Оё Қрим охирин истгоҳи Русия аст?

Сиёсат 01.04.2014 20:22

Qrim-rossРӯзи 24 март 50 нафари нахустин аз ҳайати 100-нафарии нозирони САҲА ба Украина расиданд. Ағлаби ин нозирон дар вилоятҳои шарқии Украина мустақар хоҳанд шуд. Дар рӯзҳои охир дар шарқи Украина, аз ҷумла дар шаҳри Донетск тазоҳуроте доир шуд, ки дар он мардум баргузории раъйпурсиҳо ба гунаи Қрим барои пайвастан ба Русияро талаб карданд. Талоши САҲА барои шомил кардани Қрим ба қаламрави салоҳиятҳои ин ҳайати нозирон ба далели мухолифати Маскав, ки ин нимҷазираро дигар қаламрави худ мешуморад, натиҷа надод. Вале суоле, ки матраҳ мешавад, ин аст, ки «Оё ҳамроҳсозии Қрим ба Русия поёни кор аст ё тавсиъаталабӣ ва ё ишғолгарии Русия барои бозгардонидани "сарзаминҳои аз даст рафта" идома хоҳад дошт?». Барои посух ёфтан ба он мо бо чанде аз ҳамватанон муроҷиат кардем:

Professor KomilzodaАҳмадшоҳ КОМИЛЗОДА, таҳлилгар

Тавсеаталабӣ ё тобеъгардонии сарзаминҳо ва давлатҳои дигар ҳамеша барои ҳукуматҳои абарқудрат чолиши муҳиме мебошад. Ин гуна ҳукуматҳо ҳеч гоҳ ба хоҳиши худ аз ин нафси саркашашон даст намекашанд. Гӯётарин намунаи ин раванди зиддибашарӣ ҳуҷум ва вуруди низомӣ бо баҳонаҳои гуногун ба кишвари ҳамсоя ва ҳамзабони мо Афғонистон аз сӯи Британия, Русия ва Иолоти Муттаҳидаи Амрико дар таи сад соли ахир аст. Аз ин нигоҳ, Русия дар фазоҳои тобеъ ва мутеъаш ҳеч гоҳ гоме ба ақиб намегузорад, балки бо ҳар навъи имконпазир бештар ба он ҷойгоҳҳо сар медарорад. Табиист, ки ин ҳама сарусадоҳоеро, ки дар шаҳрҳои дигари Украина ба роҳ андохтааст, барои расидан ба ҳамин ҳадаф аст. Танҳо дахолати ҷиддии кишварҳои ҷаҳон метавонад то андозае садди роҳи ин «иштиҳои бузург» бишавад.

Ва рӯйиҳамрафта, Путин ба унвони раиси ҷумҳури кишвари Рус дар шакли хеле фоҳиш мехоҳад мардуми ин кишварро ба як порча мардуми шовинист ва миллатгаро табдил бидиҳад. Ин дар ҳоле сурат мегирад, ки чунин гароишҳои зиддибашарӣ дар миёни қишре аз мардумаш вуҷуд дорад ва дар чанд соли ахир натиҷаҳои нохуше ҳам барои худу ҷонибдоронаш ва ҳам барои ҷомеи ҷаҳон бар ҷой гузоштааст.

Firdavs madyevФирдавс Мадёев, муҳандис:

