Путин иштибоҳ мекунад

Сиёсат 06.03.2014 14:00

putin ukraina r«Миллат» ин ҳафта ба думболи посух гирифтан ба ин суол, ки «Мудохилаи низомии Русия ба Украинаро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?» ба суроғи чанде аз соҳибназарон рафт:

Русия, ки дар ҷаҳон чун бархе аз кишварҳои дигари абарқудрат ба равиши империалистӣ зиндагӣ мекунад, дар қиболи ҳар ҳукумате то ҷойи имконаш аз зӯр кор мегирад. Ӯ ин тарзи бархӯрдро садсолаҳо ба кор бурдааст ва намунаҳои охирини ин равишро дар Афғонистон, Тоҷикистон, Гурҷистон мушоҳида кардаем. Албатта равиши зӯргӯйӣ ва дахолати девонсолорона хоси абарқдратҳои дигаре чун ИМА, Англия ва дигарон низ ҳаст. Аммо як тафовут вуҷуд дорад, ки абарқудратҳои дигар дахолати худро асоснок мекунанд, вале Русия ба таври фоҳиш ба корҳои дохилии дигарон дахолат мекунад.

Русия дар ин навбати дахолаташ ба Украина аз шеваҳои бешармона кор гирифтааст. Ба русҳо ва русгароён ёд додааст, ки дар хоки Украина парчами Русияро боло кунанд ва низомиёнашро аз номи кадом давлати "ношинос" вориди Ҷумҳурии Худмухтори Қрим ва дигар шаҳрҳои шарқу ҷануби ин кишвар кардааст.

Ҳоло кор ба ҷое кашидааст, ки шароити як ҷанги саросарӣ дар миёни ду кишвари ҳамсоя ва ҳамнажод ба вуҷуд омадааст. Далели аслӣ ин аст, ки Русия муборизаи мардуми таҳҷоии Украинаро барои халосӣ аз сиёсатҳояш ва пеш гирифтани роҳи ҳамзистии аврупоӣ комилан қабул надорад ва ба ин мардум барчаспҳои "бендер", "террорист" ва "фошист"-ро задааст. Ҳалли мушкил ба заковати мардуми Украина ва рус, ҳамчунин ба манфиатҷӯӣ ва азаматталабии кишварҳои зинафъи Русия ва Ғарб марбут шудааст.

Асли мушкил чист?

Русия ба унвони кишвари азаматталаб ва меросбари аслии Шӯравии пешин ҳама ҷамоҳири тобеъи ин маҳдудаи аздастрафтаро то ҳадде фармонбардор ва фазои манофеъи худ медонад. Бинобар ин, ҳангоме ки дар Украина майли пайвастан ба Иттиҳоди Аврупо пайдо шуд, хунаш ба ҷӯш омад. Аслан дарди пайвастани кишварҳои пасошӯравӣ ба ин Иттиҳод ва НАТО барои Русия хеле дардовар аст. Ҳар кишваре, ки дар ин маҳдуда дар ин мавзӯъ садо баланд мекунад, ба гирдоби хашми Русия гирифтор хоҳад шуд. Ба чолиш кашидани "дардҳо"-и мухталифи Украина аз тарафи Русия ҳанӯз оғози кор аст. Ва Русия дар чорроҳи муборизаҳои тавсиаталабӣ дасти таҷовуз ба Украина бардоштааст. Акнун Русия ба навъи дахолатҳояш дар рӯбарӯи сиёсатҳои ҷаҳон қарор гирифта, аз сӯе ҳам дар ҳавзаи таҳдидҳои сарони бархе аз кишварҳо ва созмонҳои ҷомеаи ҷаҳон афтодааст. Вале ин навбат Русия ба ботлоқи воқеияти сиёсатҳои дахолат ба умури кишвари дигар ва ҳатто вуруди фоҳиш ба хоки кишвари ҳамсоя ворид шудааст.

Таъсироти буҳрон

Мушкили пешовардаи Русия дар сиёсати ҷаҳон таъсир гузоштааст. Хеле аз сиёсатмардон, озодихоҳон ва мардуми рӯшанфикри ҷаҳон равишҳои азаматталабонаи Русияро дар қиболи Украина мавриди интиқод қарор дода ва маҳкум мекунанд. Дар миёни мардуми Тоҷикистон ва кишварҳои минтақаи мо низ шахсони мухолиф ва ҷонибдор ба сиёсат ва равишҳои Русия зиёд ҳастанд, ки имрӯзҳо назари худро ба воситаи расонаҳои гуногун баён мекунанд.

