Дагихудо Дагиев: Табартақсими Осиёи марказӣ, беадолатии ҳизби коммунист ва пантуркизм сабаби ҷанги дохилии Тоҷикистон

Сиёсат 14.11.2013 15:54

Dagi regimiДагихудо Дагиев як пажуҳишгари ҷавони тоҷик, доктори илмҳои сиёсӣ, ки дар шаҳри Лондони Бритониёи Кабир ба сар мебарад, таҳқиқоти фарогиреро таҳти унвони Шаклгирии қудрат дар Осиёи Марказӣ. Миллатгароии сиёсӣ ва тағйирот дар Тоҷикистону Узбакистон ба забони англисӣ  (Regime Transition in Central Asia: Stateness, Nationalism and Political Change in Tajikistan and Uzbekistan) ба нашр расонид. Ин таҳқиқот қарор аст, ба зудӣ тавассути Интернет ба фурӯш гузошта шавад.

Бори аввал аст, ки дар ҷаҳони ғарб бо забони инглисӣ на танҳо аз дидгоҳи як муҳаққиқ балки аз дидгоҳи як фарди тоҷик китобе дар мавзӯъи-умдае, ки ба ториху фарҳанги пурпечутоби замони шӯравии тоҷику Тоҷикистон марбут ҳаст, ба нашр мерасад. Китоби мазкур масоил ва мавзуъотеро аз қабили ҳувияти этникии тоҷик, тақсимоти миллӣ ва ҳудудӣ ё ба ибораи дигар "табартақсим", тақдири ҷамъияти тоҷикон ва қисмати мардуме, ки бо унвони сарт ё сартҳо дар баъзе аз маънобеи торихӣ зикр гардидаанду билохира баъд аз бунёди кишваре бо номи Узбакистон (1924) иҷборан дар шиносномаҳои худ узбак дарҷи ном гардиданд, баҳсу мунозира мекунад.

Инчунин мавзӯи дигареро, перомуни ҳадия гардидани марказҳои торихиву фарҳангӣ, ё ки худ гаҳвораи таммаддуни мардуми ориёинажод, Самарқанду Бухоро ба пантуркистони узбак аз ҷониби ҳукумати болшевикҳо ва сабабу зарурати чунин амру амал ва оқибати он дар ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии тоҷикону Тоҷикистон, махсусан баъд аз пошхӯрии шӯравӣ мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор додааст. Ба ҳамин тариқ китоб ҳаводиси солҳои истиқлолиятро баҳсу мунозира ва таҳлил намуда, тамоми пажӯҳишу тадқиқотҳои то ба ин дам аз ҷониби донишмандони дохиливу хориҷӣ анҷомдодаро ба чолиш кашидааст. Яке аз мавзуъҳои фундаменталӣ ин таҳқиқот омӯзиши омилҳо ва паҳлӯҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аст, ки гарчанде омилҳои чанги шаҳрвандӣ зиёд буданд, вале яке аз омилҳои бунёдӣ, ки баъд аз пошхӯрии шӯравӣ ягонагии Тоҷикистон ва мардуми онро ҳифз карда натавонисту ин кишварро ба ҷанги бародаркӯш рӯ ба рӯ сохт, тақсимоти миллӣ ва ҳудудии солҳои 1920 буд. Зеро халқ ва ё миллати тоҷик аз меҳварҳои тамаддунии худ, яъне он марказҳои илмию фарҳангие, ки мисли ситораи қутб дар ҳар давру замон, махсусан дар замони гузариш аз як сохтори давлатдорӣ ба сохтори дигар, ваҳдати миллату мардум ва марзу буми ҷуғрофии онро ҳифз мекарданду ягонагиашро нигоҳ медоштанд, бенасиб гардида буданд.

