Оё 29 соли тоҷик баробар ба 15 рӯзи русист?

Сиёсат 01.10.2013 11:18

poygohi-201Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рӯзи 23 сентябр созишнома дар бораи мақом ва шартҳои ҳузурии пойгоҳи Русия дар қаламрави Тоҷикистонро баррасӣ кард. Раванди тасвиби ин паймон дар порлумони Тоҷикистон оғоз ёфта, интизор меравад, ин созишнома дар иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, даъвати чорум тасвиб шавад. Бо қарори Шӯро, ин иҷлосияро рӯзи 1 октябр даъват кардаанд.

Қарордоди Тоҷикистону Русия дар бораи шароити ҳузури пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон ҳанӯз 5 октябри соли 2012 зимни сафари В. Путин ба Душанбе имзо шуда буд. Ин қарордод замони ҳузури ин пойгоҳро дастикам то соли 2042 тамдид карда, Русияро аз пардохти пули иҷора раҳо мекунад ва ҳам эътои ҳаққи дахлнопазирӣ ба низомиёни рус дар Тоҷикистонро дар бар мегирад.

Ҷониби Русия алакай то моҳи апрел тамоми мароҳили тасвиби ин созишномаро пушти сар гузошт, вале порлумони Тоҷикистон то ҳол ба баррасии ин паймон ҳатто шурӯъ накарда буд.

"Миллат" бо ин суол ба суроғи чанде аз соҳибназарон рафт: Ба фикри Шумо порлумон бояд созшномаи хузури пойгохи низомии 201 Русияро тасвиб кунад ва ё бояд барои тасвиби он шароити дигаре дар пеш гузошт? Ва ё оё 29 соли тоҷик ба 15 рӯзи рус баробар аст?

Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ:

- Ба назари ман дигар вақти шароити нав гузоштан аз даст рафт. Давлати Тоҷикистон шартҳои аслии худро гузошт ва натиҷаи хуб ҳам ба даст овард. Ҳамаи ин албатта дар натиҷаи устувории мавқеи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сохторҳои дахлдори давлатӣ ба даст омадаанд. Ин мавқеъгириҳои Президенти мо аз тарафи коршиносон ва  мухолифини хориҷии давлати мо баҳои баланд гирифтанд, чунки ин муқовимат ба як абарқудрат кори осоне ҳам набуд. Созишномаро бояд ҳатман ба тасвиб расонид ва аз гузаштҳое, ки Русия нисбати давлати мо кард, дуруст ва ҳаматарафа истифода кард. Барои мо чизи муҳим он аст, ки агар шароит амн бошад, ҳифзи сарҳадотро худамон анҷом диҳем. Нируҳои зиндаи дигар кишварҳоро ба Тоҷикистон овардан ба манфиати миллии мо нест. Русия низ инро мефаҳмад ва Президенти он кишвар ин нуктаро таъкид ҳам кард, ки ҷавоб ба ҳамаи тарафдорони бозгашти қувваҳои сарҳадии Русия ба Тоҷикистон аст. Албатта баъзе ниҳодҳои Русия аз ин ақида даст накашидаанд ва ҳоло ҳам атрофи ин масъала баҳсро давом дода меистанд, вале барои мо мавқеъи В.В.Путин муҳимтар ва ҷиддитар ба назар мерасад. Чуноне, ки дар Тоҷикистон мавқеъи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон низ ҳам барои мо ҷиддӣ, расмӣ ва қотеъонатар аз ҳар мавқеъи дигар мебошад.

Дар бораи муҳлати будубош ба саволи Шумо гуфтаниям, ки тарзи саволро шояд дигархелттар гузорем беҳтар аст. Вале ба ҳар ҳол чунин ҷавоб ба он арзанда хоҳад буд, ки Тоҷикистон дар чунин як баҳси нобаробар бо Русия тавонист, ки мавқеъи давлатии худро устуворона ҳифз намояд. Муҳлати буду боши пойгоҳи низомии Русияро аз 49 соли талаб кардаи он ҷониб то 29 сол пойин биёрад. Агар мавқеъи зиёиёни тоҷикро, ки даҳ сол талаб карда буданд, ба ҳисоб гирем, ҳарду тараф 10 солӣ ба ҳам гузашт карданд ва 14,5 солӣ тақсим карданд. Ва натиҷааш шуд 29 сол.

