Коммунистҳо номзадашонро ба президентӣ 23-юми сентябр эълон мекунанд

Сиёсат 13.09.2013 15:32

shodishabdolov 0Ҳизби коммунисти Тоҷикистон рӯзи 23-юми сентябр дар қароргоҳаш дар Душанбе анҷумани 30-юми ғайринавбатиро ба нақша гирифтааст.

Тавре Исмоил Талбаков, муовини раҳбари Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ба "Озодагон" иттилоъ дод, дар ҷаласа масъалаи ширкати ҳизб дар интихоботи президентӣ баррасӣ шуда, аз ҷумла чанд номзад матраҳ хоҳанд гардид. Аммо ӯ аз бурдани номи номзадҳои эҳтимолӣ худдорӣ намуд.

Талбаков таъкид кард, ки бо Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон, ки аҳзоби мухолифи дигарро дар бар мегирад, намепайванданд, чун дар меъёр ва принсипҳо бо ин аҳзоб мухолифат доранд. Ӯ афзуд, ки дар ҳоле коммунистҳо бештар ба моликияти давлатию иҷтимоӣ таваҷҷуҳ доранд, аҳзоби дигар бештар ба моликияти шахсӣ майл доранд.

Ин аст, ки ба гуфтаи Талбаков ҲКТ ҳатто наметавонад бо Ҳизби ҳокими халқӣ демократӣ пайваст шавад.

Ахиран парлумони Тоҷикистон санаи интихоботи президентиро 6-уми ноябр, дар Рӯзи Сарқонун таъин намуд. Аҳзоби мухолиф то ҳол номзади ягонаеро дар ин сабқат эълон накардаанд.

Аммо раҳбари коммунистҳои Тоҷикистон мегӯяд, бо он низоме, ки дар Тоҷикистон мавҷуд аст, баргузории интихоботи шаффофу демократии президентӣ аз эҳтимол дур мебошад.

Шодӣ Шабдолов, раҳбари Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, имрӯз, 30-юми август, дар ҳошияи ҷаласаи муштараки ду палатаи парлумони Тоҷикистон ба "Озодагон" гуфт; "аслан шаффофият дар ҳеч кишвари дунё ҷой надорад, чӣ расад дар низоми Тоҷикистон. Сад дар сад шаффоф баргузор гардидани интихобот маънои онро дорад, ки ҳизби ҳоким бояд омода бошад, то қудратро ба аҳзоби мухолиф биспорад. Аммо дар ҳеч кишвари ҷаҳон ҳизби ҳокиме ба ин амал розӣ нест. Ҳаминро мегӯям, ки низоми сад сад сад шаффофи интихобот дар Амрико, Фаронса ва Англия вуҷуд надорад, на танҳо дар Тоҷикистон".

Дар робита ба афзоиши фишорҳо ба аҳзоби сиёсии мухолиф ва барномаҳои зидди наҳзатӣ дар телевизионҳои давлатӣ, раҳбари комунистҳои Тоҷикистон гуфт, ки фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ дар кишвар бояд тавре роҳандозӣ карда шаванд, ки ҳеч ҳизбе болои худ фишор эҳсос накунад: "Ба назари ман ҳар фишоре аксуламал дорад. Дар як хонавода агар ба фарзанди хона фишороварӣ шавад, ҳатман ӯ ҳам садои худро мебарорад ва то ҷойе ба дашном низ мегузарад".

Шодӣ Давлатович, хуб дарк кардед, ки интихобот дар кишвар ба таври шаффоф баргузор намегардад. Пас пешниҳоди номзад аз ҳизб ба раёсати ҷумҳурӣ чӣ маъно дорад? Оё ин хуб нест,  ба ҷои кори намешуданӣ, аввал ҳама барои ақалан 50 фоиз шаффоф гузаштани  интихобот сайъ кунем ва сипас номзадҳои худро пешниҳод намоем?!

Аз силсилаи Дўст гўяд табарвор...

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97