофи гуногунро дунбол мекунанд. Амрико мехоҳад бо саркуб кардани гуруҳҳои тундрав ва террористӣ, аз қабили Толибон ва Ал-Қоида суботро дар ин минтақа барқарор ва барои бароварда сохтани соири аҳдофи геополитикии хеш фазои мусоидро фароҳам биоварад. Аммо Покистон, билкул баръакс, мехоҳад бо истифода аз ин неруҳои ифротӣ ва бо дастони онҳо вазъро дар Афғонистон (ва дар тулонимуддат ҳам- муаллиф) буғранҷ нигоҳ дорад, нуфуз ва контролашро дар ин кишвар ва статуси бозигари таъсиргузор буданашро дар минтақа таҳким бубахшад, ки ин ҳама дар маҷмуъ ба манофеи иқтисодӣ, сиёсӣ ва геополитикиаш созгор мебошанд.

Фикр мекунед, Амрико аз ин воқеият бехабар аст? "Мо дар муносибатамон бо Покистон хеле сабур будем. Бо вуҷуди далоили возеҳ, ки шабакаи Ҳаққонӣ ва дигар гуруҳҳои террористии дар қатлу куштори аскарҳои амрикоӣ гунаҳкор аз сипоҳи ҳукуматӣ ва хадамоти ҷосусии Покистон дастгирӣ меебанд, мо аз кумакҳои ҳангуфти иқтисодӣ ва низомӣ ба ин кишвар дареғ намеварзем. Ин ҳолатро тағйир бояд дод." (Аз гузориши сенаторон Ҷон Маккейн ва Лидсей Грахам ба сенати Амрико, 6 декабри с. 2011.) Вале бо гузашти ин ҳама сол ва бо вуҷуди далоили густурда роҷеъ ба ҳамдастии доираҳои ҳукуматӣ ва низомию истихборотии Покистон ба гуруҳҳои террористӣ, ҳатто бо вуҷуди он ки душмани шумораи аввали Амрико Осама бен Лодин таҳти пушишу ҳифозати неруҳои мусаллаҳ ва ҷосусии ин кишвар, дар зери бинии онҳо буду бош мекарда, вазъ тағйир намехурад ва миллиардҳо доллари Амрико ҳанӯз ҳам ба иқтисоди Покистон ва аз ин роҳ ба шарёнҳои касифи Толибон ва Ал-Қоида ҷорист. Чаро? Ин суол метавонад як не, чанд посухи эҳтимолӣ дошта бошад.

Аввалан, бо зиндаву фаъол нигоҳ доштани ин гуруҳҳои мусаллаҳи даҳшатафкан Амрико мехоҳад имконияти истифодаи онҳоро дар моҷароҳо ва чолишҳои "зери хокистар ниҳон"- и ояндаи ин минтақа, аз ҷумла дар робита бо Ирон, масоили ҳамеша доғи курдҳо, балуҷҳо, паштунҳо ва шояд ҳамчун абзори дахолат ба фазои манофеи стротежии ҳарифи бунёдиаш Русия дар Осиёи Марказӣ ҳифз намояд (ҳамчунон, ки дар ҷанги Афғонистону Шӯравӣ аз онҳо истифода кард - муаллиф).

