«Шпаргалка» барои саҳнасозони мулоқоти президент бо зиёиён

Сиёсат 14.03.2014 15:25

Интизор меравад, ки дар остонаи ҷашни Наврӯз дар Душанбе  мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиён, ки ҳамасола дар остонаи ин ид доир мешавад, баргузор шавад. Ҳоло дастандаркорони ин мулоқот дар пайи тартиб додани рӯйхати ширкаткунандагони ин вохурӣ ҳастанд ва шояд рӯйи исмҳое ҳам аз ин рӯйхат хат бикашанд. Ва шояд аз зиёитарин афрод, ки чун шамъ дар баробари миллат месӯзанд ёд ҳам нашаваду фаромӯш карда бошанд. Аз ин рӯ «Миллат» барои ёдрас кардан ба дастандаркорони ин мулоқот аз номи аз қалам уфтодагон бо ин суол ба суроғи чанде аз соҳибназарон рафт: «Агар шумо дастур мегирифтед, ки рӯйхати зиёиёнро барои мулоқот бо президент пешниҳод кунед, кадом зарфиятҳоро ба назар мегирифтед ва киро дар ин рӯйхат шомил мекардед?»

Abdulohi MuhaqiqАбдуллоҳи Муҳаққиқ, исломшинос:

- Агар чунин салоҳият медоштам дар рӯйхати зиёиён пеш аз ҳама зарфиятҳои воқеан илмӣ ва уламои бедори миллатдӯст, ки онҳо дар таҳкими бедории миллӣ, худшиносӣ ва ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва исломӣ дар ҷомеа саҳми бузург доранд, даъват менамудам.

Муддати 20 сол аст, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон беҳтарин суханҳоро дар ҳаққи зиёиён мегӯяд ва ҳамасола бо онҳо вохурӣ мегузаронад. Аммо мутаассифона, дар маҳфилҳои зиёиён нафароне ширкат мекунанд, ки то имрӯз барои рушди иқтисод, худшиносию худогоҳӣ ва бедории миллӣ саҳми сазовор надоранд. Танҳо зиёиён нафароне нестанд, ки ҳамасола такрор ба такрор дар вохуриҳо ширкат мекунанд. Як деҳқони огоҳ, як омӯзгори бедор, як тоҷири оқил, як рӯзноманигори хуб, як шоиру нависандаи хушқалам, як таърихнавису муҳаққиқи масоли сиёсию динӣ  ва як орифу муфассири ботақво метавонвад зиёӣ бошад. Зиёӣ будан касб нест, балки нафароне аҳли зиё ҳисобида мешаванд, ки ҳушманд, дурандеш, ботақво, душманшиносу дӯстшинос буда, барои беҳдошти рӯзгори миллат ва ҷомеаи худ барнома ё ҳадди ақал назари илмӣ, сиёсӣ, ахлоқӣ ва тарбиявии хешро баён сохта, дар таҳкими он бевосита саҳмгузор мегарданд. Аз таҳдид ва хатарҳои фаромиллӣ, ки моҳияти фарокишварӣ доранд, ҷомеа ва кишвари худро наҷот медиҳанд. Мутаассифона ин омилҳои муҳимме, ки зикр намудем дар аксарияти он нафароне, ки ҳамчун зиёӣ шинохта мешаванд, кам дида мешаванд. Зиёӣ нафаре ҳаст, ки манфиатҳои шахсии худро болотар аз манфиатҳои миллӣ ва кишварӣ намеҳисобад. Пеш аз ҳама донишмандони зерин: Нуралӣ Давлат-сиёсатшинос ва ҷомеашинос, домулло Ҳикматуллоҳи Қаротегинӣ, Сайдаҳмади Қаландар-олим ва диншинос, Рустами Ҷонӣ-сармуҳаррири рӯзномаи "Имрӯз Нюз", Маҳрами Анварзод- исломшинос, Аҳлиддин Салимов-рӯзноманигор, Нилуфар Азизова-ровӣ, Сайфуллоҳ Муллоҷонов-таърихшинос, Абдуррашид Фозилов-орифи донишманд, Рустами Ваҳҳоб-шоири маъруф, Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ- таърихшинос ва муҳаққиқ, Абдушшарифи Боқизода-муфассир ва донишманди илоҳиётшинос ва домулло Маъруфи Элокиро ба ҷаласаи навбатии «Вохурии зиёиён бо Президенти кишвар» даъват менамудам.