- Хирс дарк кардааст, ки гургҳо ва рӯбоҳҳони ғарб ӯро зери пардаи демократия фирефта миқёси бузурге аз ҳудуди зери нуфузи онро аз они худ кардаанд ва СССР-ро ҳам, ки аслан Русия буд, ба тикаҳо ҷудо карда ин тикаҳоро балъиданӣ ҳастанд. Ҳирси беинтиҳои ғарбиҳо, ки бо азхудкунии мамлакатҳои лагери сотсиалистии Аврупо (Лаҳистон, Маҷористон, Олмони ғарбӣ, Чех, Булғористону Румин, Югослави, Эстонияю Литваю, Латвия ва ...) қонеъ нашуда, ба маркази давлати қадимаи русҳо (Руси Киеви) чашм ало карданд, кордро ба устухони хирс расонд. Русҳо чун диданд, ки ба қавли худашон "больше некуда отступат" маҷбур шуданд, то ба забти Қрим даст бизананд. Аз таърих маълум аст, ки Қримро артиши русҳо таҳти фармондеҳии Суворов аз империяи туркҳои Усмонӣ ба даст оварда, бо Русия пайваста аст, вале Хрушов онро ба ҳайати Украина дохил кард. Ба Русия пайвастани Қрим на ишғолгарӣ, балки огоҳӣ ба сармоядорони ғарб аст, ки Русияро нодида нагиранд. Ин мақсадро шореҳи рус Киселёв равшан гуфт:  Русия метавонад ғарбро дар муддати мадиде ба хокистар табдил бидиҳад. Аврупою Амрико то кунун барои Украина ба ҷуз ғавғо амали дигаре роҳандозӣ накардаанд (санксияҳо ҳам ғавғо ҳастанд, Амрикоиҳо ба талаби Ясенюки украин дар бораи силоҳ ҷавоби рад дода, гӯё гуфта бошанд, ки мо шуморо бо додани "сухой паёк" дастгирӣ мекунем- ин аз матлабҳои интернетӣ аст) ва инро далели бим аз силоҳи русӣ метавон гуфт. Ба назари ман ғавғояшон ҳам чандон дуруст нест, чунки Амрико бо иттифоқчиёнаш ба чи ваҷҳе Ироқу Афғонистонро дар хун нишонда, ба вайрона табдил доданд?! Ё чаро Фаронса бо дигар аврупоиён ҳукумати Каддофиро хароб карданд ва имрӯзҳо бо чи ҳақ дар ҷумҳурии Африқои Марказӣ меҷанганд?! Чаро Амрико дар Покистону Яман ва Судон бо тайёраҳои бесарнишин мардуми онҳоро мушакборон мекунад?! Чаро дар ин бора сару садое нест ва агар ҳам бошад, онро амали хуб қаламдод мекунанд. Ҷаҳони имрӯз ҷойи дорандагони силоҳи ҳастаист, агар чунин нест, бо кадом сабабе дигар Фаронса бо 60 млн. аҳолӣ ва 550 ҳазор км кв масоҳат узви Шӯрои Бехатарии СММ ҳасту Ҳиндустон бо 1 млрд. 33 млн. нуфуз ва 3 млн. 269 ҳазор км кв масоҳат аъзои ин шӯро нест?! Русия абарқудрат аст ва ҳарчи хоҳад мекунад. Яъне ҳамин масоҳати доштаашро кофӣ дониста, ин корро поён медиҳад ва агар бихоҳад, ҳудудҳои аз даст рафтаашро ҳам боз зери даст мегирад.

Mahmud KabiriМаҳмуд Кабирӣ, равоншинос:

- Давом хоҳад ёфт. Принтсипи "Зӯр ҳама вақт ҳақ аст" то охири дунё давом хоҳад ёфт. Ин равиш яке аз шохаҳои "глобализатсияи олам" аст.  Дар ин зиддият мутаасифона, НАТО ғолиб мебарояд, вале яҳудиёну насорову мусалмононро муттаҳид месозад ва мубориза алайҳи Ҳиндухитой сар мешавад, ки мо онро Яъҷуҷу Маъҷуҷ меномем. Чанд аср давом мекунад ва оқибат Даҷҷол мебарояд ва он тарафаш маълум...

barzuБарзу Абдураззоқов, коргардон:

- Акнун дигар касе ҷавоби мушаххас ва ба ин суол надорад, ҳатто худи Путин, ки муаллифи ин фоҷеъа-фарси Қрим мебошад. Он чи ки моро, аз ҷумла Осиёи Марказии аз нигоҳи иқтисодӣ ва сиёсӣ ба таври қотеъ вобастаи Русияро як давраи сардиҳои тӯлонӣ дар пеш аст, рӯшан мебошад, ин дигар як воқеъият аст. Он чи ки дар шарқи Украина имрӯзҳо ҷараён дорад, бозгӯи ин аст, ки Русия бо балъидани Қрим сер нашудааст. Ва ба сурати ошкор пора кардани ҳамсояашро ангеза медиҳад. Бино ба иттилои мавҷуда ба шарқи Украина ба истилоҳ гурӯҳи "Вежливые люди" бе нишони фарқкунанда фиристода шудаанд. (Силы самообороны). Фурӯпошӣ ҳам Украина ва ҳам Русияро таҳдид мекунад, аммо намедонам кай ин ба вуқуъ мепайвандад. Вале бовар дорам, ки мо баъд аз 16 март дар як дунёи комилан дигаре ба сар мебарем. Ва ин дунё ба сурати тасаввурнопазир хатарнок аст.

Nurali DavlatНуралӣ Давлат, таърихшинос:

- Ба андешаи ман ин оғози кор аст. Як қисми қаламрави Украинаро аз худ кардани Русия боис мешавад, ки миёни ин ду халқи ба ҳам хеле наздик душманӣ шуруъ шавад, ки ин қабл аз ҳама ба манфиати кишварҳои ғарбӣ аст. Аз ҷониби дигар, Ғарб низ ба ин худсарии Русия бетафовут боқӣ нахоҳад монд. Ғарб танҳо бо бастани суратҳисобҳои бонкии афроди наздик ба Путин қаноат намекунад. Мо тасмимҳои дигареро низ дар ояндаи наздик нисбат ба Русия шоҳид хоҳем шуд.

