Ба парчами миллӣ кӣ беэҳтиромӣ кард; шамол ё масъулон?!

Сиёсат 14.06.2013 10:01

flag1Рӯзҳои таътил одатан сафҳаи фейсбук зиёд шулуғ нест. Аммо рӯзи якшанбе 2 июн аксҳои парчами Тоҷикистон, ки дар пайи боди шадид даридаву паҳну парешон афтода буд, суҳбати рӯзи якшанбеи фейсбукчиёнро доғ кард.

Парчами Тоҷикистон, ки бо баландии 165 метр дар рӯзи таҷлил аз 20 солагии Истиқлол дар дили пойтахт барафрохта шудааст, бар асари боди тунд барои бори дуввум (рӯзи 23 апрел низ бод онро парафканда буд) канда ва бори дигар хабарсоз шуд. Парчами мазкур ду соли қабл барафрохта шуда, ба китоби рекордҳои Гиннес шомил шуд. Ба гуфтаи парчамбардорон он яке аз ифтихороти Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Тайи солҳои охир дар моҳи ноябр ҷашни расмии парчами миллӣ низ таҷлил мешавад.

Акнун дигар баҳси ифтихор аз он матраҳ нест, баҳсе, ки дар сафҳаи Фейсбук ба миён омадааст, моро водор кард, ки ба суроғи хонанда биравем, то ин парчами "бечора"-ро агар ҳам наметавонем ҳамчун мояи ифтихор биқабулонем, ҳадди ақал онро аз мояи flagшармандагӣ шудан, наҷот бидиҳем. Аз чанд нафар аз ҳамватанон суол кардем, ки: Ба Парчами миллӣ кӣ беэҳтиромӣ кард; шамол ё масъулон?!

Салам Муҳаббат, соҳибкор аз шаҳри Боку:

- Ҳеч кас. Як амри тасодуфист. Аз ҳамин ҳам хабар насозед. Сари вақт иваз карданд, гумон мекунам, ки ин як ҳолати одӣ аст. Ин рамзи миллӣ аст, на аз шахси алоҳида ва онро аз ҳисоби буҷаи давлат иваз мекунанд. Ва замони вазидани бод тавре бархе чунин фикр мекунанд, пойин овардани онро зарур намешуморам, зеро ин ягона вақте аст, ки парчам бо тамоми ҳастӣ, дар ин фурсат парафшонӣ мекунад. Парчаме, ки дар Боку овезон аст, аз парчами мо дида калонтар мебошад, 75 м ба 35 м. Ва шаҳри Боку, аз калимаи боду куҳ гирифта шудааст, аз ин ҷост, ки ҳамеша ин ҷо шамоли сахт мевазад. Ба ин нигоҳ накарда, ман надидаам, ки замони шамол вазидан парчам поин фароварда шавад. Боде, ки дар Боку ҳаст, ман дар Душанбе надидаам. Пас ин пешниҳод, ки ҳангоми вазидани боди сахт он поин карда шавад, қобили қабул нест. Аммо мутаассифона ман намедонам, ки сари ҳар чанд вақт дар Боку матоъи парчамро иваз мекунанд. 

Нуралӣ Давлат, муаррих:

- Албатта, шамол. Дар чунин ҳолатҳо дар Тоҷикистон боз киро гунаҳкор карда мешавад?

 flag3Марат Мамадшоев, журналист:

Албатта, масъулон, онҳое, ки ин тарҳро пешниҳод ва амалӣ кардаанд ва ҷойи ин ки он мояи ифтихор шавад, мояи шармандагии ҳукумат гардидааст.

 Бижан Муҳаббатшоев, ҳуқуқшинос:

- Ба фикри ман масъулон беэҳтиромӣ зоҳир мекунанд. Ин даъфаи аввал нест, ки парчами миллӣ бо ин сабабҳо пора шуда сарозер мешавад.Имрӯз шароити боду ҳаворо нисбатан беҳтар пешгӯӣ менамоянд. Оё намешуд, ки ба шароити ҳавои номусоид нигоҳ карда, онро чанд соат поён мекарданд ва эмин нигоҳ медоштанд, магар ин аз дариданаш дида бадтар аст? Ба фикрам касоне дар хариди парчами нав аз хориҷи кишвар, бо нархи гарон манфиъатдоранд. 

Ёқуби Саид, хабарнигор:

- Шамол як ё ду бор, масъулон беҳисоб.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97