Интихобот

Сиёсат 07.10.2013 17:39

intikhobot 2013ё бозии омӯзишӣ дар миқёси ҷумҳурӣ

Маълумотномаи ғайричашмдошт барои хонанда

Пеш аз шуруъи нигориши матлаб ба хонандагони азиз як нуқтаро таъкид мекунем. Одатан ашхоси вазнину бо тамкин, зӯру тавоно ва андаке коҳилро ба хирс ташбеҳ медиҳанд. Ин ҷо ҳизбҳои сиёсии мо танҳо ба хотири коҳилии  худ ба хирс ташбеҳ дода шудаанд. Табиист, ки хирсҳо низ мисли одамон пиру нотавон ва ноуҳдабаро мешаванд ва манзур аз ин монандкунӣ маҳз ҳамин гуна хислати хирс дар назар аст.

                        

Ҳизбҳои сиёсӣ аз хоби "хирсона" бедор мешаванд

Агар донишҷӯёни тоҷик мисли дигар донишҷӯёни дунё зираку хуштаъб ва ҳозирҷавоб мебуданду дар бозии машҳури донишҷӯёни Кишварҳои муштаракулманофеъ КВН ва бо ҳамин монанд бозиҳо ширкат мекарданд, шояд нумераи саҳнавии худро онҳо тахминан чунин шурӯъ мегардид: "Фарқи ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистони мо аз  хирс дар чист"? Донишҷӯи зираке баъди чанд лаҳза фикр кардан ба ин суоли ғайричашмдошт ва аз ҳаҷву мутоиба орӣ набуда чунин ҷавоб мегуфт: "Хирс ҳар сол дар мавсими зимистон ба хоб меравад дар дигар мавсимҳои боқимондаи сол ҳаёти фаъолона ба сар мебарад. Ҳизбҳои сиёсии мо чанд сол хоб мераванд ва танҳо дар мавсими интихобот бедор мешаванд".

Имсол дар кишвар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор мешавад ва онро метавон аз рӯи воқеъияти вазъи сиёсии кишвар соли бедоршавии "хирс"-ҳои сиёсии мо номид. Ҳафтаи гузашта аввалин шуда аз худ Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон дарак дод. Ин ҳизб раиси худ Абдуҳалим Ғаффоровро ба номзади раёсати ҷумҳурӣ пешниҳод намуд. Дар тули ин  ҳафта ҳизбҳои дигар; Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, раиси ҳизб Олим Бобоев, Ҳизби демократӣ, раиси Ҳизб Саидҷаъфар Исмонов ва ҳизби аграрӣ ё кишоварзӣ ҷонишини раиси ҳизб Толиббек Бухориевро номзад пешниҳод карданд. ИНИТ ки аз баҳамоӣ ва муттаҳид гардидани ду ҳизб, Наҳзати исломии Тоҷикистон ва Сотсиал- демократии Тоҷикистон ва як чанд ашхоси саршиноси ҷомеъаи Тоҷикистон таъсис шуда буд, номзадии Ойниҳол Бобоназароваро ба раёсати ҷумҳурӣ пешбарӣ кард.

Чанд рӯз пештар Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, ки чун бародари кучаки ҳизби ҳоким шинохта шудааст, номзадии Эмомалӣ Раҳмон ва дирӯз Ҳизби коммунистии Тоҷикистон номзадии ҷонишини раиси ин ҳизб Исмоил Талбаковро ба мақоми президентӣ пешниҳод карданд.

Мантиқ куҷост?

Як мақоли маъмул вуҷуд дорад. Касе, ки кор намекунад, ӯ хато мекунад. Ҳукумати ҳозира таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон дар баробари муваффақиятҳояш камбудиҳои зиёде низ дорад, ки дар ин асри рушди иттилоъот ба касе пушида нест. Пас хоҳу нохоҳ суоли зерин домангири андеша мегардад: Барои чӣ ҳизбҳои сотсиалистӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, демократӣ, аграрӣ ва коммунистӣ (ба истиснои чанд маротиба ба хотири ибораи маъмули тоҷикӣ "Мо ҳам ҳастем", аз он ҷумла интиқод аз шаффоф баргузор нагардидани интихобот аз ҷониби Шодӣ Шабдолов) ба муқобили ягон амали ғайри қобили қабули ҳукумати феълӣ вокунише нишон надода, яку якбора дар маъракаи интихоботӣ худро рақиби Эмомалӣ Раҳмон эълом карда, дар муқобили ӯ вориди сабқат мешаванд?    Посухи ин суол ҷанобони муҳтарам, дар ҳақиқат рақиб будани шуморо ба фавориди асосии маърака дар зери шубҳа мегузорад.

