ИСТИҚЛОЛИЯТ МУҚАДДАС АСТ

Сиёсат 09.09.2013 12:27

Ё кӣ мухолиф ва кӣ ҷонибдори истиқлол буд

Tohiri A. rastokhesШукри беҳад, ки дар интиҳои соли 1991 бузургтарин империяи мустамликадории "комунистӣ" - ИҶШС (СССР) аз ҳам пошида шуд ва халқҳои сокини он озодию истиқлолияти худро ба даст оварданд, ҷумҳуриҳои миллӣ аз қайди тобеъият раҳо ёфта, ба давлатҳои мустақилу соҳибихтиёр табдил шуданд. Ин рӯйдоди муҳими торихӣ - орзӯи деринаи халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ буд ва месазад, ки ин пирӯзии бузургро бар ҳамаи ҳамватанони азиз ва мардумони давлатҳои мустақили тозабунёд муборакбод гӯем ва онро гиромӣ дорем!

Барҳам хурдани ИҶШС тасодуф набуд.

Албатта, барҳам хӯрдани ИҶШС амри тасодуфӣ набуд. Баъзеҳо ақида доранд, ки сиёсати бозсозӣ, демократисозӣ ва ошкорбаёнӣ корро ба ин ҷо кашонд. Ин иштибоҳи маҳз аст. Бисёр кишварҳои ҷаҳон муддатҳо пеш аз ин роҳи демократисозӣ ва ошкорбаёниро пеш гирифта буданд ва ҳоло ба дараҷаи демократияи воқеӣ ва озодии сухан расидаанд. Вале ин на танҳо боиси тақсиму пароканда шудани он давлатҳо нагардид, балки муттаҳидии бештар ва тараққиёти босуръати онҳоро таъмин намуд. Сиёсати бозсозию демократисозӣ барои раҳоӣ бахшидани ИҶШС аз буҳрони иқтисодию иҷтимоӣ ва мустаҳкам кардани он пеш гирифта шуда буд ва ба ҳеҷ ваҷҳ суқути империяро дар назар надошт.

Аммо дар ҷараёни бозсозӣ аз баракати ошкорбаёнӣ тазодҳое рӯ заданд, ки дар ниҳоди ҷомеа, дар сохтори сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоийи ИҶШС нуҳуфта буданд. Ин тазодҳо дар ибтидои ташаккулёбии Империяи Русияи подшоҳӣ бар асари сиёсати таҷовузкоронаи он кишвар ва забту тобеъ кардани сарзамину халқҳои дигар ба вуҷуд омада буданд ва баъд аз сарнагун кардани ҳукумати подшоҳии Русия (соли 1917) низ аз байн нарафтанд, зеро "Инқилоби Октябр" ва Созишномаи соли 1922 (дар бораи таъсиси ИҶШС) озодию истиқлолияти халқҳоро амалан таъмин накард. Давлате, ки таи муддати қариб 70 соли охир бо номи Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сусиёлистӣ маъруф буд, моҳиятан на Иттиҳоди Ҷумҳуриҳо (яъне иттиҳоди давлатҳо) буд, на шӯравӣ на сусиёлистӣ. Дар асл он як давлати воҳиди ба ҳадди ниҳоӣ марказонидашудаи тоталитарие буд, ки ҳаққу ҳуқуқи халқро поймол мекард, яъне давоми ҳамон Империяи мустамликадории Русия буд. Беҳуда нест, ки хориҷиҳо ИҶШС-ро Русия ва ҳамаи сокинони онро русҳо меномиданд. Агар он воқеан Иттиҳоди ҷумҳуриҳо мебуд, ҷумҳуриҳои миллӣ ба сифати давлатҳои соҳибихтиёр боқӣ мемонданд. Аммо дар собиқ "ИҶШС" ҷумҳуриҳо аз истиқлолияту ҳуқуқҳои худ комилан маҳрум шуда, ба воҳидҳои идории давлати унитарӣ табдил ёфта буданд, яъне фақат бо ном ҷумҳурӣ буданду бас.

Илова бар он "Иттиҳоди Шӯравӣ" давлати "Шӯравӣ" ҳам набуд, зеро ҳокимият на дар дасти шӯроҳо, балки дар ихтиёри дастгоҳи ҳизби коммунист (политбюрою СеКа-ҳо, обкомҳою райкомҳо ва котибони онҳо) қарор дошт. Шӯроҳо ва ҳукумат ба шумули додситонҳову додгустариҳо, ки роҳбаронашон асосан аъзои ҳизб буданд, зери фармони ҳизби коммунист фаъолият мекарданд.

Ҳизби коммунист низ ба маънии томаш ҳеҷ гоҳ ҳизб (яъне ташкилоти ҷамъиятӣ) набуд, балки ба қисми таркибии ҳокимияти давлатӣ ба ҳастаи системаи сиёсӣ табдил ёфта, режими диктотураи партократиро дар саросари кишвар ҳукмфармо сохта буд. Роҳбарони чалласаводу азаматталаби он амалан ҳокимони мутлақи империя буданд.

ИҶШC давлати сутсиёлистӣ набуд

Гузашта аз он, ИҶШС давлати сутсиёлистӣ ҳам набуд. Агарчӣ дар Қонуни Асосии кишвар тамоми воситаҳои истеҳсолот моликияти халқ эълон шуда бошад ҳам, дар воқеият мардум аз моликият ва аз давлату давлатдорӣ комилан ҷудо ва дур карда шуда буданд. Тамоми "халқи Шӯравӣ" ба коргарони кироя, деҳқонони крепостной ва ғуломону ходимони мутеъу фармонбардор табдил дода шуданд. Ҳамаи дороию сармояи кишвар дар ихтиёри табақаи ҳоким - ҳизби Коммунист қарор гирифт ва дастгоҳи ин ҳизб ва бузургтарин монополисти ҷаҳон табдил ёфта буд.

ИҶШС (Империяи Русия) - ин давлати тоталитарии нимфеодалию нимсармоядорӣ тавъам бо унсурҳои ғуломдорӣ, ки бо шеваҳои ғайри иқтисодӣ идора мешуд бар пояи зулму зурӣ, истисмору нобаробарӣ ва поймол кардани ҳуқуқу озодиҳои халқҳо ва инсонҳо асос ёфта буд ва бад-ин сабаб таназзулу нобудии он ногузир буд. Таърих гувоҳ аст, ки ҳама гуна низомҳои мустабиду истеъморгар дер намепоянд. ИҶШС низ ҳамчун империя ҳамчун низоми буғикунандаи озодии халқҳо дер ё зуд бояд барҳам мехӯрд ва билохира суқут кард.

Суқути империяи "коммунистӣ" натиҷаи қонунии равандҳои айнии ҷамеа мебошад. Сабабҳою омилҳои асосии густариши буҳрони иқтисодию сиёсӣ, шаддат ёфтани мавҷи эътирозу норозигиҳо алайҳи беадолатиҳо, фасоди иҷтимоӣ истисмору истеъмор, боло рафтани сатҳи огоҳии сиёсии мардум ва худшиносии миллӣ, рӯи саҳнаи сиёсӣ омадани нирӯҳои миллӣозодихоҳӣ дар тамоми ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ (хосатан дар Латвиё, Литвиё, Эстониё, Молдовиё, Русия, Укроин, Белорус, Арманистон, Гурҷистон, Озарбойҷон ва ғайра) мебошанд.