Китоб аз чанд фасл иборат буда, ҳар як фасли он доир ба мавзуъҳои зикршуда баҳси мукамалу муфассалро дар бар мегирад. Дар фасли аввал суҳбат перомуни марзу буми давлат ва давлатдорӣ (stateness), яъне ҷуғрофии ҳар як миллату халқ, чӣ гуна муайян гардидаасту дар кадом ҳадду ҳудуд метавонем дорои давлат будан, ва инчунин дар кадом маврид ба воҳидияти ҳастии ягонагии миллат ва сарҳадоти давлат таҳдид вуҷуд дорад, баррасӣ мешавад. Мувофиқи таҳқиқу таҳлили донишмандони улуми сиёсӣ, маҳз ҳамин мавзуъи давлатдорӣ (stateness), яъне тавофуқ надоштан миёни ҳувияти миллӣ бо марзу буми кишвар боиси он шуд, ки кишвари абарқудрате ба мисли шӯравӣ бо ин ҳама тавоноияш фурӯ бипошад. Ба ибораи дигар шаҳрвандони собиқ шӯравӣ бартарии бештар ба ҳувияти миллии худ, яъне худро мутталиқ ба ҷумҳуриҳои миллӣ медонистанд, на ба ҳувияте, ки давлати шӯравӣ "советский народ"-ро иҷборан бар дӯши онҳо бор мекард. Чун ҳувияти миллии ҳар як халқу миллат бо ҳама каму костагияш инъикосгари воқеии ҳастии онҳост. Аз ин дидгоҳ ҳувияте, ки ҳизби коммунистӣ ва давлати шӯравӣ иҷборан тарғиб мекарданд дар бисёр маврид, ба аксарияти халқу миллатҳои гуногуни шӯравӣ, ҳамчун як фарҳанги бегона ба назар мерасид. Чун ҳувияти мардум бар асоси урфу одат, расму русум, либос ва рангу бор, дастовардҳои фарҳангӣ ва илмӣ, ки дар тӯли торихи ҳазорсола аз таҷрибаи рӯзгор ба ҳосил шудаанд, бунёд дорад, инчунин дар он фарҳанг табиату иқлим ва мавқеи ҷуғрофӣ бо марказҳои фарҳангӣ таҷассуму инъикос ёфтаанд. Вале мутаассифона дар ин бозии халқу миллатсозии давлати шӯравӣ, ки мисли корхонаи чӯҷабарорӣ гоҳ-гоҳе зоҳир мешуд, яке аз халқҳои муқаддами сарзамини имрӯзаи Осиёи Марказиро, ки бештар бо номи тоҷик дар достонҳои торихӣ сабту зикр гардидаанд, ба диллемае рӯ ба рӯ сохт, ки баъд аз пошхӯрии шӯравӣ, ҷанги шаҳрвандро таҷриба карда то ба ҳанӯз роҳи мустақими худро пайдо накардааст. Чуноне ки зикр рафт, он марказҳое, ки барои мардуми тоҷик ҷилавгари ҳувияти миллӣ, инъикоси торихиву фарҳангӣ ва мужда аз гузаштаи онҳо доштанд, то ки баъд аз эъломияи истиқлол роҳу равиши худро дар ҷаҳони муосир пайдо бикунанд, берун аз марзу буми Тоҷикистон монданд. Дар ин замина на танҳо марказҳои фарҳангӣ, балки қисми зиёди ҷамъияти тоҷикон дар сарзамини аҷдодии хеш бегона бе сару сомона гардиданду иҷборан ҳувиятеро ба сарашон бор карданд, ки ҳатто дар тасаввуру тахаюли ин мардум намеғунҷид, яъне узбак ном гирифтанд ва аз он ба баъд дар сарзамини падару бобои хеш шаҳрванди давлате шуданд, ки то ба ин рӯз дар ҳеч харитаи торихи дунёи қадим зикр нагардида буд. Номи узбак мисли "советский народ" барояшон бегона буд, чун ин унвон таҷассуми фарҳангу торих, урфу одат ва ҳувияти миллии онҳо ва ё гузаштагони онҳоро дар худ инъикос намекард. Вале мутаассифона бо роҳи таҳдиду фишор ва зӯроварӣ узбак сабт гардиданд. Инчунин як қисми зиёди мардуми иронинажод, ки маъхазҳои зиёди торихӣ ва махсусан русҳо аз онҳо сарт зикри ном намудаанд, ҳам дар зери фишори пантуркистону пӯштибонии ҳукумати болшевикон, иҷборан туркнажод шумурда, ҳамчун узбак дар шиносномаҳои худ дарҷи ном гардидаанд.