Баъд дар ҳошияи ин суол бояд бигӯям, ки Тоҷикистон давлати мустақил аст ва ҳеч давлати дигар ҳақ надорад ба раванди интихоботи он таъсир расонад. Фақат мардуми Тоҷикистон бо раъйи худ метавонад номзади арзандаашро ба ин мансаби олии давлатӣ интихоб кунад. Ва Русия низ наметавонад аз Тоҷикистон муҳлати буду бошро талаб кунад, балки хоста ё пешниҳоди худро дар ин ҳуҷҷат барои тарафи Тоҷикистон ирсол кардааст. Барои мисол рӯзи 24 сентябри соли 2013 Муовини вазири мудофиаи Русия чунин изҳорот додааст."Дар ҳамин ҳол, муовини вазири дифои Русия хабарҳо дар бораи баҳси мавзуи пардохти пули иҷораи пойгоҳро беасос хонд. Вай гуфт, касе аз ҷонибҳо ҳанӯз ҳарфи иҷорапулиро ба миён нагузоштааст ва мақомоти тоҷик аз ҷумла Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳам ин мавзуъро ба баҳс накашидаанд. Вай ҳамчунин аз чунин навиштаҳои матбуот изҳори норизоиятӣ кард, ки мегӯянд, Русия аз Тоҷикистон талаб дорад, то муҳлати будубоши пойгоҳашро ба 49 сол тамдид кунад. Анатолий Антонов гуфт, мо ҳеч гоҳ талаб накардаем, балки хостаем ва ин ҳаққи Тоҷикистон аст, ки муҳлати мавриди писанди худро қабул кунад." Таъйиди он аз Президенти мо ва Парлумони кишвар вобастааст. Ин кори як рӯзаву ду рӯза нест, балки вақти дуру дарозро низ гирифт. Ҳазорҳо баҳсҳо сари ин Созишнома шуданд, вале манфиатҳои миллии мо то ҳаде, ки имкон дошт дар он ҳифз шуд. Шарики стратегӣ будани мо маънои онро надорад, ки мо фақат дар як чанд соҳа муҳоҷирон, маводи сӯхт ва таҳкими артиш аз Русия гузашт ба даст биёрем. Балки мо бояд даҳҳо тарафи масоили ҳамкориҳоро омӯхта нисбат ба он чи ки баъзе аз содалавҳон фикр мекунанд, бештар фоида ба даст биёрем. Ва аз назари стратегӣ ин набояд фоидаи чанд касу чанд гуруҳ, балки фоидаи давлату миллат бошад.

Марат Мамадшоев, журналист:

- Бигузор ҳамин пойгоҳ бошад, лекин мо бояд ҳатман пул аз Русия бояд маблағро бигирем. Ин маблағ бояд ба будҷа дохил шавад.

Дилшоди Абдураҳмон, шаҳрванд:

Аввалан пойгоҳи низомии 201 - и Русҳо дар хоки муқаддаси Тоҷикистон мисли хори марғелони зиёдатист. Тоҷикистон бо чунин шарту шароит ба ҳузури пойгоҳи низомии Русия эҳтиёҷ надорад. Мо ба тамоми олам ҷор мезанем, ки Ҷумҳурии соҳибистиқлолем, пас куҷост он соҳибистиқлолии мо? Ҳатто белорусҳо пойгоҳи низомии Русҳоро дар ҳудуди худ роҳ надоданд ва бо шартҳои мусоид аз будҷаи Русия истифода мекунанд. Қирғизҳо беҳтарин имтиёзҳоро аз сӯуи Русия барои давлат ва шаҳрвандони худ соҳиб ҳастанд. Фақат дипломатҳои "зирак" - и Тоҷикистон қодиранд, ба ивази имтиёзи 15 рӯза беистиҳола омодагӣ барои бастани чунин шартнома бигиранд. Барои тасвиби ин созишнома ҳатман шарту шароитҳои нав ва ҷиддӣ бояд дар пеш гузошт, масалан: Шартнома бояд ҳар сол ё ҳар се сол аз нав баста шавад ва шарту шароитҳои мо ҳам ҳарсола мувофиқи нафъи давлат ва шаҳрвандон аз нав тарҳрезӣ гардад. Ҳади ақал дар ивази ҳузури пойгоҳи низомии 201 барои 29 сол ба муҳоҷирони меҳнатӣ ҳатман бояд имтиёзҳои махсуси 29 сола бояд гирифт.