Ҳукумат ва парлумони вақт зидди истиқлол

Бо камоли таасуф бояд изҳор кард, ки Шӯрои Олӣ ва ҳукумати ҷумҳурии мо дар амри ба даст овардани истиқлолияти давлати Тоҷикистон хидмати шоистае накардаанд. Онҳо на танҳо барои озодӣ ва ҳаққу ҳуқуқи халқи тоҷик талош накардаанд, балки ҳатто баракс бар зидди он амал карданд. Парлумони коммунистӣ ва коммунистроҳбарониТоҷикистон таи 2-3 соли охир борҳо собит карданд, ки онҳо ҳамчун дастнишондаҳои Маскав ҳамеша муҳофизи империя ва хидматгузорони собиқи Марказ буданду мебошанд. Бахубӣ ошкор гардид, ки онҳо аз неъмати маърифат бебаҳра мондаанд ва аз ин рӯ, манфиатҳои миллии халқи тоҷик ва масоили давлату давлатдории онро наметавонанд дарк кунанд. Барои онҳо фақат мақому мансаб ва ҷоҳу ҷалол лозим аст ва ба хотири он тайёранд, ки ҳама чиз ва ҳама касро қурбон кунанд.

Ба ёд оред, ки раҳбарони ҳизби коммунист ва ҳукумати Тоҷикистон (аз қабили Қ.Маҳкамов, П.Лучинский, Ҷ.Каримов, Веселков ва дигарон) якҷо бо лабайгӯёни интелегентнамояшон чӣ гуна бар зидди мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ - муҳимтарин пояи миллат ва давлати мо баромаданд ва бо чӣ мунофиқиҳо аксари моддаҳои Қонуни забонро таҳриф карда, онро ба як санади пурихтилофу корношоям табдил доданд. Гузашта аз он, се сол аст, ки ҳатто ба тадбиқи ҳамон қонуни дасту пошикаста мухолифат мекунанд.

Ба хотир биёред, ки дар аввалҳои соли 1990 раҳбарони Тоҷикистон лоиҳаи алтернативии Консепсияи мустақилияти иқтисодии Тоҷикистон-ро, ки созмони Растохез тартиб ва пешниҳод карда буд ва аксари равшанфикрони ҷумҳурӣ онро тарафдорӣ карда буданд, рад карда бо амри марказ консепсияеро қабул карданд, ки он ба ҳеҷ ваҷҳ мустақилияти Тоҷикистонро таъмин намекард.

Ба ёд биёред, ки порлумони Тоҷикистон дар моҳи августи соли 1990, пас аз он ки аксари ҷумҳуриҳо истиқлолияти худро эълон намуданд, ночор (аз қатор намонем гуфта) санадеро бо номи "Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон" қабул кард, ки он моҳиятан санади тобеияти халқи тоҷик буд, на истиқлолияти он. Дар айни замон лоиҳаи алтернативии "Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон"-ро, ки созмони Растохез таҳия ва пешниҳод карда буд ва таъмини истиқлолияти воқеии Тоҷикистонро дар назар дошт, Шӯрои Олӣ напазируфт.

Ба хотир биёред, ки дар охири соли 1990 ва июни соли 1991 Шӯрои Олии Тоҷикистон лоиҳаи аз Маскав расидаи "Паймони Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои соҳибихтиёр"-ро, ки ҳадафи он минбаъд ҳам нигоҳ доштани империя ва поймол кардани ҳукуқу озодии халқҳо буд, бо чӣ шитобзадагӣ, бидуни муҳокимаи ҷиддӣ тасдиқ кард ва аммо лоиҳаи "Шартномаи иттиҳоди давлатҳои мустақил"-ро, ки созмони Растохез пешниҳод карда буд ва метавонист истиқлолияти комили Тоҷикистон ва соири ҷумҳуриҳоро таъмин намояд ва аз бисёр ҷиҳат комилтару беҳтар буд, ҳатто нахост баррасӣ кунад.

Ба ёд биёред, ки раҳбарони коммунистмазҳаби ҷумҳурӣ бо фармони хоҷагони маскавиашон дар моҳи марти соли 1991 ҳангоми раъйпурсӣ бо чи макру фиреб ва дасисабозиҳо халқи тоҷикро гумроҳ карданд, то ин ки умри империя ва мақому мансаби худро дароз кунанд…

Ҳамин гуна аз чандин қарору қонунҳои Шӯрои Олӣ ва Ҳукумати Тоҷикистон метавон ёдовар шуд, ки онҳо мухолифи озодию истиқлолият ва манофеи миллии халқи тоҷик буданд…

Дигар ҷумҳуриҳо истиқлол мехостанд

Хушбахтона, халқҳо ва нирӯҳои озодихоҳи ҷумҳуриҳои дигар он санадҳоро напазируфтанд ва бо ҷасорату мардонагӣ барои озодию истиқлолият ва баробарҳуқуқию адолат талош карда, яке аз паи дигар истиқлолияти давлатии худро эълон доштанд. Дар натиҷа бунёди империя ба ларза омад, дар авохири соли 1991 ба суқут мувоҷеҳ шуд.

Мо аз ноилоҷӣ худро соҳибистиқлол хондем

Порлумони Тоҷикистон санади истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро низ танҳо баъд аз саркӯб шудани кудатои 19-21 августи соли 1991 ва амалан пароканда шудани ИҶШС қабул кард. Яъне порлумони мо дар бораи истиқлолияти ҷумҳурӣ замоне лаб кушод, ки ба қавли муҳтарам Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода Тоҷикистонро се талоқ дода танҳо гузошта буданд.

Ҷолиби таваҷҷуҳ аст, ки ҳукуматдорони мо базудӣ фаромӯш карданд (ё сарфаҳм нарафтанд?!), ки Тоҷикистон худро давлати озод эълон кардааст. Онҳо таи муддати чор моҳи баъдӣ коре накарданд, ки шоистаи давлати мустақил бошад ва ё барои амалӣ кардани қонуни истиқлолияти давлатии Тоҷикистон равона шуда бошад. Ишон мисли пештара фармонбардори "Марказ" буданд, "бо Маскав маслиҳат" мекарданд ва кӯркӯрона аз паи он мерафтанд.

Агар ҷумҳуриҳои дигар аз паи таҳкими истиқлолияти худ намешуданд, агар Украину Русия ва Беларус Созишномаи Минскро дар бораи ИДМ ба имзо намерасониданд ва Шартномаи соли 1922 ва Қонуни Асосии ИҶШС-ро беэътибор карда, ҳукумати марказиро барҳам намедоданд аз эҳтимол дур нест, ки қонуни Истиқлолияти Тоҷикистон ба ёди ҳукуматдорони мо намерасид.

