«Харшиъа ва сагсунӣ»

Сиёсат 09.05.2013 17:53

 asad Вуҷуди ангезаҳои мазҳабӣ дар сафҳои мухо-лифони низоми ҳоким бар Сурия акнун дигар воқеъияте инкорношуданӣ аст ва истилоҳи "ҷанги фирқаӣ", ҳамчун унвони доимӣ ва ба расмият шинохташуда барои буҳрони Сурия ба кор меравад, аммо оё итлоқи чунин унвоне бар он чӣ дар Сурия мегузарад, дуруст аст?

Ҷанги фирқаӣ ба вазъияте гуфта мешавад, ки пайравони ду мазҳаб рӯ дар рӯйи якдигар қарор бигиранд, ин ҷанг метавонад реша дар ихтилофи ақида дошта бошад ё тазоди манофеъ, аммо дар ҳар ду ҳол шиъор ва аҳдофи ду тарафи даргир аст, ки моҳияти фирқаии онро мушаххас мекунад ва таъаллуқоти мазҳабӣ аст, ки таъин мекунад чӣ касе дар кадом сӯи ҷабҳа қарор гирад.

Дар мавриди Сурия ин шохисҳо танҳо дар мавриди як тарафи даргир содиқ аст, чаро ки низоми ҳоким бар Сурия ҳеч гоҳ на шиъор ва аҳдофи мазҳабӣ дошта ва на бофт ва шокилаи (роҳ) он бар асоси таъаллуқоти мазҳабӣ аст, ҳол он ки дар ҷиноҳи мухолиф ҳар қадар ҳам ки оппозитсюни хориҷинишин мекӯшад он чӣ дар Сурия мегузарадро хезише мардумӣ муаррифӣ кунад, ки пайравони ҳамаи мазоҳиб дар он ширкат доранд ва ҷуз барои озодӣ ва демукросӣ намеҷанганд, воқеъияте ки бар дохили Сурия ҳоким аст, шӯрише мусаллаҳона аст, ки исломгароён ҳарфи аввалро дар он мезананд, рангу бӯйи мазҳаби аҳли суннат бар сар то пои он нишаста ва пайравони дигар мазоҳиб дар хушбинонатарин ҳолат ғайрихудӣ ва дар бадтарин ҳолат душманоне кофар шумурда мешаванд, ки бояд хунашонро рехт ва амокини (маконҳо) мазҳабиашонро вайрон кард.

Башор Асад ва шуморе аз мақомоти баландпояи лашкарӣ ва кишварии Сурия аз пайравони мазҳаби алавианд, аммо ин ки низоми ӯ яксара алавӣ қаламдод ва ҷанги Сурия ба низоъи сунни - алавӣ фурӯ коста мешавад, хатое ошкор ва ношӣ аз нигоҳи сатҳии ҳоким бар расонаҳост, ки албата ҷараён ва давлатҳо ҳам, ки аз тарвиҷи ин дидгоҳ хатои нафъӣ мебаранд, ба он доман задаанд.

Низоми ҳоким бар Сурия низоме секулор ва бозмондаи насле аз низомҳои натсионалистӣ ва сусиёлистии арабӣ аст, ки афродро на бар асоси таъаллуқоти мазҳабӣ, ки бар асоси вафодорӣ ба низом ва ҳокимон ба ҳалқаи бастаи худ роҳ медиҳанд. Ин низомҳо на зиди мазҳаб буда ва на доъияи (даъваткунанда) мазҳаб доштаанд, завоҳири мазҳабӣ ва ҳассосиятҳои аҳли мазҳабро то он ҷо ки музоҳими сиёсатҳояшон набуда, риъоят карда ва ниҳодҳои диниро муҳтарам шумурдаанд, мазҳабҳои сиёсиро саркӯб карда, аммо бо худи мазҳаб дар наафтодаанд.

