Агар Онишенко ба истеъфо мерафт

Сиёсат 30.10.2013 21:21

Onishenko 12Геннадий Онишенко, раҳбари Хадамоти беҳдоштии Русия, аз сабаби ба анҷом расидани мӯҳлати фаъолияташ бояд ба истеъфо мерафт. Дар ин бора ҷонишини сарвазири Русия Олга Голодетс ба хабарнигорон иттилоъ дод. Аммо худи Онишенко аз шарҳи истеъфояш чизе нагуфтааст. Ба ҷои Геннадий Онишенко, ки 21 октябр 63 сола шуд, бояд ҷонишини ӯ Анна Попова роҳбар таъин мешудааст. Ба таъкиди ҷонишини сарвазири Русия, Анна Попова "духтури ботаҷриба ва мутахассиси варзида мебошад".

Геннадий Онишенко, ки таи чанд соли охир бо интишори баёнияҳо дар мавриди вазъи беҳдоштии Тоҷикистон ва пешниҳодҳояш оид ба манъи воридоти меваи хушки Тоҷикистон ба Русия маъруфият касб кард, борҳо боиси эътироз аз ҷониби Тоҷикистон шуд ва мақомоти тоҷик амалкарди Онишенкоро ғаразмандона гуфтанд.

Аз ҷумла, дар миёнаҳои моҳи апрели соли равон Геннадий Онишенко пас аз шиносоӣ бо хадамоти марзбонӣ ва гумрукии истгоҳи Аксарайскии вилояти Астрахани Русия аз вазъи бади санитарии тарабхонаҳои поезди Тоҷикистон интиқод карда буд. Ба иддаои Онишенко, ин вагонҳо аз оддитари шароити беҳдоштӣ бархурдор нестанд. Дар ҷавоб ба ин изҳороти Онишенко КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон" дар самти Душанбе-Маскав поезди наверо ба роҳ монд, вале Геннадий Онишенко гуфт, ки албатта, ҷониби Тоҷикистон барои беҳбуди поездҳояш талош мекунад, аммо ин ҳам кифоя нест.

Умедворем,ки ҳукумати Руссия роҳбари тоза ба мақом расидаи Хадомоти беҳдоштиро чун абзори сиёсии худ дигар истифода намебарад ва минбаъд рӯи пештахтаҳои бозор ва мағозаҳои ин кишвар меваҳои хушки Тоҷикистон, меваҳои ситирусии Гурҷистон, майи хуштами Молдова ва гушту  тухми Украина фаровон мегарданд.

Аз силсилаи Дўст гўяд табарвор... 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97