Мирзои Салимпур, таҳлилгар:

- Инҷо дар як паллаи тарозу тамдиди замони ҳузури пойгоҳ барои 29 сол, вале дар паллаи дигараш на 15 рӯз ҳаққи иқомати бидуни сабти ном барои муҳоҷирон, балки 7 соли оянда истодааст. Ва ҳамон тавре ки дар созишнома гуфта шудааст, ки ҷонибҳо метавонанд баъди соли 2042 замони ҳузури пойгоҳи 201-ро боз тамдид кунанд, ин имтиёз ба "ок"-и Маскав дахл дошта бошад. Дар натиҷа ин ду масъала кафили ҳамдигар мешаванд. Як муодилаи хеле содда ва фаҳмо аст!

Шокир Ҳакимов, муовини раиси ҲСДТ:

- Одатан чун қоида раҳбарияти сиёсии мамлакат ва коршиносони наздик ба ҳукумат инчунин фаъолони ҲХДТ дар бораи ҳимояи манфиатҳои миллӣ бисёр таъкид мекунанд ва ба хусус аз мо, яъне шахсиятҳои алоҳида ва ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар ниҳодҳои ҷомеъаи шаҳрвандӣ даъват ба амал меоранд, ки ба арзишҳои миллӣ садоқатманд бошем. Аммо акнун мо шоҳиди он мешавем, ки то чи андоза парламенти кишвар омода аст, ки созишномаи ишора шударо ба тасвиб нарасонида, иродаи сиёсии худро ифода намояд ва аз ҳама муҳиммаш мақоми шоиста доштанашро дар низоми ҳокимияти давлатӣ исбот намояд. Таҳлили шартҳои ин созишнома аз он гувоҳӣ медиҳад, ки мазмун ва моҳияти созишнома воқеан ба манфиатҳои миллии давлатдории Тоҷикистони муосир набуда, соҳибихтиёрии онро низ маҳдуд мекунад. Вале бо дар назардошти интихоботи президентӣ бо мақсади таъмини бештари кафолати расидан ба ҳадаф бар хилофи манфиатҳои миллӣ таҳти таъсир Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олӣ бидуни ягон мушкилот ва ворид намудани тағйиротҳои марбута ба ин санад онро тасдиқ мекунад. Чунин амали онҳо албатта боиси нигаронӣ аст.

Саъдии Маҳдӣ, устоди ДМТ:

- Ба фикри ман ҳама гуна шартнома набояд аз 10 -15 сол зиёд бошад. Зеро мо наметавонем ояндаро пешгӯӣ кунем, ки оянда чи воқеъае моро интизор аст. Дуруст аст, ки қувваҳои НАТО аз Афғонистон мераванд ва сарҳад гарм хоҳад шуд. Ба фикрам артиши 201 пурра аз шаҳрҳо берун бошанд ва танҳо дар сарҳад бошанд беҳтар аст.

Бобоҷон Шафеъ, таҳлилгар:

- Ҳарф дигар эътибор надорад. Порлумон тасвиб мекунад. Ҷои баҳс ҳам нест. Ҳидояти лозимаву дастури зарурӣ дода шудааст. Вакилон бидуни тағйиру илова онро ба тасвиб мерасонанд. Чун замонаш фаро расидааст. Мо имрӯз беҳуда баҳс мекунем. Бояду шоядҳо дигар аҳамият надоранд. Матбуот ҳарфи худро барвақт гуфта буд, акнун фоида надорад.

©2008 - 2020 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97