Дар пасманзари он, ки ВАО ва коршиносони Русия талоши Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистонро барои даъвати омӯзгорон аз Русия ғайривоқеӣ мегӯянд, Нуриддин Саидов, вазири маорифи Тоҷикистон ин пешниҳодро амалишаванда арзёбӣ намуд.
Саидов дар суҳбат ба рӯзномаи «Взгляд» барои қабули 4 ҳазор омӯзгори забони русӣ аз Русия изҳори омодагӣ кардааст. Вазири тоҷик изҳор доштааст, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳеч чизро аз пеши худ ва беасос намегӯяд ва агар президент ҷалби 4 ҳазор омӯзгорро аз Русия имконпазир хондааст, мо аз болои ин кор хоҳем кард.
Нуриддин Саидов зикр кардааст, ки масъалаи ҷалби омӯзгорон аз Русия аз ҷумла 450 хатмкардаи макотиби олии Русия ҳанӯз соли гузашта дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин матраҳ буд: Мо аз ин бисёр манфиатдорем, чун таълим ба забони русӣ ин чизи дигар аст. Он замон харҷи интиқолашонро ҷониби Русия ба уҳда гирифта буд. Ният доштем, онҳоро дар хобгоҳҳо ҷобаҷо кунем. Якҷоя бо Россотрудничество ва сафорати Русия дар Душанбе кор кардем ва мо ҳатто нақшаи ҷобаҷокунии омӯзгорон аз Русияро тарҳрезӣ кардем.
Ба иттилои Саидов ҷониби Тоҷикистон хостори он шудааст, ки аз Русия бештар духтарони омӯзгор фиристода шаванд, то дар Тоҷикистон ҷуфташонро пайдо кунанду барои иқомати доимӣ бимонанд: Аммо чун моҳи августу сентябр фаро расид, ҷониби Русия хомӯширо ихтиёр намуд.
Вазири маорифи Тоҷикистон таъкид намудааст, ки забони русӣ дар кишвари мо аз синфи 2 то 11 таълим дода мешавад ва зиёда аз 10 макотиби олӣ кафедраи забони русиро доранд: Аммо бо вуҷуд омӯзгорон намерасанд, чун аксари хатмкунандагон баъди анҷоми таҳсил ба хориҷ мераванд ё ба кори дигар мегузаранд.
Вазири муҳтарам Нуриддин Саидович, худатон вазъи демографии кишварро хуб медонед.. Агар худо накарда 4000 зебосанами рус ба Тоҷикистон оянд, дар он сурат боз 4000 духтарони тоҷик бешавҳар мемонад. Оё ҳалли ин масъала ба ин тариқ осон нест? Мо барои муаллимони забони русии худӣ маоши хуб ва шароити беҳтар омода намуда, онҳоро ҳавасманд гардонем, то ки ба хориҷ барои кор нараванд ва ё ба кори дигар нагузаранд. Ба ин роҳ ҳал намудани мушкилоти мазкур боз маънои бо як тир задани ду нишонро дорад. Ҳам масъалаи ба ҷои кори доимӣ таъмин гардидани шаҳрвандон ҳал мешавад ва ҳам хатари 4000 хушдомани эҳтимолии кишвар аз бедомод мондан аз байн меравад.