СССР беҳтар буд, ё соҳибистиқлолӣ?!

Сиёсат 19.09.2013 16:29

Суоли рӯз: Бо гузашти беш аз 20 сол аз соҳибистиқлолӣ шумо ба чӣ натиҷа расидед, зиндагӣ дар замони СССР беҳтар буд ва ё дар замони Истиқлол?

Ahmadshoh KomilzodaАҳмадшоҳ Комилзода, таҳлилгар:

- Зиндагии 20 солаи ман дар замони Тоҷикистони соҳибистиқлол зиндагии сарбаландона аст, зеро кишвари ман озод аст, тобеъи кишваре дигар нест. Ман барои иҷрои корҳои шахсиам, барои ба хориҷа сафар кардан ва ҳазорҳо масъалаи дигар аз Маскав иҷозат намегирам. Ин неъмати истиқлол аст, ки ба ман ва ҳамдиёронам расидааст. Агар вазъи каме мушкили иқтисодӣ ва сиёсии имрӯзро дар муқоиса бо замони Шӯравӣ қиёс кунем ва хулоса кунем, ки он беҳтар буд, пас ин кӯрнамакӣ аст, туф кардан ба бузургтарин, таъкид мекунам, ба бузургтарин неъмати миллати мо - истиқлоли ӯст.

Табъан гоҳе аз касоне, мешунавем, ки мегӯянд "он замон хуб буд, истиқлол ба мо чизе надод…" ва аз ин гуна гуфторҳо. Аммо касе, ки чунин сухан мегӯяд, воқеан ба маънои истиқлол сарфаҳм рафтааст(?), албатта не! Ин гуна одамон касонеанд, ки хӯйи ғуломӣ доранд ва барои онҳо фарқе надорад, ки ба кӣ хидмат мекунанд, ба забони кӣ сухан мегӯянд, дар шаҳру диёрашон кӣ ҳукм меронад. Онҳо мардуми ғуломтабиат, ғуломрафтор ва бандаи шикаму нафс ҳастанд. Барои онҳо зиндагиву озодӣ ва истиқлол арзиш надорад.

Барои ман ҷойи ифтихори бузург аст, ки кишварам истиқлол дорад, атрибутҳои як кишвари озод ва соҳибихтиёрро соҳиб аст, дар ҳама тадбирҳои ҷаҳонӣ намояндаи кишварам иштирок ва сухани давлати моро баён мекунад. Ин аст беҳтарин нишонаҳои як кишвари озод. Дуруст аст, ки имрӯз бархе мушкилоти иқтисодӣ ва сиёсӣ дорем. Магар дигарон надоранд? Вазъи зиндагӣ дар кишвари мо мушкил аст, дигарон ин мушкилро надоранд? Аз 15 ҷумҳурии собиқи Шӯравӣ кадомеро метавон номбар кард, ки ба сатҳи беҳтари рушд расидааст ва мушкилоти гуногуни номбурдаро бартараф кардааст? Ҳеч кадоме. Ҳама дар чунин сатҳ ба сар мебаранд.

Имрӯз дигар равиши чархи торих собит кардааст, ки низоми мустаъмарахоҳи Шӯравӣ дар саросари дунё шикаста шуд. Низоми либерализми демократӣ, ки ҳокими кишварҳои аврупоӣ ва амрикоӣ буд, саросари ҷаҳонро гирифт. Низоми сусиёлистӣ, агар ҳар қадар тавсифаш кунем, дигар дар дунё ҷойгоҳ надорад. Агар касе ба истиқлолият ва ин низом мухолиф аст, пас низоми сусиёлистӣ ва Шӯравиро барқарор кунад.

Кишвари мо соҳиби истиқлол аст. Шаҳру деҳот ободтар аз замони Шӯравӣ ҳастанд, зиндагӣ ба сӯи пеш ба ободӣ меравад, на ба харобӣ. Мушкилот, камбуд, норасоӣ, фақру бенавоӣ кам-кам рафъ мешавад. Ин аст низоми зиндагӣ. Ва ин ҳама дар маҷмӯъ неъмати истиқлоли миллат, гом бардоштан ба сӯи пешрафт ва шарафу номӯси миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳон аст.   