Дуввум, баъзе тадқиқотҳои ҷиддии журналистӣ ҳокӣ азонанд, ки шабакаи хеле қудратманди ҷосусии Покистон (ISI) дар доираҳои сиёсӣ, ҳукуматӣ ва низомию ҷосусии Амрико ва ҳамчунин, созмонҳои таъсиргузори байналмиллалӣ, аз қабили Бонки ҷаҳонӣ, лоббии неруманде дорад, ки аз манофеъи Покистон ҳимоят мекунад. Фақат ду мисоли мухтасар: Ҳанӯз соли 2001, дар шуруъи корзори Амрико дар Афғонистон зимни яке аз барномаҳои таҳлилии CNN, ки сухан аз хусуси вазъ дар Афғонистон ва ташкили ҳукумати ҷадиди баъди фирори Толибон меравад, собиқ муншии давлатии Амрико Колин Поуэлл чунин иқрор мекунад: "Ман дирӯз бо Раисиҷумҳури Покистон генерал Парвиз Мушарраф дар ин робита суҳбати тӯлонӣ доштам ва ӯ ба ман ин фикрро талқин мекард, ки паштунҳо дар Афғонистон 85 (?) дарсади аҳолиро ташкил медиҳанд ва Толибон намояндаи ин қавм ҳастанд, биноан онҳо, ба ҷуз чанде аз саркардаҳои саркашашон, бояд дар ҳукумати ҷадид мутаносибан саҳим бошанд." Як тадқиқоти журналистии шабакаи телевизионии "Ориёно" дар Амрико бо овардани ин ва чандин далоили ҷиддии дигар собит месозад, ки чи гуна шабакаи истихборотии Покистон бо мақсади пиёда кардани аҳдофи худ ба василаи мақомоти аввали кишвараш доираҳои зисалоҳи Амрикоро ба иштибоҳ мекашонад.

Чандин тадқиқоти дигар, аз ҷумла дар нашрияи бонуфузи Фейнейшнел Таймс (19 августи с. 2003) аз он ҳикоят мекунанд, ки чи тавр Шоҳид Ҷовид Баракӣ - собиқ муовини аввали раиси Бонки Ҷаҳонӣ ва собиқ вазири молияи Покистон бо ҳамдастии собиқ корманди масъули ҳамин бонк, собиқ вазири молияи Афғонистон ва алъон довталаби сафи аввали курсии Раёсатиҷумҳурии ин кишвар Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай аз тариқи ба бозӣ даровардани мақомоти таъсиргузори Амрико ва Бонки Ҷаҳонӣ бо баҳонаи дурӯғини рушд додани ҳавзаи паштуннишини ду самти Хати Дюранд миллиардҳо доллар сармояро ба ин минтақа сарозер кардаанд, ки ҳиссаи азимаш ба ҷайбҳои худашон, генералҳои ҳамдаст, ва саркардагони жулидариши Толибону Ал-Қоида рафтааст... Беҳуда ҳам нест, ки оқои Ашраф Ғанӣ, ки ӯро мушовири пасипардагии Ҳомид Карзай ҳам меноманд, сулҳ бо Толибон ба ивази тақсими ҳукуматро (яъне амалан ба сари қудрат овардани Толибонро-муаллиф) муҳимтарин ҷузви барномаи ояндаи Раёсатиҷумҳуриаш (дар сурати пирӯзӣ- муаллиф) маҳсуб медонад.     

Дар хами паскӯчаҳои торики ҷаҳолат

Мерасем ба баррасии ин суол, ки оё Толибон баъди берунрафти неруҳои хориҷӣ ин қудрат ва имкониятро хоҳанд дошт, ки марзҳои кишварҳои ҳамҷавори Афғонистонро но-ором ва ба умури дохилии онҳо дахолат кунанд. Посух ба ин суол аз назари ин ҷониб метавонад ба тариқи зайл бошад: На, дар кутоҳмуддат наметавонанд. Ба хотири ин ки Толибон ҳоло он гуруҳи басиҷу неруманде, ки 10-12 сол пеш буд, нест. Тайи ин муддати рӯёрӯӣ бо неруҳои Амрико ва НАТО ба ҳар ҳол хеле саркуб шудаасту дамаш нишаста. Дигар ин ки ҳоло он ҳамкорию ҳамсангарие, ки қаблан миёни Толибони Покистону  Афғонистон буд, вуҷуд надорад ва онҳо манофеи мухталифро дунбол мекунанд. Бозигароне ҳам, ки қаблан инҳоро ба бозӣ дармеоварданд, аз ҷумла шабакаи истихборотии Покистон, ҳоло ниқоб аз чеҳраҳояшон афтидаву аҳдофашон ошкор гардидааст. Феълан ин гуруҳи террористӣ рӯбоҳи пири захмхурдаеро мемонад, ки мехоҳад бо ҳамлаҳои ғофилгиру дуздона ё бо фиребу найранг ба аҳдофаш бирасад...