Ба ҳар тартиб, мо аз ҳаракати муборизони озодихоҳонаи халқҳои собиқ ИҶШС ва талошҳои пайгиронаи ҳукуматҳои Латвиёю Литвиё, Эстониё, Русия, Украину Белорус, Арманистону Молдавиё, Гурҷистону Озарбойҷон ва амсоли онҳо соҳиби истиқлол шудем, вагарна бо вуҷуди талошҳои нирӯҳои ватанпарасту озодихоҳи худ, бо ин ҳизби коммунист ва вакилону вазирони коммунистмазҳабе, ки дорем, шояд ба ин зудиҳо мушкили мо осон намешуд ва ба истиқлолият намерасидем. Вакилони муҳтарами мардум Шарифбеки Ёқубзода ва Аслиддини Соҳибназар дар ин бобат дуруст мегӯянд, ки "истиқлолияти Тоҷикистон қариб муфт ба даст омад". Аммо вой ба ҳоли ин халқи бечора, ки ҳокимонаш ақалан намедонанд, ки бо ин истиқлолияти мисли раҳмати Худо бар мо расида, чӣ кунанд.

Ба ҳар сурат, акнун ки Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ расман ба сифати давлати мустақил арзи вуҷуд кардааст, муҳимтарин вазифаи халқ ва ҳукумати мо иборат аз амалан таъмин ва таҳким намудани истиқлолияти сиёсию иқтисодии ҷумҳурӣ мебошад.

Ҷои хушист, ки дар як муддати кӯтоҳ қариб як сад кишвари ҷаҳон, аз ҷумла қудратҳои Ғарбу Шарқ истиқлолияти давлати моро ба расмият шинохтанд ва дар садади барқарор кардани робитаҳои дипломатӣ ва ривоҷ додани ҳамкориҳои иқтисодию фарҳангӣ бо Тоҷикистон мебошанд. Мо ба онҳо, хусусан ба мамолики ҳамзабону бародари худ Ирону Афғонистон, ки аввалин сафоратхонаҳои худро дар Душанбе ифтитоҳ намуданд, изҳори сипос менамоем ва хоҳони онем, ки пайвандҳои гусастаи миёни мо ва онҳо ҳар чи зудтар истиқрор ва густариш ёбад. Ҳамчунон хурсандибахш аст, ки Тоҷикистон ба узвияти Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) пазируфта шуда ва дари созмонҳои дигари байнулмиллалӣ низ ба рӯи давлати мо боз аст. Ин ҳама далели он аст, ки давлати мустақили Тоҷикистон ба сифати суъекти ҳуқуқи байналмиллалӣ шинохта шуд ва ин амр дар таъмину таҳким ва ҳимоя намудани истиқлолияти давлати мо нақши муҳим дорад.

Омилҳои хатарзои Истиқлоли тоҷик

Вале мо бояд ин нуктаро ба хубӣ дарк кунем, ки истиқлолияти Тоҷикистон ҳанӯз дар рӯи коғаз аст ва хатари аз даст додани он, хатари дубора ба қайди тобеияту вобастагӣ гирифтор шудани мо ҳанӯз аз байн нарафтааст. Нирӯҳо ва омилҳое вуҷуд доранд, ки ба истиқлолияти давлати Тоҷикистон таҳдид мекунанд. Онҳо ҳам дар хориҷ ва ҳам дар дохили ҷумҳурӣ амал мекунанд.

Аз ҷумлаи хатарҳои берунӣ пеш аз ҳама бояд нирӯҳои азаматталаби Русияро зикр кард. Ба сафи онҳо бисёре аз роҳбарону ходимони собиқ ҳизби коммунист ва давлати Шӯравӣ, комплекси ҳарбию саноатӣ, афсарону генералҳои қувваҳои мусаллаҳ, иддаи зиёди собиқ депутатҳои халқи ИШ, бархе аз вакилону кормандони давлати Русия ва аҳзоби сиёсии он, "собиқадорони ҷангу меҳнат" ва амсоли онҳо дохил мешаванд.

Ин нирӯҳо барои барқарор кардани Империя (таҳти ниқоби ИҶШС) ҷидду ҷаҳд доранд ва барои расидан ба мақсадҳои шуму зиддиинсонии худ аз ҳеҷ васила ҳатто аз истифодаи қувваю силоҳ рӯ намегардонанд. Сару садоҳои онҳоро ҳам дар анҷумани депутатҳои халқи ИҶШС ва Шӯрои Олии ИҶШС борҳо дидаву шунидаем ва ҳам дар ин авохир дар толорҳою дар хиёбонҳо низ мушоҳида кардаем.

Изҳороти як гурӯҳ собиқ депутатҳои халқи Иҷшс (ниг. "Голос Таджикистана", 10.03.92) ва кӯшиши онҳо барои доир намудани анҷумани депутатҳои ИҶШС (17.03.92) бо мақсади барҳам додани истиқлолияти ҷумҳуриҳо ва барқарор кардани ИҶШС ҳамчун давоми Империяи Русияи подшоҳӣ далели равшани ин гуфтор аст.

Бемаърифативу ҷаҳолати азаматталабон ба ҳаддест, ки мафҳумҳои ҳуқуқи миллат, баробарҳуқуқии халқҳо, озодии инсон, адолат, ахлоқи инсонӣ ва эҳтироми соҳибихтиёрии дигарон барояшон бегона ва беарзиш аст. Онҳо намехоҳанд ё наметавонанд бифаҳманд, ки ҳар миллат - чӣ тоҷику чӣ рус, чӣ арману чӣ қирғиз, чӣ латишу чӣ укроин - зотан соҳибихтиёр аст ва сарнавишти худро фақат худаш бояд муайян кунад ва ҳеҷ касе ё нирӯе ҳақ надорад, ки озодию соҳибихтиёрии халқи дигареро маҳдуд ё поймол кунад. Зеро чунин амал - зиддиахлоқӣ ва зиддиинсонӣ мебошад.

Возеҳ аст, ки дар сурати ба сари қудрат омадани чунин нирӯҳои сиёҳу иртиҷоӣ (бояд гуфт, ки дар шароити мавҷудаи Русия) дар ҷое, ки сатҳи шуури сиёсӣ ва ҳуқуқии тӯдаҳои васеи мардум чандон баланд нест ва ҳам вазъияти иҷтимоиву иқтисодӣ хеле ноустувор мебошад, (чунин чиз аз эҳтимол дур нест) мумкин аст фоҷиаи бузурге пеш ояд.

Хатари дигаре, ки истиқлолияти моро аз берун таҳдид мекунад, ин дубора ривоҷ ёфтани наҳзати пантуркизм дар Осиёи Миёна мебошад. Ин ҳаракати шовинистӣ дар солҳои 20-ум ба халқи мо зарари бузург расонд, боиси порчаю тақсим шудани тоҷикон ва аз Тоҷикистон ҷудо кардани муҳимтарин марказҳои таърихӣ ва илмию фарҳангии халқи тоҷик Самарқанду Бухоро ва ғ. гардид. Имрӯз низ хаёли барпо кардани "Туркистони бузург", ки Тоҷикистонро низ эҳтиво кунад, азаматталабони туркзабонро ба ҷунбиш овардааст. Чун дар матбуоти мо дар ин бобат як силсила матолиб ба табъ расидаанд, мо дар ин ҷо аз баёни муфассали он худдорӣ мекунем.

