Вакилони дифоъи Зайд Саидов боз ҳам эътироз доранд

Сиёсат 13.08.2013 11:46

Изҳороти Фахриддин Зокиров ва Исҳоқ Табаров - ҳимоятгарони Зайд Саидов вобаста ба раддияи дафтари матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2013

Vukalo2 августи соли 2013 дафтари матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Агентӣ) бо пахши раддияе мавқеъгирии мо - ҳимоятгарони Зайд Саидовро, ки аз хусусаш тариқи нишасти матбуотӣ рӯзе қабл иттилоъ паҳн гардида буд, беасос ва, гузашта аз ин, иғвоангезу тӯҳмат номид, ки ҳадафаш гӯё гумроҳ сохтани ҷомеъа бошад. Дар раддия ҳатто таъкид шудааст, ки мо, гӯё бо изҳори таассуфу пушаймонӣ, ваъда додаем минбаъд аз далелҳои мӯътамад истифода кунем.

Аз ин рӯ, бо мақсади андохтани рӯшанӣ ба паҳлӯҳои масоили мавриди назар ва моҳияти аслии мавқеъгирии мо, ки бо нуктаву хулосаҳои раддияи Агентӣ ягон умумияте надорад, изҳороти мазкурро лоиқи таваҷҷӯҳи ҷомеъа донистем.

1. Фаъолияти ҳимоятгар тибқи қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи адвокатура" ба танзим дароварда мешавад ва он фаъолияти касбиест, ки сирф бо мақсади дифоъ аз ҳуқуқҳои қонунии шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ амалӣ мегардад. Чуноне аз мазмуни қонунгузорӣ бармеояд, ҳимоятгар дар пешбурди фаъолият мустақил аст ва танҳо ба қонун такя намуда самт ва тарзу усулҳои ҳимояи ҳуқуқҳои шахси зерҳимояашро бо машварат бо ӯ роҳандозӣ мекунад. Зимнан бо камоли масъулияти касбиву ахлоқӣ изҳор медорем, ки ҳамаи амали дар робита ба таъмини ҳимояи ҳуқуқҳои Зайд Саидов анҷом додаамон мутобиқати пурра ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дорад ва омодаем дар ин маврид ба ҳама гуна иддаову суолу эрод назди зерҳимояамон, мақомоти марбута ва ҷомеъа ҷавоб гӯем. Маҳз бо дарки ҳамин масъулият вокуниши Агентиро ба нишасти матбуотиамон бобати ғайрикасбиву низоъҷӯёна маънидод кардани фаъолиятамон беасос медонем ва, аз ин рӯ, омодаем барои дифоъ аз шаъну шарафу эътибори худ дар доираи имкониятҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чора биандешем.

2. Баръакс, на мо, балки худи Агентӣ бо дағалона вайрон кардани талаботи Конститутсия ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқҳои зерҳимояамон - Зайд Саидовро поймол кардааст. Пеш аз ҳама сухан аз хусуси риояи принсипи асоситарини давлати демокративу ҳуқуқбунёд - эҳтимолияти бегуноҳӣ меравад, ки таъмини риояашро на танҳо Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 15-и он), балки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 20) кафолат додаанд. Тибқи ин принсип ҳеҷ кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар содир кардани ҷиноят гунаҳкор дониста намешавад. Мисоли рӯшани сарфи назар шудани принсипи мазкур маълумотест, ки Агентӣ дар нишасти матбуотиаш 29 июли соли равон паҳн кардааст ва чанд нуктаи онро ба хотири тасдқи хулосаамон лозим медонем айнан хотиррасон кунем :

* "Зайд Саидов бисёр ҷиноятҳо содир кардааст".

* "Ба иттилои Фаттоҳ Саидов, дар ҳоли ҳозир то 15 ҳолати ба ҷиноят даст задани Зайд Саидовро рӯйи даст доранд".

* "Ин инсон 38 миллион сомонӣ маблағи буҷаро аз худ кардааст. Ин ҳам ҷиноят аст".