Минбаъд чӣ донишмандони дохилӣ ва чӣ берунӣ махсусан аврупоиҳо сабабу омилҳои ҷанги шаҳрвандиро дар Тоҷикистони баъд аз шӯравӣ натиҷаи муборизаи идеологӣ, кланӣ ё маҳалгароӣ, миллатчигӣ, иқтисодӣ, исломӣ ва бархе омилҳои хориҷӣ ном бурдаанд. Вале китоби мазкур мавзуъи бунёдии баҳси худ, ё ба ибораи дигар омили асосии ба ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистони баъд аз шӯравиро, маҳз дар тақсимоти "табартақсим" ва беадолатии давлати шӯравӣ, ҳизби коммунистӣ, ва пантуркистҳо мебинад. Табартақсиме, ки мардуми тоҷикро аз марказҳои воқеии хеш, ки барои онҳо мисли меҳвар буданду ягонагӣ ва ваҳдати ин мардум, ин миллат ва ин сарзаминро таъмин сохта ёдоварӣ аз гузаштаи онҳо, падару бобоёни онҳо, фарҳанги онҳо, торихи онҳо, шоҳону шоҳигарии онҳо буданд, бенасиб кард. Чун он меҳвароне, ки мисли ситораи қутб дар шаби бемаҳтоби ин миллатро раҳнамоӣ бояд мекарданд ва дар даври гузариш аз як сохтор ё низоми давлатдорӣ ба низоми ҷадид иттиҳоду ягонагии ин миллатро таъмин месохтанд, аз марзу буми тоҷикону Тоҷикистон берун монданд.

Дар ин миён созмоне ба мисли Растохез арзи вуҷуд карда, як гурӯҳ мардуми рӯшанфикреро дар гирди худ ҷамъ овард ва махсусан роҳбари он Тоҳири Абдуҷаббор ва инчунин рӯзномаи ин созмон Растохез ба саҳнаи сиёсӣ ворид шуд. Тоҳири Абдуҷаббор, ҳамчун шахсияти воқеан миллӣ зери чатри Растохез як зумра масъалаҳои муҳимми миллӣ аз қабили зарурати ба забони тоҷикӣ (форсӣ) мақоми давлати бахшидан,  бедорӣ ва эҳёи миллӣ ва бисёр паҳлӯҳои дигари масъалаҳои марбут ба ҳувияту худшиносии миллии мардуми тоҷикро мавриди баҳс қарор дода буд. Аз ҷумла, мавзуъи тақсимоти миллӣ, Самарқанду Бухоро ва ҷамъияти тоҷикони Узбакистон ва ҳатто тарҳи ҷадиди Осиёи Марказии баъд аз шӯравиро пешниҳод карда буд. Яъне тақсимоти марзҳоро байни ҳамсоякишварҳо ва махсусан байни Тоҷикистону Узбакистон баррасӣ карда буд. Бархе дигар дар фикру зикри дубора баргардонидани ин сарзамину ин ҷамоати парокандаи тоҷикон дар ҳайъати давлати тозабунёди Тоҷикистон буданд. Аз ҳама ҷолибаш ин буд, ки дар Самарқанду Бухоро ҳам дар ин миён ҳаракати тоҷикон созмон ёфта буд, ки мавзуъи дубора бо Тоҷикистон пайвастанро ҳадафи хеш қарор дода буданд. Аммо мутаассифона дар Тоҷикистон роҳбарияте, ки ҳанӯз дар сари қудрат буд имону эътиқод ба ҳизби коммунистӣ доштанду бо умеди дубора барқароршавии шӯравӣ рӯз мебурданд ва ин фурсати торихиро нодида гирифтанд. Онҳо фарзандони давру замони хеш набуданд, мавқеъияти торихии замону макони хешро дарк накарданд ва баръакс бепарвоӣ зоҳир намудаанд. Воқеан онҳо аз дунболи ҳифзи мақому мансаби худ буданд ва умед бар он доштаанд, ки дубора ба ҷисми мурдаи коммунистӣ ҷон бибахшанд. Дар ин маврид чанде аз донишмандони ғарбӣ ва махсусан аввалин сафири Бритониёи Кабир дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва сафири фавқулодаи Бритониёи Кабир дар Афғонистон, дипломату торихнигор, забоншинос ва инчунин муаллифи китоби Тавлиди Тоҷикистон; ҳувияти миллӣ ва решаҳои он (The Birth of Tajikistan: National Identity and the Origins of the Republic) Пол Бурн (Paul Bergne) чунин меандешид. Тоҷикон Самарқанду Бухороро дар соли 1929 аз даст надоданд, балки дар соли 1991 аз даст доданд, чун давлати шӯравӣ аз байн рафт ва он ду рукне, ки ҳам дар дохили собиқ шӯравӣ ва ҳам дар арсаи байнанмиллалӣ марзу буми ин кишварҳоро, яъне Тоҷикистону Узбакистонро шинохта буд, дигар вуҷуд надоштанд. Як холигие дар ҳавои байнанмиллалӣ пайдо шуд, ки тоҷикон ё ки давлати Тоҷикистон мисли арманиҳои Карабоғи Кӯҳӣ, Осетияи Ҷанубӣ, Абхозистон, Транс Дниестр аз ин фурсат ё ки шонси торихӣ, ки барояшон ато шуда буд, бояд истифода мекарданд. То мисли ин кишварҳо ҳукумати он замони Тоҷикистон ва роҳбарияти он ҳам бояд даъвои марзу бум бо Узбакистон мекарду сарҳадоти Узбакистони баъд аз шӯравиро ба расмият намешинохт ва даъвои сарзамини торихии хеш ва сарҷамъии тоҷиконро мекарданд!

