Оё Устод Ато доктор Абдуллоро ба тахти Кобул хоҳад шинонд?

Сиёсат 19.10.2013 16:23

Atomuhammadi Noor va Doktor AbdulloРӯзномаи "Ню-йорк таймс"- чопи Амрико дар матлабе роҷеъ ба интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон аз Абдулло Абдулло ба унвони номзади пештоз ва ҷонишини Ҳомиди Карзай ном бурдааст. Ин рӯзнома аз Зулмайи Расул, вазири умури хориҷаи Афғонистон ба унвони номзади барҷаста, аз устод Абдураб Расули Саёф ба унвони номзади муттаҳам ба ҷароими ҷангӣ, аз Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ба унвони номзаде, ки вазъияти хубтаре назар ба интихоботи соли 2009 дорад ва эҳтимоли шикасташ хеле зиёд аст ва аз Гулоғо Шерзай ба унвони номзади муттаҳам ба баччабозӣ ном бурда аст.

Интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Афғонистон қарор аст, дар 6 апрели соли 2014, яъне то шаш моҳи дигар баргузор шавад. Аммо муҳлати пешбарии номзадҳо рӯзи 6 октябр ба поён расид. Дар маҷмуъ 27 нафар худро барои номзадӣ номнавис намудаанд, ки муҳимтарини онҳо Абдулло Абдуло, аз ёрони пешини Аҳмадшоҳи Масъуд ва Зулмайи Расул, вазири умури хориҷа ва аз ёрони шоҳи пешини Афғонистон Зоиршоҳ мебошанд. Инчунин Расули Саёф низ худро номзад намудааст.

Муборизаи аслӣ дар интихоботи мазкур боз ҳам миёни намояндагони ҷабҳаи шимол ба раҳбарии Ато Муҳаммади Нур ва Салоҳиддини Раббонӣ ва атрофиёни Карзай ба раҳбарии Зулмай Халилзод, аз мақомоти паштунтабори Амрико ва сафири собиқи Амрико дар СММ ва Афғонистону Ироқ ҷараён дорад. Ҳарчанд то кунун ҷонибдорони Масъуд ва Раббонӣ ба чанд даста тақсим шудаанд, боз ҳам пурвазнтарин номзад Абдулло Абдулло номзади ҳизби Ҷамъияти исломии Афғонистон мебошад, ки баъди Устод Раббонӣ раҳбарии муваққати онро писари ӯ Салоҳиддини Раббонӣ ба уҳда дорад. Аммо яке аз додарони Масъуд, Аҳмадзиё Масъуд дар тими Зулмайи Расул муовинати аввалро пазируфта аст. Инчунин Амир Исмоилхон, яке дигар аз раҳбарони Ҷамъияти исломӣ муовинати Расули Саёфро уҳдадор шудааст.

Устод Ато Муҳаммади Нур, волии Балх дар мусоҳибаи яку ним соли пеши худ бо "Миллат" гуфта буд, ки касе президенти Афғонистон хоҳад шуд, ки ҷонибдории ӯро касб кунад. Ӯ гуфта буд, ё худам раиси ҷумҳур мешавам, ва ё касе, ки ман аз ӯ ҳимоят кунам. Рӯзи сешанбе Ато Муҳаммади Нур дар як нишасти хабарӣ эълон кард, ки дархости Ҳомиди Карзай дар мавриди муовини аввали яке аз номзадҳои мавриди назари ӯро рад кардааст. Устод Ато инчунин гуфт, ки яке дигар аз номзадҳо барои пазируфтани муовинати аввалаш ба ӯ 100 миллион доллар чеки сафед ваъда намудааст, аммо боз ҳам напазируфтааст. Эҳтимол меравад, ки ин ду номзад яке Зулмайи Расул ва дигаре Ашраф Ғанӣ ва бародари худи Карзай Қаюм Карзай бошад. 

Барои бори аввал дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон урфи пазируфта шудаи раҳбар паштун ва муовини авали ӯ тоҷик ва баръакс шикаста шуда ва ҳадди аққал дар ду се маврид муовинати авввал ба тоҷикон дода нашудааст. Аз ҷумла Қаюми Карзай, бародари Ҳомид Карзай, ки шикасташ дар интихобот қатъист, вале муовини аввали худро аз қавми узбак (Неъ-матулло Шаҳронӣ) баргузидааст. Дар тими Ашраф ғанӣ Аҳмадзай, ки аз пешвоёни ҳизби миллатгарои Афғонмиллат аст, муовини аввал Абдурашид Дӯстум интихоб шуда ва муовини дуввум ҳам аз қавми ҳазораст ва тоҷикон аслан ҷойгоҳе пайдо накардаанд.

То ҳоли ҳозир матраҳтарин номзад Абдулло Абдулло мебошад, ки  аз модаре тоҷик ва аз падаре паштун дар дарраи Панҷшер ба дунё омадааст, ки аксарияти пешвоёни тоҷик низ ба раҳбарии ӯ мувофиқанд. Ӯ донишгоҳро дар риштаи тиб хатм намуда ва чашмпизишк мебошад. Аз ибтидо то шаҳодати Аҳмадшоҳи Масъуд ҳамроҳи ӯ буд.

"Миллат"

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97