Қадршиносӣ аз Тоҳири Абдуҷаббор ба таҳкими ваҳдат мусоидат мекунад

Сиёсат 22.06.2013 10:52

Ба ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пешвои ҳаркати истиқлолталабӣ сазовори унвони Қаҳрамони Тоҷикистон аст

Toiri AbdujaborИқдомоти арзишманди Ҳукумати Тоҷикистон барои эҷоди давлати демократӣ, ваҳдати миллӣ ва боло бурдани арзишҳои миллат пойгоҳи усулӣ мегузоранд. Дар ин росто, аз тарафи раҳбари давлат ва ҳукумат қадр кардани шахсиятҳое, ки барои бақои давлат, эҷоди давлати миллӣ ва ваҳдату якпорчагии мардуми тоҷик ва Тоҷикистон талош ба харҷ додаанд, боиси ифтихор ва қадрдонии мардуми ватандӯст ва рушанфикр шудааст.

Дар ин охир ба ватан бозгардондани шоири маъруф Бозор Собир аз иқдомҳои арзишманди Ҳукумати кишварамон дар ин раҳгузар шинохта шудааст. Қадршиносии Ҳукумати ҶТ дар қиболи фарзандони муборизи ватан чун Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода ва ба унвони олии "Қаҳрамони Тоҷикистон" сазовор донистани онҳо низ аз иқдомҳои арзишманди Ҳукумат дар солҳои охир шинохта шудааст.

Қобили тазаккур аст, ки талошҳои фарзанди арзандаи миллат Тоҳири Абдуҷаббор, дар ростои расидан ба истиқлолияти давлати Тоҷикистон ва ҷойгоҳи забони модарии мо камтар аз муборизаи фарзандони номбардори зикршуда нест. Насли калонсол ва сиёсатмардони кишварамон ба хубӣ ёд доранд, ки ӯ дар доираи ҷаласаҳои Шӯрои Олии пешин, дар майдонҳои муборизаи сиёсӣ ва ҳатто дар Порлумони вақти Шӯравӣ барои ин ормонҳои миллӣ ва ҷойгоҳи давлати Тоҷикистон пайваста ва якрӯ мубориза мекард. Ба ҳамин далел, ӯ пас аз эъломи Истиқлолияти давлати Тоҷикистон ҷабҳаи худро, ки ҳадафи аслии онро танҳо аз расидан ба ин истиқлолият медонист дар баробари мардуми кишвар пирӯз мехонд. Фаромӯш набояд кард, ки пас аз касби истиқлолият, ӯ ба унвони яке аз роҳбарони аслии ҷунбиши демократӣ ва озодихоҳӣ дар замони гирудорҳои сиёсӣ ва низомӣ ба ҳеч тарафи мухолифу ба ҳам рақиб, аз ҷумла ба ИНОТ ҳамроҳ нашуд ва худро марбут ба мардуми Тоҷикистон медонист.

Хидматҳои Тоҳири Абдуҷаббор дар та-ҳияи лоиҳаи консепсияи Истиқлолияти давлати Тоҷикистон хеле арзишманд шинохта шудааст, ки дар солҳои баъдӣ нуктаҳои арзишманди пешниҳодҳои ӯ ҳам дар консепсияи истиқлолият ва ҳам дар таҳияи қонунҳои дигари кишварамон ба таври васеъ истифода шудаанд.

Тоҳири Абдуҷаббор аз мубтакирони аввалин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ, маориф, иҷтимоиёт ва дигар арсаҳои зиндагии кишвар аст, ки онҳо ба Ҳукуматҳои пешин пешниҳод ва дар матбуоти он солҳо дарҷ шудаанд.

Бо дарназардошти ин нуктаҳо ва иқдомҳои арзишманди Ҳукумати кишварамон ба Тоҳири Абдуҷаббор додани унвони "Қаҳрамони Тоҷикистон" гоми дигари қадршиносии давлати мо дар баробари фарзандони муборизаш хоҳад буд. Қадршиносӣ аз ин шахсият аз таниши афзояндаи сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар кишвар кам мекунад ва ба таҳкими ваҳдати миллӣ мусоидат хоҳад намуд.

Аҳмадшоҳи Комил

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97