Аз сӯи дигар, буҳрони эҷодкардаи Русия ду мушкили дигарро, бахусус дар минтақаи мо рӯнамо кардааст; яке, хуруҷи эҳсоси зӯргӯйӣ ва мудохила дар корҳои кишвари дигар дар миёни ҳукуматҳои мудохилаҷӯи минтақа ва дигаре, густариши эҳсоси миллатгароӣ дар миёни русҳо ва русгароҳо мебошад.

Дар иртибот ба мушкилоти номбурда равишҳои ошкор ва гӯёи ин падидаҳои номатлуб базудӣ расонаӣ шудаанд. Тайи ду-се рӯзи ахир мо шоҳиди гуфтумони шахсиятҳои сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеи минтақа ҳастем, ки дар муносиботи онҳо ҳатто равишҳои ситезаҷӯӣ, душманона ва дашному қабеҳгӯиро мебинем. Имрӯзҳо чанде аз шахсиятҳои сиёсиву фарҳангии тоҷик аз ҷумлаи Темури Варқӣ, Олим Шерзамонов, Дориюши Раҷабиён, Равшан Темуриён ва чанде дигар, ки бархе русзабон ҳастанд, мавриди интиқоду бадгӯйӣ ва таънаву маломати баъзе аз русзабонҳо ва русгароён шудаанд. Гап дар сари он аст, ки ҳамин гурӯҳи русҳо пештар ба ҳар навиштаву эҷоди махсусан Темури Варқӣ, бо меҳрубониву муҳаббат сухан мегуфтанд. Вале ҳамин ки инҳо сиёсатҳои таҷовузгаронаи Русияро дар қиболи Украина ба танқид гирифтанд, "дӯстони рус" якбора ба дашному зиштгӯии онҳо гузаштанд. Дар поёни яке аз ин гуна бадрафториҳо дар сафҳаи Фейсбук чунин паёмро мехонем: "Воқеаҳои Украина, - навиштааст журналисти тоҷик Лола Олимова, - одамонро ба ихтилоф андохтааст. Ин воқеаҳо ҳамаи моро ҷиддӣ ба тавиш овардаанд. Бо ҳеч кас намехоҳам ҷанҷол кунам. Ҳар кадоми мо доир ба ин дидгоҳи хос ва мавқеи худамонро дорем. Мавқеи ман чунин аст: Ҳеч кас ҳақ надорад як давлати мустақилро маҷбур ба тобеият аз қонунҳои худ кунад. Ҳар як амали дахолати беруна - таҷовуз ва ҷанг аст. Ҳама гуна ҳуҷуми беруна ҳамеша ва дар ҳама ҳолат миллатро муттаҳид мекунад. Агар дар он қартаи ҷанги шаҳрвандӣ ба кор дароварда нашуда бошад. Ҳар гуна ҷанге саранҷом дер ё зуд ба поён мерасад. Ва ба тарзи гуногун анҷом меёбад. Хеле мехоҳам бовар кунам, ки Русия ба Украина ҳуҷум намекунад. Ин натиҷаи хуб надорад" (тарҷума аз русӣ - "Миллат").

Сиёсатмадори тоҷик Олим Шерзамонов аз чунин муносибати "дӯстони пешин" бо таассуф гуфтааст: "Ақибравӣ! "Дӯстоне" ҳастанд, ки аз сари муҳаббати бепоён ба Путин, туро аз сафи дӯстонашон хориҷ мекунанд. Хеле ҷойи таассуф аст. Оё чунин ҳам мешавад? Пас маълум мешавад чунин одамон омодаанд барои ақидаи худ одами наздикашонро бикушанд. Офарин, "дӯстони пешин"!" (аз русӣ тарҷумаи "Миллат").

Имрӯзҳо ҳамин гуна навиштаву гилагузориҳо, таънаву маломат ва ниҳоят дашному қабоҳат дар сафҳаҳои интернет зиёд ба чашм мерасад. Дар миёни ин гуна тафсирҳои интернетӣ зуҳури андешаҳои навъи миллатгароӣ, зӯргӯйӣ ва империяхоҳӣ бахубӣ мушоҳида Professor Komilzodaмешавад. Ба назар мерасад, ки хеле аз мардуми мо дарк карданд, ки дар рӯзи тангӣ "дӯстони пешин" хеле содда ба душман табдил мешаванд.

Бо ин ҳама гирудор, вазъи ноҳамвори буҳрони Украина-Русия мардуми ҷаҳонро ба ташвиш андохтааст. Албатта, ҳар мушкиле роҳи ҳал дорад - бадбахтона, роҳи оғози ҷанг ҳам дар сари роҳ истодааст. Умед мебандем, ки тарафҳои дар ҳоли рӯёрӯӣ ва давлатҳои зинафъ аз ҷанги навбатӣ ҷилавгирӣ кунанд.

Аҳмадшоҳ КОМИЛЗОДА, таҳлилгар:

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97