Дар ин маврид муаллиф бар он аст, ки агар ҳукумат ва роҳбарияти замони шӯравии Тоҷикистон воқеан дар фикри ин миллату тақдири он мебуданду аз замони шӯравӣ мисли арманиҳо омодагӣ мегирифтанд ва аз чунин фурсати торихӣ истифода мебурданд. Вале мутаассифона роҳбарони ҳам замони шӯравӣ ва ҳам баъд аз шӯравии Тоҷикистон ин даъворо надоштанду ҳаргиз ҳам фикр намекарданд, чунки онҳо дарку фаҳми амиқи фарҳангию торихӣ перомуни халқу миллатӣ худ надоштанд ва натситонализми тоҷик як чизи бегона дар тафаккури онҳо вонамуд мешуд ва ҳаргиз дар қисаи Самарқанду Бухоро ва умуман ҷамъияти тоҷикон набуданд. Варна ин як фурсате воқеие буд, ки роҳбарияти замони истиқлол бояд ҳамаи нируи рӯшанфикри кишварро дар гирду атрофи худ муттаҳид месохту дар якҷоягӣ даъвои Самарқанду Бухоро ва ҷамъияти тоҷикони Узбакистонро мекарданд, зеро муаллиф мутмаин аст, ки ба ин восита ҳатто метавонистанд, аз ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ҷилавгирӣ кунанд. Вале чун роҳбарони Тоҷикистон онқадар ҳисси миллӣ ва ё дарки худшиносӣ надоштанд, ҳаргиз сари мавзуъи Самарқанду Бухоро ва ё қисмати талхи тоҷикони Узбакистон наандешиданд. Ҳамзамон ҳаракати тоҷикони Узбакистон дар Самарқанду Бухоро авҷ гирифта буду умедвор буданд, ки ҳукумати Тоҷикистон дар ин раванд аз онҳо дастгирӣ хоҳад кард. Аммо мутаассифона аз беаҳамиятӣ ва бетарафии ҳукумати Тоҷикистон, ҳукумати Узбакистон бо роҳбарии Ислом Каримов аз фурсат хеле зиракона истифода карданду "бо як тир ду нишон" гуфта қувваҳои озодихоҳу рӯшанфикр ва миллатгарои тоҷикро баъд аз сесияи 16- ум, ҳам дар дохили Тоҷикистон зери шиори саркӯби гурӯҳҳои исломгаро дар Тоҷикистон ва ҳам дар дохили Узбакистон ҳаракати миллатгароӣ ё натсионализми тоҷикони Самарқанду Бухоро ба исломгароӣ мутаҳам сохта, чунон саркӯб карданд, ки то ба ҳанӯз аз ин ҳаракати озодихоҳии тоҷику тоҷикиён ному нишоне на дар Тоҷикистон ва на дар Узабкистон боқӣ намондааст. Чун ҳукуматдорони узбак аз ибтидо, яъне соли 1920 то ба ин рӯз аз торихи худ ва тавлиди Узбакистон хуб огаҳӣ доштанд, баръакси роҳбарони замони шӯравии Тоҷикистон. Аз ин дидгоҳ сиёсати Ислом Каримов, то ҷое ба ҳаракати пантуркистон шабоҳат дошта, идомаи сиёсати онҳост, ки Тоҷикистонро ҳамчун як қисми ҷундонашавандаи Узбакистон ё Туркистони бузург медонанду мехоҳанд, ки ҳамеша мутеъи Тошканд бошад ва то ҷое дар ин раванд пеш рафтаанд.