Вале дар дарозмуддат, бо фароҳам омадани фазою авомили барояш мусоид, ҷунбиши Толибон метавонад "ҷон бигирад", фаъолтар бишавад, ба манотиқи дигари Афғонистон, аз ҷумла, шимоли кишвар панҷа биёзонад ва ҳамин тавр, доманаи  таъсироти харобкоронаашро то ба марзи кишварҳои ҳамсоя тавсиъа бубахшад. Ин авомили мусоид чи метавонад бошад?

Пирӯзии яке аз ин номзадҳои Раёсатиҷумҳурӣ, ки сулҳ бо Толибон ва ба ҳукумати ояндаи Афғонистон ворид кардани онҳоро ҷонибдорӣ мекунад, махсусан Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, ки тибқи назарсанҷиҳо аз шонси бештаре ҳам бархурдор мебошад.Чаро махсусан ӯ? Ба хотири ин ки, аввалан доктор соҳиб Аҳмадзай аз тӯлонимуддат гирифтори "дард"-и бедавои қавмпмрастисту Толибонро "мудофеъони манофеи паштунҳо" медонад. Дуввум, мафкурааш дар дастгоҳи майнатозакунии шабакаи ҷосусии Покистон "обдида" шудааст. Саввум, алянси ӯ бо ҷангсолори узбак Абдурашиди Дустум ва ба ӯ додани курсии муъовинати Раёсатиҷумҳурӣ, тибқи бардошти таҳлилгарон, ҷуз назарфиребӣ ва гул задану тақсим кардани мардуми шимоли кишвар чизе нест. Чаҳорум, ҳамчуноне таърихи начандон тӯлонӣ шаҳодат медиҳад, Толибони ифротгар неруе нестанд, ки бо додани даст қаноат кунанд, аз оринҷ меқапанд. Бо ёфтани андаке "ҷойи пой" дар ҳукумат, тамоми онро зери таъсир ва нуфузи худ қарор медиҳанд. Махсусан, бо назардошти ин ки оқои Ашраф Ғанӣ, ба шаҳодати васоити ахбор, дерест аз маризии саратони меъда ранҷ мебарад ва қудрату ҳавсалаи бо касе панҷа нарм кардан ҳам наметавонад дошта бошад, ин масъала шояд дар оянда ҳассосияти вижае касб намояд.

Омили дигари таъсиргузор ба сарнавишти Толибон, метавонад ҳамоно бознигарии ИМА ба сиёсатҳояш дар ин минтақа, махсусан, дар қиболи Покистон бошад. Агар Амрико мехоҳад воқеан дар ин қаламрав, ҳамчуноне шиор мезанад, суботи пойдор густариш ёбад, бояд дархури ҳамин гуфтораш амал намояд; кумакҳои якҷониба ба режими Покистонро қатъ кунад, аз нақшаҳои муғризонаи густариш додани доманаи манофеи ҷуғрофиёӣ- сиёсиаш даст бардорад ва ба оташи сабқати таҳти нуфузи хеш даровардани манотиқи бештару бузургтар бо дигар абарқудратҳо, махсусан бо Русия, равған нарезад.

Омили саввум ва муҳимтаринро, ба назари инҷониб, дар фазои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқию маърифатии дохили ҳар кишвар ҷустуҷӯ мебояд кард. Толибон мисли ҳар падидаи ифротгароёна, қабл аз ҳама, дар муҳити ҷаҳолат, бедонишӣ ва хурофот реша меронад, густариш меёбад, мисли зангзадагӣ дар оҳан ё шӯра дар хок. Биноан, ҷиддитарин хатаре, ки ба ояндаи кишвари худамон таҳдид мекунад, эҳтимоли ҳамлаи Толиби ифротгар нест, балки тамоюли ифротишавии ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки аз ҷаҳолати мардум маншаъ мегирад.