Rano ZoirdukhtРаънои Зоирдухт, шоир:

- Ин амалҳо барои мавқеи стратегии худро аз даст надодан аст. Украина, ки хоҳиши ба НАТО ҳамроҳшавӣ дорад, албата инро Русия аз мадди назар дур андохта наметавонад. Ин ҳам як навъи собитсозии тавоноист. Албатта Русия яке аз давлатҳои абарқудрат мебошад...

 

Suraj01Сураҷ Назаров, муҳоҷири меҳнатӣ:

- Ин иқдоми Русия як амали ишғолгаронае буд ва фикр мекунам, ки набояд ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба чунин амалҳо роҳ бидиҳад. Сараввал таҳримҳое, ки Амрико бо Аврупо дар баробари Русия ҷорӣ кардан мехоҳад, агар натиҷаи он ба иқтисодиёти Русия назаррас бошад, Русия аз чунин ишғолгариҳо даст мекашад. Чунки мардуми Русия дар марҳилаи аввал Путинро қаҳрамон мешуморад, аммо бо мурури замон, ки таҳримҳо ба зиндагии иқтисодӣ ва иҷтимоии мардум таъсири худро расонд, он гоҳ мардуми норозӣ зиёд мешаванд. Ва Русия хоҳу нохоҳ аз чунин сиёсати худ даст хохад кашид.

DilshodДилшоди Абдураҳмон, филолог:

- Русияи имрӯзаро бо боварии комил яғмогар ва ишғолгар бояд гуфт, ба ин ҳодисаҳои Чечен, Абхази шимолӣ ва ҷанубӣ, Доғистон ва Қрим гувоҳанд. Он рӯз дур нест ки сари Путинро пашаи заҳролуди шуҳратҷӯӣ бигазаду ӯро ҳавову ҳаваси ягон минтақаи дигар  бигирад. Барои бозгардонидани сарзаминҳои аз даст рафта қудрату тавоноӣ надорад, агар  пайдо кунад, ҳатман даст ба иғвое мезанад. Режими Путин борҳо аз забони ҳамаслаконаш дар сатҳи ходимони давлатӣ даъвои Осиёи Миёнаро кардаанд ва аз ин ҳушдорҳо маълум мешавад, ки ҳукуматдорони мо ҳушёрии сиёсиро набояд аз даст бидиҳанд.

Hurinisso GaforzodaҲуринисо Ғаффорзода, раиси СҒҲ «Оштии миллӣ»:

- Мавзуи Русия ва ҚРИМ инро аз он ҷабҳа нигоҳ бояд кард, ки худи миллати украин хело замина тайёр карданд. Агар Қримро Русия намегирифт, албатта АМРИКО ё НАТО вориди ҚРИМ мешуд. Аммо набояд барои кишварҳои собиқ шӯравӣ ин хушоянд бошад, чаро ки Русия дар ҳар кишвар барои худ оташакеро гузоштааст. Дар мисоли  вилоят ё «област»-ҳои худмухтор ва ҷумҳури ё «республика»-ҳои худмухтор. Ин гувоҳи он аст, ки ҳар вақт метавонад ин "Худмухтор»-онро бар ҳадафи худ истифода намояд. Мносибатҳои ғасбгароёнаи Русия ва бозингариҳои оташсӯзи Аврупою Амрико беҳтарин дарс барои кишварҳои Осиёи миёна аст!

Дар мисоли кишвари мо бошад, мо бояд калимаи «Автономи»-и Бадахшони азизро аз миён бардорем. Чунки он бар манфиати миллати мо нест. Ҳамзамон ёдовар бояд шуд, ки агар қарорҳои тақсимбандии ҷумҳуриҳои шӯравӣ нодуруст бошад, на танҳо Русия, балки мо бояд ҳудуди таърихии худро даъво намоем. Манзурам Бухорою Самарқанди мост!

Bek RahmoniБек Раҳмонӣ, хабарнигор:

- Агар ҷавоби кутоҳ хоҳед. Бале, ба ҳамроҳсозии Қрим ба поён мерасад. Чунки танҳо бо ҳамроҳсозии Қрим имрӯз Русия оҳиста- оҳиста ба мушкилоти иқтисодиву сиёсӣ дар ҷаҳон рӯ ба рӯ шудааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97