Тавре ки дар боло ёдовар шудем, дар яке аз вокунишҳои худ Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунистӣ изҳор дошт, ки интихоботи дар пешистода шаффоф нахоҳад гузашт ва барои асоснок кардани матлаби худ чанд далеле низ оварда буд. Бар ин нигоҳ накарда, аз ҳизби коммунист номзад ба симати раиси ҷумҳур пешниҳод карда шуд. Ин раиси муҳтарам ҷое даъво дошт, ки ҳизбаш дар кишвар 40 ҳазор аъзо дорад. Даставвал бо ин нируи сарҷамъ барои  шаффоф баргузор кардани интихобот талош намуда, сипас баъди итминони комили ғолибият  пайдо намудан, номзадии худро пешбарӣ намудан мантиқи амали  ҳизбиро халалдор намесохт.

Шумо, пешвоёни ин ҳизбҳо ҳақ доред, андешаи инҷонибро қабул надошта бошед ва даъво кунед, ки мо воқеан ба ин маърака бо қадамҳои ҷиддӣ ворид мешавем. Пас аз рӯи ин тасмими шумо метавон ба чунин хулоса расид, ки кай ҷомеаи тоҷик аз "бобишоизм" халос мешавад? Ба фикрам ин истилоҳ ба ягон шарҳу эзоҳи зиёдатӣ зарурият надорад.

"Хидмати хирсона" ба Эмомалӣ Раҳмон

Агар ҳукумати феълӣ барои ба даст овардани ғолибият дар интихоботи оянда ва сохтани "фазои демократӣ" аз чунин усули политехнологии примитивӣ кайҳо аз "муд" баромадаро истифода намояд, ин амал ба зарараш анҷом ёфта, обрӯ ва эътибори онро дар арсаи байналмиллалӣ хеле коста мегардонад ва ҳамаи саъйу талоши таблиғотӣ ва ташвиқотияшро барои номзадаш дар назари мардум ботил мегардонад. Бо чунин обрӯ ва эътибори дошта дар муқобили чунин "пешвоёни сиёсӣ"  қарор додани Эмомалӣ Раҳмон як кори  ғайри қобили қабул аст, ки аз ҷониби ким- кадом политтехнологи мафкураи доуқёнусӣ бо номи "Х" сохта шудааст ва ин чиз боиси беэътибории имидҷи сиёсии ӯ хоҳад гашт. Ин тарзи корсозиро барои ғолибият дар маъракаи интихоботӣ метавон "ҳилаи шаръӣ" номид, ки дар асрҳои гузашта дар замони таназзули ислом ба хотири пуштибонии аҳли қудрат бар нафъи эътибор ва ҷоҳу ҷалоли худ уламои чоплуси дину имонфурӯш бофта бароварда будаанд. Барои дуруст фаҳмидани хонанда яке аз амалҳои "ҳиллаи шаръӣ"-ро ин ҷо чун мисол меоварем. Амалдоре ё амалдорзодае бо ҷурми фаҳшо дастгир карда мешуд, бояд мувофиқи ҳукми шариат ӯро бо задани сад дара ҷазо медоданд. Аммо бо фатвои уламои динфӯруш сад химчаро гирифта, дар як даста баста ба он як маротиба ба танаи марди фосиқ мезананд, ва гӯё  ӯ муҷозот шуда аст. Ин аст яке аз "ҳиллаҳои шаръӣ".

Як маслиҳати дӯстона ба ҳамкасб Олга Тутубалина

Аз орзуву омол ва идеалҳои мардум сӯистифода намуда, онҳоро ба манофеи худ ва қавму гуруҳи худ истифода кардан амалест, ки фарҷоми фоҷиабореро дар паси худ дорад. Саҳнаҳои дурӯғини мардумсолорӣ сохтан ба ҷуз мардумфиребӣ чизи дигаре нест. Таърихи башарро ба ҳоли  худ вомегузорем, танҳо таърихи начандон дури кишварро ба хотир меоварем. Ба гумонам ҳамин  ҳушдор кифоят аст.

Раисони ин ҳизбҳо, албатта худро рушанфикру интилегент меҳисобанд ва мо низ бар ин ҳеҷ  шубҳае надорем. Имрӯзҳо, ки ҳамкасби мо Олга Тутубалина бо сарнишинони ин табақаи иҷтимоӣ баҳси судӣ дорад, барояш як маслиҳатро арзонӣ медорем. Агар амалҳои авомфиребонаи ин ҷанобонро барои исботи  бегуноҳии худ ҳамчун далел пеш биоварад, бегумон дар суди воқеан боадолат ва бетараф баранда хоҳад шуд.