Бубинед, дар ин ки "идеолужӣ" ва "маърифат"-и (агар барбариятро маърифат гуфтан ҷоиз бошад!-муаллиф) толибонӣ бо Исломи ноб ҳич умумияте надорад ва аксар маврид хилофи он ҳам ҳаст, ҳич ҷойи тардид нест. Вале чаро он дар як хиттаи бузурге аз дунёи мусалмоннишин ба ин соддагӣ ва сароҳат нуфуз кард, реша давонд (агар омилҳои сиёсӣ, низомӣ ва иқтисодиашон, ки пештар зикрашон рафт, сарфи назар шаванд- муаллиф)? Зеро ин қаламрав - камарбанди паштуннишини ду ҷониби хати Дюранд, аз ҷаҳолатзадатарин манотиқи мусалмоннишини дунёст. Тибқи як гузориши Бонки Ҷаҳонӣ дар соли 2001, ки бар пояи он, чуноне пештар ишора кардем, барои рушди минтақа миллиардҳо доллар тахсис дода шуду амалан ҳич коре сурат нагирифт (ба ҷуз бунёди чанд мактабе, ки баъдан аз суи Толибон ба хок яксон шуданд-муаллиф), 85 дарсади мардуми инҷо ба куллӣ бесавод будаанд...

Чун киштии белангар...

Бо он ки ин тамоюлоту гаравишҳои хавотирангез дерест, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон бо сароҳат ба мушоҳида мерасанд, вале ба ҷуз кушишҳои камҷуръатонаи андаке, аз ҳич гӯшае бонги хатар, садои эътироз баланд намешавад. Мақомот, созмону дастгоҳҳое,  ки аз ҷумла масъулияти таҳлилу баррасии равандҳои ҷомеъаро ба душ доранд, аз қабили Фарҳангистони улум, Маркази тадқиқоти стротежӣ, Вазоратҳои фарҳанг, маъориф, кумитаи дин, мақомоти иҷроияи маҳалҳо ва ғайра, дар қиёс ба суръати ҷаҳолатзада шудани ҷомеъа, дар апатия (бетафовут)-и комил ба сар мебаранд.

Шумо боре ба шабакаҳо ва сомонаҳои интернетӣ - оинаи афкор ва андешаҳои мардум сар бизанед. Аз ворид шудан ба бисёре аз онҳо пушаймон мешавед ва мегӯед "сарамро бигирам ва аз ин торикистон, аз ин дунёи барбарият фирор кунам"...

Аз бадтаринашон не, аз беҳтаринашон мисоле мезанем: Сомонаи интернетии Turajon.org, ки муштарии зиёд дорад, дар ибрози ақида аз эҳтиёти қобили мулоҳизае кор мегирад, аз ифротгӯӣ ва зиёдаравӣ то андозае канора меҷӯяд. Вале бо вуҷуди ин ҳама эҳтиёту ҳадшиносӣ ҳар ҷо- ҳар ҷо маводе, шарҳу тафсире, ҳукмею фатвое буруз мекунад, ки Толибон метавонистанд бо қаноатмандӣ рӯи онҳо муҳри сиёҳи "Made in Tolibon"- ро пахш намоянд.

