Қазияи Зайд Саидов дар меҳвари нишастҳои хабарӣ

Сиёсат 05.02.2014 19:12

Zayd saidov  tОжонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон ба иттиҳоми даст доштан дар ҷароими сангини иқтисодӣ панҷ парвандаи дигар алайҳи Зайд Саидов, тоҷири муваффақ боз кардааст.

Масъулони ин ожонс гуфтанд, ки се парванда бар асоси моддаи 245 (қисми 4)-и Қонуни ҷиноӣ, ба иттиҳоми "тасарруфи амвол ба миқдори махсусан калон" ва ду парванда бар асоси моддаи 340-и ин қонун, ба иттиҳоми "ҷаъли аснод ва тақаллуб" аоайҳи оқои Саидов ва сармуҳосибаш боз шудааст.

Додгоҳи олии Тоҷикистон Зайд Саидовро ба иттиҳоми таҷовуз ба номус, чандзанӣ, гирифтани ришва ва тақаллуб ба 26 сол (бо мусодираи амвол) маҳкум ба зиндон карда буд.

Фаттоҳ Саидов, раиси Ожонси мубориза бо фасод, рӯзи сешанбеи 4 феврал дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ки феълан бар асоси ҳукми Додгоҳи олӣ амволи Зайд Саидов тавқиф шуда ва аз ин миён танҳо корхонаи Тоҷикатлас дар шаҳри Душанбе ба нафъи давлат мусодира шудааст.

Раиси Ожонси мубориза бо фасод гуфт, ки Зайд Саидов пас аз хусусӣ кардани ин корхона 222 адад аз таҷҳизоти атласбофиро ба қимати арзон ба корхонаҳои Чин фурӯхтааст.

Ҳарчанд масъулони Вазорати саноатва фанноварии ҷадиди Тоҷикистон ахиран мавӯъи эҳёи корхонаи Тоҷикатлас-ро матраҳ карданд, аммо мақомоти ин ожонс ин корро душвор хонданд.

Ба гуфтаи онҳо, барои харидории таҷҳизот ва роҳандозии корхонаи Тоҷикатлас сармояи ҳангуфте лозим аст. Ба далели мушкилоти иқтисодӣ будҷеи давлати Тоҷикистон имкони сармоягузорӣ дар ин тарҳро надорад.

Ҳамчунин, ба гуфтаи Зайд Саидов, бо ҳукми Додгоҳи иқтисодии Тоҷикистон давлат ошхона ва фурӯшгоҳи мӯдеро, ки дар сохтмони Вазорати саноат воқеъ буда ва дар замони вазири саноат будани Зайд Саидов хусусӣ шуда буданд, дубора ба моликияти худ даровардааст.

Бар асоси қавонини Тоҷикистон утоқ ё қисматҳое аз як сохтмони давлатӣ хусусӣ намешаванд. Ин дар ҳолест, ки дар бештари сохтмонҳои давлатӣ ошхона, ресторан ё нукоти мухталифи хидматрасонӣ хусусӣ шудаанд.

Фаттоҳ Саидов гуфт: "Пас аз қувваи қонунӣ гирифтани ҳукми Суди олӣ масъалаи амволаш дида мешавад. Дар ҷараёни бозрасӣ маълум хоҳад шуд, ки кадом амвол ба таври тақаллубкорона ба номи хешовандон сабт шудааст. Агар чунин ҳолат ошкор шавад, амвол мусодира мешавад."

Фаттоҳ Саидов дар мавриди сарнавишти муҷтамаъи тиҷории Пойтахт дар шаҳри Душанбе, ки ба Зайд Саидов мутаъаллиқ аст, гуфт, ки то замони баррасии парвандаҳои иқтисодии Зайд Саидов даромади ин муҷтамаъ ба ҳисоби бонкии вижаи Ожонси мубориза бо фасод ворид мешавад.Вай афзуд, ки дар сурати гунаҳкор шинохта шудани Зайд Саидов аз сӯйи додгоҳ, маблағи ҷамъшуда дар ин ҳисоб ба будҷаи давлати Тоҷикистон мунтақил хоҳад шуд.

Шуҳрат Қудратов, яке аз се вакили дифои Зайд зимни як нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфтааст, аз изҳороти Фаттоҳ Саидов, раиси Ожонсии зидди фасод бармеояд, ки онҳо ҳар қадами моро пайгирӣ карда, телефонҳои моро гӯш мекунанд. Қудратов ин кори масъулини Ожонсии зидди фасодро ғайриқонунӣ хонда, таъкид намуд, ки барои дифооъ аз ҳуқуқҳои худ ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати умури дохилӣ муроҷиат мекунанд.

Вакилони дифоъ инчунин даъво доранд, ки Фаттоҳ Саидов, раиси Ожонсии мубориза бо фасоди молӣ, дар нишасти хабарияш дар ҳаққи онҳо ҳарфҳои беасос гуфтааст. Вакилон дар сӯҳбат бо Озодагон гуфтанд, ҳоло қасд доранд, аз болои Фаттоҳ Саидов ба додгоҳ шикоят бубаранд, то мӯй аз хамир ҷудо гардад.

Исҳоқ Табаров, яке аз се вакили мудофеи Зайд Саидов дар шарҳи гуфтаҳои раиси Ожонсии зидди фасоди молӣ гуфт, шахсан ба Био Папа муроҷиат кардам ва онҳо он нусхаеро, ки ба муфаттишон додаанд, ба ман низ нишон доданд. Дар он падари фарзанди гӯиё ҷабрдида будани зерҳимояи мо куллан рад шудааст.

Қодири Қосим, раиси тозатаъини Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ низ зимни нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, дар баҳси яке аз парвандаҳои марбут ба Зайд Саидов дар бораи хусусигардонии ошхона дар бинои Вазорати энержӣ ва саноат ба ҳайси ҳамҷавобгар даъват шудаанд. Ҷаноби Қосим ин нуктаро дар нишасти хабарии панҷуми феврал дар Душанбе баён дошт.

Қодири Қосим мегӯяд, ин ягона мактубест, ки ба ин ниҳод дар мавриди амволи Зайд Саидов ворид шудааст. Дар ҳоле ки мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, Зайд Саидов чандин моликияти давлатиро ғайриқонунӣ аз худ кардааст. Аммо мудирияти Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ки масъули идора ва фурӯши амволи давлатӣ аст, изҳор медорад, ки ба онҳо танҳо мактуб дар бораи хусусигардонии ошхона дар бинои Вазорати энержӣ раситаасту бас.

Қодири Қосим таъкид кард, мурофиаи додгоҳӣ аз рӯи хусусигардонии ошхона дар бинои Вазорати энержӣ, ки ба гуфтаи тафтишот ғайриқонунӣ хусусӣ шудааст, рӯзи 6 феврал дар Додгоҳи иқтисодии Душанбе оғоз мешавад. 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97