Даъвати Узбакистон аз СҲШ барои наҷоти баҳри Арал

Сиёсат 27.09.2013 15:07

Islom KarimovИслом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон аз раҳбарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай(СҲШ) барои ҳалли мушкилоти баҳри Арал кумак хост.

Каримов, ки рӯзи 13-уми сентябр дар иҷлоси сарони кишварҳои узви СҲШ дар шаҳри Бишкек дар ин бора ҳарф мезад, гуфтааст, мо бунёдеро оид ба наҷоти баҳри Арал раҳбарӣ мекунем: Фикр мекунам, ки кишварҳои мо метавонанд, барои ҳифзи Арал ва пешгириии ин фоҷиа кумак кунанд. Ба назари раисиҷумҳури Узбакистон СҲШ метавонад, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва сармоягузорони байналмилалиро ба масъалаи баҳри Арал ҷалб кунад.

Ислом Каримов дар хотимаи суханронии худ ба ҳамтоёни тоҷикаш дар раҳбарии СҲШ комёбӣ хостааст.

Уртоқ, Ислом Абдуғаниевич! Ин даъват ва ибтикори шумо барои наҷоти Арал масали қадимии юнониро ба хотири  меоварад. Дар шаҳре як донишманди бузург ва чанд донишманди дигаре зиндагӣ мекарданд. Яке аз ин донишмандон  аз рӯи ҳасад ва нотавонбинӣ ҳамеша дар пайи беобуру ва шарманда кардани донишманди бузург буд. Аз рӯи   анъана донишмандон дар майдони бузурги  шаҳр сари чанд вақт дар ҷамъомади мардум суҳбати илмӣ баргузор мекарданд. Рӯзи суханронии олими донишманд буд.

Олими нотавонбини аз фикру андешаи зиёде то бевақтии шаб хеҷ хоб рафта наметавонист ва ниҳоят ин фикр ба мағзаш зад. Пагоҳ  дар даст бо паррандаи кучак ба  майдон меравам  ва ба ӯ суол мекунам. Он чи ки дар дасти ман аст, зиндааст ё ҷони худро аз даст додаст? Агар гӯяд,ки зиндааст, онро мекушам. Агар гӯяд, ки  мурдааст онро аз дастам боз мекунам он  парвоз карда меравад ва бо ҳамин ӯ шарманда ҳоҳад шуд.

ҷамъомад баргузор шуд. Олими ҳасуд ба майдон омада  аз олими донишманд суол кард. Ин паррандае ки дар дасти ман аст, зиндааст ё мурда. Олими донишманд ҷавоб гуфт: "Ҷони ин парранда дар дасти туст, Ҳар чи ки ту хоҳӣ ҳамон мешавад...

Бо сохтани обанборҳои  бузурги  беҳад зиёд барои обёрии майдонҳои миллон гектар киштзори пахта ва шолӣ  кишвари шумо Аралро ба ин ҳолрасонидааст.  Наҷоти Арал дар даст худи шумост. Агар хоҳед онро наҷот дода метавонед.

Ва билохир ба андешаи  солим  барои наҷоти Арал аз пул дида об бештар зарур аст.

Аз силсилаи Дўст гўяд табарвор...

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97