Тоҷикистон фурӯши барқ ба Афғонистонро қатъ кардааст

Сиёсат 04.11.2013 21:56

barki-tochikМасъулони "Барқи тоҷик" мегӯянд, Тоҷикистон танҳо дар тобистон ба Афғонистон барқ медиҳад ва бо шурӯи мушкилоти камобӣ ва ниёзмандии худи Тоҷикистон ба нируи барқ, интиқоли он ба Афғонистон пурра қатъ карда мешавад.

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати «Барқи Тоҷик» рӯзи 29-уми октябр ба радиои Озодӣ гуфт, ки бо оғози ниёзмандиҳои мардуми Тоҷикистон ба нерӯи барқ, интиқоли он ба Афғонистон пурра қатъ карда шуд.

Нозирҷон Ёдгорӣ афзуд, ки Тоҷикистон танҳо "ба хотири ҳифзи фаъолияти хатҳои баландшиддате, ки миёни ду кишвар вуҷуд доранд", бо миқдори камтарин барқ ба Афғонистон мефиристад, "вале ин барои фурӯш намебошад".

"Баъзе ба минтақаҳои онтарафи марз бо Афғонистон, ки чароғон ҳастанд нигоҳ мекунад ва мегӯяд, ки гӯё ширкати "Барқи тоҷик" ҳамчунон ба Афғонистон барқ содир мекунад. Ин нодуруст аст, онҳо аз кишварҳои дигар барқро мегиранд ва бештар аз дизел истифода мекунанд", мегӯяд Нозирҷон Ёдгорӣ.

Вале роҳбарияти ширкати "Барқи тоҷик" қаблан гуфта буданд, ки ба Афғонистон ба хотири зиёд будани истеҳсоли барқ дар мавсими гармо барқ мефурӯшанд. Гуфта мешавад, то аввали октябр содироти барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон тавассути ду хати 220 ва 110 киловата анҷом меёфтаст. Бо фарорасии фасли тирамоҳ ва кам шудани сатҳи об дар обанбори Норак, Тоҷикистон ба нерӯи барқ ниёзи бештар пайдо мекунад.

Аз ин рӯ ширкати "Барқи тоҷик" шурӯъ аз 26-уми октябр дар тамоми Тоҷикистон ғайр аз шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Турсунзода ва Чкалов маҳдудияти итиқоли барқ ба аҳолиро ҷорӣ кардааст.

Ҳудуди 60 дар сади захоири оби минтақаи Осиёи Марказӣ ба қаламрави Тоҷикистон рост меояд, ки то кунун аз 527 миллиард киловат соат нерӯи барқ танҳо дар ҳудуди 5 дарсади он мавриди истифода қарор гирифтааст. Ҳамасола Тоҷикистон дар фасли тирамоҳ ва зимистон ба камбуди нируи барқ рӯбарӯ мешавад ва мутахассисон онро дар ҳудуди 5 миллиард киловат соат тахмин мезананд.

Ширкати «Барқи тоҷик» ба мардуми тоҷик, ки барқи кишвар «мол»-и онҳост, кам иттифоқ меафтад,  воқаеъат корро аниқу дақиқ  гуфта бошад. Гоҳо мегӯяд,ки ба хотири аз даст надодани бозор мо фуруши барқро ба Афғонистон қатъ намекунем. Гоҳи дигар эълом мекунад,ки фуруши барқ ба ин кишвар қатъ карда шудааст ва бо таъбири худашон   "ба хотири ҳифзи фаъолияти хатҳои баландшиддате, ки миёни ду кишвар вуҷуд доранд", миқдори камтарини барқ интиқол дода мешавад. Барқ ченаки ҳисоби худро доштагист. Хуб мешуд,ки мутахассисон ин «миқдори камтарин»-ро ҳисоб карда ба мардуми кишвар иттилоъ медоданд. Ё ин рақам низ сирри давлатист?!

Аз силсилаи Дўст гўяд табарвор... 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97