Дар ин маврид, китоби мазкур дахолати Узбакистон ва Русияро дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, сабабҳо ва зарурати дахолати ин ду кишвар ва ҳадафҳои онҳо аз ин дахолатро баррасӣ намуда, хидмати онҳоро дар ба сари қудрат овардани ҳукумати кунунии Тоҷикистон нишон додааст. Русия чӣ умед дошту Узбакистон чӣ ва кадоми онҳо дар ин бозии сиёсӣ бо тақдири ҳазорон ҳазор мардуми бечораву бенавои тоҷик, ки ҷони худро дар ин бозии сиёсӣ қурбон сохтанд, мавриди таҳлилу омӯзиш қарор додааст.

Инчунин китоби мазкур перомуни сардшавии муносибати Тоҷикистону Узбакистон баҳсу мунозира карда, сиёсати минбаъдаи ин ду кишвару роҳбарони онро мавриди таҳлил қарор медиҳад. Яке аз мавзуъҳои ҷолибе, ки дар ин маврид баҳс гардидааст, сиёсатӣ натсионализми ин ду кишвар аст. Узбакистон, ки дар натиҷаи тақсимоти миллӣ ҳудудӣ бурд карда, сарзамини ғаниву марказҳои торихиву фарҳангии Осиёи Марказиро ба мисли Тошканду Хоразм, Самарқанду Бухоро, Хиваву Қӯқанд, Шаҳрисабзу Андиҷон соҳиб гардидааст, сиёсати ҳукумати ин кишвар дидаву дониста ба хотири ҳифзи ин марзу бум равона аст. Гарчанде ки кулли кишварҳои Осиёи Марказӣ ба тарзи сунъӣ дар солҳои 20-ум ва 30-уми қарни гузашта бунёд ёфтаанд. Узбакистон аз ҳама таҳдиди зиёд ба давлатдорӣ (stateness)-и худ дорад чун дар ин кишвар зиёд халқҳо ва гурӯҳҳои этникӣ ҳастанду рӯзгор доранд, ки ба ин миллат ё халқияти узбак ҳеч рабте надорад, вале мутаассифона аз замони шӯравӣ то ба имрӯз ба роҳи зӯроварӣ узбак сабти ном шудаанд. Вале роҳбарияти Узбакистон аз ин чиз ҳамеша воқифу огоҳ буд ва ҳамеша хавфро дарк мекард. Сиёсати замони истиқлолияти Узбакистон ҳам ба ҳамин самт равона буда ба ҳар роҳе, ки бошад, ҳифзи марзу бум ва якпрочагӣ ё ягонагии ин сарзамин аст, ки ин сиёсатро метавон сиёсати марзу бумӣ ном бурд, яъне ҳифзи сарҳадоту ҷуғрофии имрӯзаи Узбакистон. Ва ба ҳамин хотир ҳувияти давлати Узбакистон ва сиёсати натсионализми узбак марзу бумӣ буда (territorial nationalism) дар он муқаддасоти марзу буми Узбакистон акс ёфтааст. Вале баръакси Узбакистон, Тоҷикистон ки як кишвари кӯчак ва аз манотиқи кӯҳистон иборат асту қариб, ки аз кулли марокизи фарҳангии худ бенасиб мондааст, ҳувияти тоҷикиро дар паҳнои торихӣ (historical context) дорад инъикос мекунад. Чун ки Тоҷикистони кӯчак ё бо марзу буме, ки имрӯз арзи вуҷуд дорад имкони тавлиди ҳувияте, ки барои тоҷикон муҳимму боаҳамият бошадро надорад, зеро дар он инъикоси ториху фарҳанг ва паҳное, ки тоҷикон ҳаёту рӯзгор доштаанд дар торихи ҳазорсолаи охир бозтобиш наёфтааст. Чун эҳёи миллату давлати тоҷикон дар замони навин маншаъ аз Сомониён дорад, вале мутаассифона Тоҷикистони имрӯза аз он марзу бум танҳо 20 дар сади он сарҳадотро дар бар