Нигоҳҳо ба ҳодисаи қатл шудани зиндонбон аз сӯи як зиндонӣ

Сиёсат 10.03.2014 14:46

sizo kushtorРаиси боздоштгоҳи шаҳри Кӯлоб аз сӯйи як зиндонӣ кушта шудааст. Бино ба иттилоъи сайти расмии Вазорати умури дохилаиТоҷикистон, ин ҳодиса баъд аз зӯҳри рӯзи якшанбеи 16-уми феврал дар утоқи кории сарҳанг Қаюм Умаров, раиси боздоштгоҳ рух додааст.

Дар ин иттилоъия омадааст: Маҳкумшуда Умед Тешаев, соли таваллудаш 1984, сокини шаҳри Кӯлоб, дар утоқи кории сардори муассиса ҳангоми паст кардани мӯйи сар бо қайчии дар дасташ буда, як маротиба дар қисми сар ва 16 маротибаи дигар дар бадани сардори муассисаи ЯТ 9/4 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники адлия Қаюмов Умар, соли таваллудаш 1948, сокини ноҳияи Восеъ, задааст.

Гуфта шудааст, ки Умар Қаюмов дар пайи ин ҳодиса ҷароҳатҳо бардошта ва ба ҳангоми ба бемористон мунтақил шуданаш ҷони худро аз даст додааст. Ба навиштаи ин сайт нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Зимнан, барои бори нахуст нест, ки Умед Тешаев бо чунин роҳ одамро ба қатл мерасонад. Соли гузашта додгоҳи вилояти Хатлон Тешаевро ҷурми қатл барои 17 сол равонаи зиндон карда буд ва ҳоло ӯ бояд барои адои ҷазо ба зиндони низомаш шадид мунтақил мешуд.

Додгоҳ мушаххас кардааст, Умед Тешаев 31-уми августи соли гузашта дар сартарошхонаи хусусии худ бо Абдурасул Алиев, як нафар муштарӣ вориди даргирӣ шуда ва ба ҷисми ӯ бо корд 54 маротиба зарба задааст. 

Ҳамакнун ин суол матраҳ аст, ки сарҳанг Қаюм Умаров, раиси боздоштгоҳи Кӯлоб бо доштани чунин иттилоъ чӣ гуна омода шуд, ки Умед Тешаев мӯи сари ӯро ба тартиб дарорад? Ва чаро нафари дигаре аз ҷумлаи муҳофизон дар канораш набудаанд?

Барои баҳо гузоштан ба ин ҳодиса «Миллат» бо ин суол ба суроғи чанде аз соҳибназарон рафт: «Шумо фоҷиъаи аз сӯйи як зиндонӣ ба қатл расидани сардори зиндони Кӯлобро чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Ва ба назари шумо вокуниши ҷомеъа ва масъулон ба ин ҳодиса чи гуна бояд бошад?»

Suhrobi ZiyСуҳроби Зиё, хабарнигор:

- Ин як фоҷиъа аст ва даргузашти Умар Қаюмовро ба аҳли хонавода ва дӯстону ҳамкоронаш таслият мегӯям. Фикр мекунам рафтори нодуруст, яъне дар рӯзи истироҳат ба утоқи кориаш даъват кардани ин зиндонӣ ва беэҳтиётӣ боъиси марги ин мард шуда, ки 12 соли ахир раёсати зиндони шаҳри Кӯлобро бар уҳда доштааст. Ҳарчанд мақомот қатли ӯро ба дасти як зиндонӣ таъйид карданд, аммо бовари кас намеояд, ки раиси як зиндон барои кутоҳ кардани мӯйи сари худ аз хидмати зиндоние истифода мекардааст. Зиндоние, ки панҷ моҳ пеш ба зарби корд як инсони дигарро ба сурати ваҳшиёна кушта буд.