Дар дохили Тоҷикистон аз ҷумлаи омилҳое, ки ба истиқлолияти ҷумҳурӣ хатар эҷод мекунанд, инҳоро бояд зикр кард: нотавонию бесалоҳиятии ШО ва Ҳукумати Тоҷикистон ва дар онҳо набудани азми қотеъ барои таъмину таҳкими истиқлолияти давлати мо; дар хоки ҷумҳурӣ мавҷуд будани қисмҳои ҳарбие, ки тобеи давлати мо нестанд; набудани Қувваҳои мусаллаҳи худи Тоҷикистон; ақибмондагию вобастагию иқтисодӣ ва ҷорӣ накардани пули миллии Тоҷикистон; фаъолияти коммунистие, ки тарафдори барқарор кардани ИҶШС мебошанд; мавҷудияти ашхоси манқурсифату вобастаи собиқ ИҶШС дар зинаҳои гуногуни дастгоҳи идораи давлатӣ ва ҳам дар байни зиёиён; поин будани сатҳи худшиносии миллӣ ва фарҳанги сиёсии тӯдаҳои васеи мардум ва ғайра, ки ин ҷо баъзеи онҳоро мухтасар шарҳ медиҳем. Маълум аст, ки масъулияти ҳифозат ва мустаҳкам намудани истиқлолияти ҳар давлат пеш аз ҳама ба уҳдаи ҳукумат, ба дӯши вакилону вазирон ва раисони он мебошад. Бурду бохти сиёсати дохилию хороҷии ҷумҳурӣ, пешрафт ё ақибмондагии иқтисодию иҷтимоии он ба ақлу заковат, донишу маҳорат ва ҷаҳонбинию фаъолияти ҳукуматдорон сахт вобастагӣ дорад. Сиёсатмадорону роҳбарони давлат вазифадоранд, ки донишу маърифати баланд, ҷаҳонибинии васеъ, рӯҳияи ватанпарастию озодихоҳӣ ва тавони кашидани бори вазнин солориро дошта бошанд. Онҳо бояд аз қонуниятҳои давлату давлатдорӣ ва рушду такомули миллату ҷомеа огоҳ бошанд ва ҳамеша чанд қадам пештар аз дигарон қарор гирифта, пешомадҳои зиндагӣ ва роҳу равиши фаъолиятҳои баъдии давлатро муайян кунанд, тавре ки манфиати ҳамагон дар он бошад. Бешараф аст ҳар он касе, ки аз ин сифатҳо бархӯрдор набошад, тавони кашидани бори сангини солориро надошта бошад, надонад, ки роҳ куҷост, вале даъвои роҳбарӣ кунад! Бадбахт аст он миллате, ки ин маъониро набинад ва ҳар нолоиқеро, ки пеш ояд, ба роҳбарӣ гузинад!...

Бӯҳрони роҳбарӣ ё «хоҷагон» роҳбари мутеъ мехоҳанд

Мутаассифона, аз муддатҳост, ки мо роҳбарони худро надоштем, зеро "хоҷагони маскавӣ"-и мо ин "саодат"-ро бар мо раво надиданд. Онҳо ҳаққи ба мо роҳбарӣ карданро бар худ гирифта буданд ва ҳар касеро, ки аз миёни мо бо чунин сифатҳо пайдо мешуд, бо ҳар роҳ нобуд мекарданд. Онҳо таи даҳсолаҳои зиёд фалсафаи бехудию шикампарастӣ ва навкарию фармонбардориро талқин намуда, дар зеҳни мардум ҷой доданд. Хоҷагон бар худ аз миёни мо навкар ҷустанд, навкарони содиқу фармонбардор. Ва содиқтарин навкарони худро бар сари мо ба роҳбарӣ гузоштанд. Бисёре аз вакилону вазирон ва зимомдорону раҳбарони имрӯзаи мо ҳамон мансабдорони фармонбардори дирӯзаанд. Онҳо, ки ба тобеияту итоаткорӣ одат кардаанд ва аз озодию озодандешӣ ва тавони бо ақли худ мустақилона кор кардан маҳруманд, ҳанӯз натавонистаанд бахубӣ дарк кунанд, ки Тоҷикистон дигар як вилояти тобеи империя нест, акнун он як давлати озоду мустақил аст ва ин ҳолати сифатан навест, ки роҳу равиши дигар ва рафтору кирдори дигареро талаб мекунад. Шояд онҳо ҳанӯз нафаҳмидаанд, ки масъулияти бузурге ба дӯш доранд, масъулият дар назди халқу ватан, масъулият аз бобати таъмину таҳкими истиқлолияти Тоҷикистон, аз бобати дурустӣ ё нодурустии сиёсати дохилию хориҷии он, аз бобати таъмини амнияти халқи тоҷик ва зиндагии осоиштаи он. Гуфтаанд, ки агар ғуломи озодшуда аз озодӣ сухан гӯяд, аз гуфтораш бӯи ғуломӣ ояд. Бештари вакилону вазирони мо (ва ҳатто иддае аз "Равшанфикрон" низ) ба ҳамон ғуломони озодшуда мемонанд, ки ҳанӯз озодии худро дарк накардаанд, чӣ будани маънии озодиро намедонанд, намедонанд, ки давлати мустақил бояд чӣ гуна бошад ва чӣ кор кунад. Аз гуфтору кирдори онҳо бӯи ғуломӣ меояд.

Аз ин ҷост, ки онҳо ба ҷои пешгоми ҷомеа будан, мисли говони аз пода монда, аз равандҳои иҷтимоию сиёсӣ дер мемонанд ва аз ақиби ҳаводиси рӯзгор мераванд. Бад-ин сабаб Шӯрои Олӣ ва Ҳукумати Тоҷикистон, ҳамон тавре ки барои соҳибихтиёрии халқи тоҷик талош накарда буд, имрӯз дар амри таъину таҳким намудани истиқлолияти ҷумҳурӣ сустӣ мекунад. Аз ин ҷост, ки ШО-и мо дар моҳи декабри соли гузашта бидуни андеша ва муҳокимаи ҷиддӣ Созишномаи Минск ва Алма-Аторо дар бораи (ИДМ) тасдиқ намуда, дар ҳоле ки дар он як қатор шароити номатлуб, аз ҷумла урдуи воҳид, пули воҳид, фазои воҳиди иқтисодӣ дар саросари қаламрави ИДМ пешбинӣ шуда буд.

