Назарпурсӣ: 75%-и тоҷикистониён ҷонибдори узвият дар Иттиҳоди гумрукиянд

Сиёсат 04.10.2013 16:27

evrazetsБонки авруосиёии рушд зимни як назарпурсӣ муайян кардааст, ки миёни сокинони Тоҷикистон ҳамоиш ба Иттиҳоди гумрукӣ ва Минтақаи ягонаи иқтисодӣ пуштибонҳои зиёд дорад.

Тибқи назарпурсии Бонки авруосиёии рушд ва Оҷонсии байналмилалии тадқиқотии Монитори Авруосиёӣ, ки миёни 14 ҳазор нафар дар қаламрави кишварҳои ИДМ гузаронда шудааст, дар Тоҷикистон 75 дарсади пурсидашудагон изҳор доштаанд, ки ҷонибдори пайвастшавӣ ба Иттиҳоди гумрукӣ ва минтақаи ягонаи иқтисодиянд. Дар Узбакистон теъдоди ҷонибдорони ин ҳамоиш 75 дарсад, Украина-50 дарсад, Молдавия-54 дарсад, Белорусия-65дарсад, Қазоқистон-75дарсад ва дар Русия 67 дарсадро ташкил медиҳад.

Айни ҳол ба Иттиҳоди гумрукӣ ва Минтақаи ягонаи иқтисодӣ, Русия, Белорусия ва Қазоқистон аъзо буда, Қирғизистону Тоҷикистон дар арафаи пайвастшавӣ ба ин созмонанд. Дар доираи ин созмонҳо Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ният дорад, Иттиҳоди Авруосиёро низ ташкил кунад, ки ҳаракати озоди шаҳрвандон, мол ва сармояро дар қаламрави кишварҳои узв таъмин мекунад.

Дар референдуми моҳи марти соли 1991 баргузоргардида ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна  низ ба ҷонибдории Шартномаи нави Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шуравӣ овоз дода буданд. Касе аз сарнишинони Кремл овози оҳоро ба  эътибор нагирифт ва баъди чанд вақт  Иттиҳоди Шуравиро барҳам дода, моро аз ин хонаи иттифоқӣ берун карданд. Дубора ба даргоҳе ки  туро аз он ҷо рондаанд бозгаштан чӣ маънӣ дорад.

Аз силсилаи Дўст гўяд табарвор...

©2008 - 2020 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97