Интихоботи қарибулвуқуъ бо вуҷуди ин сенарияи куҳна тарҳрезишуда навигариҳои худро низ дорад, ки онҳоро нодида гирифтан беш аз ҳама ба манфиати кори ғолиби ин сабқат нахоҳад буд. Бори аввалин дар ҳаёти сиёсии кишвар чунин бо ҳамоии нируҳои сиёсии мухолифин ба амал омад, ки ин дар арсаи сиёсати ҷаҳони муосир як чизи маъмулӣ ва барои пешрафти кишварҳо хеле мусоидаткунанда мебошад. Ҳизби назҳати исломӣ як гашти хеле зираконаро анҷом дод. Ин ҳизб бори аввал дар таърихи кишвар ба ҳайси номзад бонуро пешниҳод кард. Бо ин амалаш ҳизб гӯё нишон дод, ки даъвои қудрат надорад ва дар назди ғарбиён нишон дод, ки ин ҳизби мутаассибон ва радикалҳо нест. Дар воқеъ аз номзади пешбарикардаи он барои маҳбуби (фаворити) сабқат Эмомалӣ Раҳмон ҳарифи арзандатар каси дигар нест. Ин шахсият сарфи назар аз он ки дар Русия (яке аз омилҳои таъсиррасони интихоботи Тоҷикистон)  он қадар эътибор ва маҳбубияти зиёде надошта бошад, аммо Ғарб ӯро қабул дорад ва ба ҳарфаш эътибор медиҳад. Ин интихоби қарибулвуқуъ барои раиси ҷумҳури феълӣ, ки дар интихобот ширкат хоҳад кард, имтиҳони ҷиддиеро аз "фанн"-и мардумсолорӣ, ки ҳамеша ба риояи он иддаъо дорад пеш гузоштааст. Дар сурати чӣ ғайри шафофу тақаллубомез  ва чӣ  шаффофу бетақаллуб гузаштани интихобот гумон меравад, ки ғолибият аз раиси ҷумҳури феълӣ Эмомалӣ Раҳмон аст. Дар шакли аввала баргузор гардидани он  ин дафъа ба таври  кулл боиси аз байн рафтани обрӯи ӯ мегардад. Дар ҳолати шафоф ва беғаразона гузаштани он обрӯ ва эътибори он дар назди ҷомеа баланд гардида, бо аксарияти овозҳо ғолиб меояд ва метавонад бо номзади дигаре ки баъди он бештари овозҳоро гирифта аст, ҳукумати эътилофӣ ташкил намуда, аз он ашхоси беташаббус ва коҳили дорои тафаккури асримиёнагии дар зери шонаҳои ӯ пинҳонгардида халос шавад ва самти ҳаракати кишварро 180 дараҷа тағйир диҳад. Барои ин кор ӯ таҷрибаи хуби амалӣ низ дорад. Ба гумон аз ҳама тиме, ки Э. Раҳмон бо онҳо кор кардааст, муваффақтаринашон ин ҳукумати эътилофӣ баъди Оштии миллӣ буд ва авзои солиму ҳамдигарфаҳмӣ дар он замон хеле бештар буд. Намунаи беҳтар барои пайравӣ ва тақлид ҳукумати эътилофии хонум Меркел аст, ки Олмонро ба яке аз давлатҳои муваффақи ҷаҳон расонида, дафъаи севвум боз аз нав дар интихоботи дирӯз барпо гардида пирӯз шуд.

Имрӯз дар назди ҷомеъаи кишвар кори ниҳоят ҷиддие дар пеш истодааст. Интихоботи дар пеш бударо шаффоф ва ҳақонӣ гузаронида чун Қирғизистони ҳамсоя вориди ҷаҳони демократӣ мешавад, ё онро ба қавле чун "ҳилаи демокросӣ" бар по намуда эътибори худро коста мегардонад. Дар ин сурат ин интихобот набуда, балки ба бозие шабоҳат пайдо мекунад, ки онро дар тренингҳо ва давраҳои омӯзишӣ чун "деловая игра" ном мебаранд ва фарқи ин бозӣ аз бозиҳои омӯзишӣ танҳо дар он боқӣ мемонад, ки ин бозӣ бо номи интихобот дар миқёси ҷумҳурӣ баргузор мегардад.

Н. Неъматзода

©2008 - 2020 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97