Umed JayhuniУмед Ҷайҳонӣ, пажуҳишгар, шаҳри Маскав:

- Куллан агар бигирем, Шӯравӣ рифоҳ дошт, вале озодӣ надошт. Тоҷикистон нисбатан озодӣ дорад, вале рифоҳ надорад.

 

 

Abdumanon sheralievАбдуманнон Шералиев, раиси ҷавонони ҲНИТ дар в. Суғд:

- Банда беҳтарин замони зиндагӣ- яъне кӯдакиву навҷавониамро дар беҳтарин замони шӯравӣ сипарӣ кардаам. Агар ба зиндагӣ аз нигоҳи иқтисодӣ нигоҳ карда шаваду баҳогузорӣ шавад, албатта замони шӯравӣ беҳтар буд. Дар адолати иҷтимоӣ ҳам дар қиёс бо СССР хеле ақиб рафтаем. Аммо барои як инсони худшинос иқтисод дар зиндагӣ омили аввал нест. Аввал озодиву каромати инсон аст. Ҳарчанд гуфта наметавонам, ки баъди истиқлол озодиву каромати лоиқе касб кардаем, ба ҳар ҳол аз истибдоди бегонагон раҳо шудаем, ки хеле муҳим аст. Бовар дорам, ки замоне ба озодии воқеъӣ хоҳем расид. Сониян, иқтисод ҳам бастагии зиёде ба озодӣ дорад. Мутмаъинам, ки бо расидан ба озодии воқеъӣ мушкиле дар иқтисод нахоҳем дошт.

Abdulohi MuhaqiqАбдуллоҳи Муҳаққиқ, исломшинос:

- Зиндагӣ дар замони СССР беҳтар ва хубтар буд! Таҳсил дар тамоми мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва олӣ, инчунин табобат дар тамоми бемористонҳо ройгон буд. Маводи ғизоӣ арзон ва дастраси ҳамагон гашта, муҳоҷирати меҳнатӣ вуҷуд надошт. Низоъҳои қавмӣ ва миллӣ умуман нест гашта буд. Дӯстии халқҳо пойдор буд. Кӯчаҳои шаҳри Душанбе ва боғҳои фароғатӣ тоза, озода ва зебову дилоро буд. Сатҳи зиндагии мардуми деҳот хеле баланд гашта буд, ки мардуми деҳот майли зиндагӣ кардан дар маркази шаҳрҳоро надоштанд. Баракати бисёри дигар буд. СССР як кишвари бисёр қавӣ аз лиҳози иқтисодӣ ва сиёсӣ буд. Танҳо низоми атеистӣ ва ифротгарои мулҳидон баракатро аз ин СССР гирифт. Амрико бо роҳи фиреб низоми СССР-ро шикаст. Коммунистҳои шикамкалон ва шикамчарон зиёд гашта, аз СССР ҳимоя накарданд. Истиқлолият дар Тоҷикистон дар ивази хунрезии зиёд ба даст омад. Ҷанги шаҳрвандӣ ҷомеаро фаро гирифт. Бо силоҳи куфри ҷаҳонӣ тоҷик тоҷикро ба қатл расонд. Иқтисоди миллӣ хароб ва ҷойи онро ҷаҳонбинии капиталистӣ дар либоси низоми иқтисодии демократӣ иваз намуд. Ҳоло баръакси замони СССР ҳаст. Мардум баробар зиндагӣ намекунанд. Корхона ва моликияти давлатӣ, ки мероси замони СССР дар ивази пули ночиз шахсӣ карда шуда, дар ҷомеа синфҳои агниё ва камбағалон пайдо шуданд. Як нафар дару хонаи 10 миллиона дорад ва даҳҳо мошини гаронбаҳо, аммо як инсони дигар, не хонаи истиқоматӣ дорад ва не иқтисоди хонаводагӣ. Ин равандро "давраи гузариш" мегӯянд, аммо намедонам ин давраи гузариш ба мафиати кӣ мебошад ва чӣ манфиат ба кишвар дорад. Истиқлолият шояд дар оянда зиндагии беҳтареро барои шаҳрвандони азиз муҳайё созад. Ҳарчанд иқтисоди миллӣ оҳиста-оҳиста рӯ ба инкишоф аст. Дар замони СССР Тоҷикистонро ба манбаи ашёи хом табдил дода, ягон корхонаи нируманд насохтаанд, ки мо натиҷаи мушкилоти онро ҳамарӯз мебинем. Бо талошҳои раҳбарияти кишвар имрӯз иқтисоди миллӣ рӯ ба инкишоф аст. Ҳоло таълиму тадрис ҳама шартомавӣ, яъне пулакӣ гашта, ҳатто устодон аз хонандагон пул мегиранд, ин омил дар замони СССР вуҷуд надошт. Табобат низ пулакӣ ҳаст. Агниё- капиталистон бемамониъат зиндагӣ мекунанд, аммо синфи ранҷбар ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ мешаванд. Аксарияти нируи корӣ дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд. Наметавон СССР-ро ба замони муосири Тоҷик ва истиқлолиятро ба замони шӯравӣ қиёс намуд. Ин ду падидаи ба ҳам зид ва қиёснашаванда аст. Бояд аз Истиқлолияти худ ҳимоят бикунем, ҳарчӣ тезтар аз бунбастҳои сохта шуда ва мавҷуд буда, кишварро раҳоӣ бубахшем… Дар замони СССР ягон Террорист ва ҳизбҳои террористӣ мавҷуд набуд, ҳоло ҳар як ифротгарои террорист даъвои барпо намудани "Хилофати язидӣ" дорад.