Муддате чанд наворе дар You Tube сайр мекард, ки дар он эшони Нуриддинҷон муаллимеро (ба хотири ин ки ба оташ дигарбора рӯған нарезем, аз овардани номаш худдорӣ мекунем-муаллиф) ба истилоҳ "говсуд" мекарданд - ба услуби "тройка"- и сталинӣ (фарқ ин буд, ки дар муҳокимаи "тройка" хадди ақал се нафар ширкат мекард-муаллиф), вале инҷо эшон тани танҳо ҳукм содир мекарданд. Нахуст номаҳоеро аз номи "меҳнаткашон" ("ташкилӣ" будани онҳо рӯшан ба назар мерасид-муаллиф) қироат карданд, ки аз хусуси "ҷиноят"-ҳои муаллим ҳикоят мекарданду аз эшон хостаанд "то ин муаллими номуҳтарамро ба ҷояш биншинонанд". Сипас, ба хотири ин ки ба масъала "вазн"-у тобиши сиёсӣ бидиҳанд, баъди руҷуъе ба  ҳадисхои Паёмбари Ислом, аз маросими ҳаҷро ба ҷо овардани Раисҷумҳуру ҳамсарашон ёдовар шуданд, ба таърихи Ислом "фуру" рафтанд ва қиссаи аз тарафи саҳобагон ба қатл расидани пешвои яҳудиёни Мадина ба хотири беэҳтиромиаш ба Паёмбарро далел оварданд. Замоне ки шуру валвалаи эҳсос миёни сомеъонашон ба ҳадди лозим хуруҷ кард, ҳукмро эълон карданд: "Ҳой фалонӣ, ту саги лаъин, нокас, кофири ҳаром, бо ҳукми Худо, ҳукми Ислом ту муртад ҳастӣ - нонат ҳаром, никоҳат ҳаром, занат бар ту ҳаром! Садқаи номи муаллим шавӣ, ҳайфи падару модаре, ки туро ба дунё овард! Ту як миллиард мусалмонро таҳқир кардӣ! Раисҷумҳур ва ҳамсарашонро таҳқир кардӣ! Ҳукми Худо, Ҳукми Ислом ҳаст, ки сазои ту барин хоин қатл аст! Вазири маъориф, раиси ноҳия, Раисҷумҳур фардо ба хотири ин кори ту дар назди Худо ҷавоб мегӯянд! Ҳой мардум, агар шумо ҳам хомӯш истед, ба Худо қасам, фардо Пайғамбар рӯтона нигоҳ намекунад! Ман аз нооромии Ҷумҳурӣ метарсам, вагарна чунон шӯре хезонам, ки... ва ғайра ва ҳоказо..."

Ҳоло мо намедонем, ки баъди ин муҳокимаи оммавӣ сарнавишти минбаъдаи ин муаллими "бадбахт" ва аҳли хонаводаи ӯ чи гуна сурат гирифт, вале агар дар он лаҳзаҳо ӯ онҷо миёни он издиҳоми пуршӯр ҳузур медошт, дақиқан, ҳамон ҳолеро медошт, ки дар даҳҳо наворҳои видеоии Толибон ҳаст, ки ҳамчун маводи "ибратомӯз" барои дигар мусалмонон ба намоиш гузошта шудааст.

Оре, Эшонбобо, вақте бо эҳсоси мардум, чуноне дар ин навор ҳаст, бозӣ мекунед, то "шӯре хезондан" як қадами дигар роҳ асту бас. Дигар баъд хушку тар якҷо месӯзад, ҳамчуноне ки соли 92 дар кишварамон сӯхт, ҳамчуноне, ки дар Афғонистон месӯзад, дар Ироқ, Либиё, Сурия, Миср... Ҳа, воқеан ҳамон Мисре, ки зимни як "амри маъруф"-и дигаратон фармудаед; "...фақат дар Миср он миқдор ҳофизи Қуръон ҳаст, ки масеҳиён дар тамоми дунё ҳофизи Инҷил доранд". Вале суол инҷост, ки чаро Миср бо ин миқдор ҳофизи Қуръони маҷид дар ин ҳоли ғариб қарор дорад? Чаро Миср ва Ирони азизи мову Шумо сархатти кишварҳои гирифтори фасод, фисқу фуҷур, зиноъ ва маводи мухаддирро "оро" медиҳанд. Ва чаро дар ҳамон Данмарк, ки дар ин навор ва чанд суҳбатҳои дигаратон ба хотири карикатураҳои рассоми майзада Курт Вестергорд мавриди интиқоди шадид қарор гирифта, мизони фасод, фисқу фуҷур, истифодаи маводи мухаддир "0" аст ва аз лиҳози расондани кумакҳои башардӯстона - хайру саховат ба мардуми муфлиси Афғонистону Мисру Сомалию Фаластину даҳҳои дигар дар зинаи аввал? Дар ин номгӯй аз Арабистони Саъудию Қатару Баҳрайну Аморот бо он ҳама миллиардҳои нафти "худодод" ва ҳазорон масоҷиди бошукуҳу пурҷило ва нашри миллионҳо нусха аз Қуръони осмонӣ, нишоне нест! Онҳо омори дигареро "оро" медиҳанд; болотарин зинаҳоро дар бозори хариди аслиҳаи Амрико ишғол мекунанд! Арабистони Саъудӣ бо масрафи солона дусад миллиард доллар бузургтарин харидори силоҳ дар дунё маҳсуб мешавад. Душмани рақами яки Саъудӣ кист? Ирон, Ҷумҳурии Исломии Ирон...

