Нигарониҳо аз истифодаи меҳнати кӯдакон дар Тоҷикистон

Сиёсат 02.10.2013 20:49

motСозмони ҷаҳонии кор гузориши нави худро дар заминаи истифодаи нируи кори кӯдак дар ҷаҳон нашр кард.

Созмони ҷаҳонии кор дар гузориши нави худ мегӯяд, дар ҳоли ҳозир 10 ҳазор кӯдаки тоҷик дар кӯча  кор мекунанд, ки 80 дарсади онҳо  ба хотири дарёфти имконияти бештари кор дар шаҳрҳо, ба хусус Душанбе ҳастанд ва эҳтимолияти дучор шудан ба истисмор барои онҳо вуҷуд дорад. Бар асоси ин гузориш 50 дар сади кӯдакони машғули кор дар кӯча, аз хонаводаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ мансубанд.

Ин гузориш рушан кардааст, ки дар Тоҷикистон 7 дарсад аз нируи кори кӯдак дар саҳро низ истифода мешавад. Созмони ҷаҳонии кор дар гузориши худ ҳамчунин таъкид мекунад, ки як гуруҳи нозуки аҳолӣ, ки дучори шаклҳои гуногуни истисмор, зӯроварӣ, муносибати дурушт мешаванд, кӯдакони кӯчабозорӣ ё машғули кор дар кӯча ҳастанд.

Сару садоҳо дар мавриди суиистифода аз нируи кӯдакон аз сӯи мақомот низ ба мушоҳида мерасад. Бархе аз кӯдакони хиёбонӣ иддаъо кардаанд, ки барои иҷозаи ғайриқонунии кор аз онҳо пул талаб мекунанд.

Аммо ин иддаъоро Наврӯз Самадов, раҳбари идораи давлатии назорат дар бахши кор ва ҳифзи иҷтимоии Вазорати меҳнати Тоҷикистон рад мекунад. Вай гуфт то ҳанӯз санҷишҳои онҳо ин далелро ки суиистифода аз мансаб аз ҷониби милитсия бошад кашф накардаанд.

Таҳлилагарон мегӯянд, ҷалби атфол ба меҳнат дар Тоҷикистон дар ҳоли табдил шудан ба як фарҳанги норавои ҷомеа аст ва дар сурати боло нарафтани сатҳи иқтисодии хонаводаҳо гумон аст, ин мушкил ҳалли худро ёбад. Аммо коршиносон мегӯянд, роҳу шеваҳои мубориза бо ин раванд дар кишвар натиҷасоз нест, зеро манзараи умумӣ ва омори дақиқ вуҷуд надорад. 

Наврӯз Самадов, масъули Вазорати меҳнати Тоҷикистон мегӯяд, ин ниҳод омори дақиқи кӯдаконе ки дар кӯча кор мекунанд дар даст надорад. Вале ин масъули вазорат истифода аз нируи кӯдакон дар корҳои сиёҳро рад накард. Вай гуфт баъзан худи кӯдакон ба корҳои сангин мисли аробакашӣ даст мезананд, ки ҳатто волидонашон хабар надоранд. "Кӯдаконе ҳастанд, ки ба бозор рафта аробакашӣ мекунанд. Ин албатта, хуб нест. Мо  ба раҳбарони бозорҳо гуфтем, ки ба чунин корҳо роҳ надиҳанд ва чанд нафарро ҷарима ҳам кардем."

Аммо ба гуфтаи  Самадов ба кори саҳро ҷалб шудани кӯдакон оммавӣ нест. Вай мегӯяд, кӯдакон бештар аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқоние, ки оилавӣ ҳастанд, ба кори саҳро ҷалб мешаванд.

Бар пояи гузориши Созмони ҷаҳонии кор "63 дар сади кӯдакони дар бозорҳои Душанбе машғули кор буда, ба оилаҳое, ки 6 ва зиёда аъзо доранд, мансубанд. Наздики 9600 кӯдак дар ҳудуди марзи Тоҷикистон дар муҳоҷирати дохилӣ буда, нисфи онҳо аз оилаҳои муҳоҷирон мебошанд."

Ҷовид Ҷӯраев, як масъули созмони "Наҷоти кӯдак", мегӯяд, таҳқиқот рушан кардааст, ки  кори кӯдакон дар кӯча ва саҳро дар ҳаёти онҳо ягон тағйири мусбатро ба бор намеорад. Зеро ба гуфтаи ӯ кӯдакон ҳангоми кор дар кӯча ва саҳро аз таълим дур мемонанд ва саломатии худро бармаҳал аз даст медиҳанд. Дар ин ҳолат ба гуфти ин масъули созмони "Наҷоти кӯдак", аз панҷаи камбизоатӣ баромадани онҳо мушкил мешавад. "Мегӯянд, ки кӯдакон ба оилаҳои худ кӯмак мекунанд ва ин кори баде нест, аммо ин андеша хатост.  Дар корҳои  кӯчаву саҳро ҷалб шудани онҳо ба ояндаи кӯдакон таъсири манфӣ мегузорад."

Созмони ҷаҳонии кор ду сол пеш гуфта буд, ки дар Тоҷикистон ҳудуди 200 ҳазор кӯдак маҷбуранд ба хотири таъмини худ ва ё хонаводаашон кор кунанд. Аммо ба бовари ҳомиёни ҳуқуқи кӯдак, ҳатто ин омори "мудҳиш" вусъат ва доманаи воқеии истифода аз нирӯи кӯдак дар Тоҷикистонро нишон намедиҳад. Бо ин ҳама коршиносони масоили иҷтимоӣ мегӯянд, ҳоли ҳозир рафъи масоили кори кӯдакон имконнопазир аст ва кӯшишҳо ҳам дар ин робита бенатиҷаанд. Чун ба қавли онҳо, аксари хонаводаҳои ин наврасон дар ҳоли фақр қарор доранд ва аз сӯи дигар ин қишри хурдсоли ҷомеа, нируи аслии кории кишварро ташкил медиҳанд. Чун аксари нируи фаъолии Тоҷикистон дар муҳоҷират аст ва бар иловаи мардҳо ҳатто аксари занон низ муҳоҷиратро ихтиёр кардаанд.

Созмони ҷаҳонии кор аз истифодаи неруи кори кӯдакон дар кишвар нигаронӣ дорад…

Созмони ҳифзи ҳуқуқи  занон аз  зери бори гарони рӯзгори пур аз машаққат ва хушунат мондани зану модарони тоҷик  нигаронӣ мекунанд….

Созмони дифои ҳуқуқ башар аз вазъи ногувори маҳбусон дар зиндонҳо ва аз  беҳуқуқии   муҳоҷирони кориамон нигарон ҳастанд…

Саҳифаҳои расонаҳои чопӣ ва электронӣ пур аз маводҳои нигаронкунанда аз бахшҳои мухталифи ҳаёти мо.

Вакилону вазирон ва дигар дастандаркорони муҳтарам! Рӯзе мерасида бошад, ки мо низ аз фаъолиятҳои бесамари худ як маротиба  изҳори нигаронӣ кунем.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97