3. Моддаи 10 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтироми шаъну шарафи шахсро вазифаи шахсони мансабдор ва мақомоте донистааст, ки пешбурди парвандаи ҷиноятиро анҷом медиҳанд. Ҳамчунин моддаи мазкур ҳама гуна муносибати пасткунандаи шаъну шарафи инсониро нисбати ҳамаи иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ истисно кардааст. Дар робита ба шахсияти Зайд Саидов бошад, сарфи назар шудани муқаррароти мазкури қонун бо мисолҳои қаблан овардаамон, ки, чуноне гуфтем, далели беэътиноӣ ба принсипи эҳтимолияти бегуноҳанд, маҳдуд намешавад. Аз ҷониби Агентӣ мунтазам тариқи расонаҳои хабарӣ ҷузъиёти аслан моҳияти айбдоркунидоштаи парвандаи ҷиноятӣ ифшо мешавад, ки вобаста ба хусусиятҳои тафтишот ҳанӯз ниёз ба собиткунӣ доранд ва ин дар ҳолест, ки хулосаи ниҳоиро аз хусуси дурустиву нодурустиашон боз ҳам мутобиқ ба ҳамон принсипи эҳтимолияти бегуноҳӣ танҳо ва танҳо суд бояд барорад. Он чиз низ боиси таассуфу нигаронист, ки ба маърази умум гузоштани ахбор дар ин мавридҳо ҳамзамон бо хулосарониҳову баҳогузориҳои қотеъона ва истифода аз тарзу усулҳои эҳсосотии таъсир ба афкори ҷомеъа сурат мегирад. Мисолеро барои тасдиқи фикр аз ҳамон нишасти матбуотӣ лоиқи тазаккур медонем ва мехоҳем таваҷҷӯҳ шавад, ки зимнан сабку услуби забонӣ ва мантиқи мулоҳизаву хулосаронии гӯянда тарзест, ки кӯшиш рафтааст барои шубҳаву гумон дар мавриди айбдорӣ ҷойе намонад:

"Саргузашти ин духтараки 14-соларо шунидан хеле сахт аст. Вай 3 мартаба исқоти ҳамл шудааст ва он пизишконе, ки исқоти ҳамл кардааст, мо пурсидем, дафъаи баъдӣ, ки нахост исқоти ҳамл кунад, Зайд бо пояш ба шиками духтарак задааст. Барои он ки сираш фош нашавад, ҷавонеро киро мекунад ва мегӯяд, "тарзе кун, дили вайро ёб" ва ба ӯ 1300 доллар медиҳад ва ваъда мекунад, ки тӯятро дар ресторан мегузаронам ва як моҳ зиндагӣ мекунӣ ва баъд кори худат. Ин магар аз рӯи виҷдон аст?".

4. Дар раддияи Агентӣ бамаротиб таъкид шудааст, ки гӯё мо, ҳимоятгарон, аз ину он амалу рафторамон, аз ҷумла барои истифода гӯё аз далелҳои номӯътамад изҳори пушаймонӣ карда бошем. Қотеъона изҳор медорем, ки ин маълумот комилан асоси воқеъӣ надорад. Мо на танҳо ин гуна вокуниш нишон надодаем, балки ягон амалеро, ки боиси пушаймонӣ бошад, ҳаргиз ба худ раво надидаем. Бахусус дар робита ба масъулияте, ки вобаста ба хусусиятҳои тафтишоту талаботи қонун ба он дорем. Ва нишасти матбуотиамон, ки Агентиро нороҳат кардааст, истисно нест. Бо истифода аз фурсат аз расонаҳои хабарии дар он нишаст ҳузурдошта хоҳиш дорем, ки шакли пурраи мусоҳибаву гуфтаҳои моро, ки то ин дам бо ифшои фишурдаи онҳо иктифо шудааст, дарҷ кунанд, то ки ҷомеъа барои қазоват имкони бештареро соҳиб бишавад.

Он чизро низ лоиқи таъкид медонем, ки то ин дам ҳама гуна муроҷиатамон ба ҷомеъа тавассути расонаҳои хабарӣ танҳо дар посух ба мавқеъгирии марбутаи Агентӣ сурат гирифтааст, ки бо истифода аз ин тарзи робита ба мардум муаррифӣ шудааст. Яъне вақте ҳадафи мақомот ташаккули афкори ҷомеъа аст ва, бахусус, чуноне гуфтем, вақте ин иқдом бо халалдор шудани меъёру муқаррароти конститутсионӣ амалӣ мегардад, қарзи на танҳо касбӣ, балки ахлоқии мост, ки зерҳимояамонро аз ин гуна кӯшишҳо дифоъ кунем ва нагузорем, ки аз сатҳи бағоят пасти маърифати ҳуқуқии мардум сӯистифода шавад. Тафсилоти ҷузъиёти қазияро, ки бо истифода аз изҳороти мазкур раво дидем, ҳамчунин танҳо вокуниш аст, яъне посух ба ҳамон тафсилотест, ки Агентӣ паҳн кардааст, на зиёду на кам.