гирифтаасту халос. Барои идеологҳои Тоҷикистони пас аз шӯравӣ эҳёи ҳувияти миллӣ ё давлатдорӣ хеле ҳам сангин ҳаст, зеро ки ин қисмати зиёди сарзамини имрӯзаи Афғонистону Узбакистон, як қисмате аз Қирғизистону Қазоқистон, Туркманистону Чин ва Хуросони Ирони имрӯзаро дар бар мегирад. Чун ҳувияти миллии тоҷикӣ дар мӯҳтавои торихӣ эҳё ёфтааст. Ба ҳамин хотир метавон гуфт, ки бунёди ҳастӣ, ҳувият ва ё натсионализми тоҷик торихӣ (historical nationalism) буда, на марзу бумӣ (territorial nationalism) мисли ҳамсоякишвари Узбакистон. Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистони имрӯза наметавонад ҳамаи он ҷуғрофие, ки мардум ё этноси тоҷикон рӯзгор доштаанд дар бар бигирад, вале бо бунёди торихӣ доштани натсионализми тоҷик имкон дорад, ки марзу буми давлати Сомониёнро дар худ инъикос ё таҷассум кунад. Вале ин ҳувият, ки решаи торихӣ дорад, Тоҷикистони кӯчакро аз таҳдиди ҳамсоякишварҳо эмин нахоҳад гузошт, аммо навобаста аз ин, даъвои тоҷикон собитгари он аст, ки онҳо аз даъвои худ ба зудӣ ё осонӣ даст нахоҳанд кашид. Аммо даъвои Тоҷикистон бештар алайҳи Узбакистон аст, чун тоҷикон дар сарзамини имрӯзаи Афғонистону Ирон ҳам рӯзгор доранд, вале онҳо аз дидгоҳи забониву фарҳанги таҳқир нашудаанд. Лекин дар Узбакистон бошад, аз оғози бунёди ин кишвар таҳқиру таҳдид ва фишор бар сари тоҷикон то ба имрӯз идома дорад. Чун сиёсати узбаку ҳукумати ин кишвар аз замони пантуркистон то ба имрӯз ба он равона шуда буд, ки ҳарчи бештар мардуми ин сарзаминро аз ҳастии худ бегона созанду ҳувияти узбак-туркиро бар дӯшашон ба бор оваранд. Ба ибораи дигар онҳоро "манқурт" сохтаанду аз асли хуб бегона хонданд, ки дубора ба аслӣ воқеияшон баргардондану ошно сохтан, ҳимати ҳар яки мост. Ин аст, ки ҳукумати Узбакистон аз ибтидо то ба интиҳо аз тоҷикон таҳдид хоҳад дошт, чун тоҷикон аз ҳама бештару мутамарказтаранд ва дар сарҳадоти Тоҷикистон ҷойгузиранд ва инчуни ҳамсоякишваре мисли Афғонистон доранд, ки дар манотиқи сарҳадоти он ҳам тоҷикон сукунат доранд.

Ин аст, ки натсионализми тоҷик алайҳи, ё ки посухе ба натсионализми узбак буда, чуноне ки оварда шудааст, барои Узбакистон ва ё ҳукумати он ҳифзи марзу бум ва якпорчагии кишвар аз ҳама муқаддастар аст ва сиёсати миллии кишвари онҳо дар даврони истиқлолият бар ҳамин асос бунёд ёфтааст. Вале гарчанде, ки барои Тоҷикистон якпорчагӣ ва ягонагии давлату миллат муқаддас аст, аммо сарҳадоти имрӯзаи ин кишвар барои эҳёи ҳувияти миллӣ ва ё идеяи миллии он тавофуқ намекунад. Маҳз аз ҳамин хотир эҳёи ҳувияти тоҷикӣ инъикоси торихӣ дорад, зеро дар торих яъне қабл аз замони шӯравӣ ва тақсимоти миллӣ ҳудудӣ кулли он марзу бумеро дар худ таҷассум хоҳад дошт, ки тоҷикон сарзамини аҷдодии худ мепиндоранд. 

