Назарсанҷӣ

Шумо ба шаффофияти имтиҳоноти кадом яке аз ин марказҳо боварӣ доред?

Маркази миллии тестӣ - 51.8%
Маркази “Дурахшандагон” - 3.7%
“Россотрудничество” - 4.3%
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (УЦА) - 22%
Филиали Донишгоҳи давлатии Москва (МГУ) - 4.9%
Дигар - 13.4%

Чеҳраи қавмии интихоботи Афғонистон тағйир мекунад

Сиёсат 29.03.2014 16:24

aghan election debate Дар аксари кишварҳои осиёӣ қавмият дар сиёсат нақши бориз дорад. Мушкили тоҷикҳо дар Узбакистон, паштунҳо дар Покистон ва норизоиятии ақвоми мухталиф аз нақши порсиён дар Ирон нишонаҳое аз ин ҳақиқат аст. Дар Афғонистон бо таваҷҷӯҳ ба танишҳо ва даргириҳое, ки миёни қавмҳо дар тули садаҳо рух дода ва хусусан шикофҳое, ки дар чанд даҳсолаи охир миёни ақвоми сокини ин кишвар ба вуҷуд омада масъалаи мазкур боз ҳам доғтар аст. Дар интихоботи пеши рӯ шуморе аз номзадҳо ба сурати мустақим ва ғайри мустақим бо ин корт бозӣ мекунанд. Вале оё дар воқеъ, тавре ки ин номзадон ва ё расонаҳои ғарбӣ мехоҳанд тасвир кунанд, интихоботи Афғонистон қавмӣ аст?

Барои посух додан ба ин пурсиш бояд интихоботи моҳи апрелро бо интихоботҳои гузаштаи Афғонистон ба муқоиса бигирем. Дар интихоботи соли 2004 хати қавмӣ дар чеҳраи номзадон ва натиҷаҳои интихобот бисёр барҷаста буд. Ҳомид Карзай ба унвони як паштун, Юнуси Қонунӣ ба унвони як тоҷик, Рашид Дустум ба унвони як узбак дар он интихобот ширкат намуданд ва натиҷаи интихоботро ҳам раъйи қавмӣ рақам зад. Дар интихоботи соли 2009 ин вазъият тағйир кард, аммо на ба далели тағйир дар дидгоҳҳои қавмӣ, балки ба далели он ки барандаи интихобот аз қабл маълум буд. Ва аксари сиёсатмадорони қавмӣ раъйи худро ба суди Карзай истифода карданд.

Аммо ҳоло:

Яке аз вижагиҳои интихоботи феълӣ хориҷ шудани раъйи қавмӣ аз контроли раҳбарони қавмӣ аст. Ҳоло ҳич яке аз номзадҳо, ки ҳамзамон худро раҳбари қавмӣ медонад, иддаъо надорад ва наметавонад дошта бошад, раъйи аскарияти қавми худро бо худаш дорад.

Масалан агар дар бораи раъйи узбакҳо бихоҳем муҳосиба дошта бошем, мебинем, ки Дустум дар як тими интихоботӣ, Шаҳрониҳо дар тими дигар ва муҷоҳиддини узбак дар тими доктор Абдулло ҳастанд.

Ҳазораҳо низ ҳамчунин, Карим Халилӣ дар як тим, Муҳаққиқ дар тими дигар ва хонум Саробӣ ба унвони намояндаи рӯшанфикрон дар ҷиноҳи кулан дигаре ҳаст. Яъне раъйи ҳазораҳо ҳам тақсим аст.

Дар марвиди паштунҳо низ ҳамчунин, Зулмай Расул, Устод Сайёф, Аҳмадзай, Гулоғо Шерзай ҳар кадоме ба андозаи маҳбубияти худ ҷамъе аз раъйи паштунҳоро ба даст хоҳанд овард.

Ҳузури пешвоёни тоҷик, Исмоилхон дар як тим, Аҳмадзиё  Масъуд дар тими дигар ва доктор Абдулло дар раъси як тими мустақил нишонгари ин аст, ки ҳич кадоме аз инҳо раъйи аксарияти тоҷикҳои Афғонистонро ба даст нахоҳад овард. 