5. Бо вуҷуди он, ки тибқи муқаррароти қонун дахолат ба фаъолияти ҳимоятгар мамнӯъ дониста шудааст, рӯзе пас аз нишасти матбуотии мавриди назар мо ба Агентӣ даъват шудем ва бавижа дар ду маврид роҳбарияту масъулини ин мақомот аз мо изҳори норозигӣ карданд. Аввал он ки гуё мо маълумотро аз хусуси 1,5 сол қабл оғоз шудани парвандаи ҷиноятӣ нодуруст маънидод кардаем. Фаҳмондем ва бори дигар тазаккур медиҳем, ки агар дар ин рабт иллате ҳаст, он низ аз мавқеъгирии худи Агентӣ сарчашма мегирад. Мо маълумотеро истифода ва ба он бо истифода аз муқаррароти қонун шарҳ додаем, ки аз забони худи Директори Агентӣ Саидов Ф.Ғ. дар нишасти матбуотиаш садо додааст. Ба он маънӣ, ки ба гуфташон тайи ин муддат на парванда, балки фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ оғоз шудааст. Яъне на танҳо қонун, балки меъёрҳои муқаррарии одоб аз ҷониби мо ҳимоятгарон халалдор нашудааст. Агентӣ дар суханронии нишасти матбуотиамон ҳамчунин кӯшиши муттаҳам кардани масъулинашро дар сохтакорӣ эҳсос намудааст ва ин эроди дуввуми ин ниҳод ба мо буд. Дар асл мӯҳтавои мавқеъи мо, ки аз ҷумла дар нишасти матбуотӣ низ аз он ҷилавгирӣ шудааст, нишон додани он аст, ки ҷурме, ки бо иттиҳом ба он Зайд Саидов расман муртакиби гуноҳ шинохта мешавад, дар пояи далелҳои нокифояву шубҳабарангез шакл гирифтааст ва аз ин рӯ барои айбдоркунӣ асоси кофӣ вуҷуд надорад. Гуфтему мегӯем, ки барои дурустии ин мавқеъ ҳаргиз шубҳа надоштему надорем ва аз он то даме, ки далели муносибу ҷавобгӯ ба талаботи қонунгузории мурофиавии ҷиноятиро тафтишот пешниҳод намекунад, ҳаргиз даст намекашем. Барои рафъи каҷфаҳмиҳо бошад, дар ҳоли зарурат омодаем ҳама гуна амалу рафторамонро тавзеҳ бидиҳем. Ва ин масъулият суханрониамон дар нишасти матбуотиро низ дар назар дорад. Вале касеву чизе наметавонад моро аз самтҳои пешгирифтаи ҳимояамон аз ҳуқуқу манфиатҳои Зайд Саидов боз дорад ё, чуноне зимни даъват масъулини Агентӣ кӯшиданд моро ба ин мойил кунанд, аз ин фаъолият изҳори пушаймонӣ кунем.

6. Дар санаи 1 августи соли 2013 муфатишони Агентӣ ба зерҳимояи мо бо як қатор моддаҳои Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон айб эълон намуданд. Ва аз хусуси норозигиамон ба ҳар як банду басти он дархости марбута пешниҳод хоҳем кард. Дар маҷмӯъ ба итминони комили мо айбҳои эълоншуда асоси қонунӣ надоранд ва дар сурати татбиқи бечунучарои талаботи моддаи 21 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тафтиши ҳамаҷониба, пурра ва холисонаи ҳолатҳои корро тақозо мекунад, парванда нисбати Зайд Саидов вобаста ба ин айбҳо бояд бинобар набудани таркиби ҷиноят дар кирдораш ва дар баъзе ҳолатҳо бо сабаби умуман ҷой надоштани ҳодисаи ҷиноят қатъ гардад.