Вакилону вазиронанд хоин фош мегӯям...

rastokhes T. AВакилону вазирони муҳтарам ин нуктаи бебаҳсро дарк накардаанд, ки фазои воҳиди иқтисодӣ, пули воҳид ва қувваҳои мусаллаҳи воҳид сифатҳои (атрибутҳои) давлати воҳид (унитарӣ) мебошанд ва дар сурати ба ин роҳ рафтан ҷумҳуриҳо дер ё зуд аз истиқлолияти худ маҳрум мешаванд ва ИДМ ба ин ё он шакл мумкин аст боз ба ҳамон империя табдил ёбад. Онҳо нахостанд бифаҳманд, ки Тоҷикистон бидуни қувваҳои мусаллаҳи худ, бидуни пули миллии худ ва дигар унсурҳои зарурӣ наметавонад давлати озоду мустақил бошад ва ногузир тобею вобастаи дигарон мегардад ва ҳама гуна равандҳои манфии иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии ҷумҳуриҳои дигар, аз ҷумла Русия, бевосита ба Тоҷикистон ҳам таъсири манфӣ мерасонанд. Мисоли онро мо аллакай дидем: баъд аз баланд кардани нархҳо дар Русия, нарху наво дар ҷумҳурии мо низ даҳҳо баробар баланд шуданд ва зиндагии мардуми моро ба маротиб бадтар карданд.

Вакилону вазирон андеша накарданд, ки агар мо урдуи миллии Тоҷикистонро ба вуҷуд наорем ва ба нигоҳ доштани Қувваҳои Мусаллаҳи воҳиди ИДМ розӣ шавем, пас ба кадом асоси ҳуқуқӣ ҷавонписарони Тоҷикистон, гражданинҳои як давлати мустақил дар давлати дигаре хидмати аскарӣ мекунанд ва агар мо пули миллии худро ҷорӣ накунем, пас чӣ гуна метавонем иқтисоди миллии худро танзим намоем ва онро аз таъсири манфии омилҳои беруна муҳофизат кунем?

Кӣ кафолат дода метавонад, ки азаматталабони Русия, агар худо накарда ба сари қудрат бирасанд, барои пахш кардани истиқлолияти Тоҷикистон аз Қувваҳои Мусаллаҳ истифода намекунанд? Ва ё кӣ тазмин карда метавонанд, ки онҳо аз муҳимтарин омили (ричаги) иқтисодӣ - пули воҳид, аз ҳамон рубли коғазие, ки корхонаҳояш дар Русия (на дар Тоҷикистон!) воқеъ шудаасту шабу рӯз чоп мешавад, барои аз ҷиҳати иқтисодӣ варшикаст кардани Тоҷикистон ва тобеи худ сохтани он истифода намебаранд? Ҳеҷ кас!

Дар чунин шароит бесалоҳиятию беҷуръатӣ ва нотавонии вазирону вакилони мо ба истиқлолияти давлати мо хатари ҷиддӣ ба бор меоварад.

Ҳамчунон розӣ шудани ҳукуматдорони мо ба нигоҳ доштани Қувваҳои Мусаллаҳи воҳиди ИДМ ва мавҷудияти қисмҳои ҳарбии тобеи "Марказ" дар қаламрави Тоҷикистон, дар шароите, ки намояндагони ҷумҳурии мо дар Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳайъати фармондеҳии он ҳеҷ нуфузе надоранд, барои ҳифзи истиқлолияти Тоҷикистон бехатар нест.

Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, собиқ КБД /КГБ/низ ба гумон аст, ки барои ҳимояти манофеи миллии халқи тоҷик хидмат кунад. Ин дастгоҳ ҳамеша зери фармони Марказ буд ва ба хотири ҳимояти манфиатҳои Империя амал мекард. Ин органи пурқудрат, ки тамоми сиру асрори давлати моро дар даст дорад ва робитаи худро аз Маркази собиқ ҳанӯз накандааст, дар ҳолати зарурӣ мумкин аст дубора барои саркӯб кардани халқи тоҷик ва пахш кардани истиқлолияти он аз тарафи азаматталабон мавриди истифода қарор гирад. Азбаски таркибу ташкили ин орган, ҳайату вазифаҳо ва робитаҳои он то ба ҳол бидуни тағйир боқӣ мондааст, касе наметавонад кафолат диҳад, ки он ба халқи тоҷик вафодор хоҳад буд.

Ашки ҳасрати ҳизби коммунист

Омили дигаре, ки ба истиқлолияти Тоҷикистон хатар эҷод мекунад, ҳизби ба истилоҳ Коммунисти Тоҷикистон мебошад. Ин ҳизб, билхоса, дастгоҳи роҳбарикунандаи он, ҳеҷ гоҳ хислату рӯҳияи миллӣ надошт ва ҳоло ҳам надорад. (Он идда коммунистоне, ки рӯҳияи миллӣ доштанд, сафҳои ин ҳизбро тарк карданд). Он таи муддати 70 соли охир ҳамчун отряди (қисми таркибии) КПСС ҳамеша зери фармони Марказ қарор дошта, барои мустаҳкам кардани Империя ва дар тобеияту асорат нигоҳ доштани халқи тоҷик содиқона хидмат кард. Маҳз ба воситаи ҳамин ҳизб сиёсати истеъмории Марказ дар Тоҷикистон татбиқ гардид. Мансабдорону мансубони ин ҳизб, ки асосан аз ашхоси чаласаводу ҷоҳталаб иборат буданд, натавонистанд ба моҳияти идеологияи коммунистӣ ва сиёсати истеъмории он сарфаҳм раванд ва ба хотири мақому мансаб шуда, ба манфиатҳои миллии халқи тоҷик ва озодию истиқлолияти он хиёнат карданд. Маҳз ба "шарофати" роҳбарии хирадмандонаи ин ҳизб истиқлолияти мо зери по шуд, иқтисоди миллии мо маъюбу маслуқ, вобаста ба касод гардид, забону фарҳанги мо рӯ ба таназзул овард, миллати мо аз расму оин, алифбо ва сарватҳои моддию маънавии худ ҷудо шуда, кам монда буд, ки дар ватани худ беҳудуду беватан шуда, тоҷик будани худро фаромӯш кунад ва ба "ҳомосоветикус" табдил ёбад.

Тавре ки мебинем, имрӯзҳо коммунистони мо (албатта на ҳамаашон) аз марги империя сахт андӯҳгин буда, ашки ҳасрат мерезанд ва орзӯи барқарор кардани империяро доранд ва аҷаб нест, ки дар ин кор бо азаматталабони Русия ҳамдастӣ кунанд. Дар рӯзномаи коммунистон "Голос Таджикистана" чоп кардани изҳороти депутатҳои азаматталаб дар бораи зарурати барҳам задани истиқлолияти ҷумҳуриҳо ва барқарор кардани ИҶШС (яъне Империя) ва аз тарафи як теъдод коммунистони соҳибмансаби мо ошкору пинҳон тарафдорӣ кардани чунин санади нангину зиддихалқӣ далели равшани ин фикр мебошад. Бовар кардан душвор аст, вале ин ҳақиқатро ҳамагон мушоҳида карданд, ки дар иҷлосияи Шӯрои Олии Тоҷикистон рӯзи 12.03.92, вақте ки муҳтарам Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода масъалаи Изҳороти собиқ депутатҳои халқи ИҶШС-ро бардоштанд ва пешниҳод карданд, ки он ҳамчун таҳдиди ошкор ба истиқлолияти давлати Тоҷикистон маҳкум карда шавад ва онҳое, ки барои иштирок кардан дар Анҷумани зиддиқонунӣ ба Маскав мераванд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд, бисёр коммуниствакилон норозиёна мағал бардоштанд.