Mavluda RahmatovaМавлуда Раҳматова, рӯзноманигор:

- Барзу Абдураззоқов, Пулод Абуев, Темур Варқӣ, Марат Мамадшоев, Олга Тутубалина, Рамзия Мирзобекова, Анора Саркорова - ин шахсоне, ки аз президент барои худ ҳеч чиз дархост намекунанду дарди халқу ҷомеаро мерасонанд. Ман ҳам, агар ба ин вохурӣ метавонистам ба рӯйхати зиёиёни таклифшуда шомил мешудам. Имкони сухан гуфтан даст диҳад, аз нигаронии худ нисбат ба ояндаи миллату давлат ҳарф мезадам. Ба насли наврасамон назар мекунаму ба ояндаи неки миллату давлатамон ҳеч боварӣ надорам!

BobojonБобоҷон Қаюмов, узви ҲНИТ:

 - Аз нигоҳи ман зиёиёни мо ба 2 гуруҳ тақсим мешаванд. Ин тақсимбандиро шояд худи онҳо ҳам қабул надошта бошанд, вале мутаассифона таҳти таъсири бархе омилҳо ингуна шудааст. Гуруҳи аввал зиёиёни мустақил. Гуруҳи дуввум зиёиёни давлатӣ ё дар дохили ҳукумат. Давлатӣ ба маънои манфиаш не, балки ба маънои мусбат аст. Барои мисол ба ин гуруҳ дохил мешавад: Суҳроб Шарипов,  Бобохон Маҳмадов,  устод Акбар Турсун, Бозор Собир ва дигарон. Аммо ба гуруҳи аввал дохил мешаванд: Устод Муъмин Қаноат, Гулрухсори Сафӣ, Барзу Абдураззоқов, Мӯсо Диноршоев, Акбаршо Искандаров, Муҳиддин Кабирӣ, Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, Давлат Усмон, Маҳмудҷон Тураҷонзода, Ҳоҷӣ Муҳаммад Умаров ва дигарон.

Нуктаи муҳим ин аст, ки ин ду гуруҳ зиёиён аз лиҳози фикрӣ дар воқеъ бо ҳам тафоҳуми зиёде доранду нуктаҳои муштаракашон хеле бештар аз ихтилофоташон ҳаст. Магар он гуруҳҳое, ки дар ду тарафи муқобили ҳам қарор гирифтаанд ва мавқеъгириҳояшон бар асоси масъулият ва вазифаашон ҳаст, на андешаашон.

Аз нигоҳи ман адами гуфтугӯ ва муколама суитафоҳумҳоро дар ҷомеаи мо доман задааст. Ман пеш аз ҳама раҳбарони аҳзоби сиёсӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, руҳониёни бонуфузи мардумӣ, ҷавонони соҳибандешаи фаъол дар шабакаҳои иҷтимоиро дар авлавият қарор медодам. Ҳамчунин масъулини нашрияву сомонаҳо ва соҳибони веблогҳои тоҷикиро.

Аммо онҳоро даъват кардан ба вохурӣ бояд барои он бошад, ки пешниҳодоту интиқодоти худро иброз кунанд, вагарна барои шунидани сухан бошад, аз телевизион онро ҳар рӯз мешунаванд.

Abdufattoh SHafirevАбдулфаттоҳ Шафеъ, рӯзноманигор:

- Барои ман исми зиёӣ бо садои баланди фарҳангиён дар мавриди мушкилоти ҷомеа тавъам аст. Бо назардошти ин меъёр, агар сиёсатмадоронро сарфи назар кунем, пас коргардон Барзу Абдураззоқов ва шоир Темур Варқӣ ба зеҳнам меояд.

 

Akram SangovАкрами Санг, журналист:

Зиёиён дар ҷомеаи имрӯзаи кишвар кам нестанд, мушкил он аст, ки ҳузури онҳоро нодида мегирем… Як гурӯҳ дар симои зиёӣ шахси инқилобгар, даъвоҷӯ, тазоҳуротхоҳ, мухолиф ба ҳукумату сиёсатҳои ҳукуматиро дидан мехоҳанд. Ба андешаи ин гурӯҳ ҳар нафаре, ки ба чунин «меъёрҳо» мувофиқ бошад, пас ӯро мешавад ҳамчун «зиёӣ», «бедордил», «ватандӯсту ватанхоҳ» муаррифӣ кард. Мо, ки мардуми адабиётпарвар ҳастем, мехоҳем дар симои шоиру нависанда, рассому ходими адабӣ ва амсоли инҳо зиёии «саркаш», «табаддулотчӣ»-ро бубинем. Омилҳои таърихии чунин пиндору чунин фарҳанг аз куҷо маншаъ мегиранд, намедонам. Аммо ба андешаи ман як муаллиме, ки дар деҳаи дурдасттарини Тоҷикистон ба мактаббачагон аз навгониҳои илму фарҳанги ҷаҳонӣ дарс мегӯяд, - зиёӣ аст, як рӯҳоние, ки насли наврасро бо оинҳои суннатии тоҷикон ошно мекунад, -зиёӣ аст, як рӯзгордидае, ки ба атрофиёни худ расми ҷавонмардиву одати ҳалолхуриро тавсия медиҳад ва иҷрои ҳатмии онро талаб мекунад, зиёӣ аст.