Ислом ё эҳёи ислом баъд аз пошхӯрии собиқ шӯравӣ мавзуъи дигарест, ки перомуни он дар ин китоб баҳсу мунозира сурат гирифтааст. Ислом як омилест, ки ҳамеша роҳбарон ва ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва махсусан Тоҷикистону Узбакисторо дар тарсу ҳарос нигоҳ медорад. Гарчанде ки кулли кишварҳои Осиёи Марказӣ мусалмонанд, вале асари осорҳои илмиву торихӣ ва марказҳои мероси фарҳангие, ки ба замони зуҳури ислом марбутанд дар ин сарзамин, ҳамеша ба ҳайси як рукни бунёди барои тамири ҳастиву ҳувияти миллии ин мардум нақши барҷастае бозидаанд. Чун қисмати зиёди роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ собиқаи коммунистӣ доштанду воқифи ҳол буданд, ки аз ҷониби рӯҳонияти динӣ этимоди васеъ пайдо нахоҳанд кард. Вале ба ҳар ҳол дар замони истиқлол ин роҳбарон хеле кӯшидаанд, ки то ҳаде ҳам бошад бо ислом созиш бикунанду аз ислом ҳамчун такягоҳ барои худ ва ё мавқеи ҳокимияти давлатдориашон истифода бубаранд. Дар ин замина ҳукумат ва роҳбарияти Тоҷикистону Узбакистон равишҳои мухталиферо ба кор гирифтаанд ва то ҷое муваффақ ҳам гардидаанд. Вале ин муваффақатҳо мувақати хоҳанд буд, чун мавқеъ ва сиёсатӣ ҳарду кишвар дар нисбати ислом кӯтоҳназарона буда ояндабинона барраси нагардидааст, ки ин ҳамеша боиси ташвиш хоҳад буд. Ислом ва махсусан исломи сиёсӣ дар ҷаҳони муосир хеле нируманд буда гарчанде дар ҳоли ҳозир ба назар ором бинамояд ҳам ҳамеша тавони ларзондани ингуна кишвару режимҳоро дорад.

Дигар мавзӯе, ки дар китоби мазкур дахл гардидааст, ин масъалаи эҳё ё бунёди давлатдорӣ пас аз шӯравӣ дар ин ду кишвар аст. Фарҳанги сиёсие, ки имрӯз дар ин ду кишвар партавфишон аст собитгари марҳилаи беинтиҳои гузариши ин кишварҳост, боиси офариниши як шакли давлатдориест, ки онро муаллифи китоби мазкур "натсионализми падаршоҳӣ" (patrimonial nationalism) номидааст. Натсионализми падаршоҳӣ якчанд ҳадаф дорад: (а) яке пур кардани холигии идеоложие, ки баъд аз пошхӯрии шӯравӣ дар ин кишварҳо ба вуҷуд омада буд, (б) дигаре гӯё ба хотири тақвият бахшидан ба ҳувияти миллӣ, (с) ҳифзи марзу бум ва ягонагии кишвар, (д) пешгирӣ кардан аз эҳёи исломгароӣ дар кишвар, (и) зуҳури роҳбари кишвар ҳамчун падари миллат ба ҳайси эҳёгари миллату давлат дар чашми аҳли ҷомеа мебошанд. Ва ба ҳамин тариқ онҳо ҳамчун роҳбарони бе алтернатив (берақиб) ҳувайдо гардида то замоне онҳо ҳастанд дигар касе ҳаду ҳудуд ва ҷасорат надошта бошад, то ки дар интихоботи "демократӣ" рақиби воқеии онҳо гардад. Зеро ҳастии онҳо дар сари қудрат ҳаёти осоишта ва айшу нӯши элитаро таъмингар аст, ва дар сурате ки роҳбар ҳатто аз қудрат рафтан ҳам бихоҳад, элита монеъи он хоҳад шуд. Чун аз қудрат рафтани ӯ адами элита хоҳад буд на танҳо дороиву молу мулки онҳо балки таҳдид ба ҷони онҳо ҳам хоҳад буд. Хулосаи муаллифи китоб ин аст, ки ҳамингуна шакли натсионализм маҳз боис шудааст то дар 22 соли охир ин кишварҳо шаклгирии номуаяниеро аз сар бигузаронанд.

"Миллат"

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97