Ва замоне ки Муроҷиатномаи Шӯрои Олии Русия дар бораи маҳкум кардани "Изҳороти депутатҳои ИҶШС" қироат ва ба овоз монда шуд, аз ҷумлаи қариб 180 нафар вакилони дар толор буда, фақат 110 нафар ба тарафдории он овоз доданду халос! 18 нафар - зид ва 29 нафар - бетараф буданд...

Гузашта аз ин, рӯзи дигар Ш. Шабдолов (муниши КМ ҳизби Коммунисти Тоҷикистон) изҳороти гурӯҳи коммунистонро қироат кард, ки дар он аз тарафи Шӯрои Олии Тоҷикистон дастгирӣ шудани Муроҷиатномаи Шӯрои Олии Русияро, яъне маҳкум кардани он изҳороти нангинро зери шубҳа гузошт.

Инро ақли кас бовар намекунад, бовар намекунад, ки вакилони халқи тоҷик(!) дар Шӯрои Олии(!) давлати мустақили Тоҷикистон бар зидди озодию истиқлолияти халқи тоҷик овоз диҳанд! Охир ин ҳақиқати баҳснопазир аст, ки давлате, ки истиқлолият надорад, давлат нест, Ватане, ки озод набошад, Ватан нест ва халқе, ки соҳибихтиёр набошад, маҳкум ба нобудӣ аст!... Наход, ки коммуниствакилон инро надонанд?! Агар медонанд, пас чаро онҳоеро, ки ба озодии ватани мо таҳдид мекунанд, маҳкум накарданд?! Шояд барои он ки таи даҳсолаҳо манфиатҳои онҳо бо мавҷудияти Империяи тоталитарӣ сахт вобаста буд?! Шояд барои он ки мақому мансабҳои баланд ва имтиёзҳои зиёдро аз дасти хоҷагони Марказиашон мегирифтанду акнун, баъд аз суқути Империя, аз мансабҳои баланд маҳрум мешаванд ва биноан мехоҳанд, ки империяро дубора барқарор карда, боз ба маснади ҳукмравоӣ бирасанд?! Шояд…

Иллатҳои рафтори онҳо фаҳмост, вале бахшиданӣ нест, зеро ин бори аввал нест, ки манфиатҳои ҷонии халқи тоҷикро мефурӯшанд. Фақат таи 2-3 соли охир чунин кор чандин бор такрор шуд. Вой ба ҳоли ин халқи бечора, ки чунин коммуниствакилонро дорад, коммуниствакилонеро, ки озодиашро намехоҳанд, маоши кофию нони серӣ дода, наметавонанд ва ҳатто намехоҳанд, ки ақаллан заминҳоро дар ихтиёраш гузоранд, то ки худаш (халқ) шиками фарзандонашро сер кунад... Албатта, талху ногувор аст, вале ҳақиқат аст, ҳақиқати талхи рӯзгори имрӯзаи мо...

Истиқлолро кӣ намехоҳад?

Ҳамчунон дар Тоҷикистон якчанд гурӯҳҳои мухталифи аҳолӣ вуҷуд доранд, ки онҳо тарафдори истиқлолияти Тоҷикистон набуданд, барои он талош накардаанд, намекунанд ва дар сурати фаро расидани фурсати муносиб, мумкин аст, бар зидди он (истиқлолияти Тоҷикистон) амал кунанд.

Ба гурӯҳи аввал иддае аз роҳбарону кормандони баландрутбаи корхонаҳою муассисаҳо ва идораҳою кооперативҳо дохил мешаванд, ки бо корхонаҳою муассисоти Русия ва дигар ҷумҳуриҳои собиқ ИҶШС вобастагию робитаҳои амиқи иқтисодию техникӣ доштанду доранд. Халалдор ва ҳатто муваққатан канда шудани робитаҳои иқтисодӣ ба манфиатҳои шахсию гурӯҳии чунин роҳбарон таъсир мерасонад. Онҳое, ки ҳамеша маоши зиёд мегирифтанд (ҳоло маоши моҳвори баъзеашон ба 20-25 ҳазор сӯм мерасад), аз тағйир ёфтани шарту шароити доду гирифт ба ҳарос афтодаанд, зеро қатъ шудани робитаҳо ва коҳиш ёфтани ҳаҷми истеҳсолот, мумкин аст боиси кам шудани даромади онҳо гардад. Ин падидаю рӯҳияи нав нест. Дар солҳои авҷ гирифтани ҳаракати миллӣ-озодихоҳӣ дар Ҳиндустон, иддаи зиёде аз буржуазияи компрадории он кишвар, ки бо сармоядорони англис манофеи муштарак дошт, истиқлолияти Ҳиндустонро тарафдорӣ накарда буд. Дар дигар кишварҳо низ чунин ҳолат дида шудааст.

Ба гурӯҳи дигари он як идда "равшанфикрони" маҳаллӣ (тоҷику узбак) дохил мешаванд, ки манфиатҳояшон ба назму низоми гузашта вобаста буд. Онҳо ба фаъолияти механизми идораи Империя худро мутобиқ сохта, аксаран "ҷои худро" дар он ёфта буданд. Забони тоҷикиро нағз намедонанд ва аз дунёи маънавии халқи тоҷик бехабаранд. Бархе аз онҳо мактабҳои русиро хатм карда "маълумоти олӣ"-ро дар хориҷи ҷумҳурӣ касб кардаанд. Кору фаъолияташон асосан ба забони русӣ сурат мегирад, агарчӣ аксарашон забону фарҳанги миллати русро ҳам ба хубӣ намедонанд. Ин гуна ашхоси чала (маргинал) манқуртсифату аз тағйироту таҳаввулоти пеш омада хуш нестанд, намехоҳанд, ки истиқлолияти Тоҷикистон ва ҷорӣ намудани забони тоҷикӣ зиндагии орому маъмули онҳоро халалдор кунад, ба омӯхтани забону алифбои тоҷикӣ маҷбур созад ва ё боиси иваз шудани мақоми иҷтимоияшон гардад.

Чунин тағйироту пешомадҳо, ҳамчунон барои теъдоди касири аҳолии русзабони ҷумҳурӣ мавриди писанд нест. Онҳо то дирӯз ба сифати намояндагони миллати ҳоким дар Тоҷикистон аз баъзе имтиёзҳо ва мақоми хоси иҷтимоӣ бархурдор буданд ва акнун дар натиҷаи барҳам хӯрдани ИҶШС ва мустақил шудани Тоҷикистон, аз он имтиёзот маҳрум хоҳанд шуд. Гузашта аз он маҷбур мешаванд, ки забону фарҳанг ва таърихи халқи тоҷикро биёмӯзанд, ба расму оин ва шеваи зиндагии мардуми мо унс бигиранд, қонунҳои Тоҷикистонро риоя кунанд. Албатта, ин на ба ҳама хушоянд аст. Аз ин рӯ, теъдоде аз онҳо барои барқарор кардани "ИҶШС" манфиатдоранд.