Ин нукта низ қобили зикр аст, ки саҳми ҳар кадоме аз ин раҳбарон аз раъйи ақвоми марбуташон мухталиф аст ва намешавад пешдоварӣ намуд, ки кадоме бештари раъйи қавми худро метавонад ба даст биорад, ин кор дар ҳади номумкин душвор аст.

Нуктаи дигаре низ ҳаст, ки ҳоло раҳбарон ва насли наве аз дасти севвум ва чорум дар миёни ҳар қавме ба майдон омада ва бо қарор гирифтан дар канори ин ва он номзад талош доранд собит кунанд, ки агар ҳимояти онҳо набошад, роҳбарони дараҷаи аввал дар касби раъйи аксари қавмӣ ба мушкил мувоҷеҳ хоҳанд шуд.

Ақвоми кучактар ва ҷараёнҳои мазҳабӣ низ дар ин миён нақши худро доранд. Вале дар миёни онҳо низ ҳамин вазъи чанддастаӣ ҳоким аст. Масалан, раҳбари исмоилиҳои Афғонистон ҳарчанд аз як номзади хос эълони ҳимоят карда, аммо ин ба он маъно нест, ки ҳамаи онҳо ба ҳамин номзад раъй бидиҳанд, зеро ҷамъе аз пайравони ин мазҳаб дар канори номзади дигаре қарор гирифтаанд.   

Масъалаи дигар ин аст, ки гуруҳе аз ҷавонони таҳсилкарда ва ҷавонон бештар ба барномаҳои номзадҳо таваҷҷӯҳ дорад ва ба таркиби тими онҳо ва сарфи назар аз мансубияти қавмии номзадҳо ба барномаҳои онҳо раъй хоҳанд дод.

Ба ҳар ҳол пурсиш ин боқӣ мемонад, ки чаро афрод бо қавмиятҳои мухталиф умдатан дунболи шумори мушаххасе мераванд ва раъйи худро бо хости раҳбари қавмӣ истифода мекунанд?

Бисёр хушбинона ва дур аз ҳақиқат хоҳад буд, ки агар умед дошта бошем, ки вазъият ғайр ва ё баръакси ин бошад. Дар чаҳор даҳҳаи ахир ҳамин раҳбарон меҳвари таҳаввулот будаанд. Ва аксари афроди вобаста ба ақвоми мухталиф ҳамин раҳбаронро мудофеъи манофеъи худ медонанд. Ҳоло ин тасаввур дуруст буда ё на, масъалаи дигаре аст. Вале чунин буда ва чунин ҳам ҳаст.

Агар нахоста бошем фалсафӣ суҳбат кунем, сайри таҳаввули ҷомеъаи башарӣ ҳамеша ин вижагиро бо худ дошта ва Афғонистон наметавонад дар ин миён истисно бошад. Ва ба вақт ниёз дорем то ин тасаввур як тағйири бунёдиро дар худ бубинад.

Аммо агар бихоҳем аз диди мусбатандешона ба ин қазия назар кунем, мо дар ростои тағйири ҳувиятҳои қавмӣ ба ҳувияти шаҳрвандӣ қарор дорем, ҳарчанд ҳанӯз роҳи тӯлоние дар пеш аст.

Интихоботи моҳи апрел як марҳилаи калидие дар ин тағйир воқеъ шуда метавонад, агар мо битавонем аз табдил шудани интихобот ба як низоъи қавмӣ ҷилавгирӣ кунем. Ва раҳбарони қавмӣ аз доман задан ба эҳсосоти қавмӣ ба хотири манофеъи шахсӣ ва гуруҳӣ даст бардоранд ва манофеъи саросарии кишварро ба қимор назананд. Дар он сурат мо шоҳиди берун омадан аз ҳастаҳои қавмӣ ва табдил шудан ба шаҳрвандони ин кишвар дар як даҳҳаи оянда хоҳем шуд. 

Муҳаммад Фаҳими Даштӣ, Кобул

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97