Нагӯед, ки инак боз як "ленинчӣ"-и дигар ҷониби мо мусалмонон санг меандозад. На Эшонбобо, ҳамди беҳад Худойро, мусалмонам ва ончи мегӯям, аз сӯзиши дил мегӯям. Дилам месӯзад, вале чашмони дилам бозанд...

Ё мисоли дигар, боз ҳам аз хайли "беҳтаринҳо": Дерест дар Тоҷикистони азизи мо тамоюли аҷибе ба мушоҳида мерасад; номиданҳо, унвониданҳо, таъоруфоту дараҷабандиҳое, ки ба воқеият, ба муҳтаво, ба "нусхаи асл" ҳич сар намехуранд. Ба фармудаи Маркси бузург шумо метавонед чуткаи пойафзолро ба клоси ширхурҳо шомил кунед, вале ин бозёфти шумо боис намешавад, ки чутка пистон пайдо кунад. Бо ҳама эҳтиром ба кормандони заҳматкаши сомонаи "Озодагон" ва бо камоли эътимод ба самимияти аҳдофи Шӯрои ВАО- и кишвар, ки зимни як дараҷабандӣ ин нашрияро аз ҷумлаи озодтаринҳо эълон карданд, бидуни ин ки ба баҳси дурустӣ ё нодурустии чунин дараҷабандӣ ё ҷузъиёти дигари марбут ба он ворид шавем ва фақат холисона ба муҳтавои маводи сомона тамаркуз кунем, ба ин натиҷа мерасем, ки агар дар Тоҷикистон ду то нашрияи калаванда (тибқи таъбири Шӯрои ВАО- муаллиф) бошад, якеаш "Озодагон" аст ва агар танҳо яке бошад, ҳамин "Озодагон" аст. Ба ин маънӣ, ки нашрия, ба таъбири Мавлонои Бузург, "чун киштии белангар" дар моварои амвоҷи чанд қутби муқобил "каж" мешаду "маж" мешад; яксу масъулияти номи худаш, ки аз ҳама таъаллуқот озод буданро тақозо мекунад, аз суи мухолиф руҳониёни ба истилоҳи нашрия "саршинос" (?) ва сомонаи Turajon. org, ки ҳарчи онҷо падид меояд - аз манзалати риш кашида то макруҳияти ангуштарӣ - инҷо "кӯч" мебандад.  Қутби саввум - Ҳизби наҳзати исломӣ ва идеюлужии он. Нашрияе, ки рисолати аслиаш ҳидоят ба суи озодагисту рӯшаноӣ, он қадар суи ин қутбҳои мухолиф "каж" мешавад, ки он ҷо "гир" меуфтад, дар хами паскӯчаҳои торики хурофоту ҷаҳолат раҳгум мезанад ва аз озодагияш асари чандоне ба ҷо намемонад...

Он "ҷин" -е ки бо номи Толибон аз "зеҳдони"-и Амрико берун омад ва дар "домон"-и модарандараш Покистон бузург шуду "ба камоли ҷиннӣ" расид, мисли ҳар "ҷинни асил" ки қолаб иваз мекунад, алъон ба шабаҳе бадал шудааст ва дар фазои минтақа сайр мекунад. Сояи сиёҳу торики ин шабаҳ гоҳе ҳам рӯи офтоби Тоҷикистони азиз хирагӣ меафканад. Агар хоста бошем ин сояи махуфи ҷаҳолат доман нагустарад, боястӣ дар сиришту вуҷуди фард-фарди ҷомеъа офтобе аз маърифату донишро фурузон намоем.

АЗИЗ САНГИН Копенгаген, Дания

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97