Бозрасии пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон аз сӯи олмониҳо

Сиёсат 22.11.2013 14:38

russia base tajik bbcНизомиёни Олмон фаъолияти пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистонро бозрасӣ хоҳанд кард. Дар ин бора як масъули ҳавзаи низомии марказии Русия дар як нишасти матбуъотӣ хабар додааст.

Бино ба навиштаи Би-би-сӣ Ерослав Рошупкин, намояндаи расмии ҳавзаи низомии марказии Русия гуфтааст, ки қарор аст, низомиёни олмонӣ аз пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон аз 18 то 21-уми ноябр дидан кунанд.

Ба гуфтаи ӯ, бозрасии фаъолияти пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон бар пояи муқаррароти Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо сурат мегирад.

Ин санад соли 2001 миёни 56 кишвари узви САҲА ба имзо расида ва баргузории бозрасиҳои низомӣ аз сӯйи нозирони хориҷӣ ба як амри маъмулӣ дар Русия табдил шудааст.

Бозрасони олмонӣ бо наҳваи омӯзиш дар размоишгоҳҳои пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ошно шуда ва интизор меравад дар поёни кори худ як нишасти хабарӣ низ баргузор кунанд.

Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон бузургтарин пойгоҳи Русия дар хориҷ аз ин кишвар аст. Феълан дар ин пойгоҳ беш аз 7 ҳазор низомиёни рус мустақаранд. Мақомоти низомии Русия гуфтаанд, ки то хуруҷи нируҳои НАТО аз Афғонистон, ба пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон лавозимоти ҷангии нав ворид хоҳад шуд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97