Ба назари ман ҳоло ки таҳқиқи ин ҳодиса шурӯъ шуда, ангезаҳо ва шароити вуқуъи ин фоҷиъа бештар равшан хоҳад шуд. Аммо бидуни шак, ҳодисаи қатли раиси зиндони шаҳри Кӯлоб ба мисли фирори 25 зиндонӣ аз боздоштгоҳе дар шаҳри Душанбе дар 23 августи соли 2010 низоми боздоштгоҳҳо ва зиндонҳои Тоҷикистонро зери суол мебарад. Ба ин далел мақомот бояд ин қазияро ҷиддӣ бигиранд ва афроди бесалоҳиятеро, ки дар ин систем кор мекунанд, аз кор барканор кунанд. Ин воқеъа бори дигар зарурати анҷоми як ислоҳоти фарогир дар низоми зиндонҳои Тоҷикистонро нишон медиҳад.

Akmal QadamovАкмал Қадамов, ҷомеъашиноси муҳоҷир, Амрико:

- Албатта нозукиҳои ин ҳодисаро тафтишот муайян мекунад, аммо ин як "нота" ба вазорату идороти дахлдор ҳаст, ки бояд системаи зиндонҳои кишварро ба низом дароранд. Зиндонҳои кишвар ба ғайр аз он, ки аз ҷониби созмонҳои байналмиллалӣ дар шиканҷаву зӯроварӣ ба зиндониён интиқод шуданд, ҳамчунин то ҳол он системаи куҳнаи режими коммунистиро дар дохил доранд. Ҳол он ки Гурҷистон системаи зиндонҳои худро бо он сохторе, ки дар Урупо ҳаст, мутобиқ намуд.

Дар Амрико чунин ҳодисаҳо ва аз ин ҳам бадтар садҳо бор рух дод, хоса дар зиндони ҷазои сахти иёлоти Техас. Пас аз рӯй додани ҳар намуди чунин фоҷиъа ислоҳот дар кори зиндон дароварда ва системаи бехатарии чунин ҷойҳои ислоҳӣ пурзур гардид. Ҳамчунин кормандони зиндон ҳама вақт бо либосу таҷҳизоти зарурии ҳимоявӣ таъмин мешаванд ва тамрини махсус дар ҳолати фавқулоддаи исёни зиндониён ва ё зиндонӣ мегиранд.

Abduqodir RahimovАбдуқодир Раҳимов, ҳуқуқшинос:

Аввалан таслият ва таъзияи худамро нисбат ба марги сардори зиндони Кӯлоб баён мекунам. Мутаасифона имрӯз хушунату зургӯӣ ва озору шиканҷа ба сурати як саратони рушдкунанда дар ҳама табақот ва сатҳҳои ҷомеъа рӯз ба рӯз густариш меёбад, ки ин як падидаи бисёр номатлубу ранҷовар барои инсоният аст. Масъулин ба ин фоҷиъа ва фоҷиъаҳои дигаре, ки вуҷуд дошт, набояд ба таврӣ сатҳӣ вокуниш намоянд, балки бояд сар задани ин фоҷиъа решаёбӣ шавад ва амиқан тадқиқ ва таҳқиқи воқеъӣ сурат бигирад. Заминаҳо ва решаи ин чунин фоҷиъаҳо ошкор ва корҳои ислоҳӣ ва ҷубронӣ тибқи як барномаи дақиқ ва саривақтӣ ба амал бароварда шавад. Бузургтарин осеб ва зарба бар камолоти инсонӣ ва хотирҷамъии мардум ва суботу амнияти кишвар мезанад.  Хушбахтона Президенти давлат ҳамеша тавсия мекунанд, ки ба ҷои хушунату зургӯӣ муҳаббату маърифатнокӣ, ба ҷои озору шиканҷа шуъурнокию бурдборӣ, адолату қонунмандӣ ҳоким шавад. Хусусан барои пешгирӣ аз сар задани чунин фоҷиъаҳо бар ҳамаи мақомот таъкид мекунанд. Дар роҳи решакан намудани ин падидаи шум ҳамаи мақомот ва муаллимон, падару модарон ва ҳамаи афроди ҷомеъа якдилона мубориза намоянд. Вақтҳои охир масъулони давлатӣ ва афроди ҷомеъа ба ин саратони даҳшатнок хушунату шиканҷа пай бурдаанд, роҳи сахт аст ва монеъаҳо зиёд, аммо умед дорем рӯз ба рӯз беҳтар мешавад.

