Олим Бобоев: Ҳадафи ман аз ширкат дар интихобот президент шудан нест

Сиёсат 18.10.2013 16:21

Мухтасари мусоҳибаи Олим Бобоев  бо радиои Би-би-сӣ

Olim boboev 1Олим Бобоев, номзади ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, ки ҳадафи ӯ аз ширкат дар интихобот раиси ҷумҳур шудан набуда, балки ӯ аз ин роҳ дар раванди демукросӣ саҳмгузорӣ мекунад.

Чандин ҳизбу иттиҳодияҳо номзадии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии феълиро ба унвони номзад ба давраи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ пешниҳод кардаанд. Чун ҳизби шумо номзадии шуморо гузошта, пас аз сиёсат ва кори ҳукумати феълӣ ва Раҳмон норозӣ ҳастед ва бовар доред, ки беҳтар аз Эмомалӣ Раҳмон кишварро идора кунед?

Беҳтар будан набуданашро фақат ҷомеъа гуфта метавонад. Аз лиҳози марҳилабандии инкишоф бинем, кишвари мо марҳилаи аввал - марҳилаи табдилдиҳиро паси сар кардааст. Марҳилаи дуввумӣ, ин марҳилаи мутобиқкунӣ аст. Мо манфиъатҳои миллии худро бо манофеъи дерунӣ бояд мувофиқа кунем ва сохтори дохилии иқтисодиятро аз лиҳози бехатарии миллат ва кишвар устувор кунем. Марҳилаи баъдӣ - модернкунонӣ ё имрӯзикунонӣ мешавад - яъне дастрасӣ ба технологияиҳои нав ва баъдан марҳилаи технологияҳои постмодерн ва ҷомеъаи илмӣ.

Шояд эътилоф бо ҳизбе, ки муддаъии дифоъ аз ҳуқуқи мазҳабии 90 дарсади ҷомеъа ҳастанд, хеле кори ғайримантиқӣ набошад..

Дуруст аст, ки ҳизби наҳзат дар ҳақиқат дар байни мардум тарафдор дорад. Мо масалан дар бораи дину давлат пешниҳодҳои мушаххас дар барнома дорем. Эйнштейн як гапи хушрӯй гуфтааст: Илм бе дин ланг аст. Дин бе илм кӯр аст. Агар динро мо бо илму ақл дарёфт накунем, имрӯз ҳар ҷараёнҳо ва мазҳабҳову равияҳо ворид шуда мазмуни динро нест мекунанд.

Агар ба расонаҳо нигоҳи сарсарӣ андохтаед, медонед, ки ҳама ҳадс мезананд интихоботи қарибулвуқуъ набарди Раҳмон ва Бобоназарова ё набарди ҳукумат ва мухолифон бошад. Зеро аҳзоби дигарро ё нодида мегиранд ва ё мегӯянд, аҳзоби кисагӣ ҳастанд ва ин ҳама саҳнасозӣ чаро?

Ин як фикр, як тасаввурест, ки шахсе ё гурӯҳе дорад. Ягон ташкилоти илмӣ ба чунин натиҷа намеояд. Зеро мо дар шароите қарор дорем, ки ҳукумат вазифадор аст, унсурҳои демократиро созмон диҳад, дастгирӣ кунад ва ҳизбҳоро созад. Аммо раванди инкишофи ин ҳизбҳоро ҷомеъа муайан мекунад.

Яъне мегӯед, новобаста аз натиҷаи интихобот ширкати шумо дар интихобот муҳим аст?

Бале. Имрӯз ҳадафи мо президент шудан нест, ҳадаф демократияро ба роҳ мондан аст. Раванди ҷомеъаро ба маҷрои дуруст ниҳодан аст. Мо мехоҳем ё не, аммо ҷомеъа аз ин тариқ тағйир меёбад, бештар сиёсӣ мешавад. Инро раванди демукротикунонӣ меноманд. Онҳое ки ҳизби кисагӣ мегӯянд, гуфтан гиранд, ин тафаккури онҳост. Аммо бори дигар мегӯям, давлат дастгирӣ кардани ҳизбҳоро бояд ташкил кунад, вазифадор аст аз ҷиҳати молиявӣ онҳоро дастгирӣ кунад. Агар дастгирӣ накунанд, ҳизбҳо метавонанд дунболи манофеъи ғайримиллӣ шаванд.

Аммо ҳастанд ҳизбҳое, ки мустақилона аз ҳукумат таъсис ёфтанд, яъне ҳукумат онҳоро мисли ҳизби шумо шояд дастгирӣ накардааст...

Ҳукумат ҳамаи ҳизбҳоро дастгирӣ мекунад. Ягон ҳизб бе дастгирии ҳукумат вуҷуд дошта наметавонад. Дар ягон кишвар, ягон ҳизб бе дастгирии ҳукумат фаъолият карда наметавнад!

Ҷаноби муҳтарам Олим Бобоев! Модоме ки ҳадафи раиси ҷумҳур шудан надошта бошед, пас  барои чӣ номзадии худро гузошта ҳаммаслакони худро барои ҷамъоварии 210 ҳазор имзо овораву саргардон мекунед ва 25 ҳазор сомониро аз ҳисоби андозсупурандагон гирифта, беҳуда харҷ менамоед?! Агар ба мардум нияти омӯзонидани демократияро дошта бошед, оё хуб нест, ки ин саҳнаро дар театр бозӣ кунед, зеро ин ҷо низ  макони хуби таълиму омӯзиш буда, мардумфиребӣ унвон намешавад.

Аз силсилаи Дўст гўяд табарвор...

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97