Mumin AhmadiМуъмин Аҳмадӣ, рӯзноманигор:

Аслан, дар Тоҷикистон зиёиёни зиёд дорем, ки ба истилоҳ пушти саҳна мондаанд ва ҳарфи дили онҳоро кам касоне ҳастанд, ки мешунаванд. Дар сатҳи ҳукумат ҳарфи дили зиёиёне, ки воқеан, суханашон метавонад созанда бошад, кам мешунаванд ва бештар мехоҳанд, зиёиён назди президент ҳарферо ба забон биоранд, ки саҳансозандагони мулоқот бо президент хӯш доранд. Тирамоҳи имсол зимни сафари президент ба Кӯлоб зиёиеро дидам, ки як шаблони суханрони назди президентро аз ёд мекард ва ҳар замон аз дӯстони наздикаш мехост, то бубинанд, ки ӯ аз рӯи ин шаблон дуруст сӯҳбат мекунад ва ё на. Гуфтам, ки наход шумо чор ҷумларо назди президент бидуни азёд кардан гуфта натавонед. Гуфт, ҳарфи дил бошад, осон аст, вале чун ин ҳарфи дил нест, маҷбурам аз ёдаш кунам. Бо ин гуфтани ҳастам, ки зиёиён зиёд дорем, вале онҳоро дар чуин рӯҳия нигаҳ доштаем, ки дигар ҷуръати ҳарфи воқеии дилашонро надоранд. То вақте, ки зиёӣ ҳарфе, ки дилаш мехоҳад, дар рӯ ба рӯи президент гуфта натавонад, ман ҳеҷ нафареро барои сӯҳбат бо раҳбари давлат пешниҳод намекунам. Меъёр барои мо сухани созанда бошад, на ин ки он сухан ба кӣ хӯш меояд ва ба кӣ не.

Lola olimovaЛола Олимова, рӯзноманигор:

Барои ман дар сархати ин феҳрист номи Барзу Абдураззоқов ҳаст. Агар мисли Барзу афроде дар давлати мо зиёд мешуд, фикр мекунам, ки суханҳои Ленин дар бораи зиёӣ ҳеҷ гоҳ мисол зада намешуд. Аз бетарафии онҳое, ки имрӯз маданияту маорифро дар ватани мо намояндагӣ мекунанд, сатҳи зиндагии мардуми мо хеле ба поён рафтааст. Рушди инсонӣ дар кишвар шумо хеле дар сатҳи пойин қарор дорад.

Зиёӣ будан, яъне соҳиби андешаи воло. Ба ночор низ бояд зиёӣ ба худ иҷозат надиҳад, ки дигаронро паст занад, бадном кунад. Дар мушкилтарин лаҳза бошарофат мондан - ин қиёфаи зиёии воқеист.

Nurali DavlatНуралӣ Давлат, таърихшинос:

- Ман афзалиятро бештар ба тезнократҳо медодам. Ба мутахассисони соҳаи нанотехнология ва мутахассисони технологияҳои иттилоотӣ. Ҳудуди 100 нафар беҳтаринҳоро ҷамъ кунанд ва ҳамроҳашон суҳбат намоянд.

 

 

Khurshedi AtХуршеди Атовулло, сармуҳаррири Фараж:

- Муъмин Қаноат, Барзу Абдураззоқ, Толиб Шаҳидӣ, Раҳим Масов, Далер Назар, Акбари Турсон, Сафар Абдулло, Иброҳим Усмон, Умед Бобохонов. Ҳаминҳоро дар рӯйхат ҳам менавиштам.

 

 

Mirzonabi KHpliqzodМирзонабии Холиқзод, хабарнигор:

- Устод Муъмин Қаноат…

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97