Расули Амонуллоҳ " барои табобати дасташ" ба Олмон рафтааст?

Сиёсат 26.10.2013 16:19

Rasuli AmonulloМанобеи Озодӣ мегӯянд, писари раиси ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон баъди садамаи маргборе, ки се кушта ба ҷо гузошт, "барои табобати дасташ" ба Олмон рафтааст.

Як намояндаи гуруҳи тафтишотӣ садамаи маргбори шаби 8 ба 9  октябр, ки се нафар кушта бар ҷой гузошт, ба Озодӣ гуфт, гумонбари асосӣ - Расули Амонуллоҳ дар Олмон ба сар мебарад. 

Манбаи Озодӣ дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ки ба шарти пинҳон доштани номаш суҳбат кард, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Расули Амонуллоҳ, писари 16-солаи раҳбари ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ «бо мақсади табобати дасташ дар Олмон» қарор дорад. Вай гуфт, волидони ин наврас «ваъда додаанд, ки бо сиҳат шудани захми дасташ  фарзандашонро барои ширкат дар ҷараёни тафтишот ҳозир хоҳанд кард.»

Ин дар ҳолест, ки манобеъи мухталиф чанд рӯз боз ин мавзӯъро доман мезананд, ки бо гузашти наздики як ҳафта аз фоҷеаи маргбори се ҷавони тоҷик гумонбари аслӣ Расули Амонуллоҳ бедарак шудааст.

«Волидонаш мегӯянд, ки барои табобат ба Олмон бурда шудааст, аммо барои тафтишот сабаби аслӣ рӯшан нест, ки чаро Расули Амонуллоҳ дар Тоҷикистон неву дар Олмон аст,» -  гуфт намояндаи тафтишот. Вай афзуд, бархе аз  шоҳидони садамаи шаби 9 октябр ва мусофирони мошини «Жигулӣ» , ки дар беморхонаи Қараболо бистарӣ ҳастанд, аллакай пурсида шудаанд, аммо нафари асосӣ дар ин садама - ронандаи БМВ Расули Амонуллоҳ дар Тоҷикистон нест ва дар ҷараёни тафтишот ҳозир нашудааст.

Ин хабарро дар як суҳбати бидуни микрофон намояндаи дигари тафтишот аз вазорати умури дохилӣ ҳам тасдиқ кард. Ба иттилои манбаи дуюм, Расули Амонуллоҳ гӯё ҳамагӣ чанд соат баъд аз он садамаи ҳалокатбор Тоҷикистонро тарк кардааст. Ин дар ҳолест ки қаблан гуфта мешуд, ки Расули Амонуллоҳ ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист боздошт нашудааст.

Дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 11 октябр ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки тафтишот муайян кардааст, ки ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ», рақами қайди давлатиаш 20-20 РТ 01 Расули Амонуллоҳ, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Душанбе мебошад.  

Мошини БМВ-и ӯ, бино ба гузориши расмии Вазорати умури дохилӣ, соати дувуними шаби 9 октябр дар хиёбони Рӯдакӣ аз тарафи кӯчаи Теҳрон ба самти кӯчаи Ф.Ниёзӣ бо суръати баланд ҳаракат карда, ба мошини  «ВАЗ-21014» рақами қайди давлатиаш 80-36 ВВ 01, таҳти идораи ронанда Саидов Аловуддин Аҳлиддинович, сокини кӯчаи Хӯҷамбиёи болои шаҳри Душанбе, бархӯрд.

Дар натиҷаи ин садама Саидов Аловуддин дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, ду мусофири дохили атвомашинаи мазкур Исмоилова Сурайё, соли таваллудаш 1989, сокини ш.Турсунзода, ва Уктам Мансуров, соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри Душанбе ва писари раиси чойхонаи "Роҳат", дар бемористон ба ҳалокат расиданд. Се нафари дигар дар натиҷаи ин садама захмҳои сангин бардошта, дар Маркази миллии тиббӣ бистарӣ мебошанд.

Мавзӯи садамаи фоҷеаборе, ки боиси кушта шудани се ва ҷароҳат бардоштани се нафари дигар шудааст, яке аз пурбаҳстарин мавзӯъҳои корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ шудааст. Аксарият ин ҳодисаро маҳкум карда мегӯянд, ки сарфи назар аз он ки баъзе аз волидон намехоҳанд бо хонаводаи шахси бонуфуз бар сари марги фарзандашон вориди даъво шаванд, муттаҳам бояд дар баробари қонун ҷавоб диҳад. Тибқи баъзе иттилои дигари дарёфтӣ дар интернет, синну соли воқеии Расули Амонуллоҳ на 16, балки 18-сола гуфта мешавад.

Вале тавре хабарнигорон мушоҳида мекунанд, ин паҳлуи масъала ки Расули Амонуллоҳ писари яке аз шахсиятҳои бонуфуз ва наздик ба хонаводаи президенти Тоҷикистон аст, рӯз то рӯз мавзӯъро печидатар мекунад. Хабарнигорон мегӯянд, ки масъулин то рафт аз шарҳи ошкорои ин мавзуъ худдорӣ мекунанд.

P.S.: Мо ба ин ки кӣ чӣ мегӯяд, кор надорем. Танҳо мехоҳем ёддовар шавем,  ки ин барои аввалин бор нест, ки фарзандони афроди мансабдор бо мошини гаронбаҳо дучори садамаи ҳалокатбор мешаванд. Намегӯем ҳам, ки ин навҷавон пули ин мошини гаронбаҳоро аз куҷо пайдо кардааст. Зеро ин саволро қаблан дар чунин як ҳодисае матраҳ карда будем. Ҳоло суоле, ки матраҳ мешавад, ин аст, ки агар Расули Амонуллоҳ ноболиғ аст, чӣ гуна барои ронандагӣ иҷоза пайдо кардааст? Ва оё он ҳама кормандони БДА, ки дар ҳар хами кӯчаву паскӯча ҳозиру нозиранд, магар ин ронандаро боре сари чамбари мошин надиданд? Ё ӯ навшофёр будаву сабаби ин садама шудааст?

Гузашта аз ин ҳама, оё қонуни масъулияти падару модар дар ин ҳолат амал мекунад, ки писари ноболиғ соати 2-и шаб дар маркази пойтахти Тоҷикистон, як кишвари ҳуқуқбунёд ронандагӣ мекунад ва ҳаёти мардумро зери хатар мегузорад?

Ало… Оё касе ҳаст, ки ин пурсишҳоро посух бигӯяд???!!!

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97