РусАЛ меояд… ТАЛКО 275 миллион $ "қарздор" шудааст

Сиёсат 24.10.2013 18:07

Rusal talcoБино ба иттилои расонаҳои хабарӣ, арбитражи Швейтсария ширкати алюминиюми Тоҷикистонро ба пардохти 275 миллион доллар ба як шарики собиқаш муваззаф кардааст.

РусАл, бузургтарин ширкати алюминиюми Русия,  хабар додааст, ки додгоҳи иқтисодии Швейтсария дар қарори ниҳоияш аз 14 октябр ТАЛКО  ширкати алюминиюми Тоҷикистонро ба пардохтани 275 миллион доллар ба Hamer- як ширкати марбут ба РусАл  муваззаф кардааст. Игор Сатторов, сухангӯи ширкати  ТАЛКО дар сӯҳбат бо расонаҳои хабарӣ дар Тоҷикистон аз ҳукми ниҳоии арбитражи Швейтсария изҳори бехабарӣ кардааст. Аммо ӯ иқрор кардааст, ки дар ҳақиқат, баҳсҳои додгоҳӣ бо ниҳодҳои марбут ба РусАл аз замони тарки Тоҷикистон кардани ин ширкати русӣ идома дорад.

Игор Сатторов нашри хабари додгоҳи иқтисодии Швейтсария аз ҷониби РусАлро муноқиз ба тавофуқи тарафайн номид. Сухангӯи ТАЛКО гуфт, "ба сурати умум, дар мавриди тамоми масоили марбут ба даъвоҳои мутақобилаи мо бо пешниҳоди худи РусАл сирри баҳс (конфиденциалность) бояд ҳифз мешуд. Аз ин рӯ, ман ин мавзӯъро шарҳ дода наметавонам, чун мо намедонем, ки оё ин хабар то куҷо воқеъият дорад? Мо намедонем, ки чаро Соловоёв бар хилофи тавофуқи мо дар мавриди ҳифзи сирри баҳс ҳар навъ иттилоъро нашр мекунад ва то куҷо ин ҳама ҷавобгӯи тавофуқоти мост. Ман инро ба шумо гуфта наметавонам." Игор Сатторов афзудааст, маҳз ба ҳамин далели ҳифзи сирри баҳс аз шарҳи бештари қазия дар ҳоли ҳозир худдорӣ мекунад.

Дар як баёнияи матбуотӣ, ки Владислав Соловёв, муовини аввали мудири кулли РусАл рӯзи 16 октябр ба намояндагӣ аз Шӯрои мудирони ин ширкат нашр кардааст, гуфта мешавад, ки додгоҳ даъвои Hamer-ро, ки мегуфт, ТАЛКО дар соли 2003 ду қарордоди табодули мол бо ин ширкатро зери по кардааст, баррасӣ карда, ба суди Hamer ҳал кардааст. Hamer дар 10 соли пеш яке аз таъминкунандагони асосии ТАЛКО (он замон  ТадАЗ) бо гилнозём (гилхок) - ашёи хоми лозим барои тавлиди алюминий ба шумор мерафт ва дар иваз аз ин корхона барои фурӯш алюминий мегирифт.

Бино ба иттилои ин манбаъ, додгоҳи Швейтсария ширкати алюминсозии Тоҷикистонро муваззаф кардааст, ки хисороти расида ба Hamer ба маблағи 112 745 501 долларро, ки бо фоизҳояш тақрбиан 147 миллион доллар мешавад, пардохт кунад. ТАЛКО ҳамчунин ба пардохтани 14 579 385 доллар хароҷоти баҳси додгоҳии ин қазия мукаллаф шудааст. Дар маҷмӯъ, дар чорчӯби ин баҳс ТАЛКО бояд аз дастикам 275 миллион доллар маҳрум шавад.

Арбитражи Швейтсария, иборат аз 3 қозӣ (судя) даъвои ҷавобии ТАЛКО бо талаби пардохти тақрибан 400 миллион доллар хисороти бардоштааш аз ҳамкорӣ бо ин ширкати русиро комилан радд кардааст.

Ширкати РусАЛ , ки ба миллиардери рус Олег Дерипаска тааллуқ дорад, дар оғози солҳои 2000-ум аз ҳамкорони умдаи ширкати алюминсозии Тоҷикистон ба шумор мерафт. Нуқтаи авҷи ин ҳамкорӣ соли 2004 буд, ки РусАл бо имзои чанд қарордоди баланд бо давлати Тоҷикистон ба иқтисоди кишвар ваъдаи қариб 2 миллиард доллар сармоягузорӣ кард.

Бар пояи ин сармоя, мебоист сарбанди обанбори нирӯгоҳи Роғун сохта шуда, ду чархаи он ба тавлиди барқ шурӯъ мекард. РусАл барои Роғун 600 миллион доллар ва барои сохтани як корхонаи нави бузурги алюминсозӣ дар ҷануби Тоҷикистон ва бунёди ду коргоҳи нав дар ТАЛКО ҳудуди 1,2 миллиард доллари дигар ваъда карда буд. Аммо ихтилофи назарҳо байни РусАл ва мақомоти давлати Тоҷикистон боис шуд, ки ин тарҳҳои пуриддаъо ҳама рӯйи қоғаз бимонанд.

РусАл дар соли 2006 аз иҷрои ин ҳама тааҳҳудоташ даст кашид ва тарки Тоҷикистон кард.

Баҳсҳои додгоҳӣ байни ширкатҳои марбут ба РусАл ва ТАЛКО аз соли 2007 ба ин сӯ идома доранд. Дар соли 2009 як додгоҳи Бритониё низ ТАЛКО-ро ба пардохти 99 миллион доллар ба РусАл муваззаф карда буд.

ТАЛКО ҳамин тавр, дар як баҳси дигари додгоҳӣ дар Бритониё, ки яке аз пурҳазинатарин баҳсҳои додгоҳӣ дар таърихи он кишвар хонда мешуд, ба соҳибкори фирорӣ аз Тоҷикистон Аваз Назаров ва ширкати Ансол-и ӯ, ки дар гузашта низ аз таъминкунандаҳои асосии ТАЛКО бо гилхок маҳсуб мешуд, тақрибан 147 миллион доллар пардохт карда буд. Танҳо хароҷоти баҳси додгоҳӣ бо Ансол, бо шумули ҳаққи вакилони бритониёии ширкати ТАЛКО беш аз 100 миллион доллар гуфта мешуд.

ТАЛКО бо иқтидори тавлиди 400 000 тонна алюминий дар сол бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ҳудуди 60 дарсади содироти кишвар аз ҳисоби фурӯши алюминий фаровардаи асосии ТАЛКО ба даст меояд.

P.S.: Аммо ба назар мерасад, ки ТАЛКО ягона ширкати "тилоии" тоҷик ба бозиҳои сиёсӣ дар минтақа кашида шуда, нафсҳои аждаҳоӣ шабу рӯз дар фикри фурӯ бурдани он ҳастанд. Ва баъид ҳам нест, ки иштиҳои қозгири РусАЛ, акнун яке аз қарзхоҳони калони ТАЛКО низ сӯи он нигаронида шудааст. Аммо танҳо РусАЛ нест, ки иштиҳояш дар баробари ТАЛКО қозгир аст…

Аз силсилаи Дўст гўяд табарвор...      

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97