Нетаняҳу: Намегузорем Ирон соҳиби силоҳи ҳастаӣ шавад

Сиёсат 12.10.2013 19:08

NetanyhuБенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, гуфт, ки кишвараш ба Ирон иҷозаи соҳиби силоҳи ҳастаӣ шуданро нахоҳад дод, ҳатто дар сурате, ки дар ҷабҳаи дифоъ аз таҳдиди ҳастаии Теҳрон танҳо бимонад.

Зимни суханронӣ аз минбари Маҷмааи умумии СММ ӯ гуфт, ки фақат таҳримҳои шадид ва таҳдиди низомӣ Иронро барои даст бардоштан аз талоши сохтани бомби ҳастаӣ водор месозанд. Нетаняҳу афзуд, ки ба изҳороти раиси ҷумҳури Ирон Ҳасани Руҳонӣ бовар надорад. Ӯ Руҳониро "гурге дар пӯсти гусфанд" номид.

Бенямин Нетаняҳу ҳамчунин гуфт, ки ҷонибдори раванди сулҳ бо Фаластин аст ва аммо фаластиниҳо бояд давлати Исроилро эътироф кунанд. Намояндаи Ирон дар СММ Худойдод Сайфӣ суханронии Нетаняҳуро иғвоангез номид.

Аз ин пештар вазири умури хориҷии Ирон Муҳаммад Ҷавод Зариф нахуствазири Исроилро дар дурӯғгӯӣ муттаҳам кард. Дар мусоҳиба бо телевизиони давлатии Ирон ӯ гуфт, ки Нетаняҳу ҷомеъаи ҷаҳониро дар робита ба барномаи ҳастаии Теҳрон гӯл мезанад. Ӯ афзуд, ки 22 сол боз режими Исроил пайваста изҳор мекунад, ки Ирон баъд аз шаш моҳ соҳиби силоҳи ҳастаӣ хоҳад шуд.

P.S.: Ҷаноби Нетаняҳу шӯхӣ намекунад, балки мутмаин аст, ки Ирон чун зарфи тай шудани чанд шаш моҳаи пешбиникардаи Исроил дар зарфи 22 сол натавонист ба силоҳи атомӣ даст ёбад, пас аз ин ҳам наметавонад ба он даст ёбад. Ё шояд ин пешбинии худро бо такя ба як лутфи сафҳаи ЁУМ-и "Миллат", ки ба Амрико итминон дода буд, ки чун Ирон сохтани як нақби "Истиқлол"-ро дар шимоли Тоҷикистон солҳо боз ваъда медиҳаду наметавонад ба итмом бирасонад, асоснок карда бошад, ки ҳамчунин наметавонад силоҳи атомиро дар ин солҳои ахир бисозад. Аммо ҷаноби Нетаняҳу ҳам метавонад хотирҷамътар аз Амрико бошад, зеро баҳси таъсиси телевизиони форсӣ ба андозаи баҳси фановарии ҳастаии Ирон доғ шуда, аммо ҳанӯз ҳам аз он дараке нест. 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97