Маҳмудҷон Қосимов: Таслими зур намешавем… зеро тобеъи қонунем!

Сиёсат 12.05.2013 10:40

Mahmudjon qosimov01Суҳбати кутоҳ бо Маҳмудҷон Қосимов, муовини раиси Гуруҳи таъсисии ҳизби «Тоҷикистон нав"

- Оё имкон дорад, ки боз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи Зайд Саидов, раиси Гуруҳи ташаббускори таъсиси «Тоҷикистони нав» боиси даст кашидани Шумо аз иқдоми таъсиси ҳизб шавад? Ва дар маҷмуъ оё инро шумо фишор медонед? Ҳоло ин назарҳо гуфта мешавад, ки бо пеш омадани ин қазия Гуруҳи ташаббсукори шумо аз ҳам хоҳад пошид ва имкон дорад, ки Шумо ва гуруҳи Шумо таслими ин фишор шавед?

- Бо камоли эҳсоси инсонї, бо дарки масъулияте, ки имрўз ба дўши ман ҳаст, (ки ба таври муваққат, дар шароити дар хориҷи кишвар будани Зайд Саидов роҳбарии ин гуруҳро ба уҳда дорам), бо қотеъият бояд изҳор кунам, ки ин фишор ва ҳатто таъзиқ асосе намешавад барои он ки мо аз раъйамон бигардем ва аз ин иқдом даст бикашем.

- Яъне бовар доред, ки ҳизби «Тоҷикистони нав» таъсис мешавад?

- Мо қотеъона тасмим гирифтем, ки ягон ҳарос дар мавриди ин иқдом надорем. Мо қотеъона изҳор намуда будем, ки ба ин майдон ва ин ҷабҳа ворид мешавем. Ва дар ин ҷо бо назардошти талаботи қонун хоҳиш ва ҳатто талаб мекунем, ки ҳуқуқҳои конститутсионии мо дар мавриди иттиҳод, дар мавриди ҷамъ шудани мо ба хотири таъсис намудани як ҳизб риоя шавад. Ва эътимоди мо ба ин аст, ки ин талаботи қонун аз ҷониби мақомоти расмии давлатӣ дастгирӣ меёбад. Ба чӣ хотир? Ба хотири он ки кафолати онро Конститутсияи кишвар додааст.

 - Шумо бо раиси Гуруҳи таъсисии ҳизбатон, ки феълан тавре гуфтед, дар Фаронса аст, суҳбате доштед? Ва ў, яъне Зайд Саидов дар ин маврид чӣ назар дорад, вокунишаш ба ин иқдом чи гуна аст?

- Бале, суҳбат доштам. Фикри он кас ҳам ҳамин гуна аст, ки арз доштам. Он кас гуфтанд, ки ин ҳолату ҳолатҳои дигар, ки шояд дар думболи ин сурат бигирад аз ҷониби мақомоти қудратӣ ва ё мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳаргиз асос барои он намешавад, ки чӣ ў ва чӣ нафароне, ки дар атрофаш гирд омадаандро водор бикунад, ки аз ин иқдом даст бикашанд. Ҳаргиз не. Ҳатто (гуфтанд, ки агар ин чиз) сарфи назар аз оқибатҳои равонияш ба аҳли хонаводааш (ки сурат гирифтааст ва оқибаташро худаш дарк мекунад ва одамони бисёр наздикаш ҳам дарк мекунанд) хурсанд аз он аст, ки дар ин маврид ба хотири касе қонун ба ёд омадааст ва мехоҳад бубинанд, ки вобаста ба талаботи қонун бубинанд, ки ин мард чӣ марде аст ва чӣ коре кардааст. Гуфтанд, ки аз ин чиз ман изҳори ризоият дорам. Ва ҳаргиз зидди ин нестам, ки ҳамаи ҳаёти ман, рўзгори ман, таҳти танзими қонун ва тафтишу санҷиш қарор нагирад. Афзуданд, ки бо истифода аз ин фурсат, аз ин имкон асоси зиёде пайдо мешавад, то ба мардум изҳор дошта бошем, ки ҳаргиз аксуламале дар мавриди талаботи қонун ва ё амале, ки манфиати мардумро халалдор карда тавонад, накарда ва намекунанд.

- Ташаккур

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97