Ҷои шак нест, ки дар байни русзабонон мардуми ҳақпарасту озодидӯст зиёданд ва онҳо мисли русзабонони Латвиёю Литвиё, ки аксарашон истиқлолияти он ҷамоҳирро тарафдорӣ карданд, сидқан ҷонибдори Тоҷикистони мустақил ва демократӣ мебошанд. Вале ашхосе, ки андешаҳои азаматталабонаю бузургманишона доранд, дар миёнашон кам нестанд. Ба ҳар сурат, лозим аст, ки ҳуқуқу манфиатҳои чунин гурӯҳҳои аҳолӣ дар назар гирифта шавад ва мутобиқи нормаҳои ҳуқуқи байнулмиллалӣ ҳаддалимкон таъмин гардад.

Билохира, як омили муҳими дигар, ки таҳкими истиқлолияти Тоҷикистонро мушкил месозад, иборат аз сатҳи поини фарҳанги сиёсии тӯдаҳои васеи мардум мебошад.

Аксари мардуми мо аз дарки амиқи масоили давлату давлатдорӣ ва моҳияти тағйироти сиёсии рухдода ва сабабҳои он хеле дуранд. Онҳо манофеи миллии худро ҳанӯз нашинохтаанд ва огаҳ нестанд, ки яке аз иллатҳои асосии бадбахтиҳои мо, касоди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии мо - дар тобеияту вобастагии ҷумҳурӣ ва ҳукмравоии низоми тоталитарӣ мебошад. Онҳо ба хубӣ дарк накардаанд, ки шарти асосии мавҷудияту бақои миллат ва тараққию пешрафти он - истиқлолияти давлатӣ ва озодию баробарҳуқуқии афроди ҷомеа мебошад. Онҳо огоҳ нестанд, ки соҳиби давлат ва манбаи қудрати давлатӣ худи халқ мебошад ва усулан давлат бояд дар хидмати халқ бошад, на халқ дар хидмати давлат.

Вазифаи давлат чист?

Вазифаи ҳар як давлат - муҳофизат кардани озодию истиқлолият ва амнияту осоиши халқ, ҳимоят кардани ҳуқуқҳои мардум, ҳар як инсон ва расондани кумак ба эҳтиёҷмандон мебошад. Давлате, ки дар хидмати мардум набошад, барои пешрафти ҷомеа шароит муҳайё накунад ва бо зӯру бо ҷабр халқро тобеи худ созад, он давлат мардумӣ на, балки давлати диктатурӣ ва зиддихалқӣ аст. Чунин давлат мардумро ба ақибмондагию таназзул ва тобеияту бадбахтиҳо гирифтор мекунад.

Мутаассифона, на ҳамаи ҳамватанони мо ба ин гуна матолиб таваҷҷуҳ мекунанд. Аз таъсири ҷабру зулм ва таъқибу фишорҳо ва саркӯб карданҳо таи солиёни зиёде тарсу ваҳм дар вуҷудашон ба ҳадде ҷой гирифтааст, ки бисёр касон ҳатто ҷуръат намекунанд, масоили сиёсиро муҳокима намоянд ва ё ба умури давлатдорӣ мудохила кунанд. Фикр мекунанд, ки давлат як қудрати осмонӣ асту ҳар номаъқулие, ки аз вай сар занад, равост.

Аз ин ҷост ки бисёр касон ба озодию истиқлолияти Тоҷикистон бетафовутӣ зоҳир мекунанд, гӯё ки ин мавзӯъ ба онҳо дахл надошта бошад, барояшон ҳеҷ фарқ надорад, ки дар давлати озод мустақил зиндагӣ мекунанд ё дар кишвари тобеъ; ҳукуматашон диктатурӣ аст ва ё мардумӣ.

Андешаи онҳо маъмулан дар атрофи шикамашон мечархад ва бештар аз он ҳарф мезананд, ки "дар замони Брежнуф, вақте ки СССР буд, ҳама чиз фаровону арзон буд, ҳоло ки СССР нест ва демократия шудааст, ҳеҷ чиз нест, қиматӣ омадааст…"

Намефаҳманд, ки ин буҳрони иқтисодию қиматӣ ва ин ҳама низоъҳо натиҷаи ҳамон сиёсати зиддимардумии Брежнофу брежнуфҳо, оқибати ногузири режими тоталитарӣ аст ва мо имрӯз "лаззати" ҳамон ҳосилеро мечашем, ки тухмашро солҳо пеш аз ин кошта буданд. Аз демократия бошад, дар Тоҷикистон, ҳамон тавре ки дар гузашта нишоне набуд, ҳоло ҳам дараке нест. Ҷолиб он аст, ки имрӯзҳо дар бораи ба "гуноҳи демократия" барҳам хӯрдани давлати Шӯравӣ (ИҶШС) беш аз ҳама онҳое ҳарф мезананд, ки худ чӣ будани демократӣ ва моҳияти "давлати Шӯравӣ"-ро аслан намефаҳманд. Агар касе аз онҳо бипурсад, ки "давлат чист ва сифату рукнҳои он кадоманд?" ва ё "ашколи давлатдорӣ кадомҳоянду режими авторитарӣ аз давлати демократӣ чӣ фарқ дорад?", дар ҷавоб гунгу лол мешаванд ва ё ҳазён мегӯянд. Албатта, чунин ҳолат на аз дараҷаи баланди маърифат ва фарҳанги сиёсии ин гуна ашхос, балки аз гумроҳии онҳо шаҳодат медиҳад ва ин гумроҳӣ дар шароити кунунӣ хатар дорад, зеро нирӯҳои сиёҳу азаматталаб аз ин ҳолат мумкин аст, бар зидди истиқлолияти мо истифода кунанд. Онҳо метавонанд дасисаю иғво ва таблиғоти сӯъ ба роҳ андохта, мардумро гумроҳ кунанд (тавре, ки дар феврали соли 1990, март ва сентябри соли 1991 гумроҳ кардаанд) ва моро дубора тобеъ созанд. Аз эҳтимол дур нест, ки онҳо ба барангехтани низоми миллӣ, ривоҷ додани маҳалгароӣ ва ҷудоӣ андохтан дар миёни нирӯҳои озодихоҳ даст зананд ва бад-ин тариқ вазъи иҷтимоии Тоҷикистонро ноором сохта, ба "пешрафти иқтисодии ҷумҳурӣ халал расонанд ва эътирозу норозигии мардумро зиёд карда, аз он ба нафъи худ истифода кунанд.

Биноан лозим аст, ки тӯдаҳои васеи мардум аз масоили сиёсӣ огоҳ ва якпораю муттаҳид бошанд, дар умури давлатдорӣ фаъолона ширкат намоянд ва барои ҳифзи озодию истиқлолияти Тоҷикистон бо қатъият талош кунанд, вагарна таъмину таҳкими истиқлолияти мо басо мушкил хоҳад буд.

Ба ҳукумати мо лозим аст, ки ҳарчи зудтар аз идеяи ношудании Қувваҳои Мусаллаҳи воҳид даст кашида, Вазорати мудофиа ва Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро ба вуҷуд орад, тамоми қисмҳои ҳарбии дар хоки Тоҷикистон воқеъ шударо (ба шумули кувваҳои сарҳадӣ) бо ҳамаи таҷҳизоту лавозимоташон ба ихтиёри худ гирад. Ҳамчунон масъалаи тақсим намудани лавозимоти ҳарбии собиқ ИҶШС, хусусан техникаи ҳарбӣ ва яроқу аслиҳаро якҷоя бо ҷумҳуриҳои дигар ҳал намояд ва ҳаққи худро ба даст орад.