Дар низоми ҳоким бар Сурия суннӣ ва алавӣ ва масеҳӣ ва друзӣ ва шиъа то онҷо, ки вафодор ба низом бошанд, саҳиманд, суннимазҳабҳо ҳамеша дар болотарин радаҳои низоми Сурия ҳузур доштаанд ва ҳануз ҳам дар ҳалқаи танг ва бастаи ёрони Башори Асад ҳузур доранд. Ин ки гуфта мешавад низоми Сурия дар дасти алавиҳо аст, ношӣ аз хатои роиҷи расонаҳо аст, ки дар содда кардани мафоҳим барои мухотаб фаровон пеш меояд, ки марзҳои диққат ва воқеъиятро зери по мегузоранд.

SuriiАксарияти бадана ва фармондеҳони артиши Сурияро низ суннимазҳабон ташкил медиҳанд, асосан ҷамъияти даҳдарсадии алавӣ ҳатто агар дигар ақаллиятҳо ҳам ба он афзуда шаванд дар андозае нест, ки битавонад сомони артиш ва низомро сари по нигоҳ дорад.

Шибҳнизомиёне (милитсионер), ки ҳамгом бо артиш бо мухолифон даргиранд ва куштор ва иқдомоти хилофи ҳуқуқи башар беш аз артиш ба онҳо нисбат дода мешавад, ҳам ба ҳамон андозаи алавиҳо ва чӣ басо беш аз онҳо аз аҳли суннат ташкил шудаанд. Шибҳнизомиёни алавӣ умдатан дар манотиқи алавинишини шимоли ғарби Сурия фаъъоланд ва дар бақияи манотиқ гурӯҳҳои шибҳнизомии ҳаводори низом умдатан аз аҳли суннатанд.

Аммо дар ҷиноҳи муқобил агарчи ҳангоме ки ҷунбиш алайҳи низом ба по шуд, ҳамчун дигар хезҳои занҷираии арабӣ шиъор ва аҳдофи мухолифон холӣ аз ҷиҳатгирии мазҳабӣ буд, аммо бавижа пас аз вуруди гурӯҳҳои мусаллаҳ ба муъодила батадриҷ маҳори ҷунбиш дар дасти исломгароён қарор гирифт. Гурӯҳҳои мусаллаҳ, ки ҳастаи аввалияи онро ҷудошудагон аз артиш поя гузоштанд, бо пайвастани ғайринизомиён ба он ба ҷое расид, ки ҳатто ҳамон артишиҳои тарбиятшудаи низоми дунёмадор ҳам ҷиҳатгирии мазҳабӣ пайдо карданд.

Хабарнигороне, ки бо фармондеҳони Артиши озоди Сурия гуфтугӯ кардаанд, шоҳиданд, ки чӣ гуна дар ин ду сол ҳатто забони ин фармондеҳон ҳам мазҳабӣ шуда: Марҳабо (саломи роиҷ дар Сурия) ҷои худро ба салом алайкум дода, ки дар ин кишвар ҳамешаи хосси мазҳабиён буда, гуфтори ин фармондеҳон огандашуда аз истилоҳоти роиҷ дар забони афроди мазҳабӣ аст.

Ягонҳои Артиши озоди Сурия дар оғоз ба номи ҳар минтақае, ки дар он ташкил шуда буданд, шинохта мешуданд, аммо акнун ки шиллики (раҳо кардан) ҳар мушакашон бо садои Аллоҳу Акбар ҳамроҳ шуда, ҳамагӣ номҳои ёрони паёмбар ва сардорони садри ислом бар худ гузоштаанд, бархе аз номҳо ҳам чунон интихоб шудаанд, ки нишон аз душманӣ бо шиъа дар худ дошта бошанд, монанди Муъовияи бини Абусуфён ва Саъд бини Абуваққос ва Холид бини Валид.

Гуруҳҳои бунёдгарои ҷиҳодӣ ҳам рӯз ба рӯз бештар дар Сурия қувват гирифта ва ҳатто идораи бархе манотиқро дар даст гирифтаанд. Ин гурӯҳҳо аз лиҳози низомӣ ва созмонёфтагӣ тавоноии бештаре аз Артиши озод аз худ нишон додаанд, то онҷо ки бисёре аз нафароти Артиши озод ба онҳо пайваста ва бисёре дигар ҳам то ҳудуди зиёде таҳти таъсир қарор гирифтаанд. Ҷабҳаи нусрат, ки муҳимтарини ин гурӯҳҳо аст, расман худро бахше аз Алқоъида эълом кардааст.