Оиди гӯё даст доштани Зайд Саидов ба тасарруфи амволи ғайр, аз ҷумла ба амволи давлатӣ, ки аз хусусаш сару садоҳо тавассути суханрониву нишастҳои матбуотии Агентӣ зиёд аст, изҳор медорем, ки ягон парвандае дар ин хусус вуҷуд надошту надорад, дар робита ба парвандаи алҳол тафтишшаванда бошад, ягон ин гуна айб ба Зайд Саидов эълон нашудааст. Пас, пурсида мешавад, дар ин сурат аз хусуси кадом тасарруфу азхудкунии амвол метавон сухан ронд? Посухи шахсан мо басо қотеъона аст;: эътимоди комил ба он дорем, ки зерҳимояамон ба ин амалҳо ҳаргиз даст назадааст. Баръакс, фаъолияти давраи вазирии мавсуф, ва инро ҳамаи онҳо, ки бо ӯ сару кор гирифтаанд метавонанд тасдиқ кунанд, яке аз шаффофтарин давраҳои фаъолияти Вазорати марбута будааст. Далелҳои кофие, ки даврони соҳибкориашро низ намунаи ибрати фаъолияти барои буҷаи давлат фоиданоктарин арзёбӣ мекунанд, кам нестанд. Вагарна ӯро лоиқи мукофотҳои гуногуни давлатӣ намедонистанду нисбат ба ӯ ҳамду сано аз минбарҳои баландтарин намехонданд. Он чи ки ҳалолкориву қонунпарастии давраи соҳибкориашро набудани ягон эроди мақомоти андоз зимни санҷишҳои фаъолияташ далел аст, боз ҳам ҳамон хулосаи моро тасдиқ мекунад.  

7. То ба ҳол дар бораи оғоз шудани ягон парвандаи ҷиноятӣ бо аломатҳои моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ("Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ") нисбати Зайд Саидов маълумот надорем. Ба замми ин маводҳои парвандаи ҷиноятии алҳол таҳти тафтишот қарордошта низ аз ин хусус чизе намегӯянд. Ва ин худ посух ба маълумоти паҳннамудаи Агентӣ аз хусуси тасарруф ба маблағи гӯё 62 миллион сомонист. Аз ин рӯ нисбати ину рақамҳои дигари осмонбӯси изҳоршуда гуфтани чизи дигареро зарур намедонем. 

8. Дар иртибот ба санадхои санҷишие, ки мақомоти андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба самтҳои фаъолияти ҶДММ "Тоҷсохтмон-байналмилал" пешниҳод кардааст, бояд гуфт, ки, якум, ширкати мазкур ягон алоқамандӣ бо Зайд Саидов аз нигоҳи меъёрҳои тиҷорату ихтиёрдорӣ аз амвол надошту надорад ва, дуввум, бо изҳори норозигӣ аз натиҷаҳои санҷиш мо бо дархости марбута ба Кумитаи андоз муроҷиат кардаем ва то ба ҳол аз натиҷаҳои баррасӣ огаҳии расмӣ надорем.

Вобаста ба татбиқи ҷазои маъмурӣ нисбат ба Саидов Хайрулло бошад, ба суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо аризаи даъвогӣ барои бекор карданаш муроҷиат намудаем.

Яъне ҳимоя чунин меҳисобад, ки дар қисмати маводҳои ҷамъовардаи Агентӣ вобаста ба фаъолияти молиявии Зайд Саидов ҳоло хулоса рондани мақомоти мазкур бармаҳал аст, асноду маълумотеро, ки дастрас шудааст, беасосу ғайриқонунӣ меҳисобем ва барои эътирофи расмии ин хулосаамон бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон талош варзем.

Бори дигар изҳор медорем, ки маълумот аз хусуси гӯё 15 иншоотро бо номгузории мансубияташон ба хешу пайвандонаш аз худ кардани Зайд Саидов дар пояи иддаои беасосу ғайриқонунӣ таҳияву ифшо шудааст. Ва далели хулосаи мазкур на танҳо набудани ягон айбест аз ин хусус, ки тафтишот ба номбурда эълон карда бошад. Вазъи ҳуқуқии аксари ин иншоотҳо низ он иддаоро инкор мекунад. Масалан, 95 дар сади саҳмияҳои фабрикаи "Гулистон" мутааллиқ ба сармоягузори хориҷист, ҶСП "Абрешим" ва ҶСК "Тоҷиказот" низ, ҳамчунин, ғолибан бо ҷалби маблағгузории сармоягузорони хориҷиву имкониятҳои соҳибмулкии онҳо идора мешуданд. ҶСП "Алмаз-азия", ҶСП "Табарук" ва ҶСП "Меҳробод" бо шарикии сармоягузорони Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Исломии Эрон баъди аз вазифаи Вазирӣ рафтани Зайд Саидов, яъне дар давраи соҳибкориаш таъсис ёфтаанд.