Bunafsha AbdurahimБунафшаи Абдураҳим, ровии барномаи иттилооти радиои "Ватан":

- Ростӣ, ман дар даврони СССР умр ба сар набурдаам, зодаи даврони Истиқлол ҳастам.

Аммо аз рӯи шунидам, даврони СССР беҳтар будааст. Ман аз зиндагӣ шиква надорам. Ҳоло барои ман ҳамаи шароит муҳайё аст, ягон мушкил надорам ва аз ин даврон шукргузору қаноатмандам.

 

Abduqaymi QaymzodАбдуқаюми Қаюмзод, журналист:

- Ҷои таассуф аст, ки он истиқлолият ва озодие, ки мардум мехост, ба даст наомад ва ҳоло на танҳо ман, балки хелеҳо ҳаваси даврони шӯравиро мехӯранд. Дар он замон инсон қадру қиммат дошт ва арзишҳову меъёрҳои инсонӣ риоят мешуданд. Мутаассифона ҳоло на. Гуруҳе омодааст, ки барои таъмини нафси худ зиндагии дигарҳоро ба хоку туроб яксон кунад. Он вақт давлати қудратманде вуҷуд дошт ва мардум дар паноҳи он буданд. Ҳоло мардум дар паноҳи давлат нестанд, балки аз давлат паноҳ металабанд.

Ин дар табиати инсонҳост, ки ҳамеша ҳама чизро дар муқоиса баҳо медиҳанд. Агар шӯравиро бо имрӯзи Тоҷикистон қиёс кунем, ноумедӣ бештар фаро мегирад. Вале ба ҳар сурат, ман умедворам, ки тоҷик дар ватани худ қадру манзалат пайдо мекунад.

Sadii MahdiСаъдӣ Маҳдӣ, устоди ДМТ:

- Дар бист соли истиқлолият ШУКР ба бисёр чизҳо расидем. «Офтоб омад далели офтоб». Яъне, дастоварди бузурги мо аввал худи ҳамин истиқлол - озодии сиёсӣ аст. Гузашта аз ин, мо руҳан аз ҷиҳати равонӣ мафҳуми озодиро баъди берун омадан аз режими Шӯравӣ дарк намудем. Ин бисёр муҳим аст. Зеро Муҳаммад Иқбол мегӯяд: «Ин ғулом ибни ғулом ибни ғулом, Ҳуррият андешаи ӯро ҳаром».