Surii01Оппозитсиюни хориҷнишини Сурия талоши зиёде карда, ки ҷунбише ки дар Сурия ба роҳ афтодаро аз фирқагароӣ мубарро (пок) нишон диҳад, интихоби як масеҳӣ (Ҷурҷ Сабро) ба раёсати эътилофи мухолифон ҳам дар ин росто аст, аммо ҳеч нишонае ба даст наёмада, ки собит кунад ин эътилоф бар он чӣ дар Сурия мегузарад, таъсиргузор аст. Он чӣ тӯдаҳои мардуми мухолиф бо низом ба расмият мешиносанд ва бо он ҳамдилӣ нишон медиҳанд, Артиши озод ва гурӯҳҳои мусаллаҳанд, ки дар дохили Сурия мубориза мекунанд.

Ахиран дигар ҳамин оппозисиони хориҷнишин ҳам ночор шудааст изъон кунад, ки ҷабҳаи мухолифи низом самту сӯи фирқаӣ гирифтааст ва ҳатто гоҳ дида мешавад, ки бархе аз ҳамин фаъолони сиёсии хориҷнишин ҳам бо ин ки қаблан ҳеч гуна собиқаи исломгароёна надоштанд, дар мусоҳибаҳо мавзеъгирии фирқагароёна аз худ нишон медиҳанд.

Бинобарин сифати фирқагароӣ танҳо дар мавриди яке аз ду тарафи даргир дар Сурия сидқ мекунад ва итлоқи ҷанги фирқаӣ бар буҳрони Сурия нодуруст аст, он кӣ бар табли фирқагароӣ мекӯбад, ҷиноҳи мухолифи мусаллаҳ аст ва на низом. Ин фирқагароӣ агарчи паёмҳои ҳавлноке ба бор меоварад, аммо абзоре коромад барои таблиғ алайҳи Ирон ва муттаҳидонаш дар Ироқ ва Лубнон ва ба инзиво ронданашон будааст. Аз ин рӯ бероҳ нест агар бархе давлатҳои пуштибони ҳомиёни ҷиноҳи мухолифи Башори Асадро дар кӯмак ба эҷоди шикофи фирқаӣ дар Сурия саҳим бидонем.

Вуруди Ҳизбуллоҳи Лубнон ба маъракаи набард дар Сурия тағйире дар ин муъодила намедиҳад. Ҳизбуллоҳ агарчи ҷунбише шиъӣ аст, аммо дар дифоъ аз низоми Башор Асад таъкид мекунад, ки миёни шиъа ва ғайришиъа фарқе намениҳад ва ҳаводорони ин низомро аз ҳар мазҳабе, ки бошанд зери чатри ҳимояти худ мегирад. Ҳизбуллоҳ дар ҷануби Лубнон ба хонаводаҳои сурӣ паноҳ дода, ки ҳадафи ҳамлаи мухолифони Башор Асад қарор гирифта ва аз кишварашон овора шудаанд, бисёре аз ин хонаводаҳо суннимазҳаб ё масеҳианд.

Аз сӯии дигар дар ҳоле ки фатвоҳои фаровоне дар ҷиҳод алайҳи Башор Асад содир шуда ва хуни ҳомиёнаш мубоҳ шумурда шуда ва кам нестанд касоне, ки шиъиёнро кофар шумурда ва ҳукм ба қатлашон ва вайронии ҳусайнияҳо ва зиёратгоҳҳояшон медиҳанд, дар тарафи муқобил то кунун аз ҳеч марҷаъ ва руҳонии шиъӣ фатвое алайҳи мухолифони суннимазҳаби Башор Асад шунида нашудааст.

Меҳрдоди Фараҳманд, Би-би-сӣ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97