9. Воқеъан, дар нишасти матбуотӣ изҳор намудем, ки тафтиши парвандаи ҷиноятӣ бо аломатҳои ҷиноятҳои моддаи 124 ("Ба исқоти ҳамл маҷбур кардани зан"), 138 ("Таҷовуз ба номус") ва 141 ("Алоқаи ҷинсӣ ва дигар ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ бо шахсе, ки ҳанӯз ба синни шонздаҳсолагӣ нарасидааст") Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд аз ҷониби Агентӣ сурат нагирад ва ин на раводид ва ё андешаи мо, балки талаботи қотеъонаи (муқаррароти ба истилоҳ императивӣ) қонун аст. Тибқи муқаррароти банди 2 моддаи 161 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тафтиши ҷиноятҳои номбаршуда ба салоҳияти мақомоти прокуратура марбут аст.  Бале, қонун ба прокурор ҳуқуқ додааст, ки тибқи раводиди худ тафтиши парвандаро аз як мақомот ба мақомоти дигар вогузор намояд. Вале дар истифода аз ин ҳуқуқ қонун боз ҳам маҳдудият пешбинӣ намудааст. Мувофиқ ба мазмуни моддаи 168 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон прокурор ин корро метавонад танҳо бо риояи қоидахои тобеияти тафтишотӣ (яъне талаботи моддаи 161-и ҳамон Кодекс) анҷом диҳад. Аз ин рӯ итминонамон бар он аст, ки  муқаррароти зикршуда халалдор шудааст ва тафтиши алоқаманд ба чунин қонуншикании парванда аз ҷониби Агентӣ қонуншиканист. Ҷойи зикр аст, ки рӯтобии "ҷабрдида" аз рӯбарӯкуниро низ яке аз далели боэътимоди бофтаву беасос будани иттиҳом ба таҷовузу маҷбуркуниву исқоти ҳамл медонем. Ва, умуман, боварӣ дорем, ки дар ин робита ҳодисаҳои ҷиноят ҷой надоранд. Иктифои тафтишот аз як аризаву, он ҳам бошад пас аз сипарӣ шудани панҷ сол, хулосаи мазкурро собит месозад.

10. Алҳол, бо мурури зиёда аз ду моҳи тафтиш низ ҳуқуқҳои конститутсионии Зайд Саидов поймол мешаванд. Сухан аз хусуси моддаи 19 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон меравад, ки ба ҳар кас ҳуқуқи истифода аз хизмати ҳимоятгарро аз лаҳзаи дастгир шуданаш кафолат додааст. Мушаххасан талаботи моддаи 53 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар назар дорем, ки мулоқоти як ба як, хоса ва бемаҳдудияти зерҳимоя ва адвокатро пешбинӣ намудааст. Ҳоло боре нашудааст, ки бо риояи талаботи мазкур бо мо имконияти вохӯрии як ба як бо зерҳимояамонро тафтишот дода бошад. Магар худи ин ҳолат далели заъфи эътимоди мақомоти тафтишот ба айбҳое, ки гардани Зайд Саидов овехтаанд, нест? 

Дар интиҳо аз роҳбарияту масъулини Агентӣ даъват ба ҷо меорем, ки ҷиҳати риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳама гуна иқдом, амалу рафтор, ки ҳуқуқҳои зерҳимояи моро халалдор мекунанд, бахусус аз амале, ки ҳадаф аз он ташаккули афкори номатлуби ҷомеа ва бад ин васила таъсири ногувор ба рафту натиҷаҳои тафтишот аст, худдорӣ кунанд. Умед дорем Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки масъулияти тахассусиаш, ки назорати ҳамаҷонибаву дақиқи риояи қонунҳо муҳтавои он аст, ба ҳамаи қонуншиканиҳо дар мавриди тафтиши парвандаи ҷиноятӣ нисбати Зайд Саидов чораҳои зарурии пешбининамудаи қонунро меандешад.

                                                                                                                                                                                                                                  Фахриддин Зокиров ва

 ИсҳоқТабаров ҳимоятгарони 

 Зайд Саидов 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97