Аммо ҷавонони имрӯза аз он мардуми замони шӯравӣ фарқ мекунанд. Зеро инҳо зодаи замони истиқлоланд. Озодманишиву озодагӣ дар ин мардум тарбияи замонавии воқеъӣ мегирад.

Дигар дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоӣ маҳз аз ҳамин дастоварди мафкуравӣ сарчашма мегиранд.

Munavvari MunavarzodМунаввар Мунавварзод, рӯзноманигор:

- Дар ҳарду замон мо "душмани халқ" будем, ҳарчанд ободиву озодии мардумро мехостем...

 

 

 

Temuri varqiТемур Варқӣ, таҳлилгар:

- Дар Шӯравӣ зиндагӣ дар маҷмуъ барои мардум хуб буд. Агарчӣ мардум чандон сарватманд набуданд, вале онҳо имкони дар ватан кору фаъолият карданро доштанд, бо барқ таъмин буданд ва шаҳрҳо низ  бо газ таъмин буд. Бо маоши ҳадди ақал 2 маротиб (рафту баргашт) ба Маскав парвоз кардан имкон дошт. Имрӯз  тоҷик дар ватани хеш ҳадди аққал бояд 1000 доллар маош бигирад, то барои як бор рафту баргашт аз Душанбе ба Маскав билети ҳавопаймо бихарад. Албатта бартариятҳо ҳам ҳаст. Соҳибкорӣ ва ташкил кардани фаъолиятҳои хусусӣ мумкин шудааст, имкони дастрасӣ ба замин ва бунёди хона ҳам фароҳам аст. Аммо ҳоло мушкилоте дигар аз қабили, дастрас набудани нируи барқ, дасти зӯри фасодкорон то ба фаъолиятҳои соҳибкории рушдёфта дароз аст, қонунҳо амал намекунанд, хатари забти тиҷорати ба по рост шуда зиёд аст. Аз ин рӯ шароит барои рушд ва нафаси озод кашидан барои теъдоде аз гурӯҳҳои хос имкон дораду бас.

Ба қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ ҷудо гардидани ҷомеъа афзоиш ёфтааст. Бархе қашшоқу бенаво, дигаре фавқулода сарватманд гардидаанд. Илова бар ин касоне ки 20 сол пеш дар майдони "Озодӣ" он замон  майдони ба номи Ленин аз парлумон -Шӯрои Олӣ қабул ва ба тавсиб расонидани Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистонро намуда буданд, баъд аз ҷониби онҳое, ки зидди истиқлолият буданд ба фаъолиятҳои зиддидавлатӣ муттаҳам карда шуданд ва таъқиб мешаванд. Тақрибан ҳамаи идеяҳои эҳёи миллӣ аз ҷониби мухолифони ин арзишҳо аз худ карда шудааст. Ин идеяҳо на танҳо аз худ карда мешаванд, балки таҳриф ва бо бадтарин шева иҷро мешаванд. Аз он ҷо ки ҷавҳари ин идеяҳоро касони мухолиф буда нафаҳмиданд ва то ба ҳанӯз ҳам чи гуна иҷро кардани онҳоро намедонанд. Ин идеяҳо фақат ба унвони як сафҳаи намоиш барои иҷрои манофеъи шахсӣ ва гурӯҳӣ гирифта шудаанд, ки ҳеҷ рабте ба истиқлоли воқеъӣ ва манофеи мардум надоранд. 2 миллион шаҳрвандони гаравгон ва барда дар кишвари дигар ва қарзҳои  хориҷии рӯ ба афзоиш ва вобастагӣ ба иродаи арбобони хориҷӣ, интиқоли заминҳои худӣ ба қарзхоҳон ва вобастагии комил ба бозорҳои хориҷӣ, аз он ҷумла маҳсулоти кишоварзӣ ин аст, истиқлоле, ки 22 сол пеш аз ин нируҳои оппозитсиюн онро ҳимоят карда буданд.  

 

Sohibyr Tolib01Соҳибёри Толиб, сардабири «Тоҷикони Русия, ш. Маскав:

- То замони мактабхониам СССР буд. Барои ман Истиқлолияти кишварам азиз аст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97