Каримов: Таҳкими дӯстӣ ва созгорӣ бо ҳамсояҳо дар авлавият аст

Сиёсат 08.09.2013 07:56

karimov304Раиси ҷумҳурии Узбакистон дар маросими ҷашни бистудувумин солрӯзи истиқлоли ин кишвар гуфт: Таҳкими дӯстӣ ва созгорӣ ва эҳтироми мутақобил бо ҳамсояҳои наздик ва дур дар авлавияти сиёсати мо қарор дорад.

Ба гузориши ИРНА, Ислом Каримов афзудааст: Ҳамакнун дар як замони печида, ки бо ноамнӣ ва хатар ҳамроҳ аст ва дар атрофи мо даргириҳои мусаллаҳона рӯз ба рӯз ташдид мешавад, бояд ҳушёр ва бедор бошем ва қадри истиқлоли худро бидонем.

Раиси ҷумҳурии Узбакистон бо ишора ба зиндагии душвори иҷтимоӣ ва иқтисодии мардум дар даврони Шуравии собиқ гуфтааст: Узбакистон дар муддати кӯтоҳе аз як кишвари нотавон ба як давлати мустақил ва боқудрат табдил шуд, ки моияи ифтихор ва ғурури ҳамаи мо аст.

Ба гуфтаи Каримов, ин кишвар дар солҳои истиқлол ба худкфоии сӯхт ва энержӣ ва ғаллот даст ёфт ва маҳсулоти масрафи умумии мардум таъмин шуд. Вай афзудааст, ки дар ин муддат беҳдошти умумӣ низ беҳбуд ёфт ва аз рақами маргу мири модарон ва кӯдакон ба шиддат коста шуд.

Ҳамчунин ба гуфтаи Каримов, умри мутавассит дар ин кишвар аз 66 сол ба 73,5 сол расида аст.

Уртоқ Ислом Абдуғаниевич, чанд соли сарҳадбандӣ ва ҷорӣ намудани визо бо Тоҷикистон алакай кори худро карда аст ва боиси он гардидааст, ки  мо аз тағийроти маъноии забони узбакӣ хеле ва хеле  дурр мондаем. Акнун фаҳмидем,ки ҷорӣ кардани визо  бо кишвари аз ҳама наздик ва дӯст ва бастани роҳҳои он ва дар таҳрим нигоҳ доштану монеъи сохтани Роғун гардидан, монеъи сохтмони силсила пойгоҳои барқии Қамбарота шудан, сари чанд вақт бо сарҳадбонони қирғиз моҷаро кардан, дар даргириҳои Ош  монеъи ворид гардидани 400 ҳазор узбакҳои ҳамхун гардидан, монеъаи вориди  колоҳои тоҷирони афғон ба Узбакистон шудан ва ғайра дар забони муосири сиёсии узбакӣ маънои "таҳкими дӯстӣ ва созгорӣ бо ҳамсояҳо дар авалият"-ро доштааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97