Шабдолов: Ба тарафдории ҳузури низомиёни рус овоз медиҳем

Сиёсат 27.09.2013 05:30

Shodi Sabdolov komБархе аз вакилони парлумони Тоҷикистон мегӯянд, баробари шурӯи кор дар оғози моҳи октябр созишнома дар бораи тамдиди ҳузури низомиёни пойгоҳи 201-ро тасвиб хоҳанд кард.

Шодӣ Шабдолов, узви Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, тасвиби ҳарчи зуди ин созишномаро на танҳо ба фоидаи Душанбе, балки барои кулли кишварҳои минтақа донист. Ӯ гуфт, ҳузури ин пойгоҳ барои мо зарур аст. Тоҷикистон узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ё СНГ мебошад. Модоме ки ин артиш барои манфиатҳои муштарак аст, пас, ҳузури низомиёни Русия дар Тоҷикистон ҳеч таъсири манфие нахоҳад дошт.

Ин вакили парлумони Тоҷикистон ба бовар дорад, ки русҳо аз қабл ҳузур доштанд ва набояд минтақа майдони тохту този дигарон гардад. Аз ин хотир, ба ин боварам, ки вакилони тоҷик ба тарафдории ин созишнома овоз хоҳанд дод.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи даҳуми сентябр Георгий Карасин, муовини вазири умури хориҷии Русия, дар сӯҳбат бо нашрияи Коммерсант гуфтааст, Маскав умедвор аст, вакилони парлумони Тоҷикистон ба зудӣ тарҳи созишномаи тамдиди ҳузури низомиёни пойгоҳи 201-ро тасвиб хоҳанд кард. Ӯ гуфта, ки то кунун ҷониби Русия уҳдадориҳояш дар марвиди ин созишномаро ба анҷом расонда, мунтазири посухи Душанбе нишастааст.

Созишнома дар бораи будубоши 30-солаи пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон моҳи октябри соли гузашта аз ҷониби президентҳои Тоҷикистону Русия, Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин имзо гардида буд. Ахиран Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, изҳор дошт, ки созишнома дар бораи ҳузури пойгоҳи 201 аз дигар тавофуқоти Раҳмону Путин дар бахшҳои муҳоҷирату энергетика ҷудо нест ва дар назар аст, ин созишномаҳо ҳамзамон тасвиб гарданд.

Рафиқ Шодӣ Давлатович ва дигар намояндагони мардумӣ  пеш аз он ки шумо тугмачаи райъдиҳиро  барои тавсиби ин шартнома пахш кунед, хуб мешуд,ки   онҳоеро, ки кишвари моро мехуронанду мепушонанд ва  бо райъи худу волидайнашон барои шумо  курсиҳои вакилиро арзонӣ доштанд, ба хотир меовардед. Урдугоҳои мувақатии аз конслагерҳои фашистӣ камфарқ кунанда,.боздошти бемаврид ва таҳқиру тақиб,  ба додгоҳ барои расмият кашидани садҳо нафар муҳоҷирони кории мо, вале  ба онҳо имкони ҳарфзадан надода,  чизеро напурсида, аз кишвар хориҷ  намудан, хуласи калом ин  аст  он сюрпризи омода намудаи  шарики статежӣ  барои мардуми тоҷик, яъне интихобкунандагони шумо ба ивази тавсиби ин шартнома.

Ин ҳарфҳо барои Шодӣ Давлатович  ҳамчун гушакӣ. Оё изҳорот ва пешниҳоди ҳаммаслаки худ В Дзюугановро ба думаи давлатии Русия фаромӯш кардаед?  Бароятон хотиррасон мекунем. Ӯ  барои муҳоҷирони кории кишварҳои Осиёи Марказӣ  нияти ҷорӣ намудани визоро дорад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97