Rahim QalandarovРаҳим Қаландаров, муҳосиб:

- Як матали русӣ ҳаст, ки: "Простата хуже воровства". Қатли ин инсони шариф бо сабаби хоксориву шахси одӣ будани ӯ сурат гирифтааст. Гарчанде ки бисёриҳое, ки ӯро намешинохтанд, дар ҳаққаш ноогоҳона ҳар гуна шарҳ медиҳанд. Одамоне, ки чунин фикрҳоро дар интернет навиштанд, як чизро бояд фаромушт накунанд. Ҳама вақт одамро баъди маргаш бо хислатҳои некаш ёд бояд кард.

Аммо ин фоҷиа як сабақи дигар ба кормандони маҳбасҳо мешавад, ки одамкушро ҳеч гоҳ бовар кардан лозим нест, хоҳ аз ночорӣ ҳам одам кушта бошад. Қотил қотил аст...

Abubakri FayzaliАбубакри Файзалӣ, хабарнигори муҳоҷир, Русия:

- Аввалан қатли ин нафар боиси таассуф аст ва ба назидконаш сабру таҳаммул ва ба худаш ҷойгоҳи муносибе дар биҳишт хоҳонам.  Фикр мекунам, фоҷиъа аз он сар зада, ки маҳбусони мо ба корҳои шахсӣ сафарбар ё истифода мешаванд, ки аслан нодуруст ва ғайриқонунӣ аст. Чӣ гуна метавонад як афсари соҳибтаҷриба ба маҳбусе, ки ба андешаи ман, аз ҷиҳати равонӣ солим нест ва ҳам барои куштори ваҳшиёна зиндонӣ шудааст, бовар кунад?!  Ҳич ақли инсонӣ намегирад, ки сардори маҳбас ва ё ҳам як корманди одӣ ба дасти чунин нафар олоти бурранда дода бошад. Чаро ӯро бо ин қотил танҳо гузоштанд, инаш ҳам муаммо боқӣ мемонад. Ҳарчанд мақомот дар ин бора намегӯянд, шояд печидагиҳои дигаре ҳам бошад, дар ин фоҷиъа. Ҷомеа чӣ карда ҳам метавонад, ба хусус ҷомеаи Тоҷикистон ба ҷуз чанд гуфтугузор ва ё баёнияву эътирозҳо дар интернет, ки касе ҳам ба он аҳамият намедиҳад, ва аммо ин ҳолат бори дигар заъфи омодагии касбии кормандони мақомоти қудратӣ ва риоя нашудани тартиботи одии хидматиро дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ бозгӯӣ мекунад. Масъулин ба ҷуз илова кардани муҳлати зиндонии ин қотил ба фикрам ҳич коре ҳам намекунанд ва ҳам ин фоҷиъаро ҳаволаи тақдири ин нафаре, ки як умр дар ин сохтор, ба қавли мардуми Кӯлоб, софдилона хидмат намудааст, хоҳанд кард. Мақомоти адлияи кишварро лозим аст, ки ба ҷои зиёд кардани ҳолатҳои шиканҷаи маҳбусон, хуб мешавад, ки ҷиҳати инкишофи касбияти кормандонашон чораҷӯӣ бикунанд.