Созишномаи ҷадидро дар мавриди ҳамкории Қувваҳои Мусаллаҳи давлатҳои тозабунёди шомили ИДМ ва дифои муштарак аз таҷовузи нирӯҳои ғайр тартиб ва имзо кунад.

Лозим аст, ки қонунҳои зарурӣ дар бораи фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва хидмати аскарӣ, аз ҷумла дар бораи хидмати алтернативӣ тартиб ва тасдиқ шавад.

Тадбирҳои зарурӣ барои ҳимоя кардани бозори миллии ҷумҳурӣ андешида шаванд. Аз ҷумла бидуни таъхир пули миллии Тоҷикистон таҳия шавад, муайян кардан ва масъалаи ҷорӣ намудани он бар шумули қурбу нархҳои табодулаи пул ҳал шавад.

Органҳои гумрук ва механизми фаъолияти онҳо такмилу таҳким шаванд.

Ҳарчи зудтар масъала дар бораи табааи Тоҷикистон, ҳуқуқу озодиҳои онҳо, аз ҷумла рафту омади озоди шаҳрвандон ба кишварҳои хориҷӣ ҳал гардад ва шартҳои пазируфтани ашхос ба шаҳрвандӣ ва вазифаҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ муайян шавад. Зимнан муқаррар гардад, ки ҳар як шаҳрванд метавонад фақат табааи як давлат бошад. Бидуни таъхир хараҷу мараҷи мавҷуда дар нарху наво аз байн бурда шавад, сиёсати нархгузорӣ бо дарназардошти андозаи музди коргарону деҳқонон ва зиёиён танзим гардад, яъне нархҳо ба сатҳи даромади мардум мутобиқ бошад, вагарна дере нагузашта фоҷиаи иқтисодӣ ва сиёсӣ ҷумҳурии моро ба ларза хоҳад овард.

Ҳамчунон лозим аст, ки дар як муддати кӯтоҳ ислоҳоти бунёдӣ дар молдорӣ, саноати сохтмон, тиҷорат, илму маориф амалӣ гардад ва дастгоҳи идорӣ ва сармоягузорӣ ба тамоми соҳаҳо зиёд карда шавад, то ин ки тараққиёти босуръати иқтисоди миллӣ таъмин шавад ва вобастагии мо аз дигарон ҳарчи бештар коҳиш ёбад.

 Дар ҷиҳати барқарор кардани робитаҳои мустақим бо кишварҳои ҷаҳон ва густариши ҳамкориҳои иқтисодию техникӣ ва ҷалб намудани сармояи хоҷагӣ ба иқтисоди Тоҷикистон барои сохтани корхонаҳои саноатӣ чораҳои таъҷилӣ андешида шавад.

Узвияти Тоҷикистон дар ИДМ ва ҳамкориҳо бо давлатҳои шомили он бояд бар асоси баробарҳуқуқӣ, эҳтироми озодию истиқлолияти тарафайн ва кумаку дастгирии якдигар сурат гирад ва ба ҳеҷ ваҷҳ боиси маҳдуд шудани истиқлолияти давлатии мо нагардад.

Дар ниҳояти амр чигунагии тақдири ИДМ ба риояти принсипҳои фавқулзикр вобаста аст. Агар баъзе аз давлатҳои қудратманди ИДМ аз мавқифи зӯроварию табъиз баромад кунанд, ҳуқуқу озодиҳои дигаронро эҳтиром накунанд, аз тариқи нарху наво ва омилҳои дигари иқтисодӣ роҳи фишор овардану фоида кашиданро пеш гиранд, дар он сурат, ИДМ ояндаи нек нахоҳад дошт ва Тоҷикистон аз узвияти он бояд даст кашад. Ва умуман, ҳар як мавзӯе, ки ба сарнавишти миллати мо дахл дорад, аз ҷумла масъалаи дохил шудан ба ИДМ, бояд фақат тавассути худи халқ ва бо розигии ӯ ҳаллу фасл шавад. Фақат халқи тоҷик ҳақ дорад муайян кунад, ки дар Тоҷикистон чи гуна назму низом бошаду чи гуна давлат, бо кадом давлат паймони дӯстию ҳамкорӣ бандаду бо кадомаш не, бо кӣ ҳамроҳ шаваду аз кӣ - ҷудо. Чунин ҳақро на ҳукуматдорон доранду на коммунистон ва на созмонҳою аҳзоби дигаре. Ҳар қонуну қароре ё муоҳидае, ки бе розигии халқ қабулу имзо шуда бошад, эътибор надорад. Созишномаи соли 1922 дар бораи таъсиси СССР барои халқи тоҷик ғайриқонунӣ ва беэътибор буд, зеро аз халқ напурсида буданд, ки Тоҷикистон ба он (СССР) ҳамроҳ шавад ё не.

Созишномаи ИДМ бе маслиҳати мардум имзо шуд ва ШО Тоҷикистон "нархи сабзию пиёзро напурсида" онро тасдиқ кард. Ҳамин гуна мансабдорони мо дар бораи зарурати нигоҳ доштани урдуи воҳиди ИДМ ҳарф мезананд, дар ҳоле ки мардум намехоҳанд, ки фарзандонашон ба давлатҳои дигар ба аскарӣ фиристода шаванд ва аз он ҷо мурдаашонро биёранд. Пас ба ҳукуматдорони мо кӣ иҷозат додааст, ки бе маслиҳати мардум он санадҳоро имзо кунад ва ба ақли маҳдуди худ тақдири халқро ҳал кунанд?

Ин худсариҳо то ба кай? То ба кай мо қонуншикании ҷоҳталабонро таҳаммул мекунем? То ба кай манфиатҳои миллии мо, озодию истиқлолияти Ватани мо қурбони манофеи мансабдорони бемаърифату манқуртони шикампараст мегардад?

Истиқлолият муқаддас аст

Озодию истиқлолияти Тоҷикистон ва халқи тоҷик барои мо муқаддас аст ва дар баробари он монофеи ҳеҷ касе, ё гурӯҳе ва ё ҳизбе арзише надорад. Ҳар як сокини ин Ватан - аз деҳқон то раиси ҷумҳур вазифадор аст, ки барои таъмину таҳким ва ҳимояи он то ҷон дар бадан дорад, мубориза барад. Ҳар касе, ки бар зидди озодию истиқлолияти халқу Ватан амал мекунад - он душмани халқ ва хойини Ватан аст ва он, хоҳ чӯпон бошад, хоҳ вазир, хоҳ деҳқон бошад, хоҳ вакил ва хоҳ коргар бошад, хоҳ раиси ҷумҳур, бояд дар назди халқ ҷавоб гӯяд ва иншооллоҳ, ҷавоб хоҳад гуфт!!!

Тоҳири Абдуҷаббор,

Манбаъ: нашрияи "Растохез", №11, марти1992, №14, майи 1992

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97