Lola olimovaЛола Олимова, таҳлилгари умури байналмилал:

- Суистифода аз ме?нати маҳбусон пеши касе пӯшида нест. Агар ҳозир ман бигӯям, ки ин амал нодуруст аст, ва ин вайрон кардани ҳуқуқи онҳо ҳаст, ин набояд аҷиб маълум бишавад. Дар маҳбасхонаҳо ҳамин хел низом тартиб дода шудаст, ки аз меҳнати маҳбусон истифода мекарданд, мекунанд, ва хоҳанд кард. Роҳбарони ин муассисот, коргарони он, ҳатто хешу табори онҳо ҳам аз ин суистифода мекунанд. Аммо аз ҳама ҳайратовар ин аст, ки чи тавр ба қотиле, ки одамро чанд корд зада куштааст, кас бовар мекунад? Ин даҳшат аст. Ҳич гоҳ набояд фаромуш кард, ки қотил ин ҷинояткор аст. Хусусан ин маҳбусе, ки аввалин ҷинояташро шарҳ дода, ки нафаҳмидааст, чи гуна он одамро чанд корд зада куштааст. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки вай "маньяк" ҳаст. Мумкин аст, он қотил бемори рӯҳӣ дошта бошад. Мутаассифона, системаи судии мо нуқсонҳои зиёде дорад, ва ҳамин гуна ҷинояткоронро аз муоинаи духтурони рӯҳӣ намегузаронанд. Бубинед, ки қазовати ғайрикасбӣ ба чи гуна фоҷиъаҳо оварда мерасонад…

Mustafo SurkhovМустафо Сурхов, ҷомеъашинос:

- Ростӣ аз барои қатли он сардори зиндон мутаассифам, зеро ин як фоҷиаи даҳшатноке буд, ки метавонад дар ҷомеа вокунишҳои зиёдеро дар пай дошта бошад. Масъалаи муҳимме, ки бояд мавриди баррасӣ қарор бигирад, ин эътимоди зиндонбонон ба зиндониён ва муносибати эшон бо онҳо мебошад. Аслан чи гуна метавон бо вуҷуди огоҳӣ аз сабаби ба зиндон афтодани он зиндонӣ ба ӯ ба роҳатӣ эътимод кард? Хеле аҷиб аст. Бояд масъалаи муносибат бо маҳбусон аз тарафи маъмурони зиндонҳо ва беҳбуд бахшидани шароити зиндонҳо таҳлил ва ҳамаҷониба баррасӣ ва ислоҳоту тағйироте дар ин замина анҷом дода шавад.

Farukh SalimovФаррух Салимов,коршинос:

Ҷиноят содир шудаст ва бояд мутобиқи қонунгузории кишвар ҷавоб бидиҳад. Дар тамоми муассисаҳои низомӣ пенитетсиарии кишвар истифодаи меҳнати зиндониён оммавӣ аст. Яке ҳамчун сартарош кор мекунад, дигаре кордсоз, ё ягон кори дигар, касбе, ки дар "озодӣ" дошт. Аз ин ҳодиса танҳо як чизро метавон ҳамчун дарс қабул кард. Яъне дидаву дониста, ки ин зиндонӣ барои куштори мизоҷи худ ба ҷазо кашида шудааст, боз сардори зиндон ба ҳамон қотил муроҷиат кардааст.

Zebo TojiboevaЗебо Тоҷибоева, мудири иҷроияи Оҷонсииттилоотии «Азия плюс»:

- Саволи аҷибу ғарибест, вале ба ҳар ҳол. Албатта Қаюмов зимни муносибат ва эътимод намудан ба ин фарде, ки дар чунин шароите ҷиноят содир намудааст, беаҳамиятӣ зоҳир кардааст. Ин аввал. Дигар ин ки он чи ки роҳбарони маҳбасхонаҳо ба хидматгузории маҳбусон рӯ меоранд, чизи наве нест. Ин дар ҳамаи давру замон буд, зеро ҳам зиндониён ва ҳам нигаҳбонони онҳо ҳарду ҳам дар асл маҳбусанд. Танҳо дар ин мавриди хос бояд гуфт, ки ин маҳбус шояд аз нигоҳи равонӣ бемор аст. Албатта бояд Раёсати ислоҳотӣ ба ин қазия расидагӣ кунад ва нагузорад, ки масъулини маҳбасҳо аз хидмати маҳбусон истифода кунанд. Ин номумкин аст.

Nusratullo BoboevНусратулло Бобоев, омӯзгор аз деҳаи Ворух:

- Оқибат гургзода гург шавад,

  Гарчи бо одамӣ бузург шавад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97